Хилофат бо озмоишҳо меояд
Ҳамаи шумо, бародарони азизро ба дидори навбатӣ дар барномаи «Ҳамроҳ бо Ҳадиси шариф» истиқбол менамоем. Ба шумо бо беҳтарин тарз салом мерасонем: ассалому алайкум ва раҳматуллоҳи ва баракотуҳу!
Ибни Умар (р) ривоят мекунад, ки Расули Худо (с.а.в.) фармуданд:
خَيْرُ النَّاسِ أَنْفَعُهُمْ لِلنَّاسِ
«Беҳтарини инсон касест, ки барои дигарон муфидноктар аст» (Табаронӣ).
Муҳаббати Аллоҳ мартабаи баланд ва иззате мебошад. Ба он танҳо касоне, ки Аллоҳ ба роҳи рост ҳидоят кардааст ноил мегарданд. Оё шахсе, ки сазовори муҳаббати Аллоҳ ва ризои Ӯ гаштааст, бадбахт мешавад? Аллоҳ ба касе, ки дӯсташ медорад, дарҳои саодат, оромиву рахмат ва бихиштро боз мекунад. Оё аз ин ҳам боло чизеро орзу кардан мумкин аст?
Ба муҳаббати Аллоҳ бо танбалӣ ва беамалӣ расида намешавад, баръакс, инсон бо душвориҳо ва озмоишҳо ба он ноил мегардад. Агар бародаратро бо пӯшидани қарзи ӯ ё бо ҳалли мушкилиҳояш аз гаму андӯх дур созӣ, ин амал туро ба Аллоҳ наздиктар мекунад. Имрўз Уммати Муҳаммад (с.а.в.) дар ранҷу азоб ва дар ҳолати вазнин қарор дорад ва агар имрӯз ту ўро аз мушкилот раҳоӣ бахшӣ, муҳаббати Аллоҳро соҳиб мешавӣ. Уммат ба ту чӣ қадар ниёз дорад ва ту ба муҳаббату раҳмати Аллоҳ чӣ қадар ниёз дорӣ? Уммат ба касе ниёз дорад, ки ӯро аз торикию зулумоти капитализм ба сӯи нури Ислом ва адолати он барорад! Уммат то чӣ андоза ба ту эҳтиёҷ дорад, то ки ту ҳамроҳи касоне, ки барои барпои Хилофат ва татбиқи қонунҳои Ислом дар рӯи замин фаъолият мебаранд, ҳамкорӣ кунӣ!
Парвардигоро, замони Хилофати Рошидаро, ки бо тариқати нубувват ҳукм меронад тезтар кун. Ин Хилофат тамоми мусалмононро муттаҳид месозад ва умматро аз ранҷ наҷот медиҳад. Парвардигоро, заминро бо раҳмати Худат равшан кун! Омин!
То вохӯрии оянда бародарони азиз дар барномаи мо «Ҳамроҳ бо Ҳадиси шариф». Ассалому алейкум ва рахматуллохи ва баракотуху Аллох нигахбонатон бошад!