Ҳиҷрат ва шуур
31.12.21
Ҳар сол бо фаро расидани моҳи ҳилоли Муҳаррам мусулмонон аз рӯйдоди пуршарафи таърихӣ – ҳиҷрати Расули Акрам (с.а.в.) аз Макка ба Мадина ёдовар мешаванд. Ин воқеа ба таърихи тамоми инсоният таъсири калон расонидааст.
Он дар таърихи даъвати Ислом як марҳилаи гардиш гардид, ба марҳилаи нав ибтидо гузошт, пояҳои Давлати Исломиро дар Мадина гузошт ва Исломро дар ҳаёти ҷомеа ва давлат таҷассум намуд. Давлати Исломӣ пас аз ҳиҷрат ба тариқи ҷиҳод даъвати тавҳидро дар саросари ҷаҳон паҳн мекард ва давлатҳои ширк ва зулмро саркӯб менамуд. Ин ҳодиса таносуби қудратҳоро на танҳо дар ҳудуди нимҷазираи Арабистон, балки дар тамоми ҷаҳон тағйир дод. Ин вокеаи таърихӣ ибтидои давраи нав гардид.
Аз ин рӯйдоди бузург солҳои тӯлонӣ сипарӣ мешавад, то ҳанӯз сол то сол ёдовар мешавад, то мусалмонон ибрат бигиранд, роҳи худро ислоҳ кунанд ва дарк кунанд, ки Ислом бо азму иродаи мардум, нақшаҳои бодиққат, ихлос ва сабру таҳаммул дар душвориҳо пирӯз шудааст.
Ҳиҷрат на танҳо як ҳодисаи маъмулӣ дар таърихи даъвати исломӣ, балки як нуқтаи гардиш байни ду давраи мухталифи Ислом буд. Он ба таъсиси Давлати Исломӣ ишора кард, ки парчами тавҳид барафрохта ва парчами куфр ва ширк шикаста ва нобуд карда шуд.
Тайёрӣ ва банақшагирӣ
Ин рӯйдоди бузург дар бораи омодагӣ ва тарҳрезии бодиққат инчунин қурбониҳои бузурги Расулуллоҳ ﷺ ва пайравони Ӯ дар Макка сухан меронад. Барои даъват нахуст шахсоне лозим буд, ки аз таънаю маломати мардум наметарсанд, ба ваъдаи Худо боварии комилу имони устувор дошта бошанд ва ба кӯмаки Худованд шак надошта бошанд. Муъминони мусалмон ба шиканҷа ва таҳқири Маккагиҳо таҳаммул карданд, ки ин озмоиши сабру тоқат, пойбандӣ ба дин, устувории имон ва дараҷаи омодагии онҳо ба қурбонӣ дар роҳи Ислом буд.
Зулм ва ситами Қурайш то ҷое расид, ки онҳо алайҳи Паёмбар (с.а.в.), хонадони бани Ҳошим ва хонадони бани Мутталиб таҳрим (бойкот) эълон карданд. Паёмбари Худо (с.а.в.) ва мусалмонон аз мушрикон танҳо мусибатро медиданд ва дар ин муддат Расул (с.а.с.) пайравони худро ба сабр даъват мекарданд ва дар мусибат тасаллӣ медоданд ва лаззатҳои биҳиштро тавсиф мекарданд. Худи паёмбар беҳтарин намунаи сабр ва эътимод ба ваъдаи Парвардигорро намоиш медоданд. Абӯтолиб баҳри боздоштани даъват бо Қурайш музокира карда, ба назди Расулуллоҳ (с.а.в.) омада буд. Мусалмонон то ҳол бо ҷавоби Расули Аллоҳ (с.а.в.), ки ба амакашон дода буданд ифтихор мекунанд. Эшон чунин посух дода буданд:
يَا عَمُّ، وَاللهِ لَوْ وَضَعُوا الشَّمْسَ فِي يَمِينِي وَالْقَمَرَ فِي يَسَارِي عَلَى أَنْ أَتْرُكَ هَذَا الأَمْرَ حَتَّى يُظْهِرَهُ اللهُ، أَوْ أَهْلَكَ فِيهِ مَا تَرَكْتُهُ
«Эй амаки ман! Ҳатто агар офтобро ба дасти ростам ва моҳро ба дасти чапам гузоранд, ба шарте, ки ман ин корро тарк кунам, ман онро тарк намекунам, то он гоҳ ки Худованд онро ба пуррагӣ ба анҷом расонад ё то дар ин роҳ бимирам!» (Ибни Исҳоқ).
Расули Худо (с.а.в.) дини ҷадидеро оварданд, ки хилофи урфи ҷомеаи Макка ва фикрҳои наверо оварданд, ки ба ақидаҳои ҳокими он замон мухолиф буд. Аз ин рӯ, ин даъват дар аввал барои ҷомеаи Макка бегона буд ва танҳо чанд нафаре, ки ҳиссиёти баланд доштанд, ба он посух доданд.
Воқеаи бузург
Ҳиҷрати таърихӣ пас аз он оғоз шуд, ки ҷамоати Мадина бо идеологияи нав ошно шуд ва розӣ шуд, ки онро бо кӯмак ва ҳимоя таъмин кунад. Расули Худо (с.а.в.) бо амри Худо ҳиҷратро анҷом доданд ва аз марҳалаи даъват ба марҳалаи бунёди давлат гузаштанд. Барои ба даст овардани қудрат ба Мадина ҳиҷрат кардан лозим буд, то идеологияи исломро дар ҷомеа татбиқ кунанд. Ҳиҷрат гурехтан аз таъқибу хатари афзоянда баҳри нафъи амну оромӣ набуд. Балки он ибтидои марҳалаи ҳалкунанда дар Ислом буд.
Баъди ҳиҷрат марҳилаи кори муташаккил тавассути давлат, марҳилаи муқовимати модии неку бад ва байни ҳақу ботил оғоз ёфт. Дар ин марҳала аввалин масҷиди исломӣ сохта шуд ва аввалин Давлати Исломӣ — нури дурахшон дар торикии зулумот бунёд гардид. Дере нагузашта ин нури кӯчак васеъ шудан гирифт, торикиро пароканда кард, нури адли исломро дар тамоми замин паҳн намуд.
Ҳадафи ҳиҷрат ба вуҷуд овардани ваҳдати сиёсӣ ва идеологӣ дар Мадина буд. Тадбире, ки барои расидан ба ин ҳадаф ба миён омад, ин буд, ки дар сафҳои мусалмонон низом барқарор карда шавад, то ҳар гумоне, ки боиси хусумати арабҳо дар Ясриб шавад, аз байн равад. Дар ин кор Расули Худо (с.а.в.) тадбири беназиреро пеш гирифтанд, ки ба ягон пешвои миллате, на пеш ва на пас аз Эшон (с.а.в.) маълум набуд. Ин тадбир бар бародарии инсонӣ, бародарии имонӣ ва бародарӣ дар ҳақ ва ӯҳдадориҳо асос ёфта буд, ки миёни як касу дигаре — миёни Авсу Ҳазраҷ ва байни Муҳоҷиру Ансор фарқе намемонд.
Ба шарофати амалҳои паёмбарӣ ваҳдати мафкураи исломӣ ба вуҷуд омад, ки Ақида барои он асл ва рӯҳ гардид. Бар асоси ин муҳоҷирон ва ансориён ба як иттиҳод даромаданд, ки баъд аз он тамоюли инфиродӣ ва низоъҳои қабилавӣ аз байн рафтанд. Рӯҳи ҷамоӣ ба асоси нав гузашт, ки дар таърих мислаш дида нашуда буд. Ба ҷои пайравии қабила, ақида асос гардид. Ҳар кас ҷанговари Ислом ва пайрави ҳазрати Муҳаммад (с.а.в.) шуданд. Ҳамин тавр, онҳо тавонистанд як нерўеро ба вуҷуд оваранд, ки бо Қурайш муқобил истода метавонист ва нақшаҳои аз байн бурдани ширкро таҳия мекунад ва инчунин даъватро аз ҳар ҷиҳат пуштибонӣ ва тақвият медиҳад. Дар натиҷа куфр аз байн рафт ва Ислом дубора эҳё шуд ва ҳукмронии худро густариш дод. Макка мутеъона ба дасти муҳоҷирони аз он ҷо рондашуда баргашт. Парчаме бардошта шуд, ки Қурайшҳо мехостанд онро поймол кунанд. Бутҳое, ки арабҳо мепарастиданд, нобуд карда шуданд. Куфр аз ин замин нопадид гардид ва дар он ҷо пайдо шуданаш манъ шуд. Тавҳид бо оятҳои Қуръонӣ ҳамроҳ гардид:
يَا أَيُّهَا الَّذِينَ آمَنُوا إِنَّمَا الْمُشْرِكُونَ نَجَسٌ فَلَا يَقْرَبُوا الْمَسْجِدَ الْحَرَامَ بَعْدَ عَامِهِمْ هَذَا
«Эй касоне, ки имон овардаед! Ба дурустӣ ки мушрикон наҷас ҳастанд. Пас аз ин соли худ ба Масҷидулҳаром наздик нашаванд» (9:28).
Ҳиҷрат
Чунин иқдомҳоро Паёмбар (с.а.в.) дар майдони ҷанг гузоштанд, то идеяҳои Ислом дар ҳаёт татбиқи амалии худро пайдо кунанд. Бо ибораи дигар Эшон (с.а.в.) идеологияро ба ҳаёти ҷомеа ворид намуда, тарзи ҳаёти исломиро эҳё карданд ва Давлати Исломиро таъсис доданд. Расулуллоҳ (с.а.в.) Исломро бардоштанд, пайравонашон ин корро то он даме, ки дини Аллоҳ ба тамоми ҷаҳон паҳн нашуд давом доданд. Шом, Ироқ, Миср, Африқо, Форс, Синд, Ҳиндустон, кишварҳои турк, Андалусия забт карда шуданд. Мусулмонон дар шарқ ба Чин, дар ғарб ба Фаронса, дар шимол ба Волга ва дар ҷануб ба Африқои Марказӣ расиданд.
Аммо баъд аз ин Уммат ба корҳои дунявӣ машғулу парешон шуд ва Хилофатро аз даст дод. Чанд муддат вай дар бораи баргардонидани он ҳатто фикр намекард.
Алҳамдулиллоҳ, ки имрӯз мусалмонон дарк кардаанд, ки заъфӣ, ақибмонӣ ва таназзули онҳо аз сабаби мусалмон будани онҳо нест, чун мустамликадорон даҳсолаҳо боз моро ба ин мафҳум бовар кунонданӣ буданд, балки сабаб бо вуҷуди мусулмон буданашон бе Ислом зиндагӣ карданош буд.
Инро дарк карда мусалмонон, баҳри ҷустуҷӯи он чизе, ки дар тӯли асрҳо сарфи назар карда буданд, дастони худро ба рафҳои китоб дароз карданд.
Барои он ки эҳсоси нооромиҳо ва аз даст додани ҳувият ба ҳаракати доимӣ ва тафаккур дар андешаҳои мушаххас табдил ёбад, мусулмонон бояд таърихи хешро бознигарӣ кунанд ва дар онҷо нуқтаи оғози наҳзат ва роҳи дурустро пайдо кунанд.
Мо ба мутолиаи бемақсад, зудгузар ва рӯякӣ аз таърих даъват намекунем, то воқеаҳову шӯҳрати гузаштаро тараннум кунем, балки ба мутолиаи равшангаре, ки аз тафаккури амиқ бармеояд, пайванди мавқеъу маъноҳо, пайравӣ ба бузургтарин инсони таърих даъват мекунем.
Сирри муваффақият
Вақте, ки ба вазъи кунунии мусалмонон таваҷҷӯҳ мекунем, мебинем, ки ҳолат бо воқеияти мусалмонони пеш аз ҳиҷрӣ шабоҳат дорад. Тафовути давру замон ва шароитҳои зиндагӣ мавҷудияти бисёр ҷиҳатҳои муштараки байни ду давраи замонро инкор намекунад, зеро он замон ва чӣ имрӯз заъф, ақибмонии мусулмонон инчунин зарурати ёфтани роҳи наҷот аз вазъияти душвор ба назар мерасад. Мо дар мутамарказкунии куввахои душман ва шиддати хуҷумхо ва нақшаҳо низ шабоҳат пайдо мекунем. Мусулмонони аввалин ба шарофати имони устувор, азми тавоно ва дигар омилҳо тавонистанд, ки ҳамлаҳоро дафъ кунанд ва душманро мағлуб созанд. Аллоҳ таоло ба онҳо ғалаба ато кард, ва аз Макка то Хитойг, Вена, то ҳудудҳои Фронса фатҳҳоро насиб гардонид.
Мусулмонон чӣ гуна аз як мавқеъи заъфи шадид ба мавқеъи тавоноии ғалабаовар гузаштанд? Чӣ гуна онҳо аз хонаҳои худ хору зор баромада, боҳашамат баргаштанд? Онҳо даҳҳо нафар буданд, ҳазорҳо, миллионҳо ва садҳо миллионҳо шуданд? Онхо, ки хеч чиз надоштанд, чӣ тавр бо байраки худ Давлати бузургеро эҳё карданд? Онҳо, ки бодияҳои ақибмонда буданд, чӣ гуна ба қуллаҳои тамаддун ва шӯҳрат расиданд?
Ҷавоб ба ҳамаи ин саволҳо аз ҳиҷрат — ҳамчун нуқтаи ибтидоии таърихи Ислом оғоз мешавад. Ҳиҷрат ба таври умум бевосита ба таърих, аз ҷумла ба таърихи Ислом вобаста аст. Оё мо мехоҳем, ки вобастаи дигарон бошем, ҳатто дар соҳаҳое, ки худамон таърих навиштем?
Вақтҳои охир аз ифтитоҳи маҷаллаи исломии «Ал-Ваъй» мушоҳида кардем, ки мардум хоҳиши бозсозии шахсияти исломӣ, эҳёи вожаҳо, истилоҳот ва таърихи исломиро ҳамчун алтернативаи табиӣ ва зарурӣ ба вожаҳои бегона истеъмол мекунанд, ки мо дар он қариб омехта ва нопадид шудаем.
Ин савол расмӣ нест, чи хеле ки баъзеҳо тасаввур кардан ва тасвир карданро дӯст медоранд. Барқарорсозии таърихи ҳиҷрӣ метавонад як нуқтаи ибтидоӣ ва рамзи эҳёи руҳи исломӣ ва натиҷаҳои дурахшон бошад. Гузашта аз ин, ҳиҷрат асрори муваффақияти ҷомеаи мусалмонист! Оё дар таърихи Уммати Исломӣ ва ё ҳатто дар таърихи башарият чизе аз рӯҳи ҳиҷрат ва натоиҷи он олиҷанобтар ва сарбаландтар буда метавонад?
Марҳилаи ҳиҷрӣ воқеан давраи дигаргуниҳои бузург буд. Мо, арабҳо ва ғайриарабҳо, сахт ниёз дорем, ки тағйироту дигаргунӣ айнан дар ҳамон савия ва амиқӣ бошад. Албатта, мо ниёз ба ҳиҷрати моддиву ҷисмониро эҳсос намекунем, гап дар ин нест, аммо мо ба меваҳо, собитӣ ва бардавомии ҳиҷрат ниёз дорем. Магар мо аз ҳолати заиф ба ҳолати тавоно гузаштан эҳтиёҷ надорем? Аз акибмонй ба пешравй? Аз зиддигарию ихтилоф ба бародарию ҳамфикрӣ? Аз саргардонии бемаънӣ то уммате бо идеалҳои равшан, давлати муташаккил ва ҳадафи мураттаб? Оё мусулмонон омода нестанд, ки ҷомеаи худро аз ҳолати истеъмолгарӣ берун баранд ва ба нақши нави ғанисозии тамаддун баранд?
Ҳамаи моҳияти тағйирот дар марҳилаи ҳичрат зоҳир мешавад, ки мо бояд онро чароғи роҳнамо, нуқтаи ибтидо ва рамзи бозгашти шуури исломӣ созем.
Чаро таърихи ҳиҷрӣ?
Чӣ зарурат моро водор мекунад, ки сирри комёбиро ҷуз аз он асосе, ки Умар ибни Хаттоб такя кардааст, ҷустуҷӯ кунем? Маълум аст, ки Умар (р) ҳиҷрати Паёмбар (с.а.в.)-ро ибтидои таърихи Ислом ва ибтидои солшумории исломӣ, на тасодуфан, балки дар натиҷаи тафаккури бодиққат ва дарки фарогир интихоб кардааст. Оё баёни дурусту пурмазмунтар аз таърихи як ҷомеа аз зодрӯзи худи ҳамон ҷомеа таърихи дигаре ҳаст? Дар таърихи Давлати Исломӣ чӣ муҳимтар аз рӯзи таъсис ва нуқтаи оғози он шуда метавонад? Халифаи хирадманд чашмонашро ба рӯзи мавлуди Паёмбар (с.а.в.) намепӯшид, агар муҳимтар аз он чизе намеёфтанд, ки Аллоҳ аз он розӣ мешуд. Илова бар ин, интихоби рӯзи мавлуди Паёмбар (с) як тақлиди равшани насрониҳо мебошад, ки асосгузори Давлат ва байрақбардори паёми абадии осмонӣ бар зидди он ҳушдор додааст. Ҳамин тавр, ал-Фаруқ низ рўзи даргузашти Паёмбар (с.а.в.)-ро ба истиснои як ҳодисаи шодмонӣ — мавлуди эшон сарфи назар намекард, зеро наметавонист солшумории мусалмононро бо як ҳодисаи фоҷиаовар ва дарднок оғоз кунад.
Чӣ тавре, ки Умар (р) намехост ба насронӣ ва яҳудиён тақлид кунад, барои таърихи Ислом дар интихоби рӯз ё ҳодисае ба арабҳо ва ғайриарабҳо тақлид кардан намехост.
Ҳамин тариқ, ақли солим тақозо кард, ки бузургтарин ва муҳимтарин ҳодисаи таърихи Ислом ва мусулмонон дар оғози солномаи исломӣ сабт шавад. Оё чизе аз ҳиҷрат муҳимтар буда метавонад, ки Исломро ҳифз кардааст, аввалин масҷид ва аввалин давлатро бунёд кард ва барои фатҳҳои бузург замина гузошт?
Журнали «Ал-ваъй», рақами 4
23.09.1987
Ҳиҷрат