Ҳеллоуини Саудӣ

Ҳеллоуини Саудӣ

Хабар: Дар шаҳри Риёзи Арабистони Саудӣ, дар доираи мавсими сайёҳии давомдор, Ҳеллоуинро ҳамчун амрикоиҳо таҷлил карданд.

Аксу наворҳо дар шабакаҳои иҷтимоӣ паҳн шуданд, ки дар он ҷавонон ва ҷавон духтарони саудӣ дар тан либосҳо ва ниқобҳои бадҳайбат доштанд ва қаҳрамонҳои Дисней ва суперқаҳрамонҳои мухталифро нишон медоданд.  Тайи чанд рӯзи охир дар интернет хештегҳои зиёде дар ин мавзӯъ паҳн гардид.

Шарҳ: Аз замоне, ки Муҳаммад ибни Салмон ба мақоми валиаҳди Арабистони Саудӣ расид, ӯ ба тағйирот ва боз кардани уфуқҳо ва имкониятҳои нав шурӯъ кард. Мутаассифона, дигаргуниҳо ба ободию беҳбудии шароити зиндагонӣ, ба манфиати Ислом ва мусулмонон истифода бурдани неъматҳои моддӣ ва нерӯи инсонӣ тааллуқ надошт. Баръакс, тағйирот дар доираи барномаи «Назар 2030» ба сўи ғарбшавӣ ва паҳншавии бадахлоқиҳо нигаронида шудаанд. Мо шоҳиди он гардидем, ки ҷавонони саудӣ шабнишиниҳо, фестивалҳо, мусобиқаҳои дилхушӣ, чорабиниҳо бо ихтилот  (омехташавии мардону занон) баргузор намуданд. Онҳо таҳти сарпарастии Идораи фароғатӣ, ки ба ҷои Кумитаи таблиғи некӣ ва пешгирии бадрафторӣ табдил ёфтааст, қонунҳо ва фармонҳое қабул мекунанд, ки ба таназзул ва фасодкорӣ мусоидат мекунад. Чизҳои манъшуда ба мубоҳ табдил ёфт ва ин ҳама дар назди хонаи ҳаром, қиблаи мусалмонон ва дар ватани Расули Худо (с) сурат мегирад. Парвардигоро, Ту ҳамчун нигаҳбон ба мо кифоя ҳастӣ, чӣ қадар аламовар аст ин ҳолат!

Расонаҳои хориҷӣ ба ин ҷашн баҳои баланд дода, дар бораи дигаргуниҳои бузурге, ки дар Арабистони Саудӣ таҳти сарпарастии Ибни Салмон ба амал меоянд, сухан ронд. Рӯзномаи «The New York Times» мақолаи рӯзноманигор Вивиан Ниримро нашр кард, ки дар он мегӯяд: «Ҳамагӣ чанд сол пеш, ҷашни Хеллоуин маънои ҳабсро дошт.  Ҳоло «Ҳафтаи бадҳайбат», ки аз ҷониби ҳукумат маблағгузорӣ мешавад, бо фурӯши костюмҳо ва масхарабозони даҳшатбор вобаста мебошад.»

Чунин ҷашнҳо барои Уммати исломӣ бегона ва як ҳодисаи ҷудогонаанд.  Мусулмонон ба дини худ ғаюр ҳастанд, дар ин гуна ҳодисаҳо хашму ғазаби худро баён мекарданд. Шабакаҳои иҷтимоӣ пур аз паёмҳо ва хэштегҳо буданд, ки дар онҳо хашм ва норозигӣ аз чунин зуҳури бешармонаи фарҳанги Ғарб мушоҳида мешуд.

Ибни Салмон ва ҳамроҳонаш вориди лонаи мор шуданд ва ба оинҳои кофирон қадам ба қадам пайравӣ мекунанд, ба умеди он ки кофирон аз онҳо хушнуд мешаванд ва тахти онҳоро нигоҳ медоранд, аммо Ибни Салмон фаромӯш кард, ки Аллоҳи мутаол фармудааст:

وَلَن تَرْضَى عَنكَ الْيَهُودُ وَلَا النَّصَارَى حَتَّى تَتَّبِعَ مِلَّتَهُمْ قُلْ إِنَّ هُدَى اللَّهِ هُوَ الْهُدَى وَلَئِنِ اتَّبَعْتَ أَهْوَاءَهُم بَعْدَ الَّذِي جَاءَكَ مِنَ الْعِلْمِ مَا لَكَ مِنَ اللَّهِ مِن وَلِيٍّ وَلَا نَصِيرٍ

«Яҳудон ва насрониҳо аз ту хушнуд намешаванд, то ба ойинашон гардан ниҳӣ. Бигӯ: «Ҳидоят, ҳидоятест, ки аз ҷониби Худо бошад». Агар аз он пас, ки Худо туро огоҳ кардааст, аз хостаи онҳо пайравӣ кунӣ, ҳеҷ ёвару мададгоре аз ҷониби Ӯ нахоҳӣ дошт».  [2:120]

إِذْ تَبَرَّأَ الَّذِينَ اتُّبِعُوا مِنَ الَّذِينَ اتَّبَعُوا وَرَأَوُا الْعَذَابَ وَتَقَطَّعَتْ بِهِمُ الأَسْبَابُ

«Он гоҳ, ки пешвоён азобро бингаранд,  аз фармонбарони хеш безорӣ ҷӯянд ва пайванди миёни онҳо гусаста гардад.  [2:166]

Парвардигоро, ин инсонҳо фасод ва зулмро паҳн мекунанд, онҳоро тезтар ҳалок гардон! Парвардигоро, ба мо ҳокиме ато, намо ки аз Ту метарсад, қонунҳои Туро татбиқ мекунад ва аз раҳмату ризогии Ту умедвор мешавад ва он гоҳ мо ҳам дар ин дунё ва ҳам дар охират саодатманд хоҳем шуд.

 

Махсус барои радиои Бахши марказии иттилоотӣ Ҳизби Таҳрир

Бараа Муносира

11 Рабиуссонии соли 1444 ҳ.

Шояд ба шумо писанд ояд

Хабарҳои тоза
post-image Гуногун

Раҳмати Аллоҳ дар дигаргунӣ аст, ғазаби Аллоҳ дар беамалӣ аст

Ҳамроҳ бо ҳадиси шариф Раҳмати Аллоҳ дар дигаргунӣ аст, ғазаби Аллоҳ дар беамалӣ аст Бародарони мӯҳтарам, мо шуморо ба дидори навбатӣ дар барномаи “Ҳамроҳ...
Бештар
ads