Ҳаё — қисме аз имон аст

Ҳаё — қисме аз имон аст

Шумо бародарони азизро, дар вохӯрии навбатӣ дар   барномаамон «Ҳамроҳ бо ҳадиси шариф» истиқбол менамоем. Ассаламу алайкум ва раҳматуллоҳи ва баракатуҳу!

Дар шарҳи Имом ан-Нававӣ ба «Саҳеҳ»-и Муслим дар боби «Амали имон» ҳадис омадааст: «Аз Абдуллоҳ ибни Муҳаммад, аз Абу Омир, аз Сулаймон ибни Билол, аз Абдуллоҳ ибни Динор, аз Солеҳ аз Абуҳурайра (р) ривоят аст, ки Расулуллоҳ (с.а.с.) фармудаанд:

الإيمَانُ بِضْعٌ وَسِتُّونَ شُعْبَةً وَالحَيَاءُ شُعْبَةٌ مِنَ الإيمَانِ

«Имон шаст шохаро дарбар мегирад ва ҳаё яке аз онҳост».

Дарвоқеъ, имон дараҷаҳо ва сатҳиятҳо дорад ва бисёриҳо ба он аҳамият намедиҳанд. Агар яке аз онҳо намоз бихонад ё рӯза бигирад, дарҳол фикр мекунад, ки тамоми фармудаҳои Исломро иҷро менамояд ва ба имон наздиктар асту Аллоҳ Таъолоро шинохтааст. Аммо ин тавр нест, зеро ҷаҳолат дар натиҷаи таназзули ҳуқуқӣ ва идеологӣ Умматро фаро гирифтааст. Дар ин ҳадис чизе ҳаст, ки онро ҳар мусалмон бояд дарк намояд.

Ҳаё, ки дар ҳадис зикр шудааст, танҳо яке аз мисолҳои мӯъмин будан аст. Охир, имон танҳо ба маънои шаҳодат, намоз, рӯза ва закот нест; он инчунин муносибати инсонро бо Холиқаш, бо худ ва бо одамони дигар фаро мегирад. Аз ин рӯ, мусалмон бояд дар назди Аллоҳ, дар назди худ ва дар назди дигарон хоксор бошад ва он гоҳ дар ӯ хулқи бузурге зоҳир мегардад. Агар хоксорӣ сифате бошад, ки дар муносибатҳои байни мардум ҳатмист, пас дар бораи сифатҳои дигар чӣ сухан бояд гуфт? Бе шубҳа, ҷомеъаи дорои хислатҳои баланд, ранги муайяни хосӣ худро дорад ва он ҷомеъае мешавад, ки дар он мақоми баланд, қудрат ва имон ҳукмфармост. Аммо ин хулқи бузург дар Уммат кай пайдо мешавад, зеро касе нест, ки тухми ин хулқро бикорад? Агар Умматро ҳокимони фосиқ  сарварӣ намоянд, кай ин шавад?

Эй Аллоҳ! Замони Хилофати Рошидаро, ки ҳукмрони дар он бар минҳоҷи нубувват амали мегардад, битезон! Ин Хилофат тамоми мусалмононро муттаҳид месозад ва Умматро аз ранҷ наҷот медиҳад. Эй Аллоҳ, заминро бо раҳмати Худ равшан бикун! Амин!

То вохӯриҳои оянда, бародарони азиз, дар барномаи мо «Ҳамроҳ бо ҳадиси шариф». Аллоҳ нигаҳбонатон бошад. Ассаламу алайкум ва раҳматуллоҳи ва баракатуҳу!

Абу Марям

Шояд ба шумо писанд ояд

Хабарҳои тоза
post-image Гуногун

Раҳмати Аллоҳ дар дигаргунӣ аст, ғазаби Аллоҳ дар беамалӣ аст

Ҳамроҳ бо ҳадиси шариф Раҳмати Аллоҳ дар дигаргунӣ аст, ғазаби Аллоҳ дар беамалӣ аст Бародарони мӯҳтарам, мо шуморо ба дидори навбатӣ дар барномаи “Ҳамроҳ...
Бештар
ads