Ҳамроҳи Қуръон: «Муолиҷаи пуртаъсир ва дастурҳои шифобахш барои воқеияти дардноки мо.»

hizb-tojikiston.info hizb-tojikiston.info

Ҳамроҳи Қуръон: «Муолиҷаи пуртаъсир ва дастурҳои шифобахш барои воқеияти дардноки мо.»

02.12.2021

Аллоҳи Таъоло мефармояд:

يَا أيُّهَا النَّبِيُّ حَسْبُكَ اللَّهُ وَمَنِ اتَّبَعَكَ مِنَ الْمُؤْمِنِينَ

“Эй паёмбар, [ҳимояти] Аллоҳ Таъоло барои ту ва [низ] барои муъминоне, ки аз ту пайравӣ кардаанд, кофӣ аст.”      (8:64)

Савол ҳамеша ба миён меояд: оё мо имрӯз душманро мағлуб карда метавонем? Оё мо бо тамоми душманон ва мустамликадорон мубориза бурда метавонем? Оё мо метавонем онҳоро аз сарзамини худ пеш кунем, дар ҳоле ки мо аз ҷиҳати илмӣ ва техникӣ заиф ва ақибмондаем ва онҳо  аз мо  даҳсолаҳо пеш рафтаанд? Оё дар ҳақиқат мо метавонем онҳоро боздошта, заминҳои худро озод кунем ва салтанати худро баргардонем? Оё ҳамаи ин имконпазир аст?

Ин суолҳост, ки ҳамеша аз ҷониби мӯъминони холис, ки дин ва уммати худро ҳифз мекунанд, пурсида мешавад;  таҳқиру ҷиноёте, ки бо Уммат аз Шарқ то Ғарб, аз Фаластин то Сурия, Ироқ, Сомали, Яман, Либия, Туркистон, Кашмир ва дигар сарзаминҳои мусулмонӣ рух медиҳад, онҳоро ғамгин ва таҳқир мекунанд. Дуруст аст, ки дар чунин замон чунин саволҳои муҳим ва зарурӣ ба миён меоянд. Ба мо барои нури умед кадом чиз ҳатмист, барои таҳкурсӣ ва пояи устувор кадом чиз лозим аст, ки дар ин зулмот ва ҷангу мусибатҳо роҳи мусалмононро равшан кунем?

Аллоҳи Субҳонаҳу ва Таъоло дар сураи “Анфол” мефармояд:

يَا أيُّهَا النَّبِيُّ حَسْبُكَ اللَّهُ وَمَنِ اتَّبَعَكَ مِنَ الْمُؤْمِنِينَ

“Эй паёмбар, [ҳимояти] Аллоҳ Таъоло барои ту ва [низ] барои муъминоне, ки аз ту пайравӣ кардаанд, кофӣ аст.”      (8:64)

Ин оятро Худованди Мутаъол ба Паёмбари гиромии худ (с.а.в.) дар замоне нозил мекунад, ки мусалмонон кам буданд ва дар вазъи ниҳоят заиф, ниёзмандӣ ва фақр ранҷ мебурданд. Онҳоро арабҳои мушрик, душманони Худо — яҳудиён ва ҳомиёни онҳо иҳота карда буданд. Дар он замон ду  империяи калонтарин – форсҳо ва румиён дар нимҷазираи Араб ва Шом нуфуз меронданд. Яъне, агар аз боло ба Паёмбари Худо (с) ва асҳоби Мадина назар кунед, манзараи зеринро мебинед: душманон ва кофирон аз ҳар тараф онҳоро иҳота кардаанд, арабҳои мушрик қабилаҳои зиёде буданд. Яҳудиён, низ қабилаҳои худро доштанд, аз ҷумла яҳудиёни Хайбар бо қалъаҳои худ, гарнизонҳои румиёну форсҳо, худи империяи Форс ва  империяи Рум, ки то Аврупо тӯл мекашиданд.

Нотавонӣ, фақру бенавоӣ — оё ин воқеияти гурӯҳи мӯъминоне набуд, ки аз Макка ба Мадина ҳиҷрат кардаанд? Оё ин воқеияти онҳо набуд, вақте ки бо бародарони ансории худ дар Мадина вохӯрданд? Магар онҳоро аз ҳар тараф душманон иҳота накарда буданд? Магар воқеияти онҳо аз чиҳати душворӣ ба воқеияти мо монанд набуд? Магар воқеияти онҳо аз рўи нотавонӣ ба мо монанд нест? Магар воқеияти онҳо аз ҷиҳати он, ки дар ҳама ҷо душманон интизори мо ҳастанд ва онҳо низ буданд, ба ҳам монанд нест?

Баъзеҳо метавонанд бо роҳҳои гуногун арзёбӣ кунанд, ки кадом давр мушкилтар буд: замони онҳо ё имрӯз? Баъзеҳо мегӯянд, ки ҳақиқати воқеи  Расули Худо (с) ва асҳобашон аз мо сахттар буд. Қувват, шумора ва тавоноии онҳо дар баробари душманони гирду атрофашон ночиз буд, бигзор қудрати онҳоро бо империяе мисли Форс ё Рум муқоиса кунад. Хамаи ин, бешубха, дуруст аст. Ба ҳар ҳол чӣ дар замони Расули Аллоҳ(с.а.в.) ва чӣ замони мо ҳолат чунин аст, ки гӯё зафар – нусрат имконнопазир аст.

Ва дар ин чо оятҳои сураи «Анфол» роҳи ҳалли худро дар ин шароити душвор нишон медиҳанд. Ин оятҳо барои сабук кардани воқеияти душвор ва дарднок нозил шудаанд, ки як гурӯҳи хурди мӯъминон дар Мадинаи Мунаввара ҳамроҳ бо Паёмбари Худо (с) зиндагӣ мекарданд. Бале, агар ба ин саҳна аз тариқи замимаи «Google Earth» нигоҳ кунем, мебинем, ки воқеияти онҳо то ҳадде душвор буд, аммо агар бо чашми мӯъмини ба Аллоҳ имоноварда нигоҳ кунем ва ба суханони Ӯ гӯш кунем, мебинем, ки Аллоҳ Таъоло бо хабари қарори дар оянда шаванда дар сураи «Анфол»  мусулмононро шод гардонид.

Инҳоянд дастурҳо ва роҳҳои ҳалли мушкилоти мо дар имрӯз аз сураи боби «Анфол»:

  1. Бояд ба Аллоҳ таваккал карда, аз Ў наҷот хоҳем, ба Ў ва мўъминон такя кунем, на ба СММ ва ниҳодҳои он.

يَا أيُّهَا النَّبِيُّ حَسْبُكَ اللَّهُ وَمَنِ اتَّبَعَكَ مِنَ الْمُؤْمِنِينَ

“Эй паёмбар, [ҳимояти] Аллоҳ таоло барои ту ва [низ] барои муъминоне, ки аз ту пайравӣ кардаанд, кофӣ аст.”  (8:64)

 

  1. Он чизеро, ки душманонатонро ба даҳшат меорад, омода кунед.

وَأَعِدُّواْ لَهُم مَّا اسْتَطَعْتُم مِّن قُوَّةٍ وَمِن رِّبَاطِ الْخَيْلِ تُرْهِبُونَ بِهِ عَدْوَّ اللّهِ وَعَدُوَّكُمْ وَآخَرِينَ مِن دُونِهِمْ لاَ تَعْلَمُونَهُمُ اللّهُ يَعْلَمُهُمْ وَمَا تُنفِقُواْ مِن شَيْءٍ فِي سَبِيلِ اللّهِ يُوَفَّ إِلَيْكُمْ وَأَنتُمْ لاَ تُظْلَمُونَ

   “Ва (эй мусалмонон), дар баробари душманонатон метавонед нерӯ ва аспони саворӣ омода кунед, то душманони Аллоҳ ва душманони худ ва ғайри онҳоро, ки шумо онҳоро намешиносед ва Аллоҳ мешиносад, битарсонед. Ва он чиро, ки дар роҳи Аллоҳ харҷ мекунед, (андак ё бисёр) подоши он дар рӯзи Қиёмат ба пуррагӣ ба шумо бозгардонда шавад ва аз савоби он аз шумо кам карда нашавад.” (8:60)

  1. Сипоҳи Худо, ки бандагони мӯъминашро бо он қувват мебахшад. Аллоҳ мӯъминонро қувват мебахшад ва фариштагони ҷангандаро мефиристад то ёриашон кунад ва дар сафҳои лашкари душман бим меандозад.

إِذْ يُوحِي رَبُّكَ إِلَى الْمَلآئِكَةِ أَنِّي مَعَكُمْ فَثَبِّتُواْ الَّذِينَ آمَنُواْ سَأُلْقِي فِي قُلُوبِ الَّذِينَ كَفَرُواْ الرَّعْبَ فَاضْرِبُواْ فَوْقَ الأَعْنَاقِ وَاضْرِبُواْ مِنْهُمْ كُلَّ بَنَانٍ

“Ва он гоҳро, ки Парвардигорат ба фариштагон ваҳй кард: «Ман бо шумоям Шумо мӯъминонро ба пойдорӣ водоред. Ман дар дилҳои кофирон бим хоҳам андохт. Бар гарданҳояшон бизанед ва ангуштонашонро бибурред!» (8:12)

  1. Хабари хуш аз Аллох барои мусалмонон дар бораи пирузӣ бар душманон. Онҳо гумон мекунанд, ки ҳама чиз зери назорати онҳост.

وَلاَ يَحْسَبَنَّ الَّذِينَ كَفَرُواْ سَبَقُواْ إِنَّهُمْ لاَ يُعْجِزُونَ

   «Онон, ки кофир шудаанд, напиндоранд, ки пешдастӣ кардаанд (яъне, аз қудрати Аллоҳ берун шудаанд ва Ӯ онҳоро ҷазо дода наметавонад), зеро Аллоҳро нотавон карда наметавонанд.» (8:59)

Ин ва дигар дастурҳои муфид, ҳалли таъсирнок ва санҷидашуда, бешак ва бешубҳа моро ба ҳадафамон мерасонад. Ин қарору тасмимҳо як гурӯҳи хурди мӯъминони Мадинаро ба як давлати бузург ва муҳиме табдил дод, ки душманони худ — ҳам наздик ва ҳам дурро куштанд, империяҳои шарқу ғарбиро ба зону шинониданд, дар шарқ Константинополро забт карданд ва Андалусияро дар маркази Империяи Рими Ғарбӣ — дар Аврупо бунёд карданд. Бале, дараҷаи самарабахши ин қарору дастурҳо дар сураи «Анфол» нишон дода шудааст.

Биёед, ба Аллоҳ таваккул кунем, чӣ тавре, ки мӯъминонро шоиста аст, бародар бошем, биёед, миллатчигиву ватандўстии лаъинро, ки моро аз хам ҷудо ва пароканда мекунад, тарк кунем ва боз дар Давлати Хилофати ягона Уммати ягона бошем, биёед якҷоя як Халифа ва як Сарқонунро, ки аз Куръон Суннат, Иҷмоъ ва Киёс бармеояд пайравӣ ва итоат намоем. Биёед аз мустамликадорони кофир хамаи алоқаҳоро канда, дар ҳалли проблемаҳоямон ба ташкилоту муассисахои онхо мурочиат накунем. Мо ҳама ҳаллу дастурҳои онҳоро дар болои худ пурра санҷидаем.

Биёед муаммои худро ба Парвардигор ва ягонагиамон такя карда худ ҳал намоем. Боигарӣ ва сарватамонро, ки ҳокимонамон ва Ғарб ғорат мекунанд, муҳофизат карда, бар зидди душманамон омодагӣ бинем. Танҳо дар он сурат Худованд ба мо пирӯзӣ мебахшад, моро ёрӣ медиҳад, фариштагони худро ба сӯи мо мефиристад, ба қалби душманонамон тарс меандозад ва сарзаминҳои мо озод мешаванд. Мо боз метавонем Уммати ғолиб шавем, на мағлубшудае, ки ғолиб онро ғасб кардааст. Давлати бузург, Байрақи адолат, ки дар тамоми ҷаҳон чилва мекунад.

 

Махсусан барои радиои Дафтари марказии иттилоотии Ҳизби Таҳрир.

Фараҷ Мамдух

29.10.2021

Шояд ба шумо писанд ояд

Хабарҳои тоза
post-image Гуногун

Бурдани даъват барои барпои Хилофат вазифаи ҳамаи мусалмонон аст, ва онҳое ки барандагони даъватро шиканҷа мекунанд, — ҷинояткоронанд!

Бурдани даъват барои барпои Хилофат вазифаи ҳамаи мусалмонон аст, ва онҳое ки барандагони даъватро шиканҷа мекунанд, — ҷинояткоронанд! Моҳи майи соли ҷорӣ кормандони истихборот...
post-image Гуногун

БО ҲАМРОҲИИ ҲАДИСИ ШАРИФ — Ношукрӣ нисбати шавҳар

БО ҲАМРОҲИИ ҲАДИСИ ШАРИФ Ношукрӣ нисбати шавҳар Мо шуморо, бародарони азиз, дар барномаи навбатии худ «Бо ҳадиси шариф» хушомадед мегӯем. Ассалому алайкум ва раҳматуллоҳи...
post-image Ар-Рая Матбуоти ҷаҳонӣ

Муовини вазорати корҳои хориҷаи Туркия Исроилро ба ҷиноят муттаҳам кард, аммо кишвараш кӯмакрасониро идома медиҳад!

Муовини вазорати корҳои хориҷаи Туркия Исроилро ба ҷиноят муттаҳам кард, аммо кишвараш кӯмакрасониро идома медиҳад! Рӯзи 27 феврали соли 2024 Хабаргузории Анадолу гузориш дод,...
Бештар
ads