Ҳамроҳ бо Ҳадиси Шариф

Ҳамроҳ бо Ҳадиси Шариф

Бародарони азиз,  Шуморо ба дидори навбатӣ дар барномаи «Ҳамроҳ бо Ҳадиси шариф» истиқбол мекунем. Ассалому алайкум ва раҳматуллохи ва баракотуҳу!

Аз Бурайда ривоят аст, ки Расули Худо (с) фармуданд:

لَا تَقُولُوا لِلْمُنَافِقِ سَيِّدٌ فَإِنَّهُ إِنْ يَكُ سَيِّدًا فَقَدْ أَسْخَطْتُمْ رَبَّكُمْ عَزَّ وَجَلَّ

«Мунофиқро «ҷаноб» магӯ, зеро агар ӯ ҷаноб шавад, Парвардигори Соҳибқудрат ва Бузурги худро хашмгин мекунӣ» (Абу Довуд).

Беҳтарин сухан сухани Аллоҳ аст ва беҳтарин роҳ роҳи Расули Ӯст.

Ин Ҳадиси Шариф  нишон медиҳад, то мо бо мунофиқоне, ки мешиносем, бояд чӣ гуна муносибат кунем. Расули Аллоҳ (с) ягона касе буданд, ки ҳамаи мунофиқонро бо номаш мешинохтанд. Аммо имрӯз мо метавонем онҳоро аз сифатҳое, ки Қуръон ба мо нишон додааст, бишиносем; онҳо ба дурӯғгӯӣ бисёр майл доранд, зидди Ислому мусалмонон фитна мепошанд ва дар рӯи замин бадӣ мекоранд, фасодро дӯст медоранд, ба он даъват ва онро дифоъ мекунанд, инчунин онҳо барои иҷрои фарзҳо танбалӣ ва худдорӣ мекунанд.

Барои шинохтани шахси холис ё мунофиқ ва нисбати онҳо амалҳои мувофиқ андешидан, аввал бояд як ҷанбаи муҳимеро дарк кунем, ки неку бадро Шариат муайян кардааст. Мо наметавонем дар канор биистем ва худро аз касе, ки кирдорҳои хилофи Шариат содир мекунад, дар ҳоле ки гӯё ғами Ислом ва мусулмононро дорад, худро эҳтиёт намоем. Мо наметавонем ба ӯ пайравӣ кунем ё худ ӯро пуштибонӣ намоем, аз ин ҳам бадтар ӯро “ҷаноб” бигӯем, вагарна Аллоҳ бар мо хашмгин мешавад.

Мо мусалмонем ва мо бояд нисбати дини худ рашки шадид дошта бошем, набояд ба мунофиқон фурсат диҳем, ки ба имону Уммати мо ҳатто наздик шаванд. Шумораи зиёди мунофиқон ва гуногунии онҳо яке аз хатарҳое аст, ки мо бо онҳо рӯбарӯ ҳастем. Танҳо дар сурати  Шариатро ба унвони меъёри аъмоли онҳо қабул кардан, мо метавонем онҳоро кашф намоем. Охир, Ислом паноҳгоҳи мо аз ҳар гуна фосиқон аст.

Эй Аллоҳ! Умматамонро аз ин гуна ҷинояткорон ҳифз намо, моро ба роҳи рост ҳидоят кун ва дарки дурусти чизҳоро ба мо ато бифармо, то аз касоне, ки Ту дӯст намедорӣ мо дур шуда тавонем! Омин.

То дафъаи дигар бародарони азиз дар барномаи мо «Ҳамроҳ бо Ҳадиси шариф». Аллох нигахбонатон бошад. Ассалому алайкум ва рахматуллохи ва баракотуху!

Моҳир Солиҳ.

Шояд ба шумо писанд ояд

Хабарҳои тоза
post-image Гуногун

Бурдани даъват барои барпои Хилофат вазифаи ҳамаи мусалмонон аст, ва онҳое ки барандагони даъватро шиканҷа мекунанд, — ҷинояткоронанд!

Бурдани даъват барои барпои Хилофат вазифаи ҳамаи мусалмонон аст, ва онҳое ки барандагони даъватро шиканҷа мекунанд, — ҷинояткоронанд! Моҳи майи соли ҷорӣ кормандони истихборот...
post-image Гуногун

БО ҲАМРОҲИИ ҲАДИСИ ШАРИФ — Ношукрӣ нисбати шавҳар

БО ҲАМРОҲИИ ҲАДИСИ ШАРИФ Ношукрӣ нисбати шавҳар Мо шуморо, бародарони азиз, дар барномаи навбатии худ «Бо ҳадиси шариф» хушомадед мегӯем. Ассалому алайкум ва раҳматуллоҳи...
post-image Ар-Рая Матбуоти ҷаҳонӣ

Муовини вазорати корҳои хориҷаи Туркия Исроилро ба ҷиноят муттаҳам кард, аммо кишвараш кӯмакрасониро идома медиҳад!

Муовини вазорати корҳои хориҷаи Туркия Исроилро ба ҷиноят муттаҳам кард, аммо кишвараш кӯмакрасониро идома медиҳад! Рӯзи 27 феврали соли 2024 Хабаргузории Анадолу гузориш дод,...
Бештар
ads