Ҳамлаҳо ба ҳиҷоб дар Аврупо ин ҷанги фарҳангҳост

Ҳамлаҳо ба ҳиҷоб дар Аврупо ин ҷанги фарҳангҳост

(посух ба мақолаи Жан Шишизола)

Шӯъбаи занони Бахши марказии иттилооти Ҳизби Таҳрир рӯзи 9 ноябри соли 2022 таҳти унвони “Ҳамла ба ҳиҷоб дар Аврупо”  видео конфронс баргузор намуд. Дар видео конфронси мазкур ширкаткунандагон мушкилоти занони мусалмон дар Ғарб дар робита ба маҳдудиятҳои пӯшидани ҳиҷобро баррасӣ карданд. Баргузор намудани чунин конфронс боиси хашми рӯзноманигор Жан Шишизола (Jean Chichizola) гардид, ки охирин дар рӯзномаи «Le Figaro» дар санаи 10/19/2022 таҳти унвони «Фаронсаро мехоҳанд тӯҳмат кунанд, ки гӯё ҷавонони мусалмонро аз Ислом дур мекунад», матлабе навиштааст. Муаллиф дар матлаби худ аз баргузор намудани  ин гуна конфронсҳо интиқод карда, мӯҳтавои онҳоро ба “давлати Волтер” душманона арзёбӣ кардааст, бо вуҷуди он ки файласуф ва нависанда Волтер бо дифоъ аз озодиҳо, бахусус озодии эътиқод машҳур буд. Ба дурустии маълумотҳо, хабарҳо ва далелҳое, ки дар ин мақола оварда мешавад аз аввал то охири он беэътиноӣ карда шудааст ва ба этикаи журналисти тамоман зид мебошад.  Принсипҳои муҳимтарини журналистика ин беғаразона ва холисона баҳо додан ва маънидод намудани рӯйдодҳост.

Мо шӯъбаи занони Бахши марказии иттилооти Ҳизби Таҳрир ба муаллифи мақола чунин посух медиҳем:

1) Сарлавҳаи мақола аллакай бо ғараз ва иттиҳом пур мебошад: ғараз нисбат ба давлати Фаронса, ки ба ақидаи ӯ, аз он чизе, ки ба он нисбат дода шудааст, бегуноҳ аст;   иттиҳомот зидди иштирокчиёни конфронс аз шӯъбаи занони Бахши марказии иттилооти Ҳизби Таҳрир ки гӯё онҳо ва ҳизбашон ба «давлати Волтер», ки озодиро кафолат медиҳад, ҳамла кардаанд ва инчунин Фаронсаро ба он муттаҳам кардаанд, ки мехоҳад ҷавонони мусалмонро аз Ислом хориҷ кунад ва ақидаҳои дунявии худро бар онҳо таҳмил диҳад, то дар фарҳанги ғарбӣ омехта шаванд.  Оё Фаронса дар ҳақиқат аз он чизе, ки ба ӯ нисбат дода шудааст, бегуноҳ аст?

Магар Фаронса дар соли 2004 дар таҳсилотҳои томактабӣ, ибтидоӣ ва миёна ва кормандони муассисаҳои давлатиро ба пўшидани ҳиҷоб манъ накарда буд?!  Магар Фаронса дар соли 2010 пӯшидани ниқобро дар ҷойҳои ҷамъиятӣ манъ накарда буд?! Магар ҳудуди қонуни дар соли 2004 қабулшуда ба таври сунъӣ васеъ нашудааст, ки боиси қонуншикании зиёд гардид, аз қабили манъи вуруди волидайни хонандагон ба муассисаҳои таълимӣ ва манъи ишғол намудани вазифа аз тарафи занони ҳиҷобпӯш дар бархе аз муассисаҳои давлатӣ?! Магар  кор то мавридҳои батакрор аз мактаб хориҷшавии баъзе духтарони мусалмон, ки дар тан либоси дароз ё домани дарозе доштанд, ки пойҳояшонро мепӯшанд, нарасидааст?! Аён шуд, ки «қонун дар бораи манъи пӯшидани рамзҳои динӣ» пеш аз ҳама ба маҳдуд кардани ҳуқуқи мусалмонон нигаронида шудааст, на ба ҳама гурӯҳҳои динӣ, тавре ки қабулкардагони ин қонун иддао мекунанд. Ғайр аз ин, гоҳ-гоҳ лоиҳаҳои қонун дар бораи манъи пӯшидани ҳиҷоб дар донишгоҳҳо ва манъи ҳамроҳшавии модарони ҳиҷобпӯш дар сафарҳои мактабӣ бо фарзандонашон ба миён гузошта мешаванд, кӯшиши ҷорӣ кардани мамнӯъият дар бахши хусусӣ, аз ҷумла лоиҳаи қонун дар бораи манъи пӯшидани ҳиҷоб дар мусобиқаҳои варзишӣ қабул гардид. Ҳатто либосҳое, ки тибқи қонуни шариат исломӣ дониста намешавад, ба мисли либоси варзишӣ ё буркини низ ҳамчун «муқовимат ба арзишҳои фаронсавӣ» арзёбӣ карда шуд.  Дар баробари ин, дар партави бӯҳрони газ дар Фаронса, ба далели қатъ шудани гармидиҳӣ дар ҳавзҳои шиноварӣ, барои коҳиш додани хатар ба саломатӣ як навъ либоси варзишӣ ҷорӣ карда шуд, ки тамоми баданро комилан мепӯшонад, ба монанди буркини.

Мо танҳо як қисми сиёсати «Давлати Волтер»-ро нисбат ба занони мусалмон мушоҳида мекунем.  Чунин корҳо бештар ба афзоиши исломситезӣ ва шумори зиёди ҳамлаҳо алайҳи мусалмонон мусоидат мекунад.  Бархе аз корбарони Твиттер ҳатто ба навиштан шурӯъ карданд, ки «кишвари озодиҳо» Фаронса ба «кишвари хомӯшшудаи рӯшноӣ» табдил ёфтааст. Абдуллоҳ Закрӣ, раиси Маркази миллии назорат бар зидди исломофобияи Фаронса дар баёнияе аз 29 январи соли 2021 таъкид кардааст, ки дар соли 2020 дар ин кишвар 235 ҳодисаи ҳамла алайҳи мусалмонон, дар муқоиса бо 154 ҳодисаи соли 2019 ба қайд гирифта шудааст, ки ин падида ду баробар, яъне тақрибан ба 53% афзоиш ёфтааст.

Магар «кишвари озодиҳо» масҷиду иттиҳодияҳои мусалмононро намебандад?! Магар зиндагии мусалмононро мушкил намекунад?!  Магар қонун алайҳи ба истилоҳ «ҷудоихоҳии исломӣ» тарҳрезӣ нашуда буд, ки ҷавонони мусалмон аз исломи худ даст кашанд ва ба дини худ эътиқод карда, бо ҳисси гунаҳкорӣ зиндагӣ кунанд?! Сарфи назар аз ҳамаи гуфтаҳои боло, рӯзноманигор ба хулоса омад, ки Фаронса беадолатона муттаҳам карда шудааст, ҳарчанд Макрон рӯирост гуфта буд, ки ин қонун ҳамчун “таҳкими арзишҳои ҷумҳуриявӣ” қабул шудааст ва ҳадафаш пеши роҳи бунёди низомест, ки онро “мутавозӣ” номид.  Муаллиф дар мақолааш дар ҳайрат ва тааҷҷуб аст, ки чаро фикри гурӯҳҳои исломӣ ба зиддиятҳои секуляризм ва Ислом нигаронида шудааст. Муаллиф аз пахши мустақими чаҳор зани ҳиҷобпӯш ки тавсияи Кумитаи тахассусӣ ба манъи ҳиҷоб дар мактабҳои ибтидоии Данияро шадидан маҳкум мекунанд ба ғазаб омада ба хулосае меояд, ки Фаронса низ ҳадафи Ҳизби Таҳрир мебошад. Сипас ӯ мавқеи душманонаи ҳизбро нисбат ба Фаронса номбар карда, аз дахолати ҳукуматдорони кишвар барои бурдани фаолияти  ин ҳизб сарфи назар карда, яке аз иштироккунандагони конфронсро, ки сиёсати Фаронсаро режими фашистии дунявӣ  ва диктаторӣ номида танқид карда буд, маҳкум мекунад. Ин рӯзноманигор фахр карда мегӯяд, ки кишвараш ба фаолияти Ҳизби Таҳрир  барои ақидаҳои ифротгароӣ доштанаш  монеъ мешавад ва ҳамзамон дар бораи чораҳои саркӯбии «Давлати Волтер» алайҳи афроде, ки ақидаҳояшон ғайри қобили қабул аст ва ба мафкураи давлат хатар эҷод мекунанд, ошкоро ҳарф мезанад.

2) Вазифаи рӯзноманигори дуруст ин аст, ки далелҳоро таҳқиқ карда, хабару иттилооти дурусту саҳеҳро бояд бирасонад. Набояд фикру мулоҳизаҳои саросемавор ва ғаразнок баён кунад ва мавқеи якҷонибаро ишғол намояд ва бо ин ба ҳақиқат ва аҳамияти касбаш шубҳа пайдо кунад. Ин рӯзноманигор бешармона дар ҳаққи Ҳизби Таҳрир тӯҳмат кард. Ин ҳизб аз Ихвон ул муслимин ҷудо нашудааст. Ҳизби Таҳрир, ҳизби мабдаӣ аст, ки дар солҳои панҷоҳуми асри гузашта пайдо шуд ва ҳадафи тағйирнопазир дорад, ки бар минҳоҷи нубувват барпо намудани Хилофати дуввуми Рошида ва муттаҳид сохтани мусалмонон дар зери парчами Паёмбари Худо ﷺ аст. Ҳизби Таҳрир тағйир наёфтааст, ақидаашро тағйир надодааст ва аз рӯи минҳоҷи устувор ҳаракат дорад. Аз ин рӯ,  касоне, ки аз фарҳанги Ғарб сахт дифоъ мекунанд, мафкураи ҳизбро ифротгароӣ меноманд. Баъзеҳо ҳатто онро созмони террористӣ донистаанд, бо вуҷуди он ки ҳизб ҳеҷ гоҳ ба услуби зӯроварӣ муроҷиат накардааст.  Ҳизби Таҳрир, ҳизби сиёсист, ки бар зидди ғояҳои фосид ва сиёсати харобиовар мубориза мебарад. Инчунин, Ҳизби Таҳрир бисёре аз онҳоеро, ки барои ҳукмронии фарҳанги Ғарб кор мекунанд ва ба манофеи низоми дунявии капиталистӣ мувофиқанд, ба изтироб овард. Ҳизби Таҳрир ин гуна рӯзноманигорон ва онҳое, ки дар сари ин низоми тағйирёбанда қарор доранду ҳама чизро мувофиқи манфиат ва ҳадафҳои худ арзёбӣ мекунанд,  намегузорад орому осуда хоб раванд. Муаллиф иддао дорад, ки Ҳизби Таҳрир яке аз гурӯҳҳои исломӣ аст, ки аз ҷониби Комиссияи Аврупо маблағгузорӣ ва дастгирӣ мешавад. Ин дурӯғ ва тӯҳмат аст.  Ҳизби Таҳрир ба чунин робитаҳо олуда нест.  Ин ҳизби пок ба Аллоҳ қасамёд кард, ки аз сидқи дил ва софдилона вафо карда итоат мекунад. Танҳо некиро қабул мекунад ва танҳо аз тарафдорони даъвати исломӣ дастгирӣ мегирад.

3) Таърихнавис ва файласуфи фаронсавӣ Марсел Гоше, муаллифи яке аз муҳимтарин пажӯҳишҳои вазъи динӣ дар Фаронса дар китоби худ “Дин дар демократия” менависад: “Дунявият дар Ғарб умуман аҳамияти қобили қабули сиёсӣ надорад”. Гоше бо тавзеҳи сабабҳои норозигии мусалмонони Фаронса ва сабабҳои ҳамлаҳои батакрори расмӣ ва ғайрирасмӣ ба ҳиҷоб навиштааст, ки ин ҳама ба хотири он карда мешавад, ки ба дунявият хислати ҷангҷӯёна ва зиндадилӣ бахшида шавад. Дунявияти фаронсавӣ пас аз шикасти худ аз сарчашмаҳои рӯҳӣ маҳрум шуд ва ба як шахсияти ноором табдил ёфт, ки ҳама вақт бар муқобили худ душманеро эҷод карда бо он мубориза мебарад. Аз ин рӯ, муборизаи мазкур ғайр аз муборизаи фарҳангҳо чизи дигар нест.

Коре, ки ин рӯзноманигор анҷом медиҳад, яъне бо ҷидду ҷаҳд барои дифоъ аз арзишҳои фарҳанги ғарбӣ ва мубориза бо Исломи сиёсӣ ин танҳо як паҳлӯи зиддият байни фарҳангҳост. Чаро моро барои корҳое, ки худашон мекунанд, маҳкум менамоянд?! Чаро барои бақои фарҳанги худ мубориза мебаранд ва муборизаи моро барои эҳёи фарҳанги худ маҳкум мекунанд?! Ба сӯи мо тирҳои заҳрнок мепаронанд ва боз мехоҳанд, ки мо онҳоро бо оғӯш пешвоз гирем?!  Чаро мо вақте ки аз дини худ дифоъ мекунем моро мазаммат мекунанд ва мехоҳанд, ки мо аз онҳо пайравӣ карда, ба доми онҳо биафтем?!  Чаро мо бояд хомӯшона назорат кунем, ки фарзандонамон дар ғояҳои дунявӣ ва фарҳанги капиталистӣ омехта мешаванд?! Оё он чи ки мушоҳида мекунем, муборизаи фарҳангҳо нест?! Мустафо Маҳмуд (раҳмати Аллоҳ бар ӯ бод) дар китоби худ «Исломи сиёсӣ ва набарди қарибулвуқӯъ» воқеияти низоъи байни фарҳангҳоро тасвир намуда, гуфтааст:

«Сиёсатмадорони Ғарб иддао доранд, ки бо Ислом душманӣ надоранд ва ба Ислом ҳамчун дин мухолиф нестанд. Аз як тараф гуфтаҳои онҳо дуруст аст, зеро ба намозгузориву рӯзадорӣ, ибодати ҳаҷ, шабу рӯзамонро дар ибодат гузарондан, тасбеҳу дуоҳо хондан, ҳаёти худро ба Аллоҳ таваккал кардан, зиёрати масҷидҳо, бо гуфтани ҳамду сано ба Парвардигор ва Ӯро ситоиш намудан онҳо зид нестанд. Онҳо ба Исломи анъанавӣ ва ба ибодатҳои мо душманӣ надоранд. Онҳо зид нестанд, ки тамоми зиндагии охират аз они мо бошад, зеро ин охирин чизест, ки дар бораи он ғамхорӣ мекунанд. Гузашта аз ин, онҳо бо шайхҳои тариқати сӯфигӣ иттифоқ баста, ба ибодат ва хилват ташвиқ мекунанд. Вале, онҳо бо Исломе, ки ҳуқуқи онҳоро барои ҳукмронӣ бар ҷаҳон мубоҳиса мекунад ва ҷаҳонро бар дигар идея ва арзишҳо бунёд кардан мехоҳад мухолиф ҳастанд. Ба Исломе, ки бо онҳо ин дунёро мубоҳиса мекунад ва дар ҷустуҷӯи нуқтаи такягоҳе аст, ки бинобар он дар зиндагӣ ҳаракат карда тавонад. Исломе, ки мехоҳад дар илм рушд кунад, аммо на барои ҳукмронӣ, истило ва таҷовуз. Исломе, ки аз тағйироти инфиродӣ ба дигаргуниҳои иҷтимоӣ, фарҳангӣ ва ҷаҳонӣ мегузарад. Дар ин ҷо ҷанҷоли оштинопазир ва муборизаи шадид барои нест кардани якдигар ба миён меояд. Дар ин ҷо ҳама ба сӯи шумо тир холӣ мекунанд. Ин тирҳоро ҳатто баъзе нерӯҳои дар дохили кишвари шумо буда ба сӯи шумо мепаронанд.»

4) Мо, шӯъбаи занон дар Бахши марказии иттилооти Ҳизби Таҳрир минбаъд низ корҳоеро анҷом хоҳем дод, ки Аллоҳ аз он розӣ мебошад.  Мо то ғалаба кардани Ислом фаолиятамонро идома медиҳем.  Сухани Аллоҳро олӣ мегардонем ва парчами Исломро баланд мебардорем.  Мо ҷуз Аллоҳ аз ҳеҷ кас наметарсем.  Аз танқиди онҳое, ки дар тадқиқоти худ танҳо манфиати шахсияшро ба эътибор гирифта, мавқеи худро аз рӯи такаббурӣ месозанд, ба мо зарар намерасад. Мо тамоми хабарҳоеро, ки ба мусулмонон нигаронида шудааст, пайваста назорат мекунем ва онҳоро дар бораи он, ки ин тартиботи ҷаҳонии дунявӣ бо чи таҳдид мекунад, огоҳ мекунем. Мо бо капиталистӣ ва ақидаҳои он ба муборизаи мафкуравӣ дохил шуда, нодурустии ҳукм ва қарорҳои онро баён мекунем.  Мо муборизаи сиёсй бурда, тамоми нақшаҳо ва забоняккуниҳои онҳоро фош мекунем. Шубҳае нест, ки байни фарҳангҳо низоъ вуҷуд дорад.  Мо ба Аллоҳ қасамёд кардем, ки тартиботи ҷаҳонии капиталистиро аз байн бурда, Исломро зинда мегардонем, то дар ҷаҳон дигаргунии ҳақиқӣ барқарор шавад.  Мо бо умеди он ки Ислом бо зудӣ ба мафкураи пешбар ва бартарӣ дошта табдил ёбад, роҳи худро идома хоҳем дод. Мо ба ваъдаи Аллоҳ имон дорем, ки Ӯ таоло мефармояд:

وَٱللَّهُ مُتِمُّ نُورِهِۦ وَلَوۡ كَرِهَ ٱلۡكَٰفِرُونَ

«Худо комилкунандаи нури хеш аст, агарчи кофиронро нохуш ояд».  [61:8]

 

Шӯъбаи занон дар Бахши марказии иттилоотӣ Ҳизби Таҳрир

Бахши марказии иттилоотӣ Ҳизби Таҳрир

Сешанбе, 7 Рабиуссонии соли 1444 ҳ.

№ 017/1444 ҳ.

Шояд ба шумо писанд ояд

Хабарҳои тоза
post-image Гуногун

Бурдани даъват барои барпои Хилофат вазифаи ҳамаи мусалмонон аст, ва онҳое ки барандагони даъватро шиканҷа мекунанд, — ҷинояткоронанд!

Бурдани даъват барои барпои Хилофат вазифаи ҳамаи мусалмонон аст, ва онҳое ки барандагони даъватро шиканҷа мекунанд, — ҷинояткоронанд! Моҳи майи соли ҷорӣ кормандони истихборот...
post-image Гуногун

БО ҲАМРОҲИИ ҲАДИСИ ШАРИФ — Ношукрӣ нисбати шавҳар

БО ҲАМРОҲИИ ҲАДИСИ ШАРИФ Ношукрӣ нисбати шавҳар Мо шуморо, бародарони азиз, дар барномаи навбатии худ «Бо ҳадиси шариф» хушомадед мегӯем. Ассалому алайкум ва раҳматуллоҳи...
post-image Ар-Рая Матбуоти ҷаҳонӣ

Муовини вазорати корҳои хориҷаи Туркия Исроилро ба ҷиноят муттаҳам кард, аммо кишвараш кӯмакрасониро идома медиҳад!

Муовини вазорати корҳои хориҷаи Туркия Исроилро ба ҷиноят муттаҳам кард, аммо кишвараш кӯмакрасониро идома медиҳад! Рӯзи 27 феврали соли 2024 Хабаргузории Анадолу гузориш дод,...
Бештар
ads