Ҳамин аст роҳи рости Ман. Ба он пайравӣ кунед ва ба роҳҳои дигар пайравӣ макунед, зеро онҳо шуморо аз роҳи  Аллоҳ гумроҳ месозанд

hizb-tojikiston.info hizb-tojikiston.info

Ҳамин аст роҳи рости Ман. Ба он пайравӣ кунед ва ба роҳҳои дигар пайравӣ макунед, зеро онҳо шуморо аз роҳи  Аллоҳ гумроҳ месозанд

Аз он вақте, ки 100 сол пеш Хилофати Усмонӣ барҳам дода шуд, ҳамлаҳо ба дини Аллоҳ, Китоби Ӯ, Паёмбари Ӯ ﷺ ва мусалмонҳо  қатъ нашудаанд. Мамлакатҳои мустамликадор шартнома ва созишномаҳо бастаанд, то гегемонияи худро бар болои ҳудудҳои  исломӣ барпо намоянд.

Ин кишварҳои мустамликадор Давлати Исломиро ба қисмҳои зиёде пора-пора намуда, дар он ҷойҳо ҳокимони рувайбизаро барқарор сохтанд, ки манофеи онҳоро ҳифз мекарданд. Кофирон ба ин ҳокимони фурӯхташуда тамоми воситаю маблағҳоро муҳайё сохтанд, то онҳо бар зидди  Ислом мубориза баранд ва мусалмонҳоро аз роҳи Пайғамбарамон дуртар нигоҳ доранд, то ба сари қудрат баргаштани  Исломро роҳ надиҳанд.

Давлати Исломӣ аз байн рафт, аз ҳар тараф ба бадбахтӣ ва ранҷу азобҳо мубтало шудани мусалмонҳо сар шуд. Бо талаф додани Халифа мо аз қалъае маҳрум шудем, ки моро муҳофизат мекард, кофирон бошанд дар муқобили мо фитнаву найрангҳояшонро давом медиҳанд. Онҳо ҷуръат карданд, ки хуни моро резанд, сарватҳои моро ғорат кунанд, кишварҳо ва ҷойҳои муқаддасамонро ифлос ва таҳқир намоянд. Кофирон куштору хор карданро давом медиҳанд, онҳо моро то ба қашшоқӣ бурда расонданд ва маҷбур карданд, ки аз кишварҳоямон фирор кунем.

Барои Уммати Исломӣ наҷоте нест, ин ранҷу азобҳо, талафотҳо ва хориҳо охир надоранд. Уммат то он даме,  ки давлати худро барнагардонад, ҳеҷ гоҳ таҷовузи кофиронро ба дини худ, Пайғамбар ﷺ ва Китоби Муқаддас боздошта наметавонад. Ва он гоҳ Халифаи Уммат ба сӯи душманони Ислом бо чунин суханҳо рӯ меорад: «Эй фарзандони кофирон, шумоён ҷавобро намешунавед, балки мебинед».

Уммати Исломӣ бояд ҳама гуна алоқаҳоро бо Ғарб барканад ва  бо пайравӣ намудан аз раҳбарияти сиёсии холис ва бошуур лоиҳаи бузурги Исломро қабул намуда, Хилофатро барпо созад, ки идора  дар он бо минҳоҷи нубувват амалӣ мегардад. Он гоҳ Халифа Умматро ба сӯи иззат, шараф, бузургӣ, осоиштагӣ ва бехатарӣ раҳбарӣ мекунад. Ӯ ин Умматро ба паҳн кардани Ислом ҳамчун рисолат ва ҳидоят ба тамоми башарият раҳнамоӣ мекунад. Ӯ ҳар касеро, ки   барои муқобили Ислом ва Паёмбараш ﷺ баромадан ҷуръат мекунад, аз нав тарбия менамояд.

 

Бахши ахборотии газета таҳти  № 400

20 июли соли 2022

Шояд ба шумо писанд ояд

Хабарҳои тоза
post-image Гуногун

Бурдани даъват барои барпои Хилофат вазифаи ҳамаи мусалмонон аст, ва онҳое ки барандагони даъватро шиканҷа мекунанд, — ҷинояткоронанд!

Бурдани даъват барои барпои Хилофат вазифаи ҳамаи мусалмонон аст, ва онҳое ки барандагони даъватро шиканҷа мекунанд, — ҷинояткоронанд! Моҳи майи соли ҷорӣ кормандони истихборот...
post-image Гуногун

БО ҲАМРОҲИИ ҲАДИСИ ШАРИФ — Ношукрӣ нисбати шавҳар

БО ҲАМРОҲИИ ҲАДИСИ ШАРИФ Ношукрӣ нисбати шавҳар Мо шуморо, бародарони азиз, дар барномаи навбатии худ «Бо ҳадиси шариф» хушомадед мегӯем. Ассалому алайкум ва раҳматуллоҳи...
post-image Ар-Рая Матбуоти ҷаҳонӣ

Муовини вазорати корҳои хориҷаи Туркия Исроилро ба ҷиноят муттаҳам кард, аммо кишвараш кӯмакрасониро идома медиҳад!

Муовини вазорати корҳои хориҷаи Туркия Исроилро ба ҷиноят муттаҳам кард, аммо кишвараш кӯмакрасониро идома медиҳад! Рӯзи 27 феврали соли 2024 Хабаргузории Анадолу гузориш дод,...
Бештар
ads