Ҳалли исломии бӯҳрони иқтисодии Туркия

hizb-tojikiston.info hizb-tojikiston.info

Ҳалли исломии бӯҳрони иқтисодии Туркия

22.01.22

Ҳизб-ут-Таҳрир дар Туркия роҳи ҳалли исломии бӯҳрони амиқи иқтисодии кишварро ба мардум пешкаш кард. Рӯзи чоршанбе 5-уми январи соли 2022 нишасти хабарӣ таҳти унвони «Ҳалли исломӣ ба бӯҳрони иқтисодӣ дар 10 нукта» баргузор шуд.

Дар конфронс як қатор агентиҳои иттилоотӣ, журналистон, нависандагон ва намояндагони ташкилотхои ҷамъиятӣ иштирок доштанд.

Нишасти матбуотӣ бо суханронии иқтисодшиноси исломӣ Ҳаққӣ Эрен оғоз шуд. Ӯ таъкид кард, ки “мушкилоти иқтисодӣ дар Туркия новобаста аз он ки ҳукумат чӣ гуна иқдом кунад, ҳал нахоҳад шуд, зеро онҳо аз худи низоми капиталистӣ сарчашма мегиранд, ки 98 сол боз татбиқ мешавад.  Бинобар ин, капитализм сабаб ва бӯҳронҳо окибатанд».

Баъдан коршиноси иқтисоди Исломӣ Муҳаммад Ҳанафӣ Яғмур ба сухан баромада, панҷ нуқтаи аввали ҳалли мушкилоти иқтисодиро пешниҳод кард: 1 — таваррум, 2 — саноат, 3 — кишоварзӣ, 4 — бекорӣ, 5 — тақсимоти даромад. Оқои Яғмур бо мисолҳое бар пояи бархе аз маълумот ва омор роҳҳои ҳалли исломиро пешниҳод кардааст.

Сипас Мӯсо Бейоғлу, муаллифи маҷаллаи Köklü Değişim, дар бораи панҷ нуқтаи охир маърӯза кард: 6 — иқтисоди бидуни андоз, 7 — векселҳои гаронбор, 8 — эҳёи тиҷорат, 9 — ҳифзи моликияти ҷамъиятӣ ва сарфаҷӯӣ, 10 — барҳам додани муассисахо ва созишномаҳои байналхалқӣ.

Баъд аз ӯ Раиси Дафтари иттилоотии Ҳизби Таҳрир дар Туркия Маҳмуд Кор дар суханронии худ чунин тавзеҳ дод: “Ҳадаф аз ин пажӯҳиш ҳифз ё ислоҳи низоми дунявии капиталистӣ нест, балки решакан кардани он аст, зеро маҳз он барои Туркия ва тамоми чаҳон бори калон аст.

Маҳмуди Кор ҳамчунин қайд кардааст: «Низоми исломӣ як чизи бутун аст ва низоми иқтисодӣ бахше аз ин кулл аст. Татбики низоми иқтисодӣ бидуни татбиқи пурраи Ислом имконнопазир аст. Танҳо Хилофати дуввуми Рошидаву солеҳ бо тариқати нубувват метавонад муқаррароти Шариат ва қарорҳои мувофиқро ба кор барад. Хилофат рибо, бозори саҳҳомӣ, криптовалютҳо ва иқтисоди виртуалиро аз байн бурда, некӯаҳволии ҷомеаро тавассути иқтисоди воқеӣ беҳтар мекунад. Ва танҳо Хилофат сарвати мардумро аз талафот ва ғорат наҷот медиҳад».

 

Шарҳи хабарҳои газетаи «Ар-рая».

01/12/2022

Шояд ба шумо писанд ояд

Хабарҳои тоза
post-image Гуногун

Бурдани даъват барои барпои Хилофат вазифаи ҳамаи мусалмонон аст, ва онҳое ки барандагони даъватро шиканҷа мекунанд, — ҷинояткоронанд!

Бурдани даъват барои барпои Хилофат вазифаи ҳамаи мусалмонон аст, ва онҳое ки барандагони даъватро шиканҷа мекунанд, — ҷинояткоронанд! Моҳи майи соли ҷорӣ кормандони истихборот...
post-image Гуногун

БО ҲАМРОҲИИ ҲАДИСИ ШАРИФ — Ношукрӣ нисбати шавҳар

БО ҲАМРОҲИИ ҲАДИСИ ШАРИФ Ношукрӣ нисбати шавҳар Мо шуморо, бародарони азиз, дар барномаи навбатии худ «Бо ҳадиси шариф» хушомадед мегӯем. Ассалому алайкум ва раҳматуллоҳи...
post-image Ар-Рая Матбуоти ҷаҳонӣ

Муовини вазорати корҳои хориҷаи Туркия Исроилро ба ҷиноят муттаҳам кард, аммо кишвараш кӯмакрасониро идома медиҳад!

Муовини вазорати корҳои хориҷаи Туркия Исроилро ба ҷиноят муттаҳам кард, аммо кишвараш кӯмакрасониро идома медиҳад! Рӯзи 27 феврали соли 2024 Хабаргузории Анадолу гузориш дод,...
Бештар
ads