Халифа онест, ки салоҳияти ба мардум тақсим кардани маблағҳои Хараҷ ва Фаяҳро дорад.

ХАЛИФА ОНЕСТ, КИ САЛОҲИЯТИ БА МАРДУМ ТАҚСИМ КАРДАНИ МАБЛАҒҲОИ ХАРАҶ ВА ФАЯҲРО ДОРАД.

 Иброҳим (Ибни Таҳман) аз Абдулазиз ибни Суҳайб ва ӯ — аз Анас ибни Молик (р.а.) ривоят мекунад:

 

أُتِيَ النَّبِيُّ صَلَّى اللَّهُ عَلَيْهِ وَسَلَّمَ بِمَالٍ مِنَ الْبَحْرَيْنِ فَقَالَ انْثُرُوهُ فِي الْمَسْجِدِ‏ وَكَانَ أَكْثَرَ مَالٍ أُتِيَ بِهِ رَسُولُ اللَّهِ صَلَّى اللَّهُ عَلَيْهِ وَسَلَّمَ فَخَرَجَ رَسُولُ اللَّهِ صَلَّى اللَّهُ عَلَيْهِ وَسَلَّمَ إِلَى الصَّلاَةِ وَلَمْ يَلْتَفِتْ إِلَيْهِ فَلَمَّا قَضَى الصَّلَاةَ جَاءَ فَجَلَسَ إِلَيْهِ فَمَا كَانَ يَرَى أَحَدًا إِلَّا أَعْطَاهُ إِذْ جَاءَهُ الْعَبَّاسُ فَقَالَ يَا رَسُولَ اللَّهِ أَعْطِنِي فَإِنِّي فَادَيْتُ نَفْسِي وَفَادَيْتُ عَقِيلًا فَقَالَ لَهُ رَسُولُ اللَّهِ صَلَّى اللَّهُ عَلَيْهِ وَسَلَّمَ خُذْ‏ فَحَثَا فِي ثَوْبِهِ ثُمَّ ذَهَبَ يُقِلُّهُ فَلَمْ يَسْتَطِعْ فَقَالَ يَا رَسُولَ اللَّهِ اؤْمُرْ بَعْضَهُمْ يَرْفَعُهُ إِلَىَّ‏ قَالَ ‏لَا‏ قَالَ فَارْفَعْهُ أَنْتَ عَلَىَّ‏‏ قَالَ‏ لَا‏ فَنَثَرَ مِنْهُ ثُمَّ ذَهَبَ يُقِلُّهُ فَقَالَ يَا رَسُولَ اللَّهِ اؤْمُرْ بَعْضَهُمْ يَرْفَعْهُ عَلَىَّ‏‏ قَالَ ‏لَا‏ قَالَ فَارْفَعْهُ أَنْتَ عَلَىَّ‏ قَالَ لَا فَنَثَرَ مِنْهُ ثُمَّ احْتَمَلَهُ فَأَلْقَاهُ عَلَى كَاهِلِهِ ثُمَّ انْطَلَقَ فَمَا زَالَ رَسُولُ اللَّهِ صَلَّى اللَّهُ عَلَيْهِ وَسَلَّمَ يُتْبِعُهُ بَصَرَهُ حَتَّى خَفِيَ عَلَيْنَا عَجَبًا مِنْ حِرْصِهِ فَمَا قَامَ رَسُولُ اللَّهِ صَلَّى اللَّهُ عَلَيْهِ وَسَلَّمَ وَثَمَّ مِنْهَا دِرْهَمٌ‏

 

«Вақте ки ба Паёмбар (с.а.с.) аз Баҳрайн боигарӣ омад, Он кас фармуданд:» Онҳоро ба масҷид бирезед «. Ин бузургтарин маблағе буд, ки ба Паёмбари Худо (с.а.с) фиристода шуд. Вақте ки Расули Худо (с.а.с.) ба намоз рафтанд, ҳатто ба сӯи пул нигоҳе накарданд. Пас аз он ки Расул (с.а.с) намозро тамом карданд, ба назди ин боигарӣ нишастанд ва ба ҳар касе, ки чашмашон мефаромад тақсим кардан гирифтанд. Ин ҳангом ал – Аббос ном шахсе наздик шуда гуфт: «Ё Расулаллоҳ, аз инҳо ба ман низ бидеҳ, зеро ман барои худ ва барои Оқил ҳам фидя супоридам!” Расули Худо (с) ба ӯ фармуданд:“ Бигир”. Ӯ либосашро ба замин паҳн кард ва ба болояш аз боигариҳо рехта бардоштанӣ шуд, аммо натавонист. Он гоҳ ба Паёмбари Худо (с.а.с.) рӯ овард: «Эй Расули Худо, ба касе бигӯед, ки ба ман барои бардоштан кӯмак кунад.» Паёмбар (с.а.с.) гуфт: «Не!» Ал-Аббос гуфт: «Пас худатон ба ман  барои бардоштан  кӯмак кунед». Расул (с.а.с) гуфтанд: «Не!» Ал-Аббос маҷбур шуд як қисмати боигариро бирезад, сипас бардорад, аммо боз ҳам натавонист. Ал — Аббос гуфт: «Ё Расули Худо, ба касе бигӯед, ки ба ман кӯмак кунад.» Паёмбар (с.а.с.) гуфтанд: «Не!» Ал-Аббос гуфт: «Пас барои бардоштан худатон кӯмак кунед,» Расул (с.а.с) гуфтанд: «Не!» Ал-Аббос аз нав як қисмати боигариро рехт ва ин дафъа тавонист борро ба китфи худ бор карда баромада равад. Паёмбари Худо (с.а.с.) аз ҳирси ал-Аббос дар тааҷуб шуда, ӯро то дами аз чашм нопадид шуданаш, бо нигоҳашон гусел карданд. Дар мавриди худи Паёмбари Худо (с.а.с.) бошад, то он даме, ки ҳама чизро то дирҳами охирин тақсим накарданд, аз ҷои худ барнахостанд.»

 

Аз китоби «Панҷоҳ ҳадис дар бораи сиёсати шаръӣ», муаллиф Исмат Авнӣ Салим ал-Ҳаммурӣ.

Ҳадис — Бухорӣ

Шояд ба шумо писанд ояд

Хабарҳои тоза
post-image Гуногун

Бурдани даъват барои барпои Хилофат вазифаи ҳамаи мусалмонон аст, ва онҳое ки барандагони даъватро шиканҷа мекунанд, — ҷинояткоронанд!

Бурдани даъват барои барпои Хилофат вазифаи ҳамаи мусалмонон аст, ва онҳое ки барандагони даъватро шиканҷа мекунанд, — ҷинояткоронанд! Моҳи майи соли ҷорӣ кормандони истихборот...
post-image Гуногун

БО ҲАМРОҲИИ ҲАДИСИ ШАРИФ — Ношукрӣ нисбати шавҳар

БО ҲАМРОҲИИ ҲАДИСИ ШАРИФ Ношукрӣ нисбати шавҳар Мо шуморо, бародарони азиз, дар барномаи навбатии худ «Бо ҳадиси шариф» хушомадед мегӯем. Ассалому алайкум ва раҳматуллоҳи...
post-image Ар-Рая Матбуоти ҷаҳонӣ

Муовини вазорати корҳои хориҷаи Туркия Исроилро ба ҷиноят муттаҳам кард, аммо кишвараш кӯмакрасониро идома медиҳад!

Муовини вазорати корҳои хориҷаи Туркия Исроилро ба ҷиноят муттаҳам кард, аммо кишвараш кӯмакрасониро идома медиҳад! Рӯзи 27 феврали соли 2024 Хабаргузории Анадолу гузориш дод,...
Бештар
ads