Халифа касе мебошад, ки салоҳияти ба мардум тақсим карда додани молҳоро аз хироҷ ва фай дорад
Иброҳим (Ибни Таҳман) аз Абдулазиз ибни Суҳайб, ӯ бошад – аз Анас ибни Молик(р.а.) ривоят мекунад:
أُتِيَ النَّبِيُّ صَلَّى اللَّهُ عَلَيْهِ وَسَلَّمَ بِمَالٍ مِنَ الْبَحْرَيْنِ فَقَالَ انْثُرُوهُ فِي الْمَسْجِدِ وَكَانَ أَكْثَرَ مَالٍ أُتِيَ بِهِ رَسُولُ اللَّهِ صَلَّى اللَّهُ عَلَيْهِ وَسَلَّمَ فَخَرَجَ رَسُولُ اللَّهِ صَلَّى اللَّهُ عَلَيْهِ وَسَلَّمَ إِلَى الصَّلاَةِ وَلَمْ يَلْتَفِتْ إِلَيْهِ فَلَمَّا قَضَى الصَّلَاةَ جَاءَ فَجَلَسَ إِلَيْهِ فَمَا كَانَ يَرَى أَحَدًا إِلَّا أَعْطَاهُ إِذْ جَاءَهُ الْعَبَّاسُ فَقَالَ يَا رَسُولَ اللَّهِ أَعْطِنِي فَإِنِّي فَادَيْتُ نَفْسِي وَفَادَيْتُ عَقِيلًا فَقَالَ لَهُ رَسُولُ اللَّهِ صَلَّى اللَّهُ عَلَيْهِ وَسَلَّمَ خُذْ فَحَثَا فِي ثَوْبِهِ ثُمَّ ذَهَبَ يُقِلُّهُ فَلَمْ يَسْتَطِعْ فَقَالَ يَا رَسُولَ اللَّهِ اؤْمُرْ بَعْضَهُمْ يَرْفَعُهُ إِلَىَّ قَالَ لَا قَالَ فَارْفَعْهُ أَنْتَ عَلَىَّ قَالَ لَا فَنَثَرَ مِنْهُ ثُمَّ ذَهَبَ يُقِلُّهُ فَقَالَ يَا رَسُولَ اللَّهِ اؤْمُرْ بَعْضَهُمْ يَرْفَعْهُ عَلَىَّ قَالَ لَا قَالَ فَارْفَعْهُ أَنْتَ عَلَىَّ قَالَ لَا فَنَثَرَ مِنْهُ ثُمَّ احْتَمَلَهُ فَأَلْقَاهُ عَلَى كَاهِلِهِ ثُمَّ انْطَلَقَ فَمَا زَالَ رَسُولُ اللَّهِ صَلَّى اللَّهُ عَلَيْهِ وَسَلَّمَ يُتْبِعُهُ بَصَرَهُ حَتَّى خَفِيَ عَلَيْنَا عَجَبًا مِنْ حِرْصِهِ فَمَا قَامَ رَسُولُ اللَّهِ صَلَّى اللَّهُ عَلَيْهِ وَسَلَّمَ وَثَمَّ مِنْهَا دِرْهَمٌ
«Вақте ба Пайғамбар ﷺ аз Баҳрайн маблағ омада даромад, он кас ﷺ гуфтанд: «Онҳоро дар масҷид резед». Ин бузургтарин маблағе буд, ки то ба имрӯз ба Расули Аллоҳ ﷺ фиристода шуда буд. Ҳангоме ки Расули Аллоҳ ﷺ ба намоз баромаданд, ба тарафи пул ҳатто нигоҳе ҳам накарданд. Пас аз адои намоз, он Ҳазрат ﷺ ба ин маблағҳо наздик шуданд ва дар наздаш нишаста, ба ҳар касе ки медиданд тақсим кардан гирифтанд. Инҷо ал-Аббос ба наздашон омад ва гуфт: «Эй Расули Аллоҳ! Ба ман ҳам бидеҳ, зеро ман барои худам ва Оқил фидя додаам!». Расули Аллоҳ ﷺ ба ӯ гуфтанд: «Бигир» — ва ӯ ба либоси худ рехт, сипас хост, ки онро бардорад, аммо натавонист. Ӯ (ба Расули Аллоҳ ﷺ ) муроҷиат намуд: «Эй Расули Аллоҳ, ба ягон кас бифармо то барои бардоштани ин ба ман ёрӣ диҳад». Пайғамбар ﷺ : «Не!» гуфтанд. Ал-Аббос гуфт: «Ин хел бошад худат барои инро бардоштанам ёрӣ бидеҳ», – ки он кас ﷺ гуфтанд: «Не!». Ал-Аббос [маҷбур шуд], ки як қисмашро ба замин резад, пас ӯ хост онро бардорад, аммо натавонист. Ал-Аббос гуфт: «Эй Расули Аллоҳ, ба ягон кас бифармо то барои бардоштани ин ба ман ёрӣ диҳад». Пайғамбар ﷺ: «Не!» гуфтанд. Ал-Аббос гуфт: «Ин хел бошад худат барои инро бардоштанам ёрӣ бидеҳ», – ки он кас ﷺ гуфтанд: «Не!». Ал-Аббос [маҷбур шуд], ки боз як қисмашро ба замин резад ва баъд аз он ӯ тавонист борро ба китфаш партояд ва баромада равад. Расули Аллоҳ ﷺ , ки аз хасисии ал-Аббос дар ҳайрат буданд, то замони аз чашм пинҳон шуданаш, ӯро бо нигоҳашон гусел карданд. Аммо худи Расули Аллоҳ ﷺ , то ҳама чизро то охирон дирҳам тақсим накарданд, аз ҷои худ нахестанд. [1]
Аз китоби «Панҷоҳ ҳадисҳо дар бораи сиёсати Шариат», муаллиф Исмат Авни Салим Ҳаммурӣ.
[1]. «Саҳеҳ»-и Бухорӣ