Ҳафт унсури тавоноӣ дар Ислом
Сарчашмаҳои тавоноии ҳар уммат аз ҳафт унсур иборат аст.
Якум: қувваи фикрат, ё ба ибораи дигар, идеология
Қувваи фикрате, ки дилхоҳ уммат дорад, асоси тамоми қувваҳои моддии онро ташкил мекунад. Ҳатто метавон гуфт, ки тамоми нерӯҳои моддии он ба қувваи фикрӣ ниёз доранд. Бидуни қувваи фикрӣ тамоми нерӯҳои дигар фурӯ мераванд ё дар аснои муборизаи ҳазоратҳо бо қувваҳои дигари фикрие, ки халқҳои дигар соҳиб мебошанд, аз байн хоҳанд рафт.
Масалан, муғулҳо дар замони Чингизхон соҳиби қувваи бузурги моддию ҳарбӣ буданд, ки дар ҷаҳон бемисл буд. Онҳо дар муддати даҳ сол баъд аз зуҳури худ бист дарсади кураи заминро ба ҳокимияти худ сархам карданд. Аммо ҳокимияти онҳо дар муддати камтар аз чоряк аср, яъне дар замони насли дуюме, ки пас аз насли асосгузор омад, пош хӯрд. Давлати бузурги муғулҳо ба қувваи фикрии исломӣ, ки нерӯи моддии муғулҳоро сарнагун кард, муқовимат карда натавонист ва ҳол он ки давлати исломӣ бар асари тохтутози муғулҳо қариб ки аз байн мерафт. Қувваи фикрати исломӣ сабаби он гашт, ки худи муғулҳо мусалмон шуданд ва дертар дар Русия ва Ҳиндустон давлатҳои исломӣ, ки асрҳо идома ёфт, барпо карданд.
Сабаби ин гуна зуд шикаст хӯрдани қувваи муғулҳо нотавонии фикрате, ки давлати онҳо бар асоси он бунёд шуда буд, мебошад. Вақте ки бархӯрди ҳазоратҳо дар миёни фикрҳо ба амал омад, нерӯи тавонои моддии муғулҳо дар муқобили фикрати исломӣ бо осонӣ ва бе истифодаи силоҳ нобуд гардид.
Бинобар ин, маҳз қувваи фикрати исломӣ, сарфи назар аз нотавонии давлати исломӣ ва минбаъд барҳам хӯрдани он ва сарфи назар аз ҳуҷумҳои умматҳои дигар, умматро беш аз 1400 сол нигоҳ дошт.
Сирри қувваи исломӣ дар он ниҳон аст, ки ақидаи исломӣ ба фитрат мувофиқ буда, қалби инсонро бо хотирҷамъӣ пур месозад. Илова бар ин, вай бар асоси ақл бунёд гашта, онро қонеъ мегардонад.
Қувваи фикрати исломӣ дар ақида, низомҳо, ҳамли даъват ба олам ва ҷиҳод дар роҳи Аллоҳ Таоло ифода меёбад. Камолоти он боиси он шуд, ки фикрати исломӣ дар тӯли асрҳо тамоми мабдаҳои дигарро ба чолиш кашида, онҳоро шикаст дод. Ягон дин, мазҳаб ва мабдаи инсонӣ натавонист дар пеши он тоб оварад. Ҳангоме ки дар даҳсолаҳои ахир, пас аз суқути Хилофат, фикрати исломӣ бо равишҳои фикрие, ки Ғарб дар кишварҳои исломӣ ривоҷ дода, зимни ҳуҷуми фикрии тарҳрезишуда онҳоро дастгирӣ намуд, дохили набард шуд, ин равишҳо дар роҳи муқовимат ба қувваи афзояндаи фикрати исломӣ бо осонӣ нобуд гаштанд, ҳол он ки фикрати исломиро ягон давлат татбиқ намекард. Пас миллатпарастӣ, ватанпарастӣ ва сотсиализм, ки дар асри гузашта вориди набард бо Ислом шуда буданд, куҷоянд? Ҳамаи онҳо аз байн рафтанд, дар ҳоле ки Ислом боқӣ монд.
Дар асри гузашта як муфаккири амрикоӣ бо номи Ҷозеф Ной қувваи фикратро “қувваи нарм” номид. Яъне он қуввае мебошад, ки ба қувваи моддии ҳарбӣ, ки қувваи дурушт аст, зиддият нишон медиҳад. Ғарб афкори худро оид ба демократия ва ҳуқуқи инсон паҳн карда, даъво намуд, ки маҳз он қувваи нарми Ғарб мебошад ва ба одамон аз нерӯи дурушт дида бештар таъсир мерасонад. Аммо ба зудӣ собит шуд, ки қувваи нарми онҳо аз мафҳумҳои зиндагӣ холӣ мебошад ва новобаста аз маблағҳои ҳангуфте, ки онҳо барои тарғиби фикрати худ сарф мекунанд, ба одамон қувваи нарми исломӣ бештар таъсир мерасонад. Онҳо дарёфтанд, ки ҳарчанд давлати исломӣ мавҷуд нест, қувваи нарми исломӣ ҳатто дар кишварҳои ғарбӣ оромона афзоиш меёбад.
Дуюм: қувваи демографӣ
Гап дар бораи шумораи аҳолӣ, иқтидор ва имкониятҳои он ва идоракунии самарабахши одамон меравад. Ин яке аз муҳимтарин нишондиҳандаҳои уммат аст, зеро ақлҳо, истеъдодҳо ва адолат дар тақсимоти дурусти сарватро дарбар мегирад. Дар робита ба ин, масалан, Ғарб назарияи Малтусро дар бораи зиёдшавии аҳолӣ қабул кард, ки дар он гуфта мешавад, ки барои нигоҳ доштани мувозинат бо захираҳои табиӣ афзоиши аҳолӣ бояд боздошта шавад. Ин назария боиси сар задани бӯҳрони демографӣ дар он кишварҳое гардид, ки ин назарияро пазируфтаанд ва инчунин ин назария падидаи пиршавии миллатро дар Аврупо ва Ҷопон ба вуҷуд овард, ки шумори умумии пиронсолон дар онҷо аз шумори ҷавонон ба маротиб бештар аст. Дар ҳамин ҳол, Ислом ба серфарзандӣ ташвиқ мекунад, ки дар навбати худ боиси афзоиши шумори мусалмонон ва ҷавону фаъол шудани ҷомеа мегардад. Ягона чизе, ки ба ҷомеаи мусалмонон намерасад, ин ҳастии давлате мебошад, ки роҳбарияти самимии он корҳои одамонро парасторӣ мекунад.
Сеюм: қувваи геополитикӣ
Ин қувва аз таъсири ҷуғрофиё ва таъсири мавқеи ҷуғрофӣ ба таҳияи сиёсат иборат буда, масоҳат ва намудҳои гуногуни релеф, баҳрҳо, дарёҳо ва гулӯгоҳҳою гузаргоҳҳои заминиро дарбар мегирад. Ҳар қадаре ки масоҳати давлат ва минтақаҳои ҳаётан муҳими он зиёд бошад, ҳамон қадар қувваи геополитикии он меафзояд.
Имрӯз мо шоҳиди муборизаи шадид дар байни Амрико ва Чин бар сари лоиҳаи “Як камарбанд — як роҳ” ҳастем. Чин саъй дорад шабакаи бандарҳо ва шоҳроҳҳоро дар Осиё ва Аврупо таъсис диҳад, то колоҳои худро ба кишварҳои минтақаҳои гуногуни ҷаҳон бемалол расонад. Аммо Амрико ба ин лоиҳаҳо монеъ шуда, тариқи сарнагун кардани хҳокимон ва оташ задани ҷангҳои шаҳрвандӣ, чуноне ки дар Покистон, Мянмар, Таиланд ва ғайра рӯй медиҳад, мехоҳад пеши роҳи онҳоро бигирад.
Давлати исломӣ, ки бо изни Аллоҳ ба зудӣ барпо хоҳад шуд, назорати гузаргоҳҳо ва роҳҳоеро, ки зери назорати ӯ қарор мегиранд, сахттар хоҳад кард. Масалан, вай назорат аз боли гулӯгоҳи Малакка байни Индонезия ва Малайзияро, ки Амрико ҳоло таҳти назорати худ гирифта, роҳи баҳрии Чинро, ки шарқу ғарбро мепайвандад, халалдор месозад, пурра ба дасти худ хоҳад гирифт.
Чорум: қувваи ҳарбӣ
Аллоҳ Субҳонаҳу ба мо аҳамияти омодагӣ ба ҷангро ҳамчун асоси ташаккули қувваи саноати ҳарбӣ таълим медиҳад. Аллоҳ Таоло дар сураи “Одиёт” ҳадафҳои ҷангро бо ибораҳои кӯтоҳу пурмазмун, ки суръат, банақшагирии вақти ҳамла ва роҳ ёфтан ба қалъаи душманро дарбар мегирад, баён кардааст. Ҳамаи ин зимни ҷиҳод дар роҳи Аллоҳ ба даст меояд. Танҳо бо ҷиҳод метавон ҳамаи монеаҳои моддиро дар пеши паҳни Ислом ва васеъшавии қаламрави давлати исломӣ аз байн бурд.
Панҷум: қувваи иқтисодӣ
Ин як шохоби табиӣ ва беохир барои хатҳои таъминоти артиши исломӣ ва логистикаи гуногун аст, ки ба мусалмонон имкон медиҳад, ки дар ҷиҳод пирӯз шаванд.
Шашум: қувваи сарватҳои табиӣ
Ба он маҳсулоти ғизоии стратегӣ, ашёи хоми гуногун, об, нафт ва ҳама гуна маъданҳое, ки Аллоҳ Субҳонаҳу ба инсон ато намудааст, дохил мешавад. Нуқтаи заъфи сармоядорӣ дар идораи ин сарватҳо дар он ниҳон аст, ки вай ин сарватҳоро ба моликияти хусусӣ, ки нафарони алоҳида аз он баҳра мегиранд, табдил дод. Ҳамин тавр, вай як гурӯҳи кӯчаки аз он баҳраманд ва элитаи муайянро бой гардонида, одамони боқимондаро ба коргарон ва бенавоён, ки ба ин элитаҳо хизмат мекунанд, табдил дод. Аммо мувофиқи Ислом ин сарватҳо моликияти умумӣ, ки ҳар як фарди ҷомеа аз он баҳра мегирад, маҳсуб меёбанд. Бо ин ҳукм, гурӯҳи сарватмандоне, ки аз болои мардум ҳукмронӣ менамояд, барҳам зада мешавад.
Ҳафтум: қувваи сиёсӣ
Мақсад аз он давлат аст. Он вуҷуди сиёсӣ, қиёдати сиёсӣ ва доираи фаъоли сиёсӣ, ки ҳизбҳои сиёсиро дарбар мегирад, мебошад. Маҳз ҳамин қувва тамоми қувваҳои пешинро ба майдони ҳаёт меорад. Қувваи давлати исломӣ дар кайфияти татбиқ ва нигоҳубини корҳои одамон таҷассум меёбад. Давлати исломӣ замоне боқувват мегардад, ки Исломро болои шаҳрвандони худ ба таври зебо татбиқ намояд ва одамон ин ғамхорӣ ва адолати низомро бар худ эҳсос кунанд. Пеш аз ин бояд байъат ба таври лозимӣ ба амал ояд, яъне бояд тамоми уммат дар интихоби халифа ширкат варзад. Ҳамчунин, қувваи сиёсӣ қувваи ҳамли даъват ба воситаи ҷиҳод дар роҳи Аллоҳ Таолоро, ки қуллаи Ислом аст, дарбар мегирад.
Рӯзномаи “Роя”
Абӯ Ҳамза Аҳмад Хатвонӣ
13 Шавволи соли 1444 ҳиҷрӣ