Ҳадяи Имон

بِسْمِ اللهِ الرَّحْمٰنِ الرَّحِيم

Ҳадяи имон.

Аллоҳи Таъоло мефармояд:

يَا أَيُّهَا الَّذِينَ آمَنُوا إِن تُطِيعُوا فَرِيقًا مِّنَ الَّذِينَ أُوتُوا الْكِتَابَ يَرُدُّوكُم بَعْدَ إِيمَانِكُمْ كَافِرِينَ (100) وَكَيْفَ تَكْفُرُونَ وَأَنتُمْ تُتْلَى عَلَيْكُمْ آيَاتُ اللَّهِ وَفِيكُمْ رَسُولُهُ وَمَن يَعْتَصِم بِاللَّهِ فَقَدْ هُدِيَ إِلَى صِرَاطٍ مُّسْتَقِيمٍ (101) يَا أَيُّهَا الَّذِينَ آمَنُوا اتَّقُوا اللَّهَ حَقَّ تُقَاتِهِ وَلَا تَمُوتُنَّ إِلَّا وَأَنتُم مُّسْلِمُونَ (102) وَاعْتَصِمُوا بِحَبْلِ اللَّهِ جَمِيعًا وَلَا تَفَرَّقُوا وَاذْكُرُوا نِعْمَتَ اللَّهِ عَلَيْكُمْ إِذْ كُنتُمْ أَعْدَاءً فَأَلَّفَ بَيْنَ قُلُوبِكُمْ فَأَصْبَحْتُم بِنِعْمَتِهِ (103) إِخْوَانًا وَكُنتُمْ عَلَى شَفَا حُفْرَةٍ مِّنَ النَّارِ فَأَنقَذَكُم مِّنْهَا كَذَلِكَ يُبَيِّنُ اللَّهُ لَكُمْ آيَاتِهِ لَعَلَّكُمْ تَهْتَدُونَ (104) وَلْتَكُن مِّنكُمْ أُمَّةٌ يَدْعُونَ إِلَى الْخَيْرِ وَيَأْمُرُونَ بِالْمَعْرُوفِ وَيَنْهَوْنَ عَنِ الْمُنكَرِ وَأُولَئِكَ هُمُ الْمُفْلِحُونَ

“Эй касоне, ки имон овардаед, агар  гурӯҳе аз аҳли Китобро итоъат кунед, шуморо аз имонатон ба куфр бозмегардонанд.

Чӣ гуна кофир мешавед, дар ҳоле ки оёти Худо  бар шумо хонда мешавад  ва расули ӯ дар миёни шумост? Ва ҳар кӣ ба Худо тамассук  ҷӯяд, ба роҳи рост ҳидоят шудааст.

Эй касоне, ки имон овардаед, он чунон ки шоистаи тарс аз Худост, аз ӯ битарсед ва ҷуз дар мусалмонӣ намиред.

Ва ҳамагон даст дар ресмони Худо (дини Худо) занед ва пароканда машавед ва аз неъмате, ки Худо бар шумо арзонӣ доштааст, ёд кунед: он ҳангом, ки душмани якдигар будед ва ӯ дилҳоятонро ба ҳам меҳрубон сохт ва ба лутфи ӯ бародар шудед. Ва бар лаби чоҳе аз оташ будед, Худо шуморо аз он бираҳонид. Худо оёти худро барои шумо инчунин баён мекунад, то ки ҳидоят ёбед.

Бояд, ки аз миёни шумо гурӯҳе бошанд, ки ба хайр даъват кунанд ва амр ба маъруф ва наҳй аз мункар кунанд. Инҳо растагоронанд.”     (3:100-104)

Умамти Исломӣ бояд дини худро ба ҳаёт баргардонанд  ва Давлати Исломиеро, ки зиндагонии инсонҳоро аз рӯи Шариат Аллоҳ ташаккул медиҳад, барқарор созанд. Пайғамбари Худо (с.а.с) дар Мадина давлат барқарор карда, дар тамоми нимҷазираи Араб Исломро паҳн карданд. Баъдан саҳобагон Ӯ (с.а.с) — ро пайравӣ карда, Исломро дар хориҷи нимҷазира паҳн намуданд. Баъди онҳо мусалмонон Исломро дар тамоми дунё паҳн гардониданд. Алҳол тахмин 2 млрд мусалмон ба ҳисоб гирифта мешавад.

Уммати Исломӣ дар ҳастии худ бояд бо Ақидаи Исломӣ пайванд бошад. Ислом бояд дар ҳаёти ӯ муҷассам гардад ва аз низом, қонунҳо, ахлоқ, рафтор, дарёфт ва шарту шароити ҷомеа, ки бар ин Ақида асос ёфтааст, иборат бошад.

“Эй касоне, ки имон овардаед, агар  гурӯҳе аз аҳли Китобро итоъат кунед, шуморо аз имонатон ба куфр бозмегардонанд.

Чӣ гуна кофир мешавед, дар ҳоле ки оёти Худо  бар шумо хонда мешавад  ва расули ӯ дар миёни шумост? Ва ҳар кӣ ба Худо тамассук  ҷӯяд, ба роҳи рост ҳидоят шудааст.”   Ин маънои онро дорад, ки ба одамони Аҳли Китоб итоат кардан, онҳоро ба сифати ёрдамчӣ ва парастор қабул кардан, тарзи зиндагонии онҳоро пайравӣ намудан, аз итоати Аллоҳу Расулаш (с.а.с) баромадагӣ ҳисобида мешавад.

Бо сухани дигар, ин – инкори дини Аллоҳ ва пайгирии куфр мешавад. Махфӣ нест, ки Аҳли китоб мехоҳанд, мусалмононро аз Ислом рӯй тобонида, мисли худ гардонанд:

Шуморо аз имонатон ба куфр бозмегардонанд.

Чӣ гуна кофир мешавед, дар ҳоле ки оёти Худо  бар шумо хонда мешавад  ва расули ӯ дар миёни шумост? Ва ҳар кӣ ба Худо тамассук  ҷӯяд, ба роҳи рост ҳидоят шудааст.

Эй касоне, ки имон овардаед, он чунон ки шоистаи тарс аз Худост, аз ӯ битарсед ва ҷуз дар мусалмонӣ намиред.”

Аллоҳ инҷо ба таври реторикӣ (илми баён, суханпардозӣ) гуфтааст: “Чӣ гуна шумо имон намеоред, ба Аҳли Китоб пайравӣ мекунед, мисли онҳо зиндагонӣ мекунед, ҳол он ки шумо аз куфр рӯй тофта, ба Аллоҳ ва Пайғамбари Ӯ (с.а.с) имон овардед, ба шумо оятҳои Ӯ хонда мешавад, Пайғамбари Ӯ (с.а.с) дар байни шумост, ки аз ӯ динро таълим мегиред?!”

Ба ресмони Аллоҳ чанг задан маънои онро дорад, ки бо он чӣ Расулуллоҳ (с.а.с) омадаанд, танҳо онро мустаҳкам доштан ва барои тартиботи корҳои зиндагӣ ба қонунҳои Шариат муроҷиат кардан мебошад.  Ҳафиз Абу Яла ал-Мосули аз Ҳаммода, ӯ аз —Шабӣ, баъдан ӯ  — аз Ҷобир, ривоят мекунанд, ки  Пайғамбари Аллоҳ (с.а.с) фармудаанд:

( لا تَسْأَلُوا أَهْلَ الْكِتَابِ عَنْ شَيْءٍ، فَإِنَّهُمْ لَنْ يَهْدُوكُمْ وَقَدْ ضَلُّوا، وَإِنَّكُمْ إِمَّا أَنْ تُصَدِّقُوا بِبَاطِلٍ، وَإِمَّا أَنْ تَكْذِبُوا بِحَقٍّ، وَإِنَّهُ وَاللَّهِ لَوْ كَانَ مُوسَى حَيًّا بَيْنَ أَظْهُرِكُمْ مَا حَلَّ لَهُ إِلا أَنْ يَتَّبِعَنِي )

”Аз Аҳли Китоб чизе мапурсед. Муҳаққақ, ки онҳо шуморо ба роҳи рост раҳнамуд намекунанд. Дар ҳақиқат онҳо худ аз ин роҳ (ба дигар сӯ) гаштаанд. (Агар шумо аз онҳо чизе пурсидани бошед,) шумо бояд бо дурӯғи онҳо созиш кунед ва ё ҳақро рад намоед. Қасам ба Аллоҳ, ки агар пайғамбар Мӯсо (а.с) зинда мебуданд, ба он кас фақат пайравии маро кардан иҷозат дода мешуд.”  

Бинобар ин, ба мӯъминон иҷозат нест, ки аз Аҳли китоб вобаста ба Ақида ва қонунҳо чизеро бигиранд, зеро, маҳз Ақида ва қонун дар байни мусалмонон адолатро барпо карда, ваҳдат ва динашонро устувор менамояд. Аммо дар масъалаи ноилшавӣ ба илм бошад, истифодабарӣ аз онҳо боке надорад

“Эй касоне, ки имон овардаед, он чунон ки шоистаи тарс аз Худост, аз ӯ битарсед ва ҷуз дар мусалмонӣ намиред.

Ва ҳамагон даст дар ресмони Худо (дини Худо) занед ва пароканда машавед ва аз неъмате, ки Худо бар шумо арзонӣ доштааст, ёд кунед: он ҳангом, ки душмани якдигар будед ва ӯ дилҳоятонро ба ҳам меҳрубон сохт ва ба лутфи ӯ бародар шудед. Ва бар лаби чоҳе аз оташ будед, Худо шуморо аз он бираҳонид. Худо оёти худро барои шумо инчунин баён мекунад, то ки ҳидоят ёбед.»

Суханони Аллоҳ «он чунон ки шоистаи тарс аз Худост, аз ӯ битарсед,» —  ро ибни Масъуд (р.а) чунин шарҳ додаанд: Аллоҳро итоат кардан ногузир аст, беитоатӣ набояд, зикр мебояд, фаромӯшӣ нашояд, шукргузорӣ мебояд ва ношукрӣ нашояд. Ибни Аббос (р.а) нақл мекунанд, ки онҳо дар роҳи Худо ба шакли муносиб мекӯшиданд ва аз ҳеҷ гуна маломат наметарсиданд, ҳатто дар бобати худашон, волидон ва фарзандонашон боадолатона муносибат мекарданд.

«Ва ҷуз дар мусалмонӣ намиред,» – маънои онро дорад, ки то охир, пурра Аллоҳро итоат кунед, ба дини Ӯ пайравӣ намоед, ба Шариати Ӯ муроҷиат намоед, ҳалол ва ҳароми Ӯро риоя кунед.

«Ва ҳамагон даст дар ресмони Худо (дини Худо) занед ва пароканда машавед,» – бародари динӣ буданро маъно дорад. Ислом мусалмононро муттаҳид мегардонад. Итоат ба Аллоҳу Расулаш (с.а.с), муҳаббат доштан ба онҳо, риоя кардани ҳалолу ҳаром – ин ҳама мӯъминонро муттаҳид гардонида, онҳоро бо ҳамдигар бародар месозад, ки дар байни онҳо душманӣ ва мунофиқӣ ҷой намеёбад.

Вақтҳои охир баъзеҳо дар бораи ҳадяҳои Шаъбон ё Рамазон бисёр сӯҳбат карданд, вале онҳо маънои ҳокимияти Исломиро шарҳ намедиҳанд. Онҳо кофиронро ҳамчун дӯст ва мададгор мегиранд, ба онҳо итоат мекунанд, онҳоро дӯст медоранд, мисли онҳо зиндагӣ мекунанд ва зиндагонии мусалмононро низ мувофиқи қоидаҳои онҳо шакл медиҳанд. Онҳо,  аз фиристодаҳои Аллоҳ, рӯй гардонданд. Ислом тарзи зиндагониест, ки аз дигар эътиқод ва динҳо фарқ мекунад.

Моҳияти асосии Ислом ин аст, ки ҳаёти инсониятро дар соҳаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоӣ ташкил медиҳад, то ки рафтор, ахлоқ, ҳисси эҳтиром, анъана ва расму оинро муайян намояд, инчунин  зиндагии инсонро аз таваллуд то марг ба тартиб дароварад. Ҳар як мусалмон вазифадор аст, ки барои амалӣ сохтани Ислом дар ҳаёт кӯшиш намояд, зеро, Исломеро, ки тӯли асрҳо инсониятро ба роҳи мустақим роҳнамоӣ мекард, аз нав рӯёб гардонад. Омадани Ислом ба сари ҳокимият ва идора кори ногузир аст.

«Бояд, ки аз миёни шумо гурӯҳе бошанд, ки ба хайр даъват кунанд ва амр ба маъруф ва наҳй аз мункар кунанд. Инҳо растагоронанд.»  Танҳо мавъизаву насиҳатҳо ба натиҷаи дилхоҳ бурда намерасонад. Даъвати Исломӣ бо мавъизаву насиҳатҳое, ки имрӯзҳо аз тарафи ҳукумати ситамгар идора карда мешавад, муқайяд намегардад.  Дар байни мусулмонон, ҳадди аққал бояд гурўҳе бошад, ки барои барқарор кардани тарзи зинагии Исломӣ фаъолият барад. Чунки имрӯз Шариат татбиқ намегардад, мусалмонон бошанд, пароканда шудаанд.

Давлате нест, ки Исломро татбиқ карда онро паҳн намояд, инчунин манфиатҳои мусалмононро таҳти ҳимояи худ қарор диҳад. Ҳаёти Исломӣ боздошта шудааст, ва ногузир аст, ки онро бо роҳи аз нав барпо кардани Давлати Исломӣ, ки Исломро ба ҳаёти одамон бармегардонад ва на бо роҳи фиребу макр, балки мувофиқи китоби Аллоҳ одилона ва ошкоро ҳукмронӣ мекунад, барқарор ва ба роҳ монда шавад. Ҳар як мусалмон бояд баҳри аз нав барпо кардани Давлати Исломӣ тамоми кӯшишҳои худро ба харҷ диҳад, то ки дини Аллоҳ боз аз нав корҳои мардумро ба тартиб оварад. Ҳар ки бо ин кор машғул гардад, ӯ аз растагорон, итоаткунандгони фармонҳои Аллоҳ ва наҷотёфтагон аз ғазаби Ӯ мегардад.

 

( وَٱللَّهُ غَالِبٌ عَلَىٰٓ أَمۡرِهِۦ وَلَٰكِنَّ أَكۡثَرَ ٱلنَّاسِ لَا يَعۡلَمُونَ )

 “Ва Аллоҳ бар кори хеш ғолиб аст. Вале бештари мардум намедонанд!”        (12:21)

 

Махсус барои радиои марказ-офиси иттилоотии Ҳизби Таҳрир.

Иброҳим Салама.

17-уми Шаъбон, 1440ҳ

23.04.2019 с.м

Шояд ба шумо писанд ояд

Хабарҳои тоза
post-image Гуногун

Бурдани даъват барои барпои Хилофат вазифаи ҳамаи мусалмонон аст, ва онҳое ки барандагони даъватро шиканҷа мекунанд, — ҷинояткоронанд!

Бурдани даъват барои барпои Хилофат вазифаи ҳамаи мусалмонон аст, ва онҳое ки барандагони даъватро шиканҷа мекунанд, — ҷинояткоронанд! Моҳи майи соли ҷорӣ кормандони истихборот...
post-image Гуногун

БО ҲАМРОҲИИ ҲАДИСИ ШАРИФ — Ношукрӣ нисбати шавҳар

БО ҲАМРОҲИИ ҲАДИСИ ШАРИФ Ношукрӣ нисбати шавҳар Мо шуморо, бародарони азиз, дар барномаи навбатии худ «Бо ҳадиси шариф» хушомадед мегӯем. Ассалому алайкум ва раҳматуллоҳи...
post-image Ар-Рая Матбуоти ҷаҳонӣ

Муовини вазорати корҳои хориҷаи Туркия Исроилро ба ҷиноят муттаҳам кард, аммо кишвараш кӯмакрасониро идома медиҳад!

Муовини вазорати корҳои хориҷаи Туркия Исроилро ба ҷиноят муттаҳам кард, аммо кишвараш кӯмакрасониро идома медиҳад! Рӯзи 27 феврали соли 2024 Хабаргузории Анадолу гузориш дод,...
Бештар
ads