Ҳадис: «Ҳар ки ба мушкилоти мусалмонон аҳамият надиҳад, ӯ аз онҳо нест».

hizb-tojikiston.info hizb-tojikiston.info

Ҳадис: «Ҳар ки ба мушкилоти мусалмонон аҳамият надиҳад, ӯ аз онҳо нест».

Муаллиф: Шайх Тоҳир ибни Ашур (раҳмати Аллоҳ бар ӯ бод)

Исноди ҳадис ва тафовут дар ифодаи он:

Мардум ин ҳадисро аз китоби Ал-Иҳя (Эҳё), ки муаллифи он Имом Ғазолӣ аст, ривоят мекунанд. Он кас ин ҳадисро дар боби «Таълим барои мусалмонон» аз китоби «Одоби суҳбат» бо чунин истинод овардааст: «Касе, ки ба мусалмонон ғамхорӣ накунад, ӯ аз онҳо нест». Ҳадисро Ҳоким дар китоби «Мустадрак» аз Ҳузайфа (р) ривоят кардааст, ҳадиси мазкур марфуъ мебошад. Табаронӣ низ аз Абузар (р) ин ҳадиси марфуъро ривоят кардааст.

Табаронӣ ва Саҳовӣ ин ҳадисро дар китоби «Мақсидул-ҳасана» (Ниятҳои нек) ба ин ибора овардаанд: «Ҳар ки ба мушкилоти мусалмонон парвое надорад, ӯ аз онҳо нест». Ироқӣ дар китоби «Ал-Муғнӣ ан ҳамли-л-асфар» гуфтааст: «Исноди ҳардуи ин ривоятҳо заиф мебошад».

Саҳовӣ дар китоби «Ал-мақсидул-ҳасана ан шуъби-л-иман», ки муаллифи он Байҳақӣ аст аз Ваҳҳоб ибни Рашид, аз Фарқади Субҳия, аз Анас (р) ривоят кардааст: «Он, ки субҳ бедор шуд ва дар бораи корҳои Уммат фикр накард, аз мо нест ва он касе, ки субҳ бедор шуд ва ғамаш на ризогии Аллоҳ, балки ғами дунё бошад, аз Аллоҳ чизе нахоҳад гирифт».

Суютӣ дар «Ҷомиъу-л-ҷавомӣ» ва «Ҷомиъ-ас-сағир» ин ҳадисро ба ин мазмун овардааст: «Ҳар ки субҳ аз хоб бедор шуд ва ғами ӯ ғами дунёст, на ризогии Аллоҳ, аз Аллоҳ чизе намегирад ва касе ки бедор шавад ва дар бораи кори мусалмонон фикр накунад, ӯ аз онҳо нест».  Дар «Ҷомиу-л-Ҷавомӣ» гуфта шудааст, ки ҳадисро Ҳоким аз Ибни Масъуд ва Байҳақӣ бо Ибни Ҷарир аз Анас (р) ривоят кардаанд.

Ин мухтасари он чи дар бораи матн ва исноди ин ҳадис гуфта шудааст ва ҳамаи ин дар китобҳое омадааст, ки ҳадисҳои заиф оварда шудаанд. Ироқӣ ва Муртадо гуфтаанд, ки ҳадис заиф аст ва ба дараҷаи ҳасани саҳеҳ набаромадааст, вале маънои ҳадис дуруст мебошад.

 

Маънои ҳадис:

Маънои ин ҳадис бо санад ва матнҳои гуногунаш чунин мебошад, ки мусалмонон ба ҳамдигар бояд нигоҳубинӣ кунанд.  Маънои ин дар ҳадиси саҳеҳи Бухорӣ ва Муслим чунин ривоят шудааст. Аз Нӯъмон ибни Башир ривоят шудааст, ки Расули Худо (с) фармуданд: «Дар муҳаббат ва меҳрубонӣ нисбат ба ҳамдигар, муъминон монанди як тан ҳастанд: вақте ки яке аз узвҳояш дард кунад, дигар узвҳояш ба табларза меояд ва хобаш намебарад». Дар «Саҳеҳ»-и Бухорӣ, «Сунан»-и Тирмизӣ ва Насоӣ аз Абумӯсои Ашъарӣ ривоят шудааст, ки Расули Худо (с) фармуданд: «Мӯъминон мисли бино ҳастанд, як қисми он қисми дигарро дастгирй мекунад».

Аммо дар ҳадис мавриди назар суханеро мебинем, ки маънои хатарнок дорад, яъне «аз онҳо нест».  Дар бисёре аз ҳадисҳои дигар низ ҳамин гуна ҷумла омадааст, ки баъзеашон саҳеҳ ва баъзеи дигар заифанд. Дар ҳадиси Бухорӣ ва Муслим, ки аз Молик ибни Анас, аз Ибни Умар ва Абумӯсои Ашъарӣ ривоят шудааст, омадааст, ки Расули Худо (с) фармуданд: «Ҳар кӣ бар зидди мо силоҳ бардорад, ӯ аз мо нест.»  Дар ҳадисе, ки дар китоби «Сунан»-и Тирмизӣ аз Абуҳурайра (р) ривоят шудааст, ки Расули Худо (с) фармуданд: «Касе, ки дигаронро фиреб диҳад, ӯ аз мо нест». Дар «Сунан»-и Абу Довуд аз Абдуллоҳ ибни Амр ибни Ос (р) ривоят аст, ки Расули Худо (с) фармуданд: «Касе, ки дар миёни мо бузургонро эҳтиром накунад ва ба хурдсолони мо меҳрубонӣ накунад, ӯ аз мо нест».  Дар Саҳеҳи Бухорӣ аз Абдуллоҳ ибни Масъуд (р) ривоят аст, ки Расули Аллоҳ (с) фармуданд: «Касе, ки ба рӯи худ мезанад ва ё либосашро медаронад ё ба касе хитоб кунад, ки дар замони ҷоҳилият анҷом дода шудааст, аз мо нест». Яъне, вақте ғами марговар ба сари чунин ашхос мерасад, ба худ лаънат мехоҳанд ва худро озор медиҳанд.

Ҳамаи ин ҳадисҳо чунин маъноро ифода мекунанд: онҳое, ки ин сифатҳои исломиро надоранд, мусалмон нестанд, зеро онҳо ба мусалмонон нигаронида шудаанд.  Аммо ҷониби ошкор ва равшани ҳадис ин аст, ки ин маъниро илҳом мебахшад. Аммо дар асл Расули Худо (с) комилан инро дар назар надоштанд, зеро асоси дин мегӯяд, ки анҷом додани ҳар амали ҳаром (гуноҳ) инсонро аз Ислом дур намекунад. Ҳамин тариқ, тибқи асосҳои дин ва ақидаи пайравони суннат, мусалмон ба куфр муттаҳам намешавад, новобаста аз он ки ӯ чӣ гуна гуноҳ ва маъсиятҳоро содир карда бошад. Расули Худо (с) маънои Исломро ба Уммат баён намуда, дар фаҳмиши он ҳеҷ шакку шубҳа намонданд. Расули Худо (с) ду шаҳодатро асоси Ислом овардаанд, ки маънои онро бояд дарк кард ва ба он эътиқод кард. Инчунин, кори Паёмбар (с) барои гузоштани пояҳо ва рукнҳои дин равона шуда буд ва ин муҳимтарин чиз буд. Аз ин рӯ, мусулмонон дар замони Паёмбар ва Хилофати Рошида мусалмон будани худро ба таври равшан дарк намуда, мусалмононро аз ғайри мусалмонон фарқ мекарданд. Бархе аз мусалмонон дар замони Паёмбар (с) ва Хулафои Рошидин ба гуноҳҳои бузург даст зада буданд, аммо касе онҳоро ба куфр муттаҳам накард ва муртад эълон накард. Расули Худо (с) ҳангоми шарҳи он, ки мусалмон аст ва кӣ мусулмон нест, тафсилоти онро баён накарданд. Бинобар ин, вақте мебинем, ки баъзе ҳадисҳои Расули Худо (с) аз баъзе амалҳои ҳаром манъ мекунад ва дар назари аввал чунин менамояд, ки иҷрои ин амалҳо аз Ислом дур мекунад, пас мо дар ин маврид бояд аз иҷрои ин амалҳо дур шавем ва бидонем, ки маънои ин ҳадисҳо гуногун мебошанд ва бояд маъноҳоеро ҷустуҷӯ кунем, ки бо маъно ва ҳадафи ин ҳадис созгор бошанд.

Тамоми уламои ин уммат ба ин ақидаанд, ки ин ҳадисҳо ба тафсир ниёз доранд, яъне вақте гуфта мешавад, ки “онҳо аз мо нестанд” бояд бубинанд, ки арабҳо ин вожаҳоро чӣ гуна истифода бурданд, то маънои аслии онро дарк намоем. Барои чунин тафсири ҳадис онҳо қоидаҳои умумӣ қабул карданд.  Ин қоидаҳои умумӣ мегӯянд, ки ин калимаҳо дар бораи маломат ва тарсондан истифода бурда шудааст. Аз Суфён ибни Уяйна ривоят аст, ки ӯ аз тафсири чунин ҳадисҳо худдорӣ мекард; ӯ мегўяд, ки аз тафсири ин ҳадисҳо худдорӣ кардан лозим аст, то ин ки ҳадис бештар ба инсон таъсир карда, ўро битарсонад. Бархе аз муфассирони ҳадис гуфтаанд, ки ин маънои онро дорад, ки «аз роҳи мо ва суннати мо нест», яъне аз беҳтарини мусалмонон нест.  Ибни Мунир гуфтааст, ки ин суханон маънои онро дорад, ки «онҳо ҳақ надоранд шарики мо бошанд ва бо мо омехта шаванд».  Оиди чунин ҳадисҳо дигар тафсирҳо низ мавҷуданд.

Вале раъӣ ман чунин аст, ки ду тафсири ин ҳадис беҳтарини онҳост:

Якум, чунон ки дар боло гуфта шуд, вожаҳои «онҳо аз мо нестанд» дар забони арабҳо барои инкори хешутаборӣ истифода мешаванд ва ин вожаҳо дар ҳадис низ бо маҷоз ба кор бурда шудааст.  Масалан, мо мегӯем, ки касе, ки зуд-зуд аъмоли ғайриисломӣ анҷом медиҳад, мисли ғайри мусалмон мешавад, дар натиҷа ӯ ғайримусалмон аст, дар ин ҷо калимаи «ғайри мусалмон»-ро ба маънои маҷозӣ истифода мебарем. Зеро аъмоли мамнӯъро бештар ғайримусалмонон, ҷоҳилон ва мушрикон содир мекунанд. Ҳадисе, ки дар Бухорӣ ва Муслим аз Абузар ривоят шудааст, ин раъйро тасдиқ мекунад: ҳангоме ки мардеро аз модараш сарзаниш карданд, Паёмбар (с) фармуданд: «Дарҳақиқат, ту марде ҳастӣ, ки дар ту ҷоҳилият ҳаст». Ё ин ки яке аз ҳадисҳое, ки дар китоби «Муватто»-и имом Молик омадааст, ки Паёмбар (с) бо мардум дар масҷид намоз мегузоштанд ва яке аз намозгузорони масҷид ба намоз ҳамроҳ нашуд, зеро дар хонааш намоз гузошт. Расули Худо (с) ба ӯ гуфтанд: — Чӣ чиз туро аз намоз гузоштан бо мардум боздошт, оё ту мусалмон нестӣ? Дар ҳадиси Ҷамила бинти Убай, ҳамсари Собит ибни Қайс омадааст, ки ба Паёмбари Худо (с) аз Собит шикоят кард ва аз тарси зино гуфт: «…вале пас аз Ислом ба куфр баргаштанро бад мебинам».  Бар асоси ин вожаи “на аз мо” (ё вожаҳои “на аз онҳо” ва вожаҳои шабеҳ) ба суханони Паёмбари Худо (с) шабоҳат дорад: “Зинокор, дар ҳолати мӯъмин будан зино намекунад…» (яъне мӯъмин аз тарси Худо зино намекунад, агарчи табиатан ба ин гуноҳ майл дошта бошад ҳам).

Дуюм: маънои ин вожаҳо дурӣ аз он чӣ ин мардум пайравӣ кардаанд, яъне вожаҳои «на аз мо» ва ғайра дар гуфтори арабҳо барои инкор кардани ин сифат истифода мешаванд, гузашта аз ин, арабҳо ин шаклро танҳо барои қиёс ва маҷоз истифода кардаанд ва ин ибора барои баёни хашм истифода мешавад.  Ин ибора дар суханронии арабҳо борҳо ба кор бурда шудааст.  Набига Уяйн ибни Хуснро аз хиёнати Бани Асад ҳушдор дода гуфт: «Агар Асадро барои бероҳа кардан кӯшиш кунӣ… пас, ман аз ту нестам ва ту аз ман нестӣ».

Агар маънои бевосита ва ошкорро гирем, ин ибораро ба ҳеҷ ваҷҳ шарҳ додан мумкин нест, зеро Уяйна ибни Ҳусн ҷузъи Набига нест. Бархе аз арабҳо гуфтанд: Эй он ки аз онҳо маро мепурсад… Ман аз Қайс нестам ва Қайс аз ман нест.

Ин ба суханони Аллоҳи мутаъол монанд аст:

قَالَ يَا نُوحُ إِنَّهُ لَيْسَ مِنْ أَهْلِكَ إِنَّهُ عَمَلٌ غَيْرُ صَالِحٍ

«Гуфт: «Эй Нӯҳ, ҳаройна, ӯ аз хонадони ту нест (яъне, ӯ аз ҷумлаи касоне нест, ки онҳоро наҷот медиҳем)…».  [11:46]

Ба ибораи дигар, «дар бораи ӯ хавотир нашав ва ӯро тарк кун».  Баръакс низ мегӯянд: «Ту аз Ман ҳастӣ ва ман аз ту». Ин тафсири вожаҳои «ту аз мо нестӣ» ё «аз ман нестӣ»-ро тасдиқ мекунад. Дар Саҳеҳи Муслим омадааст, ки Абдурраҳмон ибни Язид ва Абӯбурда ибни Абумӯсо гуфтанд: «Ибни Мӯсо аз ҳуш рафт ва зане аз хонадонаш Умми Абдуллоҳ бо доду фиғон  фарёд зад. Ибни Мӯсо бедор шуд ва пурсид: Оё намедонистӣ? Яъне пештар ба ӯ ҳадисеро нақл кард, ки Расули Худо (с) фармуданд: «Касоне, ки риш метарошанд, доду фарёд мекунанд ва худро месӯзонанд, аз мо нестанд».  Ҳамин тавр, дар ин ҳадис суханони Расули Худо (с) «аз мо нест»-ро бо рад кардани чунин ашхос ва ба онҳо алоқа надоштани худро шарҳ додаанд.

 

Китоби «Тадқиқот ва назарҳо дар бораи Қуръон ва суннат», саҳ. 108-111, Шайх Тоҳир ибни Ашӯр.

Шояд ба шумо писанд ояд

Хабарҳои тоза
post-image Гуногун

Бурдани даъват барои барпои Хилофат вазифаи ҳамаи мусалмонон аст, ва онҳое ки барандагони даъватро шиканҷа мекунанд, — ҷинояткоронанд!

Бурдани даъват барои барпои Хилофат вазифаи ҳамаи мусалмонон аст, ва онҳое ки барандагони даъватро шиканҷа мекунанд, — ҷинояткоронанд! Моҳи майи соли ҷорӣ кормандони истихборот...
post-image Гуногун

БО ҲАМРОҲИИ ҲАДИСИ ШАРИФ — Ношукрӣ нисбати шавҳар

БО ҲАМРОҲИИ ҲАДИСИ ШАРИФ Ношукрӣ нисбати шавҳар Мо шуморо, бародарони азиз, дар барномаи навбатии худ «Бо ҳадиси шариф» хушомадед мегӯем. Ассалому алайкум ва раҳматуллоҳи...
post-image Ар-Рая Матбуоти ҷаҳонӣ

Муовини вазорати корҳои хориҷаи Туркия Исроилро ба ҷиноят муттаҳам кард, аммо кишвараш кӯмакрасониро идома медиҳад!

Муовини вазорати корҳои хориҷаи Туркия Исроилро ба ҷиноят муттаҳам кард, аммо кишвараш кӯмакрасониро идома медиҳад! Рӯзи 27 феврали соли 2024 Хабаргузории Анадолу гузориш дод,...
Бештар
ads