Хабар дар бораи фавти бародари мо дар Тоҷикистон.

Хабар дар бораи фавти бародари мо дар Тоҷикистон.

مِنَ الْمُؤْمِنِينَ رِجَالٌ صَدَقُوا مَا عَاهَدُوا اللَّهَ عَلَيْهِ فَمِنْهُمْ مَنْ قَضَى نَحْبَهُ وَمِنْهُمْ مَنْ يَنْتَظِرُ وَمَا بَدَّلُوا تَبْدِيلًا

Аз мӯъминон мардоне ҳастанд, ки ба паймоне, ки ба Худо баста буданд, вафо карданд. Баъзе бар сари паймони хеш ҷон бохтанд ва баъзе чашм ба роҳанд ва ҳеҷ паймони худ дигаргун накардаанд. (Аҳзоб 23)

 

Хабари фавти бародарамонро, ки солҳои дароз дар ин роҳ заҳмат ва хизмат кардааст, бо ғаму андуҳ изҳор мекунем.

 

Алиев Шарифуллоҳ соли 1978 дар вилояти Суғди шаҳри Хуҷанд ба дунё омадааст. Ӯ соли 1998 бо афкори Ҳизби Таҳрир шинос шуд ва барои барпо намудани Хилофат дар асоси минҳоҷи пайғамбарӣ боқимондаи умри худро бо ҷидду ҷаҳд ба фаъолияти он бахшид. Ҳокимияти тоғути Эмомали Раҳмон нисбат ба фаъолияти бародарамон бефарқ намонд. Режими золим барои хотима додан ба фаъолияти Шарифуллоҳ ӯро бо айбҳои  бардурӯғ ба зиндон андохт. Бародарамон дар зиндони режими золим бо азоб ва муъомалаҳои ғайриинсонӣ муддати ҷазои худро сипарӣ кард. Аммо баъд аз ба итмом расидани муддати ҷазои худ, ба фаъолияти худ идома дод. Ӯ дар ин роҳ ба маломати маломатгӯ ва зулми золим мисқоли заррае парво накард. Аз ин сабаб режими золим ӯро бори дуввум ба зиндон маҳкум намуд. Бародарамон 13 солу 5 моҳи умри худро дар зиндон сипарӣ кард. Аммо ин зулмҳо қатъияти бародарамонро асло шикаста натавонист. Баръакс, ӯ дар аввали соли 2020 баъд аз адои муддати ҷазои худ ба фаъолияти худ бо ҳамон шуҷоъат, ғайрат ва ҷиддияти пешина идома дод.

 

Афсӯс, ки шароити ғайриинсоние, ки ҳатто ба эҳтиёҷҳои асосии инсон ҷавобгӯ нест, ба саломатии бародарамон таъсири салбӣ расонид. Шарифуллоҳ 1-уми январи соли 2021 ин дунёи фониро тарк кард.

Мо аз Аллоҳ барои Алиев Шарифуллоҳ раҳмат ва мағфират хоҳонем. Ба Зоти Бузурги Ӯ дуо мекунем, то ӯро дар ҷаннат ҳамроҳи шаҳидон, сиддиқон ва пайғамбарон якҷо намояд.

Ба бақияи аҳлу оилааш ва наздиконаш таъзияи худро изҳор менамоем. Аллоҳ таъоло ба аҳлу оилаи он кас сабри ҷамил ато фармояд.

Гарчи вафоти бародарамон Шарифуллоҳ моро ғамгин карда бошад ҳам, мо ба ғайр аз сухани розикунандаи Аллоҳ чизи дигареро намегуем:

إنا لله وإنا إليه راجعون

“Албатта мо аз Аллоҳ ҳастем ва ба сӯи Ӯ бармегардем.”  (2:156)

Маълумоти иловагӣ аз шабакаи интернет:

https://news.rambler.ru/crime/37894240-sud-v-tadzhikistane-prigovoril-k-6-6-godam-aktivista-hizb-ut-tahrir/?article_index=1

Шояд ба шумо писанд ояд

Хабарҳои тоза
post-image Гуногун

Бурдани даъват барои барпои Хилофат вазифаи ҳамаи мусалмонон аст, ва онҳое ки барандагони даъватро шиканҷа мекунанд, — ҷинояткоронанд!

Бурдани даъват барои барпои Хилофат вазифаи ҳамаи мусалмонон аст, ва онҳое ки барандагони даъватро шиканҷа мекунанд, — ҷинояткоронанд! Моҳи майи соли ҷорӣ кормандони истихборот...
post-image Гуногун

БО ҲАМРОҲИИ ҲАДИСИ ШАРИФ — Ношукрӣ нисбати шавҳар

БО ҲАМРОҲИИ ҲАДИСИ ШАРИФ Ношукрӣ нисбати шавҳар Мо шуморо, бародарони азиз, дар барномаи навбатии худ «Бо ҳадиси шариф» хушомадед мегӯем. Ассалому алайкум ва раҳматуллоҳи...
post-image Ар-Рая Матбуоти ҷаҳонӣ

Муовини вазорати корҳои хориҷаи Туркия Исроилро ба ҷиноят муттаҳам кард, аммо кишвараш кӯмакрасониро идома медиҳад!

Муовини вазорати корҳои хориҷаи Туркия Исроилро ба ҷиноят муттаҳам кард, аммо кишвараш кӯмакрасониро идома медиҳад! Рӯзи 27 феврали соли 2024 Хабаргузории Анадолу гузориш дод,...
Бештар
ads