Ғамхории бардурӯғи СММ

Ғамхории бардурӯғи СММ

Хабар: Намояндаи СММ Фолкер Пертес дар брифинги видеоӣ вазъи гуманитарӣ дар Судонро сангин арзёбӣ кард. Тибқи охирин таҳлили IPC (Таҳлили ҳамгирошудаи амнияти озуқаворӣ) дар Судон, аз моҳи октябри соли 2022 то моҳи феврали соли 2023, интизор меравад, ки то 7,7 миллион нафар аз амнияти ғизоӣ маҳрум хоҳанд шуд. Дар Судон яке аз баландтарин нишондодҳои гуруснагии кӯдакон дар ҷаҳон аст ва дар ҳоли ҳозир беш аз 600 000 кӯдак аз камбудии ғизо азият мекашад.

Шарҳ:

Ғамхорие, ки намояндаи СММ дар робита ба офати ғизоӣ дар Судон мекунад, наметавонад ин далелро пинҳон кунад, ки ин созмон яке аз сабабҳои ноамнии ғизо дар ҷаҳон аст. Ин созмонро ғолибони Ҷанги Дуюми Ҷаҳонӣ барои расидан ба манфиатҳои худ таъсис додаанд.  Ба ҷои ҳал кардани муаммо низоъ эҷод карда, онро идора мекунанд, ба идомаи даргириҳо ва ҷангҳо манфиатдор мебошанд. Кишварҳои асосгузори Созмони Миллали Муттаҳид ба маблағи миллиардҳо доллар аслиҳа ва «ҳалли» зарурй мефурӯшанд. Барои ноил шудан ба манфиатҳои худ, онҳо ҷангҳоро оғоз мекунанд ва тамоми кишварҳоро зери назорат мегиранд, сарватҳои онҳоро ғорат карда, сипас онҳоро пароканда мекунанд, чунон ки дар Сурия, Судон, Яман ва дигар кишварҳо рӯй дод. СММ яке аз сабабгори гуруснагӣ ва хунрезӣ дар ҷаҳон мебошад.

Фаъолияти заҳролудонаи намояндаи Созмони Милали Муттаҳид дар Судон ба идомаи вазъияти бе ин ҳам бадтаршуда мусоидат мекунад, вобастагии Судонро аз давлатҳои хориҷӣ зиёд мекунад ва барои дар сари қудрат мондани ҳукумати лӯхтак кӯмак мекунад, ки охирин парвое надорад, аз гуруснагӣ кй ва дар куҷо мемирад;  ин ҳукумат танҳо дар хусуси қонеъ гардондани манфиатҳои хоҷагони мустамликавияш фикр мекунаду бас!

Созмони Милали Муттаҳид маҳсули давлатҳои абарқудрат ва шарики онҳо дар мустамликадорӣ, куштани халқҳо ва мусодираи сарватҳои онҳост.  Ин созмон худро ҳомии башарият, ҷонибдори адолат ва ободӣ муаррифӣ мекунад, аммо дар асл асбоби давлатҳои абарқудрат аст, на бештар. Намояндагони СММ чеҳраи зишти ин созмонро, ки шарики ҳукуматҳои лӯхтак дар куштор, гуруснагӣ ва зулм аст, пинҳон намекунанд.

Хилофати Рошида низоми илоҳиро барпо мекунад, адолат ва раҳматро миёни мардум паҳн мекунад ва ба нуфузи ин гуна созмонҳои байналмиллалӣ хотима мебахшад.

 

Махсус барои радиои Бахши марказии иттилоотӣ Ҳизби Таҳрир

Ғадат Абдуҷаббор (Умму Аваб), Шӯъбаи занон/Судон

22 Ҷумадул аввали соли 1444 ҳ.

Шояд ба шумо писанд ояд

Хабарҳои тоза
post-image Гуногун

Бурдани даъват барои барпои Хилофат вазифаи ҳамаи мусалмонон аст, ва онҳое ки барандагони даъватро шиканҷа мекунанд, — ҷинояткоронанд!

Бурдани даъват барои барпои Хилофат вазифаи ҳамаи мусалмонон аст, ва онҳое ки барандагони даъватро шиканҷа мекунанд, — ҷинояткоронанд! Моҳи майи соли ҷорӣ кормандони истихборот...
post-image Гуногун

БО ҲАМРОҲИИ ҲАДИСИ ШАРИФ — Ношукрӣ нисбати шавҳар

БО ҲАМРОҲИИ ҲАДИСИ ШАРИФ Ношукрӣ нисбати шавҳар Мо шуморо, бародарони азиз, дар барномаи навбатии худ «Бо ҳадиси шариф» хушомадед мегӯем. Ассалому алайкум ва раҳматуллоҳи...
post-image Ар-Рая Матбуоти ҷаҳонӣ

Муовини вазорати корҳои хориҷаи Туркия Исроилро ба ҷиноят муттаҳам кард, аммо кишвараш кӯмакрасониро идома медиҳад!

Муовини вазорати корҳои хориҷаи Туркия Исроилро ба ҷиноят муттаҳам кард, аммо кишвараш кӯмакрасониро идома медиҳад! Рӯзи 27 феврали соли 2024 Хабаргузории Анадолу гузориш дод,...
Бештар
ads