Ғамхорӣ ба кишоварзӣ Ҳадиси сиву чорум

hizb-tojikiston.info hizb-tojikiston.info

Ғамхорӣ ба кишоварзӣ

Ҳадиси сиву чорум

Аз Сулаймон ибни Ясор ривоят аст, ки Рофеъ ибни Хадич (р) гуфт:

كُنَّا نُخَابِرُ عَلَى عَهْدِ رَسُولِ اللَّهِ صَلَّى اللَّهُ عَلَيْهِ وَسَلَّم فَذَكَرَ أَنَّ بَعْضَ عُمُومَتِهِ أَتَاهُ فَقَالَ نَهَى رَسُولُ اللَّهِ صَلَّى اللَّهُ عَلَيْهِ وَسَلَّم عَنْ أَمْرٍ كَانَ لَنَا نَافِعًا وَطَوَاعِيَةُ رَسُولِ اللَّهِ صَلَّى اللَّهُ عَلَيْهِ وَسَلَّم أَنْفَعُ قَالَ قُلْنَا وَمَا ذَاكَ قَالَ قَالَ رَسُولُ اللَّهِ صَلَّى اللَّهُ عَلَيْهِ وَسَلَّم مَنْ كَانَتْ لَهُ أَرْضٌ فَلْيَزْرَعْهَا وَلَا يُكَارِيهَا بِثُلُثٍ وَلَا بِرُبُعٍ، وَلَا بِطَعَامٍ مُسَمًّى

«Дар замони Расули Худо (с) бар ивази як қисми ҳосил заминро барои кишт медодем». Рофеъ гуфт, ки яке аз амаки падараш назди ў омада гуфт: «Паёмбари Худо (с) аз коре, ки барои мо судманд буд, манъ карданд, вале тоъати Худо ва Расулаш барои мо бештар фоиданоктар мебошад». Рофеъ ривоят мекунад, ки: «Ва мо пурсидем: «Ин чист?» Гуфт: «Паёмбари Худо (с) фармуданд: «Ҳар кӣ замин дорад, кишт кунад ва ё ба бародараш иҷозат диҳад, ки кишт кунад, вале, бар ивази сеяк ё чоряки  ҳосил ё миқдори муайяни ғизо  ба иҷора надиҳад». [1]

Дар ин ҳадис ишора ба аҳамияти истифодаи замин ба воситаи кишт ва манъи иҷораи он оварда шудааст.  Ҳадиси шариф инчунин ба он далолат мекунад, ки итоат кардан ба Аллоҳ ва Расулаш (с) барои мусалмонон фоиданоктар аз пайравӣ ба нафс ва нафъи худ аст.  Расули Худо (с) фармуданд:

لَا يُؤْمِنُ أَحَدُكُمْ حَتَّى يَكُونُ هَوَاهُ تَبَعًا لِمَا جِئْتُ بِهِ

«Ҳеҷ яке аз шумо мӯъмин намешавад, то он даме, ки нафси ӯ ба он чизе, ки ман овардам тобеъ нагардад». [2]

«Ба мо Қутайба ибни Саид … аз Урва ибни Зубайр ки Абдуллоҳ ибни Зубайр (р) ба ӯ гуфтааст:

أَنَّ رَجُلًا مِنَ الْأَنْصَارِ خَاصَمَ الزُّبَيْرَ عِنْدَ رَسُولِ اللَّهِ صَلَّى اللَّهُ عَلَييَهِ وَسَلَّمَ فِي شِرَاجِ الْحَرَّةِ الَّتِي يَسْقُونَ بِهَا النَّخْلَ فَقَالَ الْأَنْصَارِيُّ سَرِّحِ الْمَاءَ يَمُرُّ‏ فَأَبَى عَلَيْهِ فَاخْتَصَمُوا عِنْدَ رَسُولِ اللَّهِ صَلَّى اللَّهُ عَلَيَهِ وَسَلَّمَ فَقَالَ رَسُولُ اللَّهِ صَلَّى اللَّهُ عَلَيَهِ وَسَلَّمَ لِلزُّبَيْرِ اِسْقِ يَا زُبَيْرُ ثُمَّ أَرْسِلِ الْمَاءَ إِلَى جَارِكَ فَغَضِبَ الْأَنْصَارِيُّ فَقَالَ يَا رَسُولَ اللَّهِ أَنْ كَانَ ابْنَ عَمَّتِكَ فَتَلَوَّنَ وَجْهُ نَبِيِّ اللَّهِ صَلَّى اللَّهُ عَلَيَهِ وَوَسَلَّمَ ثُمَّ قَالَ يَا زُبَيْرُ اسْقِ ثُمَّ احْبِسِ الْمَاءَ حَتَّى يَرْجِعَ إِلَى الْجَدْرِ‏ فَقَالَ الزُّبَيْرُ وَاللَّهِ إِنِّي لَأَحْسِبُ نَزَلَتْ هَذِهِ الْآيَةُ فِي ذَلِكَ

‏﴿فَلَا وَرَبِّكَ لَا يُؤۡمِنُونَ حَتَّىٰ يُحَكِّمُوكَ فِيمَا شَجَرَ بَيۡنَهُمۡ ثُمَّ لَا يَجِدُواْ فِيٓ أَنفُسِهِمۡ حَرَجٗا مِّمَّا قَضَيۡتَ وَيُسَلِّمُواْ تَسۡلِيمٗا﴾ ‏‏

«Рӯзе марде аз ансориён бо Зубайр дар назди Расули Худо (с) ба далели ҷӯйбори обёрӣ [3], ки мардум бо он дарахтони хурморо обёрӣ мекарданд, даъво кард. Марди ансорӣ ба Зубайр гуфт: «Обро вогузор, равон шавад!», вале Зубайр ба ин розӣ нашуд ва барои даъво ба назди Паёмбари Худо (с) рафтанд.  Расули Худо (с) ба Зубайр рӯй оварда гуфтанд: «Эй Зубайр, каме обёрӣ бикун [4] ва ба ҳамсояат об бидеҳ, пас об ба сӯи ҳамсояат низ равон шавад.  Аз ин марди ансорӣ хашмгин шуд ва гуфт: «Эй Расули Худо (с), ин суханро ба хотири он гуфтӣ, ки ӯ писари аммаат аст?»[5]. Аз ин сухан чеҳраи Паёмбари Худо (с) аз ғазаб ранги дигар гирифт ва сипас фармуданд: «Эй Зубайр, пурра обёрӣ бикун ва сипас ҷӯйборро бубанд, то ба пояи девор баргардад!»[6] Абдуллоҳ ибни Зубайр идома дод: «Баъд аз ин Зубайр гуфт: «Ба Худо савганд, ман гумон мекунам, ки ин оят [айнан] дар ин бора нозил шудааст: «На, савганд ба Парвардигорат, ки имон наёваранд, магар он, ки дар низоъе, ки миёни онҳост, туро довар қарор диҳанд ва аз ҳукме, ки ту медиҳӣ, ҳеҷ дилтанг нашаванд ва саросар таслими он гарданд». [7] [4:65]

Аз китоби «Панчоҳ ҳадис дар бораи сиёсати шариат», муаллиф Исмат Авнӣ Салими Ҳаммурӣ.

  1. «Саҳеҳ»-и Бухорӣ.
  2. «Фатҳул-борӣ»-и Ибни Ҳаҷари Асқалонӣ. Нававӣ саҳеҳ будани ин ҳадисро тасдиқ кардааст.
  3. Абӯ Убайд гуфт: Дар Мадина ду водие буд, ки оби борон аз он ҷо меомад. Одамон мусобиқа мекарданд, то бубинанд, ки онро кй аввалин шуда истифода мебарад.  Бинобар ин, Расули Худо (с) тасмим гирифтанд, ки аввалин касест, ки болотар бошад, яъне.  аввалин касе, ки заминаш аввал вокеъ бошад, баъд обшор мешавад.
  4. Яъне на тамоми об, балки як қисмро гирифтан, то ба ансорӣ дар ин роҳ ёрӣ расонад.
  5. Ин суханоне, ки ба паёмбар (с) гуфта шудааст, гуноҳ аст, вале зоҳиран, Он ҳазрат (с) ансорро бахшидаанд, зеро ансор аз ҷумлаи касоне буд, ки дар ҷанги Бадр ширкат дошт; Бухорӣ инро зикр кардааст.

6.Яъне, об то банд пур шавад, ки заминро пурра обшор кунад.

  1. «Саҳеҳи» Муслим.

Шояд ба шумо писанд ояд

Хабарҳои тоза
post-image Гуногун

Бурдани даъват барои барпои Хилофат вазифаи ҳамаи мусалмонон аст, ва онҳое ки барандагони даъватро шиканҷа мекунанд, — ҷинояткоронанд!

Бурдани даъват барои барпои Хилофат вазифаи ҳамаи мусалмонон аст, ва онҳое ки барандагони даъватро шиканҷа мекунанд, — ҷинояткоронанд! Моҳи майи соли ҷорӣ кормандони истихборот...
post-image Гуногун

БО ҲАМРОҲИИ ҲАДИСИ ШАРИФ — Ношукрӣ нисбати шавҳар

БО ҲАМРОҲИИ ҲАДИСИ ШАРИФ Ношукрӣ нисбати шавҳар Мо шуморо, бародарони азиз, дар барномаи навбатии худ «Бо ҳадиси шариф» хушомадед мегӯем. Ассалому алайкум ва раҳматуллоҳи...
post-image Ар-Рая Матбуоти ҷаҳонӣ

Муовини вазорати корҳои хориҷаи Туркия Исроилро ба ҷиноят муттаҳам кард, аммо кишвараш кӯмакрасониро идома медиҳад!

Муовини вазорати корҳои хориҷаи Туркия Исроилро ба ҷиноят муттаҳам кард, аммо кишвараш кӯмакрасониро идома медиҳад! Рӯзи 27 феврали соли 2024 Хабаргузории Анадолу гузориш дод,...
Бештар
ads