Фарқи байни ал-амру бил-маъруф ван-наҳю анил-мункар ва насиҳат.
Насиҳат1 — талаби Шаръиест, ки бар гуфтахои Паёмбар (с.а.в) асос ёфтааст:
اَلدِّينُ النَّصِيحَةُ قُلْنَا لِمَنْ قَالَ لِلَّهِ وَلِكِتَابِهِ وَلِرَسُولِهِ وَلِأَئِمَّةِ الْمُسْلِمِينَ وَعَامَّتِهِمْ
«Дин насиҳат аст». Пурсидем: Нисбат ба кӣ?— Ҳазрат (с.а.в.) фармудаанд: «Ба Худо, Китоби Ў ва Расулаш, ҳокимони мусалмон ва мусалмонони оддӣ» 2.
Аз Ҷарир ибн Абдуллоҳ ривоят карда мешавад:
بَايَعْتُ رَسُولَ اللَّهِ صَلَّى اللَهُ عَلَيْهِ وَسَلَّمَ عَلَى إِقَامِ الصَّلَاةِ وَإِيتَاءِ الزَّكَاةِ وَالنُّصْحِ لِكُلِّ مُسْلِمٍ
«Ба Расули Худо (с.а.в.) байъат додам, ки намоз мегузорам, закот медиҳам ва ба ҳар мусалмон насиҳат мекунам».
«Калимаи «насихат», калимаи мухтасар буда, чунин маъно дорад: хостани некӣ ба шахсе, ки бо насихат ба ӯ муроҷиат шудааст. Бархе гуфтаанд, ки насиҳат ба ҷумлахои кӯтоҳ ва сухани мухтасар дахл дорад. Дар забони арабӣ вожаи дигаре нест, ки аз ҷиҳати мазмун ба ин вожа, яъне насиҳат баробар бошад, Дар мавриди вожаи «ал-фалаҳ» («муваффақият»), ки дар забони арабӣ муодил надорад, ба таври комил манофеъи ин дунё ва зиндагии охиратро ифода мекунад.»4.
Абӯ Сулаймони Хаттобӣ гуфтааст: «Насихат калимаест, ки барои ифодаи як ҷумла истифода мешавад, ки маънояш чунин аст: некӣ хостан ба шахсе, ки ба ӯ бо насиҳат муроҷиат карда мешавад. Асоси калимаи «ан-нусҳ» маънои покиро ифода мекунад. Арабҳо мегӯянд: «Насаҳту ал-асала» (نَصَحْتُ الْعَسَلَ), яъне: «Асаларо аз мум пок кардам» 5.
Абӯ Амр ибни Салоҳ мегӯяд: «Насиҳат калимаи мухтасар, бар он маъност, ки муроҷиат бо насиҳат тавассути шаклҳои гуногуни баёни некӣ ҳам дар ният ва ҳам дар воқеъ сурат мегирад. Насиҳат нисбати Аллох, ваҳдати Ӯро ба унвони Худо васф кардан, Аллохро ба тамоми сифатхои мукаммал ва олӣ ёд кардан, пок донистани Ӯ аз сифатхои паст, ки ба Ӯ нисбат дода мешавад, аз нофармонии Ӯ худдорӣ кардан, ба Ӯ итоат кардан, аз сидки дил Ўро дӯст доштан, барои Ӯ дӯст доштан ва барои Ӯ бад дидан, бо онҳое, ки ба Ӯ имон надоранд ҷиҳод кардан ва ба некӣ роҳнамоӣ намудан мебошад.
Насиҳат нисбат ба Қуръон аз имон ба он, баланд бардоштану пок доштани он аз ҳар гуна тӯҳмат, дуруст хондани он, бо амру наҳйҳои он будан, дарки илми он, тафаккур дар оёти он, ҳифз кардани он аз тӯхмату таҳрифи мутаассибону атеистхо мебошад.
Насиҳат нисбат ба Паёмбар (с.а.в.) аз имон овардан ба паёмбарии Эшон, он чӣ овардаанд нисбати он бо эҳтиром будан, итоат кардан ба Эшон, эҳёи суннати Эшон, таблиғи талаби илми Эшон, таблиғи сирати Эшон, бо онҳое, ки бо Эшон душманӣ меварзанд, душманӣ кардан, бо онҳое, ки Эшонро дӯст медоранд, дӯст шудан, риояи ахлоқу одоби Эшон, муҳаббат ба хонавода, ёрони Эшон ва ғайраҳо иборат мебошад.
Насихат нисбат ба ҳокимон ба онҳо дар корҳои ҳақ ва итоъаташон ёрӣ расонидан, ҳақро ёдрас кардан, таваҷҷуҳи онҳоро ба некӣ ва нармӣ ҷалб кардан, аз ҳамла бар онҳо худдорӣ кардан ва дар ташвиқи дигарон ба ин кор иборат аст.
Насиҳат нисбат ба мусалмонони оддӣ ин аст, ки таваҷҷуҳи мусалмононро ба манфиати худашон ҷалб кардан, ба онҳо дин ва чизҳои дунявиро омӯзонидан, камбудиҳои онҳоро пинҳон кардан, дар мубориза бо душманон кӯмак кардан, аз фиребу ҳасад дурӣ ҷустан, ба онҳо чизеро таманно кардан аст, ки шумо барои худ орзу доред, он чиро, ки барои худ намехоҳед, ба онҳо низ раво надидан.»6.
Ин аст маънои насихат. Аз ин ҷо маълум мешавад, ки маънои насиҳат аз маънои «ал-амру бил-маъруф ван-нахю анил-мункар» васеътар аст. Насихат на танҳо талаботи иҷрои воҷиб ва тарк кардани ҳаромро дар бар мегирад, балки он аз доираи муносибатҳои байни инсонҳо, мусалмон ба мусалмон берун омада, робитаи мусулмонро бо Парвардигораш, Қуръон ва Паёмбараш (с.а.в.) равшан месозад. Насихат ибрози ақида дар бораи корҳои дунявӣ ва ҳаррӯза, аз он ҷумла зикри савоб ва росткорӣ, ҳатто агар он дар бораи мандуб ё мубоҳ бошад, ҳамаро дар бар мегирад.
Шояд бо мисоли зерин фарқи байни «ал-амру бил-маъруф ван-наҳю анил-мункар» ва насиҳатро равшан сохта тавонем:
Агар тоҷире моро дар тиҷорат фиреб дода ширро бо об омехта кунад, ба ӯ мегӯем: «Аз Худо битарс ва аз фиребу найранг даст каш!»- зеро ин ҳаром аст, яъне Худованд ӯро барои ин ҷазо медиҳад. Охир, Расули Худо (с) фармудаанд:
مَنْ غَشَّ فَلَيْسَ مِنَّا
«Касе ки қаллобӣ мекунад, аз мо нест» 7.
Ин насиҳат, ҳамзамон ал-амру бил-маъруф ван-наҳю анил-мункар нисбат ба тоҷир хоҳад буд.
Аммо агар ман ба ӯ гӯям: «Ту нархро баланд гузоштӣ, агар каме арзон мекардӣ, мардум аз ту мехариданд», пас чунин муроҷиат на амру бил-маъруф ван-наҳю анил- мункар, балки танҳо насиҳат мешавад.
Мавод аз китоби
«Меъёрҳои Шариат дар бораи фаъолияти амри маъруф ва наҳйи мункар.»
Ал-Амру бил маъруф ван-наҳю анил мункар
Ёсин ибн Алӣ.
- Маслиҳати самимӣ, муносибати самимӣ – тарҷ. маъно
- Муслимро аз Тамим ад-Дарӣ дар Саҳеҳ овардаанд.
- Бухориро ва Муслим дар Саҳеҳ овардаанд.
- Китоби «Ал-Куллият».
- Китоби «Ҷомиу ал-улум ва ал-ҳикам»-и Ибни Раҷаби Ҳанбалӣ.
- Китоби «Ҷомиу ал-улум ва ал-ҳикам»-и Ибни Раҷаби Ҳанбалӣ.
- Муслимро аз Абуҳурайра дар Саҳеҳ овардаанд.
Даъват ба Ислом