Фақат уммати исломӣ метавонад башариятро наҷот диҳад
Ислом мафҳумҳои инсон ва назари ўро ба зиндагӣ тағйир додааст, барои инсон низоме муҳайё кардааст, ки тамоми корҳояшро ба тартиб медарорад. Аллоҳи мутаъол ин динро ба мусалмонон вогузор кардааст, то мардумро аз торикӣ ба рӯшноӣ, аз парастиши мардум ба парастиши Офаридгори мардум раҳнамун созад. Мусулмонон ин вазифаро дар замони Расули Аллоҳ (с) ва баъд аз даргузашти ӯ анҷом доданд. Як саҳобаи барҷастаи Паёмбари Аллоҳ (с.а.с.) Раббӣ ибни Омир (р.а.) Исломро беҳтарин васф кардааст: бо шунидани саволи фармондеҳи форсизабон Рустам: «Бо чӣ омадӣ?» Рабӣ ҷавоб дод:«Аллоҳ моро фиристод. ҳар киро, ки бихоҳад, аз парастиши мардум ба парастиши Парвардигори мардум, аз тангии дунё то фарохи он, аз зулми динҳо то адолати ислом берун орад. Ӯ моро бо дини худ ба сӯи махлуқоташ фиристод, то онҳоро ба сӯи Ӯ даъват кунанд. Кӣ онро қабул кунад, мо мепазирем ва аз ӯ бозмегардем ва ҳар кӣ сарпечӣ кунад, бо ӯ меҷангем, то ба он чӣ Аллоҳ ваъда додааст, бозгардонем». Ин достон дар китоби Ат-Табарӣ «Таърихи паёмбарон ва подшоҳон» оварда шудааст. Калимаи «моро ҳидоят кард… ва моро фиристод»нишон медиҳад, ки Аллоҳи мутаъол ба мусулмонон рисолатеро вогузор кардааст, ки қаблан расулон ва паёмбарон анҷом медоданд, зеро дигар паёмбару анбиё дигар намеоянд, ин рисолат то рӯзи қиёмат бар дӯши Уммати Исломӣ аст. Уммати Исломӣ бо даъват ба Ислом ва адолати он худ ва тамоми башариятро аз зулм ва мусибатҳои низомҳои бофтаи инсон, аз хориву ғуломӣ ба зиндагии шоиста дар зери сояи қонунҳои Ислом наҷот медиҳад.
Аз шуъбаи ахбороти газетаи «Ар-рая» No 433
16 шаъбони 1444 ҳиҷрӣ
8 марти соли 2023