Баррасии хабарҳои рӯзномаи «Ар-Рая» 09.02.2022
Фаъолнокии байналхалқии Ҳизб-ут-Таҳрир дар солгарди барҳам хӯрдани Хилофат
соли 1443ҳиҷрӣ/2022сол
Моҳи Раҷаби с.1443ҳиҷрӣ/2022с ба муносибати солгарди барҳамхӯрии давлати Ислом ва барҳам задани низоми исломии Хилофат, 28 раҷаби 1342 ҳиҷрӣ, ки ба 3 марти соли 1924 рост меояд, Ҳизби Таҳрир дар ҳама кишварҳое, ки дар он ҷо фаъолият мебарад, чорабиниҳои оммавӣ мегузаронад. Аз тарафи худ, Дафтари марказии иттилоотии Ҳизби Таҳрир тамоми чорабиниҳоро дар вебсайти расмӣ инъикос мекунад. Аз Аллоҳ таманно дорем, ки рӯзи барпо шудани Хилофати Дуввуми Рошидаро бо минҳоҷи пайғамбарӣ наздик гардонад. Ривоят карда мешавад, ки Расули Аллоҳ(с) гуфтанд:
تَكُونُ النُّبُوَّةُ فِيكُمْ مَا شَاءَ اللَّهُ أَنْ تَكُونَ، ثُمَّ يَرْفَعُهَا إِذَا شَاءَ أَنْ يَرْفَعَهَا، ثُمَّ تَكُونُ خِلَافَةٌ عَلَى مِنْهَاجِ النُّبُوَّةِ، فَتَكُونُ مَا شَاءَ اللَّهُ أَنْ تَكُونَ، ثُمَّ يَرْفَعُهَا إِذَا شَاءَ اللَّهُ أَنْ يَرْفَعَهَا، ثُمَّ تَكُونُ مُلْكاً عَاضّاً، فَيَكُونُ مَا شَاءَ اللَّهُ أَنْ يَكُونَ، ثُمَّ يَرْفَعُهَا إِذَا شَاءَ أَنْ يَرْفَعَهَا، ثُمَّ تَكُونُ مُلْكاً جَبْرِيَّةً، فَتَكُونُ مَا شَاءَ اللَّهُ أَنْ تَكُونَ، ثُمَّ يَرْفَعُهَا إِذَا شَاءَ أَنْ يَرْفَعَهَا، ثُمَّ تَكُونُ خِلَافَةً عَلَى مِنْهَاجِ النُّبُوَّةِ ثُمَّ سَكَتَ
«Пайғамбарӣ дар замони шумо чиқадаре Аллоҳ хоста бошад, ҳамон қадар давом меёбад. Пасон, он гоҳ, ки Аллоҳ бихоҳад, қатъ мешавад. Пасон давраи Хилофат бар асоси минҳоҷи пайғамбарӣ фаро мерасад. Он ҳам то он даме, ки Аллоҳ бихоҳад, давом мекунад. Пасон, он гоҳ, ки Аллоҳ бихоҳад, қатъ мешавад. Пасон давраи подшоҳии бедодгарона фаро мерасад, ки он низ, то он даме ки Аллоҳ бихоҳад, давом мекунад. Пасон, он гоҳ, ки Аллоҳ бихоҳад, қатъ мешавад. Пасон давраи ҳукмронии ситамгарона фаро мерасад, ки он низ то он даме, ки Аллоҳ бихоҳад, давом мекунад. Пасон, он гоҳ, ки Аллоҳ бихоҳад, қатъ мешавад. Ва пас аз он боз давраи Хилофат бар асоси минҳоҷи пайғамбарӣ фаро мерасад”- ва сипас Эшон (с.а.в.) сукут карданд» (Аҳмад).
Шӯъбаи занони Дафтари марказии иттилооти Ҳизб ут-Таҳрир
Маърака бахшида ба 101-умин солгарди барҳам додани Хилофат
Дар моҳи ҷории Раҷаб бахши занони Дафтари марказии иттилооти Ҳизби Таҳрир маъракаи байналхалқиеро оғоз намуд, ки ҳадафи он ҷустуҷӯи ҷавобҳо ва аз байн бурдани шубҳаҳо оид ба мавқеи занҳо дар зери ҳокимияти Ислом мебошад. Маърака дар зери унвони «Хилофат — ҳимояи шаъну шараф, амният ва ҳуқуқҳои қонунии занон» буда, ҳадафи он ба пайдо намудани фаҳмишот ва дидгоҳи равшан дар бораи он, ки зиндагии занон дар давлати Хилофат чӣ гуна мешавад, кадом ҳуқуқҳо ва нақшро соҳиб мешаванд ва тибқи он чизҳое, ки дар матнҳои исломӣ гуфта мешавад ва он чизҳое, ки дар таърихи ҳокимияти исломӣ мушоҳида шудааст, бо онҳо чӣ гуна муносибат карда мешавад. Алалхусус, дар ҷараёни дурӯғ ва суханҳои бофтаву сохтакориҳо аз тарафи шарқшиносони мустамликавӣ, маълумотҳои ҳақиқӣ заруранд. Дар изҳороти мудири шӯъбаи Занони Дафтари марказии иттилооти Ҳизби Таҳрир Назрин Навоз гуфта мешавад: “Мо саъйу кӯшиш мекунем то бифаҳмонем, ки принсипҳо, қонунҳо, ниҳодҳо, сохторҳо ва низомҳои Хилофат муаммоҳои зиёди сиёсӣ, иқтисодӣ, судӣ, таълимӣ, тиббӣ ва иҷтимоиеро, ки имрӯз занҳо бо онҳо рӯ ба рӯ мешаванд ҳал менамоянд, дар ҳоле ки низомҳои аз тарафи одамон таҳиякарда, аз ҷумла демократияи шарқу ғарб низ онҳоро ҳал карда натавонист.
Нақшаи амалҳо бар зидди нажодпарастӣ: чӣ гуна ҳукумати Дания кӯшиш менамояд, ки нафрати худро нисбат ба Ислом пинҳон кунад
Ҳукумати Дания эълон намуд, ки нақшаи амалҳоро зидди нажодпарастӣ ва бегонаситезӣ таҳия кардааст. Инро шарҳ дода, Дафтари иттилооти Ҳизб-ут-Таҳрир дар Дания баёния интишор намуд, ки дар он гуфта мешавад: “Пеш аз хурсандӣ намудан ба ин созишномаи сиёсӣ, чи хеле ки бисёриҳо соддалавҳона мекунанд, мо саволи хеле оддӣ ва муҳимро медиҳем: сабаби паҳн шудани бегонаситезӣ ва нафрат нисбат ба мусулмонон дар ҷомеа дар чист, аниқтараш бошад, дар ин кор кӣ гунаҳкор аст?”
Инчунин дар изҳорот қайд мешавад: “Пинҳон кардани он, ки ҷомеаи мусалмонҳо дар ду даҳсолаи охир ҳадафи бадбинӣ аз тарафи сиёсатмадорон ва ВАО-и асосии Дания қарор гирифтааст, ғайриимкон аст. Мавқеи сахт нисбати муҳоҷирон ва гурезаҳо, бахусус нисбати мусалмонҳо, сарфи назар аз иваз шудани аксарияти парлумонӣ ва ҳукумат, ба як фикри устуворҷойгиршудаи сиёсӣ табдил ёфтааст.
Дар идома таъкид мешавад: «Бо назардошти он, ки ҳукумати Дания дар ташвиқи нажодпарастӣ ва табъиз (дискриминатсия)-и мусалмонҳо, ки асоси сиёсати онҳост, гунаҳкор аст, нақшаи амалҳо, ки ҳукумат пешниҳод кардааст, ба ҷуз кӯшиши пинҳон кардани гуноҳи худ ва канорагирӣ аз масъулият чизи дигаре нест. Бо барангехтани таҳаммулнопазирӣ нисбати мусалмонҳо ҳукумат худро сафед карданӣ аст. Аз ин рӯ, ин ташаббус заррае ҳам сазовори боварӣ нест. Ҳукумати Дания худаш дар густариши бадбинӣ алайҳи мусалмонҳо, инчунин дар табъизи бардавоми онҳо дар ҷомеа гунаҳкор аст. Ин нақшаи амалҳо нисбат ба мусалмонҳо ва ҳар касе, ки воқеан аз афзоиши қутббандӣ (поляризатсия) ва таҳаммулнопазирӣ дар ҷомеа нигарон аст, танҳо ва танҳо пардаи сиёҳи сиёсӣ, масхара ва таҳқир намудан мебошад.”
Марг оҳиста ба музофотҳои ҷанубии Яман наздик мешавад, аммо ҳукумати Адан ягон чорае намеандешад.
Дафтари иттилооти Ҳизби Таҳрир дар Яман аз сабаби бад шудани вазъияти иқтисодӣ, паст рафтани қурби асъори миллӣ ва арзиши баланди молу хидматрасонӣ, рӯзи 29 январи соли 2022 баёния интишор намуд, ки дар он чунин саволҳо дода мешавад: “Аз ҳукумате, ки хоҳ дар Ар-Риёз бошад, хоҳ Қоҳира ва хоҳ Туркия, дар ҳоле ки халқи Яман аз маҳрумият ва фақр азоб мекашад дар хориҷи кишвар дар айшу ишрат зиндагӣ мекунад, боз чӣ метавон интизор шуд?!”.
Дар изҳорот инчунин гуфта мешавад: «Марг оҳиста ба кишваре наздик мешавад, ки дар ин ҷо байни абарқудратҳо низоъ ба амал омад. Одамон аз шароити фалокатоваре, ки ба он дучор шудаанд, хапу дам бе доду фиғон мемиранд. Ва саривақт напардохтани маош, поин рафтани қурби асъор ва бепарвогии ҳукуматҳои Санъо ва Адан дарди мардумро бештар мекунад. Ба куҷое назар наандозӣ, дар ҳама ҷо ихтилоф ва зиддият ҳукмрон аст, зеро дар сарзаминҳои мусалмонҳо ҳокимияти Ислом нобуд карда шуда, ба ҷои он тамоми ҷаҳонро низоме, ки инсон кор карда баромадааст, фаро гирифтааст. Барои аз нав барқарор намудани низоме кор бурдан зарур аст, ки ҳуқуқ ва меҳнати инсонро чунон ҳифз менамояд, ки ягон нафар моли халқро кашида гирифта наметавонад, магар ки ғайри ҳақ. Аммо ин татбиқи низом танҳо дар мавҷудияти Хилофати Дуввуми Рошида имконпазир аст.”
Шартҳои сохтори яҳуд ва итоати маъмурияти Фаластин
Бени Гантс, вазири дифои сохтори яҳуд эълон кард, ки кишвараш барои мусолиҳаи сиёсӣ бо маъмурияти Фаластин талош нахоҳад кард, аммо тавассути равобиташ бо Ромаллоҳ «манфиатҳои амниятии худро ҳифз хоҳад намуд». Барои вусъат додани ҳамкорӣ бошад, Гантс шартҳои зеринро гузошт: қатъ кардани пардохт ба оилаҳои шаҳидон ва маҳбусон, инчунин гардонда гирифтани тамоми даъвоҳо аз Суди байналхалкии ҷиноятӣ бар зидди ҳукумати ишғолгар.
Доир ба ин, дафтари иттилооти Ҳизби Таҳрир дар Фаластин изҳороте пахш намуд, ки дар он қайд карда мешавад:
«Роҳбарони сохтори яҳуд фурсатро аз даст намедиҳанд, то ки маъмурияти Фаластинро фош намуда, нақши онро дар Фаластин ёдрас намоянд, ки он аз ҳимояи сохтори яҳуд ва муҳоҷирини яҳудӣ ва инчунин пешгирии ҳама гуна таҳдидҳо нисбати онҳо иборат мебошад. Воқеи маъмурияти Фаластин кайҳо боз равшан аст. Он дигар халқи Фаластинро фиреб дода наметавонад, зеро халқ идрок кардааст, ки маъмурияти Фаластин вазифаи девори муҳофизатиро барои сохтори яҳуд иҷро мекунад. Он соате фаро расид, ки фаластиниён бояд садои худро дар рӯ ба рӯи маъмурияти Фаластин баланд намуда, онро аз хиёнатҳо боздоранд.
Уммат бошад бояд тамоми кори аз дасташ меомадаро кунад, тамоми қувваашро сарф намояд, то ишғоли Фаластинро боздорад, ки ин кор танҳо бо нобуд кардани сохтори яҳуд, ки заҳри худро ба тамоми кишварҳои мусалмонӣ тавассути ба ном “мӯътадилсозӣ” ва “ҳамоҳангсозӣ” мепошад, ба рӯёб мебарояд.
Ҳокимони Покистон ба мӯътадил шудани муносибатҳо бо яҳуд наздиканд.
Покистон нерӯҳои ҳарбӣ-баҳрии худро барои баргузории тамринҳои муштараки низомӣ ба сохтори яҳуд фиристод. Он рӯзи 17 феврал ба поён мерасанд. Дар робита бо ин дафтари иттилооти Ҳизби Таҳрир дар Покистон изҳорот интишор намуд, ки дар он ишора мешавад: “Ҳокимони Покистон дар роҳи иттифоқ ва эътидол бо оне ҳастанд, ки кишвари мусалмониро ишғол кардааст. Ба ҷои он, ки барои хотима додан ба истилои яҳудиён иқдоми ҷиддй андешанд, ҳокимони Покистон душманро бо аслиҳа, имкониятҳо ва тактикаи харбии мо шинос карда истодаанд».
Ҳизби Таҳрир ба мардуми Покистон хитоб намуд: “Ислом моро муваззаф мегардонад, ки ба ишғоли ҳар як заминҳои мусалмонӣ раддияи қатъии ҳарбӣ диҳем. Акнун дар бораи заминҳое, ки мувофиқи динамон барои мо муқаддасанд, чӣ бигӯем?!»
Инчунин дар баёния қайд мешавад: «Масҷид ул- Ақсо Салоҳиддини худро интизор аст! Оё вақти барпо намудани Хилофат нарасидааст, ки баъд аз он афсарон имконияти ончунон ки Ислом фармудааст, амал карданро пайдо мекунанд?! Ал-Ақсо Абдулҳамиди худро интизор аст! Магар соате нарасидааст, ки давлате барпо карда шавад, ки як ваҷаб ҳам замини мусалмониро ба дасти душман намедиҳад?»!
Баррасии хабари рӯзномаи «Ар-Рая» 09.02.2022