Фаъолияти ал-амру бил-маъруф ван-наҳй анил-мункар дар замони набудани Давлати исломӣ.
06-уми октяюри соли 2021
Мо гуфтем, ки фаъолияти ал-амру бил-маъруф ван-нахй анил-мункар ба афрод, гурӯҳҳо ва давлат (дорандагони қудрат) вогузор шудааст. Мо гуфтем, ки давлат дар бартараф кардани ҷиноятҳо нақши муҳим мебозад.
Саволе, ки бисёриҳо дар замони мо мепурсанд, ин аст: Оё фаъолияти ал-амру бил-маъруф ван-наҳю анил-мункар ба мавҷудияти Давлати Исломӣ вобаста аст?
Ҷавоб чунин аст: “Асосан, давлат як вуҷуди иҷроия ва сиёсист, ки вазифаи он татбиқи қонунҳои Ислом ва паҳни Ислом ҳамчун рисолат ба тамоми ҷаҳон тавассути даъват ва ҷиҳод мебошад. Давлат ягона услубест, ки Ислом барои татбиқи сохтори Шариат ва қонунҳои он дар ҳаёт ва ҷомеа муқаррар кардааст. Давлат такягоҳи тарзи зиндагии исломӣ аст. Бидуни давлат Ислом ҳамчун идеология ва система дар ҳаёт вуҷуд нахоҳад дошт, нишонаҳои он бошад, танҳо дар зуҳуроти расму оинҳои динӣ ва сифатҳои ахлоқии шахс боқӣ мемонад. Мавҷудияти Давлати исломӣ барои амалӣ кардани қонунҳои Ислом хеле муҳим аст. Дар ин бора ихтилофе вуҷуд надорад. Абдуллоҳ ибни Муборак дуруст гуфтааст:
Ҷамоат (ҷомеа) ресмони Аллоҳ аст! Пас, ба он чанг зананд, онҳое, ки мехоҳанд ба Ӯ итоаткор бошанд.
Бо ёрии қудрат Аллоҳ чанд мушкилиро дафъ кард?!
Дар дин ва ин ҷаҳон мо файзи [Илоҳӣ]-ро аз қудрат эҳсос мекунем.
Агар Хилофат намебуд, роҳҳо барои мо хатарнок мебуданд.
Ва заифтарини мо қурбони қавиён мегардиданд.
Мавзӯъ он аст, ки Қонунгузор ҷонибҳоеро номбар кардааст, ки таъсиси дин бар онҳо бор карда мешавад. Қонунгузор афродро ба анҷоми баъзе корҳо вазифадор кард, ба гурӯҳҳову давлат бошад, корҳои дигарро воҷиб гардонид. Дар байни қонунҳои шариат чизҳое ҳастанд, ки ба зиммаи Халифа ва ё ҷонишинҳои ӯ гузошта шудааст, яъне иштироки дигарон дар иҷрои ин қонунҳо мамнӯъ аст. Агар касе тасмим гирад, ки салоҳиятҳои Халифаро ба ӯҳда мегирад, масалан, дар масоили татбиқи ҳудудҳо, пас, ба гуфтаи фақиҳон, вай яке аз онҳоест, ки ба қудрат, яъне барои ҳуқуқҳои давлатӣ даст дароз кардааст.
Қонунҳое ҳастанд, ки шахсони алоҳида бояд онро иҷро кунандд, аммо агар онҳо дар ин кор камбудие нишон диҳанд, пас иҷрои онҳо ба дӯши Халифа меафтад. Қонунҳое ҳастанд, ки ҳам ба Халифа ва ҳам ба фардҳо тааллуқ доранд ва ҳар яки онҳо (халифа ва фард) он чизеро, ки Шариат аз онҳо талаб кардааст, ба қадри имкон/тавоноии худ иҷро мекунанд. Ин қонунҳо, масалан ҷиҳод, ба ҳастии Халифа рабт надоранд, онҳо бояд новобаста аз ҳузур доштан ва ё набудани ӯ, амалӣ карда шаванд. Сабаби ин дар он аст, ки далелҳои шаръии ба ҷиҳод ишоракунанда, дар шакли мутлақ омадаанд. Аллоҳи Таъоло мефармояд:
كُتِبَ عَلَيْكُمُ الْقِتَالُ
“Ҷанг бар шумо муқаррар карда шуд.” (2:216)
Қазияи ҷанг асосан дар дасти Халифа мешавад, зеро танҳо ӯ метавонад ҷанг эълон кунад ва ё сулҳ бандад. Аммо, вақте ки Халифа вуҷуд надорад, яъне давлате нест, ки қонунҳои Исломро дар дохили кишвар татбиқ кунаду Исломро ҳамчун рисолат ба тамоми ҷаҳон тавассути даъват ва ҷиҳод интиқол диҳад, ин маънои онро надорад, ки ҷиҳод боздошта шудааст. Таваққуф кардан аз ҷиҳод қобили қабул нест, зеро агар таваққуф карда шавад, он гоҳ заминҳои мусулмонон ишғол карда мешаванд, сарватҳо ғорат карда мешаванд, шаъну шараф паст мегардад, муқаддасот таҳқир карда мешаванд, чуноне ки имрӯз дар ҳаёти мо шуда истодааст.
Ба ҳамин монанд, фаъолияти ал-амру бил-маъруф ван-наҳй анил-мункар аз Халифа ва шахсони қудрат вобастагӣ надорад. Дар ниҳоят, муҳим нест, ки Хилофат вуҷуд дорад ё не, қонунҳои Ислом ё қонунҳои дунявӣ бар мусулмонон татбиқ карда шуда истода бошанд, ҳоким қонунҳои исломро дуруст иҷро мекунад ё камбудиҳо мавҷуданд — дар мавҷудияти ҳамаи ҳолатҳои дар боло зикршуда, фаъолияти ал-амру бил-маъруф ван-наҳй анил-мункар барои ҳамаи мусалмонон воҷиб боқӣ мемонад. Ин фаъолият бо мавҷуд будан ё набудани Халифа маҳдуд намешавад, зеро мавҷудияти Давлати исломӣ барои ин шарт нест. Паёмбари Худо (с.а.с) фармудаанд:
مَنْ رَأَى مِنْكُمْ مُنْكَرًا فَلْيُغَيِّرْهُ بِيَدِهِ
«Касе аз шумо, мункарро бинад, онро бо дасти худ тағир диҳад …»,
لَتَأْمُرُنَّ بِالْمَعْرُوفِ وَلَتَنْهَوُنَّ عَنِ الْمُنْكَرِ أَوْ لَيُوشِكَنَّ اللَّهُ أَنْ يَبْعَثَ عَلَيْكُمْ عِقَاباً مِنْهُ
«… Шумо албатта ба корҳои писандида мефармоед ва аз нописандида бозмедоред вагарна Худованд бар шумо ҷазое мефиристад. (агарки шумо амри маъруф ва наҳё мункарро тарк кунед)…»
Дар ин ҳадисҳо маҳдудият вуҷуд надорад. Ибни Қудома ал-Мақдисӣ дар китоби худ «Мухтасару минҳаҷи ал-Қосидин» навиштааст: «Баъзе одамон барои ислоҳ кардани мункарот иҷозати имом ё волӣ лозим аст, гуфта шарт мегузоранд. Ҳамзамон, онҳо манъи ба шаҳрванди оддӣ машғул шудан бо хисба (ба маъруф фамудан ва аз мункар боздоштан) -ро бекор кардаанд.
Чунин изҳорот нодуруст аст, зеро дар оятҳо ва ҳадисҳо омадааст, ки ҳар касе, ки мункарро дид ва хомӯш монд, гунаҳкор ҳисобида мешавад. Маҳдудият бо иҷозати имом худсарӣ аст. Нававӣ дар шарҳи худ, дар китоби «Саҳеҳ» Муслим менависад: «Олимон гуфтанд, ки фаъолияти ал-амру бил-маъруф ван-наҳю анил-мункар танҳо бо соҳибони қудрат маҳдуд намешавад, балки он барои ҳар як мусалмон ҷоиз аст.» Абу Ҳомид Ғаззолӣ гуфтааст: «Маҳдуд кардани [фаъолияти ал-амру бил-маъруф ван-наҳю анил-мункар] бо салоҳияти имом — худсарӣ аст ва ин ҳеҷ асос надорад.»
Мавод аз китоби «Меъёрҳои шариат дар бораи фаъолияти «амр кардани чизҳои иҷозатшуда ва манъ кардан аз мункарҳо»
Ал-Амру бил-маъруф ван-наҳю анил мункар
Ёсин ибни Алӣ
- Китоби «Эҳё улюм ад-дин», муаллиф — Абӯҳамид Ғаззолӣ.