Эй лашкари мусалмонон! Ал-Ақсо шуморо даъват мекунад! Шумо кай ҷавоб медиҳед?!

Эй лашкари мусалмонон! Ал-Ақсо шуморо даъват мекунад! Шумо кай ҷавоб медиҳед?!

Баёнияи матбуотӣ

Аз тарафи яҳудиён ваҳшиёна бомбаборон кардани мусулмонони навори Ғазза то имрӯз идома медиҳад. Он бо наслкушӣ ва фалокати башардӯстонаи миқёси бесобиқа рӯбарӯ аст. Бомбаборони бесабаби хонаҳо, беморхонаҳо, мактабҳо, масҷидҳо, бозорҳо ва дигар ҷойҳои осоишта боиси талафоти густурдаи одамон ва харобиҳо гардид. Зарба ба беморхонаи баптистии Ал-Аҳлӣ Ал-Мааданӣ боиси марги садҳо нафар шуд, ки аксари онҳо занону кӯдакон буданд. Тибқи маълумоти Нерӯҳои вуҷуди яҳудӣ, дар 6 рӯзи аввал ба навори Ғазза 6000 бомбаи вазнаш дар маҷмӯъ 4000 тонна партофта шуд. Илова бар ин, мусалмонони Ғазза дар муҳосираи бераҳмона ранҷ мекашанд, ба онҳо хатари марг аз гуруснагӣ, беобӣ ва беморӣ таҳдид мекунад, зеро вуҷуди яҳудӣ омили  ғизо, об, дору ва сӯзишвориро ба унвони аслиҳа истифода мекунад.

Мо занони ин Уммати шариф ба бародарони поквиҷдони худ, ки дар лашкари мусалмон ҳастанд, муроҷиат мекунем! Сарзамини Ақсо хун мерезад! Бародарону хохарон ва фарзандони сарзамини мубораки шумо хун мерезанд! Шумо кай барои ҳимоя ва озод кардани онҳо бармехезед?! То ба кай ин куштор ва ваҳшатро, ки уммататон дучори он аст, таҳаммул карда метавонед, дар ҳоле ки қудрати хотима додани ин даҳшатҳоро доред?! Оё ҳангоми дидани ҷасадҳои сӯхтаи кӯдакон аз зери харобаҳо ва модароне, ки фарзандони хунолуди худро дар оғӯш мегиранд, ки аз дасти вуҷуди террористии яҳудӣ кушта шудаанд, дилатон намесӯзад?! Оё вақте мебинӣ, ки нерӯҳои яҳудӣ Ал-Ақсоро таҳқир мекунанд ва яҳудиёни кӯчидаомада дар қабристони Боб-ар-Раҳма дар сари қабрҳои мусалмонон, аз ҷумла саҳобагон мерақсанд, хуни ту намеҷӯшад?! Шумо чӣ гуна таҳаммул мекунед, вақте ки сарбозони яҳудӣ хоҳарони мусулмони шуморо лагадкӯб мекунанд, вақте ки сарбозони яҳудӣ кӯдакони фаластиниро дар кӯчаҳо мепарронанд, оё ташнаи интиқом аланга намезанад?! Пеш аз он ки ба сӯи озодии Фаластини муборак ҳаракат кунед, шумо омодаед, боз чанд ҷиноят ва таҳқири дигарро таҳаммул кунед?!

Оё шумо воқеан интизоред, ки фарзандони бедифоъ ва бесилоҳи Фаластин бо артиши мусаллаҳ ва тиру бомбаҳои он муқовимат кунанд?! Оё мунтазири он ҳастед, то вазифаҳои шуморо, ки Худованди Мутаъол бароятон вогузор кардааст, яъне он ҳифзи уммат аз ситамкорон мебошад, онҳо ба ҷо оваранд?! Охир, шумо ба кадри кифоя танку самолёт ва лавозимоти харбӣ доред, ки ин варами саратонро аз бадани мо ба таври доимй дур кунед! Оё суханони Аллохи Мутаъолро нашунидаед?

وَإِنِ اسْتَنصَرُوكُمْ فِي الدِّينِ فَعَلَيْكُمُ النَّصْرُ

«Агар аз шумо дар умури дин ёрӣ бихоҳанд, бояд ёрӣ кунед» (8:72).

Вакте  Аллохи Мутаъол бипурсад, ки чаро дар ҳоли умматат оғуштаи хун, хохаронат хору зор ва сарзамини Аксо поймол шудан, беҳаракат истодӣ, чӣ ҷавоб хоҳед гуфт?!

Эй фарзандони солеҳи лашкари мусалмон! Ҳамаи кишвари ҷаҳон, аз ҷумла режимҳои хоини кишварҳои мусалмоние, ки шумо хизмат мекунед,   бародарону хоҳарони фаластинии шуморо, тарк кардаанд. Онҳо робитаҳоро бо саҳюнистҳо ба эътидол оварда,  ин ниҳоди ҷиноии яҳудиро ҳимоят ва пуштибонӣ мекунанд. Мо шуморо даъват менамоем, ки бар зидди ин низомҳои золим, ки барои уммат танҳо азобу хорӣ меоварад, бархезед. Ин низомҳо шуморо аз имкони дарк кардани тавоноии воқеии худ, ҳамчун ҳомиёни Ислом ва мусалмонон маҳрум кардаанд!

Эй фарзандони солеҳи лашкари мусалмон! Шумо авлоди пешвоёни бузурги мусалмон ҳастед, шумо авлоди Холид ибни Валид (р), авлоди Салоҳиддини Айюбӣ, Муҳаммад ибни Қосим ва Муҳаммади Фотиҳ (р) ҳастед.! Оё намехоҳед, ки аз онҳо пайравӣ кунед, барои ин Уммат ва дини он пирӯзиҳои шариф ба даст оред, то бузургии қаблии онро барқарор намоед?!

Оё намехоҳед, ки дар дунё иззат ва дар охират савоби бузурге ба даст оваред, оё намехоҳед, ки Ақсоро озод кунед ва бори дигар парчами тавҳидро бар Қудс (Байтулмуқаддас) баланд бардошта, онро барои Хилофати дуюми рошида пойтахт гардонед?! Умеди Уммати Ислом дар дасти шумост, пас қаҳрамони он бошед, низомҳои хиёнаткор ва тарсуро аз байн бибаред ва барои барпо намудани низоми илоҳӣ дар симои Хилофати Рошида кўмак кунед! Танҳо шумо метавонед Фаластин ва тамоми мусулмонони мазлумро дар саросари ҷаҳон озод кунед. Вақти амал кардан фаро расидааст!

Насрин Навоз

мудири шуъбаи занони Дафтари марказии ахбороти Ҳизб-ут-Таҳрир

Шанбе, 6 Рабиус-сони 1445 ҳиҷрӣ

21 октябри соли 2023

№ 010 / 1445 x.

Шояд ба шумо писанд ояд

Хабарҳои тоза
post-image Гуногун

Бурдани даъват барои барпои Хилофат вазифаи ҳамаи мусалмонон аст, ва онҳое ки барандагони даъватро шиканҷа мекунанд, — ҷинояткоронанд!

Бурдани даъват барои барпои Хилофат вазифаи ҳамаи мусалмонон аст, ва онҳое ки барандагони даъватро шиканҷа мекунанд, — ҷинояткоронанд! Моҳи майи соли ҷорӣ кормандони истихборот...
post-image Гуногун

БО ҲАМРОҲИИ ҲАДИСИ ШАРИФ — Ношукрӣ нисбати шавҳар

БО ҲАМРОҲИИ ҲАДИСИ ШАРИФ Ношукрӣ нисбати шавҳар Мо шуморо, бародарони азиз, дар барномаи навбатии худ «Бо ҳадиси шариф» хушомадед мегӯем. Ассалому алайкум ва раҳматуллоҳи...
post-image Ар-Рая Матбуоти ҷаҳонӣ

Муовини вазорати корҳои хориҷаи Туркия Исроилро ба ҷиноят муттаҳам кард, аммо кишвараш кӯмакрасониро идома медиҳад!

Муовини вазорати корҳои хориҷаи Туркия Исроилро ба ҷиноят муттаҳам кард, аммо кишвараш кӯмакрасониро идома медиҳад! Рӯзи 27 феврали соли 2024 Хабаргузории Анадолу гузориш дод,...
Бештар
ads