بسم الله الرحمن الرحيم
Эътимод (таваккул) ба Аллоҳ.
Таваккал ба Аллоҳи Мутаъол танҳо бо имон ба Ӯ ва Расулаш(с.а.в.), ба Қуръону Суннат, бо итоати мутлақ ба амру наҳйҳои Аллоҳ, бо иҷрои комили шариати Ӯ ва риояи роҳи рости Паёмбар (ﷺ) дар шакли самимона ва бечунучаро имконпазир аст.
Аллоҳт Таъоло мефармояд:
لَقَدْ أَنْزَلْنَا آَيَاتٍ مُبَيِّنَاتٍ وَاللَّهُ يَهْدِي مَنْ يَشَاءُ إِلَى صِرَاطٍ مُسْتَقِيمٍ * وَيَقُولُونَ آَمَنَّا بِاللَّهِ وَبِالرَّسُولِ وَأَطَعْنَا ثُمَّ يَتَوَلَّى فَرِيقٌ مِنْهُمْ مِنْ بَعْدِ ذَلِكَ وَمَا أُولَئِكَ بِالْمُؤْمِنِينَ * وَإِذَا دُعُوا إِلَى اللَّهِ وَرَسُولِهِ لِيَحْكُمَ بَيْنَهُمْ إِذَا فَرِيقٌ مِنْهُمْ مُعْرِضُونَ * وَإِنْ يَكُنْ لَهُمُ الْحَقُّ يَأْتُوا إِلَيْهِ مُذْعِنِينَ
“Ба таҳқиқ оёте равшангар нозил кардем ва Худо ҳар касро, ки бихоҳад, ба роҳи рост ҳидоят мекунад. Ва мегӯянд: «Ба Худову паёмбараш имон овардаем ва итоъат мекунем». Пас аз он гурӯҳе аз онҳо бозмегарданд. Ва инҳо имон наёвардаанд. Чун онҳоро ба Худову паёмбараш даъват кунанд, то миёнашон ҳукм кунад, бинӣ, ки гурӯҳе рӯйгардонӣ мекунанд. Ва агар ҳақ бо онҳо бошад, меоянд ва ба ҳукм гардан мениҳанд.” (24:46-49)
Оятҳои равшани Худованди мутаъол ба мо мефаҳмонанд, ки чӣ хайру чӣ шарр ва чӣ неку чӣ бад аст. Ин оятҳо ба мо Исломро ҳамчун як тарзи зиндагии комил мефаҳмонанд, бидуни дурӯягӣ ва стандартҳои дугона моро ба қонунҳои Аллоҳ ишора мекунанд, ки онҳо нуқсоне надоранд. Агар мардум дар асоси ин қонунҳои равшан ҳукмронӣ кунанд, дигар аз ҳуқуқи худ наметарсанд. Дурӯғ дигар ҳақро намепӯшонад ва ҳаром бо ҳалол омехта намешавад.
Мунофиқон касоне ҳастанд, ки «ба Худо ва Расулаш (ﷺ) имон овардаем ва итоат мекунем» мегӯянд, вале он чиро, ки мегӯянд, бо он амал намекунанд, зеро имон дар дилҳояшон ҷой надорад, аз ин рӯ, кирдорашон дурӯғ будани гуфтаҳои онҳоро ошкор мекунад.
وَمَا أُولَئِكَ بِالْمُؤْمِنِينَ
“…онҳо мӯъмин нестанд.” (5:43)
Амалҳои муъминон бо суханашон мувофиқат мекунанд, зеро имон на танҳо суханест, ки забон мегӯяд, балки он эътиқод дар нафс, қабул дар дил ва амал дар зиндагӣ аст.
Мунофиқон бо он фарқ мекунанд, ки бо баҳонаҳои гуногун аз иҷрои қонунҳои Аллоҳ дурӣ меҷўянд ва тасмими худро бо он асоснок мекунанд, ки худро донишмандтар ва ақлонӣ пешрафта медонанд. Имрўз мебинем, ки мунофиқон чӣ гуна ба иҷрои фарзияти шахсии мусалмонон таваҷҷӯҳ намуда, худро пурра танҳо дар ин бахш фаро гирифта, танҳо ба он даъват мекунанд ва бо даъват барои татбиқи пурраи ҳукму шариати Аллоҳ мубориза мебаранд.
وَإِذَا دُعُوا إِلَى اللَّهِ وَرَسُولِهِ لِيَحْكُمَ بَيْنَهُمْ إِذَا فَرِيقٌ مِنْهُمْ مُعْرِضُونَ * وَإِنْ يَكُنْ لَهُمُ الْحَقُّ يَأْتُوا إِلَيْهِ مُذْعِنِينَ
Чун онҳоро ба Худову паёмбараш даъват кунанд, то миёнашон ҳукм кунад, бинӣ, ки гурӯҳе рӯйгардонӣ мекунанд. Ва агар ҳақ бо онҳо бошад, меоянд ва ба ҳукм гардан мениҳанд.” (24:48-49)
Мунофикон медонанд, ки Шариати Аллох ва Расули Ӯ (ﷺ) хақ аст ва хамаи мусалмонон бояд ба он итоат кунанд, ба он итоъат кунанд ва мувофики он зиндаги кунанд. Мунофикон медонанд, ки фаъолият баҳри барқарор сохтани тарзи зиндагии Исломӣ дар замони мо то чӣ андоза муҳим аст, медонанд, ки он зиндагии мусалмононро ислоҳ мекунад ва қонунҳои шариатро татбиқ менамояд. Вале онхо ҳақиқатро намехоҳанд ва адолатро таҳаммул намекунанд. Чӣ гуна шахс метавонад имони худро баён кунад, дар ҳоле ки рафтори ӯ чизи дигареро нишон медиҳад? Чунинанд мунофиқон ва дар ҳар давру замон яксонанд: онҳо ҷуръат намекунанд бо овози баланд куфри худро эълон кунанд, дар зоҳир худро мусалмон муаррифӣ мекунанд ва дар баробари ин намехоҳанд иҷрои қонунҳои Шариатро бубинанд, намехоҳанд, ки ҳокимгардии Китоби Аллох ва Суннати Расули Ӯро (ﷺ) шоҳид шаванд. Агар ба сӯи Шариати Худо ва Расулаш (ﷺ) даъват кунӣ, рӯйгардон мешаванд ва мухолифат меварзанд ва далел меоваранд.
وَمَا أُولَئِكَ بِالْمُؤْمِنِينَ
“…онҳо мӯъмин нестанд.” (5:43)
Аммо касе, ки шариати Аллоҳ ва Расулашро (ﷺ)-ро инкор мекунад, имони дуруст надорад. Агар шахс ба Шариати Худо ва Расулаш (ﷺ) қаноатманд бошад, ин далели самимияти имони ӯ аст, ки то чӣ андоза имон дар қалби ӯ ҷой гирифтааст, ба таври равшан маълум мегардад.
Оё касе метавонад аз шариати Аллоҳ ва Расулаш (ﷺ) даст кашад, агар қалбаш аз имон равшан бошад?
وَاتَّبَعَ هَوَاهُ وَكَانَ أَمْرُهُ فُرُطًا
“…ва аз паи ҳавои нафси худ меравад ва дар корҳояш (беҳуда) исроф меварзад,” (18:28)
Чӣ гуна шахс метавонад эътиқоди худро баён кунад, ҳамзамон ба шариати Аллоҳ шак кунад? Ё гумон мекунад, ки Аллоҳ ва Расулаш (ﷺ) ба ӯ ситам мекунанд?
Қонуни Аллоҳ ягона қонунест, ки аз зулм пок аст, зеро Аллоҳ одил аст ва ба ҳеҷ кас ситам намекунад. Дар назди Ӯ ҳама махлуқот баробаранд. Якеро ба манфиати дигаре ситам намекунад. Ва ҳамаи дигар қонунҳои ғайри Шариати Ӯ ҳамеша боиси зулм ва ситам мешаванд. Одамон — хоҳ шахсони алоҳида бошанд ва ё гурӯҳи одамон майл доранд, манфиатҳои худро пайгирӣ кунанд. Агар касе бо қонунгузорӣ сару кор дошта бошад, пас қонунҳои ӯ ҳамеша ӯро ва манфиатҳои ӯро дар ҷои аввал ҳимоя хоҳанд кард.
Танҳо қонуни Аллоҳ адолати комил дорад. Аз ин рў, касоне, ки қонунҳои Аллоҳ ва Расулаш (ﷺ)-ро дидан намехоҳанд, золиманд, зеро намехоҳанд, ки адолат дар миёни мардум ҷойгир шавад. То он даме, ки ҳақ пирӯз мешавад, қаноат нахоҳанд кард.
بَلْ أُولَئِكَ هُمُ الظَّالِمُونَ
“…На, онон худ золимонанд!” (24:50)
Чун мӯъминони ҳақиқиро ба шариати Худо ва Расулаш (ﷺ) даъват кунӣ, ҷавоб медиҳанд: «Гӯш мекунем ва итоат мекунем». Аллоҳи мутаъол мефармояд:
إِنَّمَا كَانَ قَوْلَ الْمُؤْمِنِينَ إِذَا دُعُوا إِلَى اللَّهِ وَرَسُولِهِ لِيَحْكُمَ بَيْنَهُمْ أَن يَقُولُوا سَمِعْنَا وَأَطَعْنَا وَأُولَٰئِكَ هُمُ الْمُفْلِحُونَ
“Чун мӯъминонро ба Худову паёмбараш даъват кунанд, то миёнашон ҳукм кунад, суханашон ғайри ин нест, ки мегӯянд: «Шунидем ва итоъат кардем», инҳо наҷотёфтагонанд.” (24:51)
Онҳо гӯшкуниву итоати бечунучаро ва бемуҳокимаи аҳкоми Худо ва Расули Ӯ (ﷺ)-ро баён мекунанд. Гӯшандозӣ ва итоати онҳо бар таваккалу боварӣ ба аҳкоми Аллоҳ ва Расулаш (ﷺ) асос ёфтаст. Онҳо ин қонунҳоро ҳақиқӣ мешуморанд ва ҳар чизе ки хилофи ин қонунҳост, барои онҳо ҳеҷ маъно надорад.
وَأُولَٰئِكَ هُمُ الْمُفْلِحُونَ
“… ва онҳо наҷот ёфтагонанд.” (2:5)
Онҳо ба он хотир наҷот ёфтаанд , ки ба қонунҳои Аллоҳ итоат мекунанд, зеро шариати Аллоҳ зиндагӣ ва муносибатҳои онҳоро танзим намуда, бар асоси Китоби Аллоҳ ва Суннати Расулаш (ﷺ) идора мекунад. Чунин ашхос бешубҳа беҳтар аз касоне ҳастанд, ки барои худ одамонеро, ки мисли худашон ҳастанд, барои қонунбарорӣ интихоб мекунанд, то онҳо барояшон қонун бароранд.
وَمَن يُطِعِ اللَّهَ وَرَسُولَهُ وَيَخْشَ اللَّهَ وَيَتَّقْهِ فَأُولَٰئِكَ هُمُ الْفَائِزُونَ
“Ва касоне, ки ба Худову паёмбараш фармонбардоранд ва аз Худо метарсанд ва парҳезгорӣ мекунанд, наҷотёфтагонанд.” (24:52)
Итоат ба ҳар як амру наҳйи Аллоҳ тақворо тақозо мекунад. Тақво дар навбати худ чунин даркро талаб мекунад, ки Аллоҳ шуморо мушоҳида мекунад ва шумо бояд ҳангоми анҷом додани ҳар амали муҳим ё ночиз инро эҳсос кунед. Итоат ба Аллоҳ ва Расулаш (ﷺ) амалҳои солеҳро бо илм ва ҳикмат тақозо мекунад, ки Худованд барои тамоми башарият нишон додааст. Пас, табиист, ки одамон чӣ дар дунё ва чӣ дар охират комёб мешаванд. Эътибор ва парҳезгорӣ риояи дақиқи тарзи зиндагии Паёмбари Худо (ﷺ)-ро таъмин мекунад, зеро Худованди Мутаъол фармудааст:
وَعَدَ اللَّهُ الَّذِينَ آَمَنُوا مِنْكُمْ وَعَمِلُوا الصَّالِحَاتِ لَيَسْتَخْلِفَنَّهُمْ فِي الْأَرْضِ كَمَا اسْتَخْلَفَ الَّذِينَ مِنْ قَبْلِهِمْ وَلَيُمَكِّنَنَّ لَهُمْ دِينَهُمُ الَّذِي ارْتَضَى لَهُمْ وَلَيُبَدِّلَنَّهُمْ مِنْ بَعْدِ خَوْفِهِمْ أَمْنًا يَعْبُدُونَنِي لَا يُشْرِكُونَ بِي شَيْئًا وَمَنْ كَفَرَ بَعْدَ ذَلِكَ فَأُولَئِكَ هُمُ الْفَاسِقُونَ
“Худо ба касоне аз шумо, ки имон овардаанд ва корҳое шоиста кардаанд, ваъда дод, ки дар рӯи замин ҷонишини дигаронашон кунад, ҳамчунон, ки мардумеро, ки пеш аз онҳо буданд, ҷонишини дигарон кард, Ва динашонро, ки худ барояшон писандида аст, устувор созад. Ва ваҳшаташонро ба тинҷӣ иваз кунад. Маро мепарастанд ва ҳеҷ чизеро бо Ман шарик намекунанд. Ва онҳо, ки аз ин пас ношукрӣ кунанд, нофармонанд!” (24:55)
Худованд ба мӯъминоне аз Уммати Паёмбар Муҳаммад (ﷺ), ки корҳои шоиста мекунанд, ваъда дод, ки онҳоро дар рӯи замин ҳоким мегардонад.
وَلَيُمَكِّنَنَّ لَهُمْ دِينَهُمُ الَّذِي ارْتَضَى لَهُمْ وَلَيُبَدِّلَنَّهُمْ مِنْ بَعْدِ خَوْفِهِمْ أَمْنًا يَعْبُدُونَنِي لَا يُشْرِكُونَ بِي شَيْئًا
“…Ва динашонро, ки худ барояшон писандида аст, устувор созад. Ва ваҳшаташонро ба тинҷӣ иваз кунад. Маро мепарастанд ва ҳеҷ чизеро бо Ман шарик намекунанд...” (24:55)
Имони ҳақиқие, ки сазовори ваъдаи Худост, аз итоати Аллоҳ, итоат ба фармонҳои ӯ дар ҳама чиз аз хурд то бузург иборат аст ва дар баробари ин имон, нафс ва хоҳишҳои дил ба он чизе ки Расули Худо (ﷺ) фармудаанд, пайравӣ кунанд. Чунин имон ҳаёти инсонро комилан фаро гирифта, аз гаҳвора то қабр ӯро ҳамроҳӣ мекунад, инсон ба Аллоҳ итоат мекунад ва ба беҳтарин тарз Ӯро парастиш мекунад, ки баъд аз ин Худованд ӯро ва мӯъминони ба ӯ монандро дар рӯи замин халифа мегардонад. Дар мавриди истиқрори мавқеъи Ислом дар ҷаҳон ва бо он мавқеи мусалмонон то замоне, ки мусалмонон ба Худо итоъат карда бо беҳтарин тарз Ӯро парастиш мекунанд, идома хоҳад дошт.
يَعْبُدُونَنِي لَا يُشْرِكُونَ بِي شَيْئًا
“…маро мепарастанд ва ҳеҷ чизеро бо Ман шарик намекунанд.” (24:55)
Ҳар бор, ки Уммати Исломӣ бо тариқи нишондоди Худованд пайравӣ намуда, амрҳои Ӯро иҷро мекард ва зиндагии худро аз рӯи шариат ба танзим медаровард, ваъдаи Аллоҳ амалӣ мегашт. Мӯъминон заминҳоро гирифта, бар онҳо пойдор мегардиданд. Аммо ҳар замоне, ки ба ин тариқ мухолифат меварзиданд, тарсу ваҳм онҳоро фаро мегирифт, онҳоро ғулом карда бар онҳо зулмро раво медиданд ва аз дасти душманонашон саркӯб ва хору залил мегаштанд…
Ислом тарзи зиндагии мукаммал аст. Он зиндагии инсонро дар ҳама соҳаҳо ва дар ҳама марҳилаҳо, инчунин дар муносибат бо одамони дигар ба тартиб медарорад. Ҳар гоҳе, ки мусалмонон ба Ӯ итоат мекарданд, Шариатро татбиқ менамуданд, даъвати Исломро паҳн мекарданд ва ҳалолу ҳаромро риоя менамуданд, Аллоҳ таъоло мусалмононро дастгирӣ карда пирӯзӣ мебахшид. Ғалабаю устуворӣ дар рӯи замин, ҳамчунин эътимод ба Аллоҳ, бидуни итоати Ӯ ва татбиқи Шариат амалӣ намегардад.
Аз ин рӯ, касе, ки баҳри барқарории зиндагии Исломӣ даъват намекунад ва барои бунёди Давлати Исломӣ, ки дар он шариати Худо ва амру наҳйҳои Ӯ амалӣ мешаванд, кор намекунад, хато кардааст. Зеро акси ҳол ӯ тарафдори душманони мусалмонон гашт, бо Ислом ва мусалмонон душманӣ кард, аз тоъати Аллоҳу Паёмбараш (ﷺ) дур шуд, мусалмононро гумроҳ карда, онҳоро зери пои кофирон афканд.
Эй Парвардигори мо! Ба мо дар дунёву охират беҳтарин неъматро ато кун ва моро аз оташи дӯзах нигоҳ дор! Мову падару модари моро биёмурз, ба мардони мӯъмин ва занони мӯъмин, ба мурда ва зиндаи мо раҳм кун! Эй Аллоҳ! Дуруду салавотҳо бифирист, ба Сайиди мо — Муҳаммади Мустафо, ба хонадону асҳоби Эшон! Ҳамду саноҳо бод ба Парвардигори оламиён!
وَاللهُ غَالِبٌ عَلَى أَمْرِهِ وَلَكِنَّ أَكْثَرَ النَّاسِ لَا يَعْلَمُونَ
“…ва Худо бар кори хеш ғолиб аст. Вале бештари мардум намедонанд!” (12:21)
Махсус барои радиои Дафтари марказии иттилоотии ҲизбиТаҳрир.
Иброҳим Салама
12 Ҷумъад ус соний 1440 х
17 феврали соли 2019