بِسۡمِ ٱ للَّهِ ٱ لرَّحۡمَٰنِ ٱ لرَّحِيم
Дӯсти наздикам (с.а.с) ба ман васият карданд
Аҳмад, Ал-Баззор ва Ибни Ҳиббон аз Абӯзарри Ғифорӣ як ҳадиси саҳеҳ ривоят кардаанд:
أَوْصَانِي خَلِيلِي صَلَّى اللَّهُ عَلَيْهِ وَسَلَّمَ بِخِصَالٍ مِنَ الْخَيْرِ أَوْصَانِي بِأَنْ لَا أَنْظُرَ إِلَى مَنْ هُوَ فَوْقِي وَأَنْ أَنْظُرَ إِلَى مَنْ هُوَ دُونِي وَأَوْصَانِي بِحُبِّ الْمَسَاكِينِ وَالدُّنُوِّ مِنْهُمْ وَأَوْصَانِي أَنْ أَصِلَ رَحِمِي وَإِنْ أَدْبَرَتْ وَأَوْصَانِي أَنْ لَا أَخَافَ فِي اللَّهِ لَوْمَةَ لَائِمٍ وَأَوْصَانِي أَنْ أَقُولَ الْحَقَّ وَإِنْ كَانَ مُرًّا وَأَوْصَانِي أَنْ أُكْثِرَ مِنْ قَوْلِ لَا حَوْلَ وَلا قُوَّةَ إِلَّا بِاللَّهِ فَإِنَّهَا كَنْزٌ مِنْ كُنُوزِ الْجَنَّةِ
«Дӯсти наздикам (с.а.с.) хислатҳои некро ба ман васият карданд. Ӯ (с.а.с.) ба ман амр фармуданд, ки ба касоне, ки болотар аз ман [дар моли дунё] ҳастанд, нигоҳ накунам, балки ба касоне, ки аз ман дар поён ҳастанд, нигоҳ кунам; ба ман васият карданд, ки мискинонро дӯст бидорам ва ба онҳо наздик шавам; ба ман васият карданд, ки робитаи хешу табориро, агарчи онҳо канда бошанд ҳам, нигох дорам; маро фармуданд, ки ба хотири Худо аз маломати маломатгӯй натарсам; ба ман васият карданд, ки агар талх бошад ҳам, рост бигӯям; васият карданд, ки ин калимаро зуд-зуд такрор бигӯям: «Ҳеҷ кас ҷуз Аллоҳ нерӯ ва қудрате надорад», зеро онҳо ганҷе аз ганҷинаҳои биҳиштанд.
⁕ Ибораи «Дӯсти наздикам (с.а.в.) бар ман сифатҳои некро васият карданд» ба ин маъност, ки Паёмбар (с.а.в.) ӯро ба корҳое дастур доданд, ки ҳар касе, ки мувофиқи он амал мекунанд, савобе мешавад. Ибораи «дӯсти наздики ман» ишора ба он, ки Паёмбар (с.а.в.) дар қалбаш ҷой ишғол кардаанд, боз нишон медиҳад, ки дараҷаи ғамхорӣ нисбат ба Паёмбар (с.а.в.) ва нисбат ба Эшон(с.а.в.) меҳру муҳаббати қавӣ доштаанд.
⁕ Калимаи «Ӯ (с.а.с) ба ман амр карданд, ки ба касони аз ман болотар нигоҳ накунам,» ба маънои касонест, ки дар молу мақом, мансаб ва ғайра аз шахс болотаранд. Аз ин рӯ, ин маънои онро дорад, ки инсон набояд он чизҳои дунявиро, ки дар дасти дигарон аст, талаб кунад. «Ба шахсони аз худат поёнтар нигоҳ кун,» — онҳое, ки сарватманд нестанд, беморанд ва ғ. Ин ба инсон кӯмак мекунад, ки ба он чизи доштааш қаноат кунад ва ӯро водор мекунад, ки ҳамду сано ва шукрҳо гӯяд ва бештар ба ибодат ва таслими Парвардигораш ғарқ шавад. Ҳамин тариқ, рӯҳи инсон ором мешавад, робитаи ӯ бо Худо мустаҳкам мешавад, рӯҳи инсон ба ҷустуҷӯи лаззати ин дунё намеафтад, аз набудани дунё ва аз набудани чизи зудгузар ғамгин намешавад. Муслим аз Абуҳурайра (р) ривоят мекунад, ки Расули Худо (с.а.в.) фармудаанд:
اُنْظُرُوا إِلَى مَنْ هُوَ أَسْفَلَ مِنْكُمْ وَلَا تَنْظُرُوا إِلَى مَنْ هُوَ فَوْقَكُمْ فَإِنَّهُ أَجْدَرُ أَنْ لَا تَزْدَرُوا نِعْمَةَ اللَّهِ عَلَيْكُمْ
«Ба касоне, ки [дар моли дунё] аз шумо пасттаранд, бингаред ва ба касоне, ки аз шумо [дар ин] болотаранд, нигоҳ накунед. Зеро ин беҳтарин [илоҷест], ки шуморо аз неъматҳое, ки Худо ба шумо баракат додааст, кам накунад. Дар ривояти Бухорӣ омадааст:
إِذَا نَظَرَ أَحَدُكُمْ إِلَى مَنْ فُضِّلَ عَلَيْهِ فِي الْمَالِ وَالْخَلْقِ ، فَلْيَنْظُرْ إِلَى مَنْ هُوَ أَسْفَلَ مِنْهُ
«Ҳар кас аз шумо қасд кунад, ки ба каси дар молу офариниш бештар додашуда, [1] бингарад, пас ба касоне, ки аз ӯ пасттаранд, бингарад.»
Ибни Ҳаҷар мегӯяд: «Ҳадиси зерини категорияи «марфу» аз Абдуллоҳ ибни Шиҳхир ба маънои ин ҳадис мувофиқ аст:
أَقِلُّوا الدُّخُوْلَ عَلَى الْأَغْنِيَاءِ فَإِنَّهُ أَحْرَى أَنْ لَا تَزْدَرُوا نِعْمَةَ اللهِ
«Бо сарватмандон камтар вақт гузаронед, зеро ин беҳтарин [даво] аст, ки шуморо аз неъматҳое, ки Худо бароятон ато кардааст, кам накунад».
Ибни Баттол гуфт: «Ин ҳадис маънои некро дар худ фаро гирифтааст, пас Ибни Авн чунин гуфт: «Вақте ки ман дар назди сарватмандон будам, касеро надидам, ки аз ман дида бештар барои мавқеъаш ошуфта мегашт. Зеро дидам, ки савораи [сарватманд] аз савораи ман беҳтар аст, дидам, ки либоси [шахси бой] аз либоси ман беҳтар аст. Аммо вақте ки худро дар миёни камбағалон дидам, оромӣ пайдо кардам».
⁕ «васият карданд, ки бечорагонро дӯст бидорам ва ба онҳо наздиктар бошам», зеро қалби ин гуна одамон дар назди Аллоҳ мутеътар аст, зеро онҳо ҳеҷ гуна лаззати дунёро надоранд, ки дунёро то мадҳушӣ дӯст доранд. Одамони самимӣ ва бечора танҳо Аллоҳро дӯст медоранд. Муҳаббат ба хотири Аллоҳ яке аз гиреҳҳои боътимоди имон аст. Ҳар кӣ мӯъминон ва фармонбардоронро дӯст дорад, кӯшиш мекунад, ки ба аъмоли онҳо пайравӣ кунад. Бухорӣ ва Муслим аз Усома ривоят кардаанд, ки Паёмбар (с.а.в.) фармуданд:
قُمْتُ عَلَى بَابِ الْجَنَّةِ فَإِذَا عَامَّةُ مَنْ دَخَلَهَا الْمَسَاكِينُ وَأصْحَابُ الْجَدِّ مَحْبُوسُونَ غَيْرَ أَنَّ أَصْحَابَ النَّارِ قَدْ أُمِرَ بِهِمْ إِلَى النَّارِ وَقُمْتُ عَلَى بَابِ النَّارِ فَإِذَا عَامَّةُ مَنْ دَخَلَهَا النِّسَاءُ
«Дар назди дарвозаҳои Биҳишт истодам ва дидам, ки бештари онҳое, ки ба он ҷо даромаданд, фақиронанд. Сарватдоронро то даме боздошт карданд, ки аҳли дӯзахро ба оташ [партофтанашон] амр шуд. Дар назди дарвозаҳои Дӯзах истодам ва дидам, ки бештари онҳое, ки ба он ҷо даромаданд, занон ҳастанд.
Калимаи «боздошт карданд» маънои онро дорад, ки то Худо иҷозат надиҳад, онҳо ба Биҳишт дохил нахоҳанд шуд. Ваҳб ибни Мунаббиҳ мефармояд: «Бо мискинон наздик бошед, зеро онҳо дар рӯзи Қиёмат мақоми баланд доранд». Ал-Фудайл ибни Иёд мефармояд: «Ҳар кас хоҳони бузургии охират бошад, дар маҷлисҳои мискинон пойбанд бошад».
⁕ «ба ман васият карданд, ки робитаҳои оилавиро нигоҳ дорам, ҳатто агар онҳо канда шуда бошанд.» Робитаи оилавӣ – пайванди инсон бо дигар хешовандони тоифаи улул-архам мебошад. Аҳмад ва Доримӣ аз Ҳаким ибни Хизам оварданд:
خَيْرُ الصَّدَقَةِ عَلَى الْقَرِيبِ الْكَاشِحِ
«Беҳтарин садақа он садақаест, ки ба хешованде дода мешавад, ки бо ту душмании пинҳонӣ мекунад».
Ин маънои онро дорад, ки агар шахс ба хешованди бо ӯ душманӣ дошта, садақа диҳад, беҳтар аст. Сабаби ин дар он аст, ки шахс бо ин роҳ робитаи хешутабориро нигоҳ медорад ва шайтонро хор мекунад. Дар луғати тафсирии забони арабии «Лисон-ул-араб» омадааст: «Калимаи «اَلْكَاشِحُ» ба шахсе ишора мекунад, ки дар дохили худ душманиро ниҳон медорад». Аз Салмон ибни Омир ривоят аст, ки Паёмбар (с.а.в.) фармуданд:
اَلصَّدَقَةُ عَلَى الْمِسْكِينِ صَدَقةٌ وَعَلَى ذِي الرَّحِمِ ثِنْتَانِ صَدَقَةٌ وَصِلَةٌ
«Садақа ба гадо танҳо садақа маҳсуб мешавад ва [садақа] барои хешовандон ду чиз аст: садақа ва нигоҳ доштани силаи раҳм».
⁕ «Маро васият карданд, ки ба хотири Худо аз маломати маломатгӯй натарсам», яъне, тарси Аллоҳ доимо дар мадди аввал бошад ва хамеша сухани ҳак гуфта шавад. Бухорӣ ва Муслим аз Убода ибни Сомит овардаанд:
بَايَعْنَا رَسُولَ اللَّهِ صَلَّى اللَّهُ عَلَيْهِ وَسَلَّمَ عَلَى السَّمْعِ وَالطَّاعَةِ فِي الْعُسْرِ وَالْيُسْرِ وَالْمَنْشَطِ وَالْمَكْرَهِ وَعَلَى أَنْ لَا نُنَازِعَ الْأَمْرَ أَهْلَهُ وَعَلَى أَنْ نَقُولَ بِالْحَقِّ أَيْنَمَا كُنَّا لَا نَخَافُ فِي اللَّهِ لَوْمَةَ لَائِمٍ
«Ба Расули Худо (с.а.в.) савганд ёд кардем, ки гӯш мекунем ва итоат мекунем, хоҳ (барои мо) бори гарон бошад, хоҳ не, хоҳ фаъол бошем ё не, [хоҳ ба мо маъқул аст ё на], ҳатто агар мо ҳуқуқи худро аз даст диҳем [2]. [Савганд хӯрдем, ки] бо соҳибқудратон барои қудрат талош намекунем ва дар ҳар ҷое, ки набошем, аз маломати маломатгӯй натарсида сухани ҳақро мегӯем.
Тирмизӣ:
إِنَّ مِنْ أَعْظَمِ الْجِهَادِ كَلِمَةَ عَدْلٍ عِنْدَ سُلْطَانٍ جَائِرٍ
«Бузургтарин ҷиҳод сухани ҳақ аст, ки дар назди ҳокими золим гуфта мешавад». Аҳмад аз Абӯсаиди Худрӣ ривоят мекунад:
أَلاَ لاَ يَمْنَعَنَّ أَحَدَكُمْ رَهْبَةُ النَّاسِ أَنْ يَقُولَ بِحَقٍّ إِذَا رَآهُ أَوْ شَهِدَهُ فَإِنَّهُ لاَ يُقَرِّبُ مِنْ أَجَلٍ وَلاَ يُبَاعِدُ مِنْ رِزْقٍ أَنْ يَقُولَ بِحَقٍّ أَوْ يُذَكِّرَ بِعَظِيمٍ
«Бигзор тарс аз мардум касеро аз гуфтани сухани ҳақ, агар онро дид ва ё шоҳиди он гашт, бознагардонад, зеро гуфтани ҳақ ё панди муҳим маргро наздик ва ризқро дур намекунад!».
Бухорӣ ва Муслим аз Абдуллоҳ ибни Масъуд овардаанд: «Паёмбари Худо (с.а.в.) фармуданд:
إِنَّهَا تَكُونُ بَعْدِي أثَرَةٌ وأُمُورٌ تُنْكِرُونَها قَالُوا يَا رَسُولَ اللهِ كَيفَ تَأْمُرُ مَنْ أَدْرَكَ مِنَّا ذَلِكَ قَالَ تُؤَدُّونَ الْحَقَّ الَّذِي عَلَيْكُمْ وَتَسْأَلُونَ اللهَ الَّذِي لَكُمْ
«Баъд аз ман ғамхорӣ ва корҳое хоҳад шуд, ки шумо онҳоро маҳкум мекунед/интиқод мекунед”. Аз Ӯ(с.а.в.) пурсиданд: «Эй Расули Худо(с.а.в.) Бо касоне, ки ҳамин рӯзро дарёб кардаанд, чӣ мефармоед?» Гуфтанд: «Ҳақҳоеро, ки бояд риоя кунӣ, риоя кун ва ҳаққи худро аз Худо бихоҳ». Нававӣ мефармояд: «Ин маънои онро дорад, ки мо хоҳ пир, хоҳ ҷавон, ба мо воҷиб аст, ки ба некӣ фармон диҳем, ҳама вақт ва дар ҳама ҷой аз мункарот боздорем ва набояд ба касе илтифот кунем ва ё аз касе битарсем.»
⁕ «васият кард, ки агар талх бошад ҳам, рост бигӯям», яъне вакте ки рост мегуӣ, аз касе натарс, агарчи барои он туро шиканча кунанд. Дар ибтидои даъват Абӯбакр (р) ба назди қурайшиён баромад ва тасмим гирифт, ки ба онҳо сухани ҳақро бигўяд, ба онҳо бо суханҳои исломӣ хитоб кард. Пас, Абӯбакр (р) аввалин касе буд, ки ба итоъати Аллоҳ ва Расулаш (с.а.в.) даъват кард. Аммо душманони Ислом ба болои Абӯбакр (р) жолае аз зарбаҳоро бориданд, ки дар натиҷа чеҳраи ў ба таври шинохтанашаванда дигар шуд ва вақте мардум ўро аз ҷойи қасдгирифтаашон бурданд, қариб шакке набуд, ки ў мурдааст. Ибни Ҳишом (р) ривоят мекунад, ки рӯзе саҳобагони Расули Худо (с.а.в.) ҷамъ омаданд ва гуфтанд: «Савганд ба Худо! Қурайш ҳеҷ гоҳ Қуръонро ошкоро нашунидааст. Кӣ онро бар онҳо мехонад?» Он гоҳ Абдуллоҳ ибни Масъуд гуфт: «Ман мехонам!». Ба ӯ гуфтанд: «Мо барои ту метарсем. Мо чунин шахсеро мехоҳем, ки хешовандони қодир дошта бошад, зеро агар онҳо ҳамла намоянд аз мардум муҳофизат кунанд.» Абдуллоҳ гуфт: «Иҷозат диҳед. Аллоҳ маро ҳифз мекунад!» Рӯзи дигар Ибни Масъуд дар вакти зуҳо ба маконе омад, ки «Мақоми Иброҳим» ном дорад — ва қурайшиҳо чун одат дар ҷойхои худ нишаста буданд. Абдулоҳ ибни Масъуд бо овози баланд ба хондани ин оятҳо шуруъ кард:
ٱ لرَّحۡمَٰنُ ١ عَلَّمَ ٱ لۡقُرۡءَانَ ٢
“Аллоҳи меҳрубон. Қуръонро таълим дод.” (55:1-2)
Ҳангоми мутолиаи Қуръон ӯ ба тарафи онҳо баргашт, қурайшиён ба ў нигоҳ карданд ва гуфтанд: «Ибни Умми Абд чӣ гуфт?» Он гоҳ баъзеҳо гуфтанд: «Аз он чизе, ки Муҳаммад овардааст, баъзе ибораҳоро мегӯяд». Ба ӯ наздик шуда ба рӯяш заданд, аммо Ибни Масъуд тиловати худро идома дод ва то ба ҷое, ки Худо мехост, расид. Сипас Ибни Масъуд назди рафиқонаш рафт, дар ҳоле ки чеҳрааш афгор буд. Ёронаш ба ӯ гуфтанд: «Барои ҳамин мо аз ту метарсидем!» Гуфт: «Душманони Худо ҳеҷ гоҳ дар назди ман аз ҳозира хору залилтар набуданд! Агар хоҳед, пагоҳ субҳ боз ба онҳо такрор мекунам”. Гуфтанд: «Не. Аз ту кифоя аст. Ба онҳо он чизеро, ки бад медиданд, шунавонидӣ.” Абузарри Ғифорӣ низ ҳамин тавр карда буд. Бухорӣ ва Муслим овардаанд:
لَمَّا أَسْلَمَ قَالَ لَهُ النَّبِيُّ صَلَّى اللهُ عَلَيْهِ وَسَلَّمَ اِرْجِعْ إِلَى قَوْمِكَ فَأَخْبِرْهُمْ حَتَّى يَأْتِيَكَ أَمْرِي فَقَالَ وَالَّذِى نَفْسِى بِيَدِهِ للَأَصْرُخَنَّ بِهَا بَيْنَ ظَهْرَانَيْهِمْ فَخَرَجَ حَتَّى أَتَى الْمَسْجِدَ فَنَادَى بِأَعْلَى صَوْتِهِ أَشْهَدُ أَنْ لاَ إِلَهَ إِلاَّ اللَّهُ وَأَنَّ مُحَمَّدًا رَسُولُ اللَّهِ ثُمَّ قَامَ الْقَوْمُ فَضَرَبُوهُ حَتَّى أَضْجَعُوهُ وَأَتَى الْعَبَّاسُ فَأَكَبَّ عَلَيْهِ فَاسْتَنْقَذَهُ مِنْهُمْ ثُمَّ عَادَ مِنَ الْغَدِ لِمِثْلِهَا فَضَرَبُوهُ وَثَارُوا إِلَيْهِ فَأَكَبَّ الْعَبَّاسُ عَلَيْهِ فَاسْتَنْقَذَهُ مِنْهُمْ
«Вақте Абӯзар (р) Исломро қабул кард, Паёмбар (с.а.в.) ба ӯ фармуданд: «Ба назди қавмат баргард, аз Ислом хабар деҳ ва амри маро интизор шав». Абӯзар (р) гуфт: «Қасам ба Он ки Туро бо ҳақ фиристод, дар миёни онҳо (Қурайш) дар бораи ин ошкоро сухан хоҳам гуфт! Пас Абӯзар (р) берун баромада, ба масҷид рафт ва бо овози баланд гуфт: «Гувоҳӣ медихам, ки маъбуде ба ғайр аз Аллоҳ нест ва Муҳаммад (с.а.в.) расули Ӯст!». Қурайшиён бархоста, ба ӯ ҳамла карданд ва ӯро то ниммурда шуданаш заданд. [Вақте ки Қурайш ӯро мезаданд] Аббос давида омад ва ӯро [бо бадани худ] пӯшонд ва ӯро аз дасти онҳо наҷот дод. Субҳи дигар низ Абузар(р) ҳамин корашро такрор кард. Ӯро боз дубора зада, хашму газаби худро бар вай пошиданд. Аббос ин дафъа низ ӯро [бо бадани худ] пӯшонд ва ӯро аз онҳо наҷот дод». Аҳмад аз Абузар (р) ривоят мекунад, ки гуфт: «Ба некӣ амр кардам ва аз мункар нигоҳ доштам, то замоне ки сухани ҳақро нагуфтам, аз дӯстон маҳрум нагаштам».
⁕ «Васият карданд, ки бисёр вақт бигӯям: «Ҳеҷ кас ҷуз Аллоҳ қувват ва қудрате надорад». Ҳар кӣ ин суханонро бигӯяд, тоату хоксории худро дар назди Худованд мешиносад ва инчунин эътироф мекунад, ки худро ба иродаи Худо таслим кардааст. Бархе гуфтанд, ки маънии ин ибора чунин аст: Ҷуз Аллоҳ ҳеҷ кас қудрати дафъи бадӣ ва тавони ҷалби хайрро надорад. Дигарон гуфтанд: касе наметавонад аз нофармонии Худо канорагирӣ кунад, магар ба иҷозати Ӯ. Бухорӣ ва Муслим аз Абӯмӯсои Ашъарӣ овардаанд, ки Паёмбар (с.а.в.) ба ӯ фармуданд:
أَلاَ أَدُلُّكَ عَلَى كَنْزٍ مِنْ كُنُوزِ الْجَنَّةِ قَالَ بَلَى يَا رَسُولَ اللَّهِ قَالَ لاَ حَوْلَ وَلاَ قُوَّةَ إِلاَّ بِاللَّهِ
«Оё ба ту яке аз ганҷҳои биҳиштро нишон диҳам?» Абумӯсо гуфт: «Албатта!». Паёмбар (с.а.в.) фармуданд: «Ҳеҷ кас ҷуз Аллоҳ қудрат ва тавоноӣ надорад». Ин ҳадис бузургӣ ва мақоми ин дуоро баён мекунад.
Ибни Қайим мегӯяд: «Дар мавриди таъсири калимаи «Ҳеҷ кас ҷуз Аллоҳ қудрат ва тавоноӣ надорад» дар инъикоси дард (маънои изтироб, андӯҳ) аст, ки он замон (ҳангоми дард, ғам, андӯҳ) ошкор гуфта мешавад: «тамоми қуввату қудрат ва тавонӣ танҳо аз они Аллоҳ аст» ва ҳама корҳоро ба ихтиёри Ӯ вогузоранд ва касе бо Ӯ чизеро баҳс карда наметавонад.
[1] Гавда, овоз, намуди зоҳирӣ ва ғ. чизҳо — тарҷумаи тахминӣ. [2] Сухан дар бораи вазъияте меравад, ки ҳоким моликияти тобеонашро худсарона ихтиёрдорӣ карда, онҳоро аз ҷиҳати молиявӣ зулм мекунад — тарҷумаи тахминӣ.