Дунявият сабаби фасод дар ҷомеа аст
Хабарҳо:
Дар Кения лоиҳаи қонуни нав пешниҳод карда шуд, ки ҳадафи он коҳиш додани ҷазоҳои ҷиноятгарони ҷинсӣ мебошад.
Дар сурати тасвиби лоиҳаи қонуни пешниҳодшуда, гунаҳкорон ҷазои алтернативӣ ба зиндон, яъне огоҳии шифоҳӣ, мӯҳлати озмоишӣ, корҳои маҷбурии ҷамъиятӣ, офиятбахшӣ ва назоратро пешбинӣ мекунанд.
Шарҳ:
Лоиҳаи ислоҳот ба Кодекси ҷиноӣ, ки аз ҷониби Шӯрои миллии ислоҳоти адлия ба парлумон пешниҳод шудааст, танҳо ба афзоиши фасоде равона шудааст, ки аллакай ҷомеаро хароб карда, дар муносибатҳои байни мардону занон зиддиятро ба вуҷуд овардааст. Ҳадафи лоиҳаи қонун коҳиш додани ҷазои ҷинояти ҷинсӣ ва ба ҷинояти хурд табдил додани он, инчунин ба тадриҷ ворид намудани танфурӯшӣ ҳамчун тиҷорат ва манбаи даромади давлат мебошад.
Дар айни замон, зино ба шарте мумкин аст, ки он бо «ризоияти тарафайн» ва ба талаботи синну сол мувофиқ бошад. Ин қонуни «ризоияти тарафайн» дар ҷомеъа фасодро ба вуҷуд оварда, боиси як қатор мушкилот гардид. Кӯдакони партофташуда, исқоти ҳамл, волидони танҳо, талоқ, рушди саноати порнографӣ, оилаҳои ҳамҷинс ва ғайра.
Доктринаи дунявӣ муносибати зану мардро бидуни назардошти оқибатҳои ин муносибатҳо баррасӣ мекунад. Вай хоҳиши ҷинсиро танҳо яке аз инстинктҳое медонад, ки шахс барои қонеъ кардани он мекӯшад. Ва мутаносибан, ин ба он сабаб шудааст, ки зан ҳамчун як ашёи лаззат ва қаноатмандӣ дида мешавад, на ҳамчун модар ва иззат, ки бояд ҳифз шавад. Дар ҷаҳоне, ки зино ба як меъёр табдил ёфтааст, шахсияти насли башар гум шудааст.
Дар хусуси сабабҳои сиёсии тадриҷан тагйир додани чорчӯбаи қонун бошад, қитъаи Африка дар роҳи қабули доктринаи дунявй мебошад ва ин ифроти дунявиро пурра аз худ карда наметавонад. Тибқи Билл оид ба Ҳуқуқҳо, ҳар як шахс ҳақ дорад бадани худро мувофиқи ихтиёри худ ихтиёрдорӣ кунад. Ҳамин тавр, имрўз мебинем, ки афкори ҷомеа чӣ гуна ташаккул ёфта, фаҳш ва ифротгароӣ тадриҷан дар сатҳи сиёсӣ ва қонунгузорӣ қонунӣ мегардад.
Ислом низомест, ки аз ҷониби Худо нозил шуда, бо табиати инсон созгор аст. Ислом ғаризаи ҷинсиро санҷида, ҳадафи худ — идома ва ҳифзи нажодро ба миён гузоштааст. Аллоҳи мутаъол издивоҷи зану мардро роҳи ягонаи қонеъ кардани ин ғариза муқаррар кардааст, инчунин барои касоне, ки ин ҳудудро поймол мекунанд, ҷазои сахте, аз қабили тозиёна задани марду зани зинокор ва ҷазо барои касонеро, ки ҷинсеро бузургтар дониста, ҷинси дигарро таҳқир мекунанд, муқаррар кардааст.
فَأَقِمْ وَجْهَكَ لِلدِّينِ حَنِيفاً فِطْرَةَ اللهِ الَّتِي فَطَرَ النَّاسَ عَلَيْهَا لَا تَبْدِيلَ لِخَلْقِ اللهِ ذَلِكَ الدِّينُ الْقَيِّمُ وَلَكِنَّ أَكْثَرَ النَّاسِ لَا يَعْلَمُونَ
Пас, ҳақгароёна ва холисона ба ин дин рӯ овар. [Ин оини пок] Ислом аст, ки Аллоҳ таоло фитрати мардумро бар асоси он сиришта аст. Ҳеҷ тағйире дар офариниши Аллоҳ таоло нест. Ин аст [роҳи рост ва] дини устувор, вале бештари мардум [ҳақиқатро] намедонанд. (30:30)
Махсусан барои радиои Дафтари марказии иттилоотии Ҳизб-ут-Таҳрир
Али Умар Ал Байти, Кения
22 Раббиус-сонӣ 1445 ҳиҷрӣ.