Дунявият бо демократияи худ қатлӣ сиёсат, сарчашмаи порахӯрӣ ва сабабӣ мавҷудияти бадбахтона мебошад
24 феврал 2014
Оиди сиёсат дар луғати арабии тафсирӣ «Лисон-ул-араб», ки муаллифаш Ибн ал-Мунзир мебошад, гуфта шудааст: «Сиёсат – идоракунии коре аст, яъне иҷроиши ҳамин кор…». Сиёсат – ин идоракунии корҳои одамон… Дар ҳадис омадааст: «Фарзандони Исроилро пайғамбарон идора менамуданд», яъне ғамхорӣ мекарданд оиди корҳояшон. Дар луғати Фейруз Абадӣ «ал-Муҳит» гуфта шудааст: «Ҳукмронӣ аз болои зердастон ин амр намудан ва манъ кардани онҳост». Дар истилоҳот сиёсат – ин идора кардани корҳои одамон ва ҳал намудани муаммоҳои онҳост. Дар ҳадисе, ки Бухорӣ ва Муслим аз ибни Умар ривоят кардаанд, гуфта шудааст: «Ҳар яки шумоён чӯпонед ва ҳар яке аз шумоён барои рамааш пурсида мешавад…».
Ғамхорӣ, мувофиқи шариъат маънои ҳал кардани муаммоҳои одамон, қонеъ гардонидани ҳоҷатҳои онҳо ва ҳал намудани онҳо мувофиқи қонунҳои шариъатро дорад. Ба сӯи ободӣ ва парҳезгорӣ ҳаракат намуда, ба онҳо фоида оварда ва зиёнро аз онҳо дур намудан аст. Бо таъмини бехатарии одамон, ҳимоя карда душманро аз онҳо дур кардан, бо таъмин намудани ҳоҷатҳои асосии ҳар нафар дар алоҳидагӣ, ки хӯрок, пӯшок ва маскан аст, ба даст оварда мешавад Дар умум бошад, барои ҳама тиббу таълимотро таъмин намуда, барои ободии халқ доимо ҳаракат намудан аст…
Дар асл сиёсат бояд ҳамин тавр бошад… Аммо Ғарби илмонии бедиёнат мафҳум ва воқеъи сиёсатро мукаммалан тағйир дода, аз он майдони идеявии холӣ, нодаркорро сохт. Акнун ин як бемории табобатнашавандае ҳаст, ки сиёсати ҳақиқиро ҳамчун ҳалли муаммоҳои инсонҳо барҳам дод.
Биёед оғоз менамоем аз ақоиди ҷудокунии дин аз ҳаёт, ки ин созиш байни рад кардани дин ва мукаммалан инкорӣ он, инчунин дахолати он ба корҳои дунё мебошад. Ин ақоид қарори созиширо ба усули тафаккур ва бар асосе дар равиши таҷрибаҳои демократӣ-сиёсӣ табдил медиҳад. Дар аксар ҳолатҳо барои қабул кардани қарори демократӣ, барои қонеъ гардонии шахсон ва гурӯҳҳои гуногун, инчунин мулоҳизаҳо ва манфиатҳои мухталиф, барои муайян сохтани аксарият, ёфтани созиши қалбакӣ зарур аст.
Бар асоси ин, созиш платформаи дурӯягӣ байни эътиқоду амал, камбудии ҳуқуқӣ инсон, бо пинҳонкунии баъзеи гузаштҳо, дурӯягии сиёсӣ, ва гумроҳ кардан шуд…
Оиди сарварии халқ бошад, пас ин фонаи сиёсат аст. Сарварии халқ пойдевори асосии ҳар кадом низоми демократӣ мебошад, аммо имконнопазир аст, ки хоҳишу иродаи тамоми инсонҳо ягона бошад, пас аксарият ченаки қонунгузорӣ корҳои сиёсӣ шуд. Ҳуқуқи идора кардан ба аксарияти мутлақ мансуб аст, зеро онҳо аз ҳама сершумор ҳастанд, ки инро назариётчиҳои афкори ғарбӣ, аз ҷумла Ҷон Локка ва Смит Линдеман тасдиқ менамоянд.
Баъд онҳо андешае доранд: он чизе ки бо қарори аксарият қабул шудааст ҳақиқат ва адолат аст, қонунҳо ва қарорҳои аз ҷониби аксарият қабул шуда дуруст мебошанд, чи тавре Локк даъво мекунад.
Ба оне, ки аксарият оиди дурӯғ дигар хел фикр мекунанд, яъне ин дуруст ва муқаддас аст мегӯянд, ҳеч чиз кӯмак намекунад. Бо сабаби дурӯғро дуруст шуморидани аксарият, он ҳақиқат намешавад. Монанди ин, ҳокимияти аксарият аз сабаби бисёр будани адади онҳо, маънои онро надорад, ки ин дуруст аст ва ба ҳалли муаммоҳо бо чизе ёри мерасонда бошад…Ҳамин тавр, агар ба аксарият зинокорӣ, педофилия писанд ояд ё судхӯриро иҷозат диҳанд, чи тавре ки ҳозир рӯй медиҳад, оё ин зиштиҳо ба некӣ табдил меёбанд? Албатта, не, ин амалҳо абадӣ ҳамчун фисқу фуҷур ва бадӣ боқӣ мемонанд.
Агар ба ҷамъиятҳои демократӣ ба номи гуногунандешии сиёсӣ парокандагии сиёсии беморро илова намоем, пас аксарияти онҳо аз ҳама сершумор мешаванд нисбат ба ақаллияти ҷудогона ва ақаллият нисбат ба ҳама мешаванд. Ин маънои онро нишон медиҳад, ки назорат аз болои корҳои даввлатӣ дар дасти ақаллият мемонад. Зеро онҳо назораткунандагони сарват тавассути мабдаи капиталистӣ мебошанд, ки ба боигарии онҳо асос мегузорад, пас демократия асбоби афзалиятноки онҳо мешавад. Дар натиҷа, ин манфиатҳои онҳоро таъмин ва мустаҳкам менамояд, сиёсат фишанге мешавад ва ба истифодабарии ғайрату ҷидду ҷаҳди одамонро, ки ба онҳо мутеъ мекунонад, имконият медиҳад. Дар охир ҳамаи ин ба синфи ҳукмрон хизмат менамояд.
Нисбат ба озодӣ, ки асоси идеяи демократӣ мебошад, он дар набудани маҳдудиятҳои беруна, дахолат ба корҳои шахс ва маҳдуд намудани дахолати давлатӣ зоҳир мегардад. Ҳамин тавр, озодӣ ба худпарастӣ, ба тафриқаи идеявӣ, ва даст кашидани давлат аз вазифаҳои асосии худ дар ҳалли муаммоҳо ба норавшанӣ мубаддал мешавад. Ба ҷои иҷро намудани вазифаҳои худ, давлат парастори дискотекаҳо ва клубҳои шабона мешавад, то ба озодии шахсии масти фосиқу бадахлоқ сӯиқасд нашавад. Дар натиҷа, ҳалли муаммоҳои инсон зарар мебинад ё умуман ҳал намешавад, ба ҷои ин қашшоқӣ, камбағалӣ ва эҳтиёҷ ба доруҳо ва муъолиҷа зиёд мешавад. Инчунин маориф зарар мебинад ва аз хайрияҳои баъзеи хайрхоҳон вобаста мешавад.
Инчунин аз озодиҳо он, чи ки озодии сиёсӣ номида мешавад, яъне озодии овоздиҳи ва эътироз, бар асоси ин плюрализми сиёсӣ аз талаботҳои демократия эътироф намуда мешавад. Талаботҳои ин плюрализми сиёсӣ зеринанд:
Эътирофи гуногунӣ ва тафовут дар ҷомеъа;
Ҳурмати гуногуни ва тафовут дар эътиқод, дар манфаатҳо, ҳурмат намудани ихтилофот ва номувофиқатӣ;
Иҷозат ба ҳар як равияи сиёсӣ изҳор намудани фикри худ ва иштироки фаъолонаи сиёсӣ дар равиши қабули қарорҳо.
Ин аст он, чи гирду атрофи фаъолияти сиёсӣ дар ҷомеъаҳои демократӣ ба вуқӯъ меояд, барои оштӣ кунондани ин эътиқодҳо, манфаатҳо ва назарҳои гуногун, онҳо ба гузаронидани муҳокимаҳо ҳаракат менамоянд. Аз сабаби мавҷуд будани ин гуна оштӣ кунони, фалаҷ хусуяти сиёсат мешавад, бӯҳрон воқеъияти он, ки ин сатҳи зиндагӣ ва бехатарии одамонро ба таври назаррас паст мекунад, ҳаёти онҳо мавҷудияти бадбахтона мешавад.
Сиёсат ба қонунгузории ҳизб, ба қонунҳои интихобот, тақсимоти округҳо, маъракаҳои интихобот, ба шӯро дар парлумон ва ба тақсимоти ҳокимият,портфел ва вазифаҳои роҳбарону вазирон табдил ёфтааст.
Амалҳои сиёсие бо лоиҳаҳои ҷомеъа вобаста буда ҳамчун муносибатҳо байни одамон баррасӣ мешаванд, на он чизе, ки онҳо ҳақиқатан бояд бошанд, то осоиштагӣ ва оромиро таъмин намоянд, балки ба қонеъ гардондани сармоядорон, ҳокимони нуфузнок ва золимон ва инчунин ҳизбҳову ташкилотҳо, иттифоқҳои касаба, ассотсиатсияҳо ва ғайра.
Расмиятчигӣ мақсади ин сиёсат шуд, ҳалли муаммоҳо, яъне чи хел ин бояд бошад, фаромӯш карда ва партофта шудаанд. Дунявият бо демократияи худ сиёсати ҳақиқиро несту нобуд кард… Дар натиҷа, инсонҳо азоб мекашанд ва аз ин гуна сиёсат дар бадбахтии комил зиндаги мекунанд.
Махсусан барои радиои Идораи Марказии Иттилооти Ҳизб ут-Таҳрир
Насыр уд-дин Морока
02 Рабиъус-сани 1435 ҳ.қ.
02.02.20 с.