Давлати Исломӣ давлатест, ки аз ҷониби мардум идора мешавад, на аз ҷониби Аллоҳ, бинобар ин онҳо аз хатогиҳо холи нестанд
Ҳадиси сиву ҳаштум
Аз Оиша модармон (р) ривоят шудааст, ки Расули Худо (с) фармуданд:
اِدْرَءُوا الْحُدُودَ عَنِ الْمُسْلِمِينَ مَا اسْتَطَعْتُمْ فَإِنْ كَانَ لَهُ مَخْرَجٌ فَخَلُّوا سَبِيلَهُ فَإِنَّ الْإِمَامَ أَنْ يُخْطِئَ فِى الْعَفْوِ خَيْرٌ مِنْ أَنْ يُخْطِئَ فِى الْعُقُوبَةِ
«Ба қадри имкон аз мусалмонон ҷазоро дур кунед. Агар барои мусалмон роҳи раҳоӣ ёфтед, пас ӯро вогузоред, зеро барои имом хато кардан дар авф беҳтар аз хато кардан дар уқубот аст». (Мустадрак, Ҳоким)
Ҳадиси мазкур ба таври ошкоро баён мекунад, ки имом метавонад ба хато роҳ диҳад, фаромӯш кунад ё гуноҳ содир намояд. Аммо Расули Худо (с) фармуданд, ки то он даме, ки имом бар асоси шариати Ислом ҳукм мекунад ва то куфри ошкор (куфри бавоҳ) аз ҷониби ӯ содир нашавад ё ба гуноҳ фармон надиҳад ба ӯ итоат карда мешавад. Аз ин рў, халифаҳое, ки пас аз Расули Худо (с) омаданд, хато ва гуноҳ содир карданд, чунки онҳо инсон буданд, на паёмбар. Аз ин бармеояд, ки Хилофат давлатест, ки на Аллоҳ, балки инсон дар он ҳукмронӣ мекунад, дар он ҷо мардум ба халифа байъат медиҳанд, то ин ки ӯ бо шариат ҳукмронӣ кунад.
Дар натиҷа, бар ӯҳдаи шаҳрвандон ва аҳзоби сиёсие, ки бар асоси ақидаи исломӣ бунёд шудаанд, назорат кардан аз болои корҳои халифа ва дар ҳолати зарурӣ ба ӯ насиҳат кардан ва ё аз ӯ ҳисобот гирифтан гузошта мешавад. Ҳамаи ин бо як мақсад анҷом дода мешавад: мутмаин шаванд, ки халифа пайваста ва бардавом дар салтанати худ ба қонунҳои Аллоҳ пойбанд бошад, дар сиёсати дохилӣ ва хориҷӣ аз аҳкоми Ислом катъиян риоя кунад. Дар сурати ба миён омадани ихтилоф байни халифа ва шаҳрвандонаш, охирин метавонанд барои ҳалли мушкилӣ ба маҳкамаи мазолим (додгоҳ оид ба беадолатии мақомоти давлатӣ) муроҷиат кунанд.
Аз китоби «Панчоҳ ҳадис дар бораи сиёсати шариат», муаллиф Исмат Авни Салими Ҳаммурӣ.