Дар ҳаққи Аллоҳ бо фикри нек будан

hizb-tojikiston.info

Дар ҳаққи Аллоҳ бо фикри нек будан

Ҳамроҳ бо ҳадиси шариф

 Шунавандагони азизи радиостансияи дафтари марказии иттилоотии Ҳизбу ут-Таҳрир, Аллоҳ ба шумо баракат диҳад. Мо хурсандем, ки шуморо Дар барномаи «Ҳамроҳ бо ҳадиси шариф» истиқбол мекунем. Беҳтарин оғоз барои нашри мо, ин саломи Исломӣ аст: Ассалому алейкум ва роҳматуллоҳи ва барокатуҳу!

Дар маҷмӯаи «Саҳиҳ ал-Бухори» дар боби «Ташрифи беморон» оварда шудааст:

حَدَّثَنَا مُعَلَّى بْنُ أَسَدٍ، حَدَّثَنَا عَبْدُ الْعَزِيزِ بْنُ مُخْتَارٍ، حَدَّثَنَا خَالِدٌ، عَنْ عِكْرِمَةَ، عَنِ ابْنِ عَبَّاسٍ، رضى الله عنهما، أَنَّ النَّبِيَّ، صلى الله عليه وسلم، دَخَلَ عَلَى أَعْرَابِيٍّ يَعُودُهُ ـ قَالَ ـ وَكَانَ النَّبِيُّ، صلى الله عليه وسلم، إِذَا دَخَلَ عَلَى مَرِيضٍ يَعُودُهُ فَقَالَ لَهُ:‏ لاَ بَأْسَ طَهُورٌ إِنْ شَاءَ اللَّهُ‏‏.‏ قَالَ قُلْتَ طَهُورٌ، كَلاَّ بَلْ هِيَ حُمَّى تَفُورُ ـ أَوْ تَثُورُ ـ عَلَى شَيْخٍ كَبِيرٍ، تُزِيرُهُ الْقُبُورَ‏.‏ فَقَالَ النَّبِيُّ، صلى الله عليه وسلم:‏ فَنَعَمْ إِذًا

Ба мо Муалла ибни Асад ва Абдулазиз Ибни Мухтор аз Холид, аз Икрима, аз Ибни Аббос (р. а.) гуфта шуд, ки Расули Аллоҳ ﷺ   ба аёдати бемори бодиянишине рафтанд. Ҳар гоҳе ки Расули Аллоҳ ﷺ  ба назди бемор мерафтанд, одатан ба ӯ мегуфтанд: «Ғамгин машав, зеро Аллоҳ бихоҳад, ин кафорат (барои гуноҳҳоят) мешавад«. Бодиянишин гуфт: » Кафорат мегӯед? Не, ин танҳо табларзаест, ки ба пирамард зарба зада ва бе иродааш ӯро ба қабр мебарад.» Расули Аллоҳ ﷺ  гуфтанд: «Пас бале, ҳамингуна аст.«

 

«Ғамгин машав» гуфтани Расули Аллоҳ ﷺ   маънои онро дорад, ки беморӣ инсонро аз гуноҳҳо пок мекунад. Агар инсон дар ниҳоят шифо ёбад, пас ӯ ду неъмати  саломатӣ ва покшавиро ба даст меорад, ки дар акси ҳол  аз гуноҳҳо пок мегардад.

Дар ҳадис гуфта мешавад, ки » не, ин танҳо » яъне табларза аст на чизи дигар; «зарба мезанад»  яъне беморӣ ӯро заиф мекунад; «бе иродааш ӯро ба қабр мебарад» яъне табларза ӯро ҳалок мекунад, ва Расули Аллоҳ  ﷺ  дар ҷавоб мегӯянд: « Пас бале, ҳамингуна аст.» Ибни ат-Тин гуфт: мумкин аст, ки ин дуо барои ӯ бошад ва шояд хабаре бошад, ки беморӣ ӯро ба марг мерасонад.

Расули Аллоҳ ﷺ бо аёдати як бемори бодиянишин рафта, ба ӯ дар баробари гузаронидани бемориаш сабур шуданашро мегӯянд. Ва ин ёдоварие буд барои кафорати гуноҳҳо. Агар бодиянишин шифо ёбад, саломатӣ ва кафорати гуноҳҳоро ба даст меорад, ва дар бадтарин ҳолат гуноҳҳояш кафорат мешаванд. Расули Аллоҳ ﷺ  барои бемор низ дуо карда, аз Аллоҳ талаб карданд, ки ин табларза сабаби пок кардани гуноҳҳои ӯ ва шифо ёфтани беморӣ гардад. Бодиянишини бемор ба ҷои оне, ки дастгирии Расули Аллоҳ ﷺ  қабул кунад суханони Расули Аллоҳ ﷺ -ро дарк накард ва гуфт: «Не, ин танҳо табларзаест, ки ба пирамард зарба мезанад,». Вай метавонист худро ором кунад, ки бемориаш мегузарад, вале ӯ ба бемории худ аз ҷониби манфӣ нигарист. Вақте, ки Расули Аллоҳ ﷺ дар ӯ ин ҳолатро диданд, гуфтанд: « Пас бале, ҳамингуна аст.» Агар ин бодиянишин Аллоҳро Раҳмон меҳисобид, Аллоҳ ба ӯ раҳм мекард, аммо ӯ дар бораи Аллоҳ гумони бад мекард ва мувофиқи он ба ӯ подош дода шуд. Дар баъзе ривоятҳои ин ҳадис гуфта мешавад, ки ин бодиянишин субҳ бедор нашудааст. Мусулмон ҳамеша бояд дар бораи Аллоҳ андешаи нек кунад ва мутмаин бошад, ки ҳар мусибати ба ӯ расида барояш хайр аст. Дар айни замон фикр дар бораи Аллоҳ бояд бо кори нек ҳамроҳ бошад. Аллоҳ ﷻ мегӯяд:

فَمَنْ كَانَ يَرْجُو لِقَاءَ رَبِّهِ فَلْيَعْمَلْ عَمَلًا صَالِحًا وَلَا يُشْرِكْ بِعِبَادَةِ رَبِّهِ أَحَدًا

«Касе, ки ба дидори Парвардигораш умед дорад, бигзор аъмоли шоиста кунад ва дар баробари Парвардигораш касеро парастиш накунад» (18:110).

Мо худ касоне ҳастем, ки бо наздикшавӣ ба Аллоҳ худро хушбахт мекунем, ва мо худ касоне ҳастем, ки бо фаромӯш кардан ва дур шудан аз Аллоҳ худро бадбахт мекунем.  Пас, роҳи дилхоҳатонро интихоб кунед —  «Ё шукргузор ва ё ношукр».

Шунавандагони азиз, то дидор бо шумо ва бо ҳадисҳои

Паёмбарӣ дар Амони Аллоҳ бошед. Ассалому алейкум ва роҳматуллоҳи ва барокатуҳу!

 

Афрон Туроб

8 Сафар 1444 ҳиҷрӣ

Шояд ба шумо писанд ояд

Хабарҳои тоза
post-image Гуногун

Бурдани даъват барои барпои Хилофат вазифаи ҳамаи мусалмонон аст, ва онҳое ки барандагони даъватро шиканҷа мекунанд, — ҷинояткоронанд!

Бурдани даъват барои барпои Хилофат вазифаи ҳамаи мусалмонон аст, ва онҳое ки барандагони даъватро шиканҷа мекунанд, — ҷинояткоронанд! Моҳи майи соли ҷорӣ кормандони истихборот...
post-image Гуногун

БО ҲАМРОҲИИ ҲАДИСИ ШАРИФ — Ношукрӣ нисбати шавҳар

БО ҲАМРОҲИИ ҲАДИСИ ШАРИФ Ношукрӣ нисбати шавҳар Мо шуморо, бародарони азиз, дар барномаи навбатии худ «Бо ҳадиси шариф» хушомадед мегӯем. Ассалому алайкум ва раҳматуллоҳи...
post-image Ар-Рая Матбуоти ҷаҳонӣ

Муовини вазорати корҳои хориҷаи Туркия Исроилро ба ҷиноят муттаҳам кард, аммо кишвараш кӯмакрасониро идома медиҳад!

Муовини вазорати корҳои хориҷаи Туркия Исроилро ба ҷиноят муттаҳам кард, аммо кишвараш кӯмакрасониро идома медиҳад! Рӯзи 27 феврали соли 2024 Хабаргузории Анадолу гузориш дод,...
Бештар
ads