Дар доираи чаҳорчӯби сарқонуни Давлати Хилофат. Дар Хилофат ба ҳеҷ кас барои истифода бурдан ва ё азхуд кардани моликияти умумӣ иҷозат дода намешавад

hizb-tojikiston.info hizb-tojikiston.info

Дар доираи чаҳорчӯби сарқонуни Давлати Хилофат. Дар Хилофат ба ҳеҷ кас барои истифода бурдан ва ё азхуд кардани моликияти умумӣ иҷозат дода намешавад

Моликияти умумӣ дар Ислом моликиятест, ки ҳуқуқи соҳиб шудан ба он аз ҷониби шариат дар умум ба тамоми мусалмонон дода шудааст.  Аллоҳи Таоло барои инсонҳо аз ин неъматҳо баҳра бурдан иҷозат дод ва онро азхуд намудан ва ба мулки худ табдил доданро ҳаром гардонид. Ин моликият ба се намуди асосӣ тақсим мешавад:

Якум: Он чӣ, ки аз заруратҳои ҷомеа ба ҳисоб меравад. Агар ин чизҳо дар ягон шаҳр ва ё ҷамоат кофӣ набошад, мардум дар ҷустуҷӯи он ба ҳар тараф пароканда мешаванд. Расули Худо (с) онҳоро на аз ҷиҳати шумора, балки аз ҷиҳати сифат дар ҳадис баён намудаанд:

ثَلَاثٌ لَا يُمْنَعْنَ: الْمَاءُ، وَالْكَلَأُ، وَالنَّارُ

«Се чиз манъ карда намешавад: об, чарогоҳ ва оташ». (ривояти Ибни Моҷа).

Расули Худо (с) дар Тоиф ва Ҳайбар ба фардҳо иҷозат додаанд, ки ба об молик шаванд ва фардҳо барои обёрии кишт ва боғҳои худ феълан ба об соҳибӣ кардаанд. Агар шарикӣ дар об на аз рӯи сифати ниёз ба он, балки танҳо аз рӯи об будан мебуд, Паёмбар (с) ба фардҳо иҷозат намедоданд, ки ба об молик шаванд.

Дуюм: маъданҳои тамомнашаванда

Аз Абяд ибни Ҳаммол ривоят шудааст:

«Ӯ ба назди Паёмбар (с) омада, аз эшон ҷудо карда додани намакро (кӯҳи намакро) пурсид. Паёмбар (с) ба ӯ ҷудо карда доданд. Пас аз он ки ӯ баргашт, марде аз нишастагон гуфт: «Ё Расулуллоҳ оё медонед, ки чиро ҷудо карда додед? Шумо оби равонро ҷудо карда додед». Он гоҳ Паёмбар (с) аз ӯ бозпас гирифтанд».

Дар ин ҳадис кони намак ба далели тамомнашаванда буданаш ба об ташбеҳ карда шудааст. Канданиҳои бепоён, хоҳ кашф карда шаванд, хоҳ бе меҳнати иловагии одамон истихроҷ карда шаванд, аз қабили намак, сурма (хокаи сиёҳкунандаи мӯй), корунд (минералҳо) ва ё дар замине, ки бо талош ва бо истифода аз таҷҳизоти махсус истихроҷ карда мешаванд, ба монанди конҳои тилло, нуқра, оҳан, мис, сурб ва ғайра ва хоҳ дар шакли сахт, хоҳ мисли моеъ бошанд, монанди нафт аз моликияти умумӣ ба ҳисоб меравад. Азбаски намак аз конҳо ба ҳисоб меравад, Расул (с) онро баъд аз ҷудо карда додан ба Абяз бозпас гирифтанд. Ин иллати моликияти хусусӣ набудан мебошад ва он на намаки тамомнашаванда будан, балки кони тамомнашаванда будан мебошад. Аз ин ҳадис аён мегардад, ки иллат манъи ҷудо карда додани кони намаки тамомнашаванда аст.

Аммо ашёе, ки табиати сохташон азхуд ва соҳибӣ кардани фардро манъ мекунад, масалан роҳҳо, дарёҳо, баҳрҳо, кӯлҳо, канал, халиҷҳо, гулӯгоҳҳо ва ғайра ба ин қисм дохил мешаванд. Инчунин масҷидҳо, мактабҳои давлатӣ, беморхонаҳо, майдонҳои бозӣ, сарпаноҳҳо ва ғайра. Ин ва ба ин монанд объектҳо моликияти умумӣ буда, фардҳо ба он соҳиб шуда наметавонанд.

Ислом объектҳои моликияти умумиро ба таври муфассал баён карда, масъулияти ӯҳдадорӣ ва ба танзим дарории онҳоро ба дӯши давлат гузоштааст, то ҳар як шаҳрванд аз он истифода ва баҳра бурда тавонад.  Давлат, яъне Халифа шакл ва тарзи ба даст овардани фоида аз моликияти умумиро муайян мекунад.

Давлати Хилофат бевосита масъули ғамхории корҳои мардум аст, ҳифзи моликияти умумӣ ба дӯши давлат гузошта шудааст. Нигоҳ доштан ин маънои онро дорад, ки таҷовуз, азхуд кардани моликият ва ба касе додани имтиёзҳо дар назар дошта шудааст, инро дар сохти капиталистй хусусигардонӣ меноманд.

Дар китоби «Лоиҳаи Сарқонун», ки аз тарафи Ҳизби Таҳрир таҳия шудааст, дар моддаи 140 омадааст: «Ҳар як фард ҳақ дорад аз моликияти умумӣ баҳраманд шавад ва ба давлат иҷозат дода намешавад, ки объектҳои ба моликияти умумӣ дохил шударо ба касе ба истиснои дигарон барои истифода бурдан изн диҳад».

 

Муҳаммади Солеҳ

4 Сафари соли 1444 ҳ.

Шояд ба шумо писанд ояд

Хабарҳои тоза
post-image Гуногун

Бурдани даъват барои барпои Хилофат вазифаи ҳамаи мусалмонон аст, ва онҳое ки барандагони даъватро шиканҷа мекунанд, — ҷинояткоронанд!

Бурдани даъват барои барпои Хилофат вазифаи ҳамаи мусалмонон аст, ва онҳое ки барандагони даъватро шиканҷа мекунанд, — ҷинояткоронанд! Моҳи майи соли ҷорӣ кормандони истихборот...
post-image Гуногун

БО ҲАМРОҲИИ ҲАДИСИ ШАРИФ — Ношукрӣ нисбати шавҳар

БО ҲАМРОҲИИ ҲАДИСИ ШАРИФ Ношукрӣ нисбати шавҳар Мо шуморо, бародарони азиз, дар барномаи навбатии худ «Бо ҳадиси шариф» хушомадед мегӯем. Ассалому алайкум ва раҳматуллоҳи...
post-image Ар-Рая Матбуоти ҷаҳонӣ

Муовини вазорати корҳои хориҷаи Туркия Исроилро ба ҷиноят муттаҳам кард, аммо кишвараш кӯмакрасониро идома медиҳад!

Муовини вазорати корҳои хориҷаи Туркия Исроилро ба ҷиноят муттаҳам кард, аммо кишвараш кӯмакрасониро идома медиҳад! Рӯзи 27 феврали соли 2024 Хабаргузории Анадолу гузориш дод,...
Бештар
ads