Дар чаҳорчӯби сарқонуни давлати Хилофат.
Намудҳои моликият дар Ислом — қонунҳои беназир ва фарқкунанда
Тамоми мулк аслан аз они Аллоҳ аст ва дар ин бора матнҳои ошкори шаръӣ омадааст. Аллоҳи мутаъол фармуд:
وَءَاتُوهُم مِّن مَّالِ ٱللَّهِ ٱلَّذِيٓ ءَاتَىٰكُمۡۚ
«Ва аз он мол, ки Худо ба шумо арзонӣ доштааст, ба онон бидиҳед.» [24:33]
Вале, Қонунгузор инсонро дар ин кор вориси худ қарор дод ва ӯро соҳиби молу мулк гардонид.
وَأَنفِقُواْ مِمَّا جَعَلَكُم مُّسْتَخْلَفِينَ فِيهِ
«Ва аз он мол, ки ба варосат (мерос) ба шумо расондааст, инфоқ (харҷ) кунед.» [57:7]
Дар мавриди моликияти шахсии фард бошад, пас барои ин изни Аллоҳи Таъоло лозим аст. Ин иҷозат нишондиҳандаи соҳиби моликияти шахсии фарде мебошад, яъне моликияти шахсии ўро нишон медиҳад.
Шариат баъзе неъматҳоро моли тамоми Уммат қарор дода, аз тасарруфи он афродро манъ кардааст. Инҳо ҷангалзор, чарогоҳҳо, майдонҳои шаҳр ва дигар объектҳои чамъиятӣ мебошанд. Зеро агар ин неъматҳо барои ҷомеа ё гурӯҳе аз афрод дастнорас гардад, мардум дар ҷустуҷӯи он пароканда мешаванд. Шариат онҳоро аз руи сифатҳои объектҳо шарҳ дода, ҳамаи чизро якто якто номбар накардааст. Расули Худо (с) фармуданд:
الْمُسْلِمُونَ شُرَكَاءُ فِي ثَلَاثٍ: فِي الْمَاءِ وَالْكَلَإِ وَالنَّارِ
«Мусалмонон дар се чиз; об, чарогоҳ ва оташ шариканд». (ривояти Ибни Моҷа).
Ин ба манбаи бепоёни об ё маъданҳои канданӣ низ дахл дорад. Абяз ибни Ҳаммол мегӯяд:
وَفَدَ إَلَى رَسُولِ اللهِ، صَلَّى اللهُ عَلَيْهِ وَسَلَّمَ، فَاسْتَقْطَعَهُ الْمِلْحَ، فَقَطَعَ لَهُ. فَلَمَّا أَنْ وَلَّى قَالَ رَجُلٌ مِنْ الْمَجْلِسِ: أَتَدْرِي مَا قَطَعْتَ لَهُ؟ إِنَّمَا قَطَعْتَ لَهُ الْمَاءَ الْعِدَّ. قَالَ فَانْتَزَعَهُ مِنْهُ
«Ӯ ба назди Пайгамбар (с) омада, аз эшон ҷудо карда додани намакро (яъне кӯҳи намакро) пурсид. Пайгамбар (с) ба ӯ ҷудо карда доданд. Баъд аз он ки ӯ баргашт, марде аз нишастагон гуфт: «Оё медонӣ, ки чиро ҷудо карда додӣ? Ту оби равонро ҷудо карда додӣ». Он гоҳ Пайгамбар (с) аз ӯ бозпас гирифтанд». (ривояти Тирмизӣ)
Инчунин молҳое низ ҳастанд, ки хусусияти онҳо имкон намедиҳад, ки онҳо дар дасти фардҳо бошанд, бинобар ин, онҳо моликияти умумӣ ба ҳисоб мераванд. Модари мӯъминон Оиша (р) пурсид: «Эй Расули Худо (с), оё барои ту дар Мино манзиле бино накунем?» Расули Худо (с) дар посух фармуданд:
مِنًى مُنَاحُ مَنْ سَبَقَ
«Мино манзилест барои онҳое, ки аввал дар он ҷо қарор гирифтаанд».
Водии Мино минтақаест, ки берун аз Макка ҷойгир шудааст ва дар он баъзе ойинҳои ҳаҷ анҷом дода мешавад ва он ҷо барои касонест, ки бори аввал дар он ҷо сукунат кардаанд, мутаносибан, он наметавонад дар дасти шахс бошад. Инчунин объектҳо аз қабили роҳҳо, дарёҳо, соҳилҳо ва ғайра аз руи табиати худ шахсй буда наметавонанд. Ҳамаи ин ва монанди ин неъматҳо моликияти умумӣ буда, шариат ба ҳамаи одамон ичозат дод, ки аз онҳо истифода баранд. Инҳо моликияти Умматанд ва Халифа дар асоси шариат онҳоро ба мардум тақсим мекунад.
Дар мавриди моликияти давлатӣ, ба фарди алоҳида иҷозат дода намешавад, ки онро инҳисор (монополия) кунад. Он моли давлат аст ва халифа онро бо иҷтиҳоди худ ба нафъи Уммат ихтиёр мекунад. Халифа моликияти давлатиро барои пешгирии камбизоатӣ истифода мебарад, дар байни шаҳрвандон мувозинатро барқарор мекунад, дар байни аҳолӣ ба табақашавӣ роҳ намедиҳад, таҷовузи душманонро дафъ мекунад, даъватро паҳн мекунад ва ҷиҳод мекунад.
Моликияте, ки тамоми мусалмонон даъво карда метавонанд, аз қабили биёбонҳо, кӯҳҳо, заминҳои серҳосили партофташуда ва ғайра ба манфиати давлат тақсим карда мешавад ва онро ба нафъи Уммат ихтиёр мекунад. Захираҳо ва сарвате, ки хусусияти онҳо манфиати умумиро нишон медиҳанд, моликияти умумӣ мебошанд; мутаносибан давлат ва шахс онро азхуд карда наметавонанд. Агар моликият моликияти умумӣ набошад, балки ба моликияти хусусй тааллуқ дошта бошад, ба давлати Хилофат онро ба моликияти умумӣ ё давлатй гардонидан манъ аст, чунон ки дар низоми капиталистй руй медихад, ки онро «милликунонй» меноманд.
Мардум аз моликияте, ки Ислом онро дар се намуд муайян кардааст, баҳра мебаранд. Дар китоби «Лоиҳаи Сарқонун», ки аз тарафи Ҳизби Таҳрир таҳия шудааст, дар моддаи 127 оварда мешавад: «Моликият се намуд аст: хусусӣ, умумӣ ва давлатӣ». Дар моддаи 139 гуфта шудааст: «Давлат моликияти хусусиро ба моликияти умумӣ табдил дода наметавонад, зеро моликияти умумӣ аз руи табиати объект ва моликияташ тагйирнопазир аст ва он ба раъйи давлат вобаста нест».
Муҳаммади Солеҳ
26 Муҳаррами соли 1444 ҳ.