Чӣ тавре, ки бандаам дар бораи ман фикр дорад, барои ӯ ман ҳамон тавр ҳастам

«Чӣ тавре, ки бандаам дар бораи ман фикр дорад, барои ӯ ман ҳамон тавр ҳастам»

Аз Абуҳурайра (р) ривоят аст, ки Расули Аллоҳ (ﷺ) фармуданд:

يَقُولُ اللَّهُ تَعَالَى أَنَا عِنْدَ ظَنِّ عَبْدِى بِى وَأَنَا مَعَهُ إِذَا ذَكَرَنِى فَإِنْ ذَكَرَنِى فِى نَفْسِهِ ذَكَرْتُهُ فِى نَفْسِى وَإِنْ ذَكَرَنِى فِى مَلأٍ ذَكَرْتُهُ فِى مَلأٍ خَيْرٍ مِنْهُمْ وَإِنْ تَقَرَّبَ إِلَىَّ بِشِبْرٍ تَقَرَّبْتُ إِلَيْهِ ذِرَاعًا وَإِنْ تَقَرَّبَ إِلَىَّ ذِرَاعًا تَقَرَّبْتُ إِلَيْهِ بَاعًا وَإِنْ أَتَانِى يَمْشِى أَتَيْتُهُ هَرْوَلَةً

 «Аллоҳи таъоло мегӯяд: “Барои бандаам Ман ҳамон тавре ҳастам, ки дар бораи Ман чӣ гуна фикре дорад. Вақте ки бандаам Маро ба хотир меорад, Ман бо ў ҳамроҳ ҳастам.  Агар Маро дар дил ёд кунад, Ман ҳам ўро дар Назди Худ ба ёд меорам. Агар Маро дар ҷамоае ба хотир орад, Ман дар ҷамоаи аз он беҳтар ўро ба ёд меорам. Агар ба Ман як ваҷаб наздик шавад, Ман ба ў як оринҷ наздик мешавам. Агар ба Ман як оринҷ наздик шавад, Ман ба ў як газ наздик мешавам. Агар     ба сўи   Ман      роҳ гардад,        Ман      ба   сўи ӯ медавам»!   (Бухорӣ, Муслим)

Зикри Аллоҳ — беҳтарин роҳест, ки мусалмон ба Парвардигораш наздик мешавад. Зикр ҳар чизест, ки мо бо он тасбеҳ ва ситоиши Аллоҳро мекунем — қалб, забон ё аъзои бадан.  Аллоҳ ба бандагонаш ба зикри Ў амр мекунад ва барои ин зикр мукофоти бузург ваъда кардааст.

Дар ҳадиси қудсӣ Аллоҳ мегӯяд: “Барои бандаам Ман ҳамон тавре ҳастам, ки дар бораи Ман чӣ гуна фикре дорад,» Агар касе дар бораи Аллоҳ хаёли нек кунад, Аллоҳ барои ӯ ҳамин тавр мешавад. Дар бораи Аллоҳ фикри нек кардан маънои онро дорад, ки амалеро анҷом диҳад, ки ба ситоиши Аллоҳ оварда мерасонад ва ба ӯ умед мебандад.  Бандаи Аллоҳ амали шоиста мекунад ва танҳо гумон мекунад, ки Аллоҳ амали ӯро қабул мекунад. Инсон Аллоҳро дар ҷое пайдо мекунад, ки умеди пайдо кардани ӯро дорад. Аллоҳ ҳамон гунаест, ки инсон Ӯро хаёл мекунад ва ба Ӯ имон меорад. Аллоҳ ба инсон ҳамон гуна подоше медиҳад, ки чӣ қадар инсон ба мукофот ё ҷазои Ӯ умед мебандад, некӣ ва ё бадӣ. Ҳар кас аз Аллоҳ   чизи муҳимеро умедвор бошад, Аллоҳ  онро ба ӯ медиҳад. Ҳеҷ чиз бар Аллоҳ мушкил нест. Агар бандаи Аллоҳ дар бораи Парвардигораш гумони нек дошта бошад, вале барои ин амале анҷом надиҳад, пас ин хоҳиши холист. Ҳар кас аз паи нафси худ пайравӣ кунад ва ба Аллоҳ умедвор бошад, заиф ба ҳисоб меравад. Аллоҳ мегӯяд: «Чун Маро ёд кунад, Ман бо ӯ ҳастам»  бандаи Аллоҳ Ӯро бо тасбеҳ ёд кунад, ё зикри дигаррро «дар нафс» (дар пинҳонӣ аз дигарон), он гоҳ Аллоҳ  «ӯро ба Худ ёд мекунад» ва «агар бандаи Аллоҳ Ӯро дар ҷамоае (бо мардумони дигар) ёд кунад», Аллоҳ ӯро «дар зумраи беҳтар аз онҳо», яъне дар миёни олитарин ҷомеа ёд мекунад.

Баъдан Аллоҳ мегӯяд:

«Агар ба Ман як ваҷаб наздик шавад, Ман ба ў як оринҷ наздик мешавам. Агар ба Ман як оринҷ наздик шавад, Ман ба ў як газ наздик мешавам. Агар ба сўи Ман роҳ гардад, Ман ба сўи ў медавам!»

Дар ҳар ҳолат, Аллоҳ ба инсон наздиктар мешавад, аз он ки инсон ба Ӯ наздик мешавад. Дар ин ҷумла шарҳ дода мешавад, ки бандаи Аллоҳ ҳамеша аз он чизе, ки кардааст бештар хоҳад гирифт. Ҳадиси қудсӣ дар бораи фазилатҳои зикри Аллоҳ дар пинҳону ошкоро мефармояд, ки инсон барои амалаш подош мегирад. Яъне подош аз намуди амал вобаста хоҳад буд. Ҳадис дар бораи Аллоҳ хаёлоти нек  карданро водор мекунад, чунон ки Аллоҳ мегӯяд:

«Барои бандаам Ман ҳамон тавре ҳастам, ки дар бораи Ман чӣ гуна фикре дорад.,»

Бинобар ин, инсон бояд дар бораи Аллоҳ барои хаёли нек ва анҷоми амалҳои шоиста кӯшиш кунад. Ҳар кӣ аъмоли бад анҷом диҳад, гумони ӯ дар бораи Аллоҳ бад хоҳад буд. Аммо агар бихоҳад, ки дар бораи Аллоҳ фикри нек дошта бошад, пас рафторашро тағйир диҳад ва дар итоъати Аллоҳ ва Расули Ӯ ғайрат дошта бошад. Аллоҳ ба касоне, ки некӯкоранд, ҳиссаи бузург ва оқибати шоиста ваъда медиҳад. Гумони бад дар бораи Аллоҳ бар касе хоҳад буд, ки амали бад анҷом медиҳад, чунон ки дар Ҳадиси Ҷобир омадааст:

لَا يَمُوتَنَّ أَحَدٌ مِنْكُمْ إِلَّا وَهُوَ يُحْسِنُ الظَّنَّ بِاللَّهِ

«Ҳеҷ як аз шумо ба марг дучор нашавад, магар бо фикрҳои нисбати Аллоҳ.» (Муслим).

Дар ин Ҳадиси қудсӣ  чунин гуфтааст, ки Аллоҳ ҳамеша  ҳамроҳи касест, кӣ Ӯро ёд мекунад Аз ин рӯ мо бояд Аллоҳро бештар ёд кунем. Ҳамроҳӣ Аллоҳ ба маънои ёрӣ, ҳидоят, ҳимоя ва нигоҳдорӣ мебошад. Аллоҳи мутаъол дар Қуръони Карим мегуяд:

إِنَّ ٱللَّهَ مَعَنَا

«Аллоҳ бо мост» (9:40),

إِنَّ ٱللَّهَ مَعَ ٱلصَّٰبِرِينَ

«Албатта, Аллоҳ бо сабркунандагон аст» (2:153).

قَالَ لَا تَخَافَآۖ إِنَّنِي مَعَكُمَآ أَسۡمَعُ وَأَرَىٰ٤٦

«Аллоҳ мегӯяд: «Матарсед, зеро ман бо шумоям. Мешунавам ва мебинам» (20:46).

Аллоҳ  ҳамроҳи касест, ки ба Ӯ наздик аст, итоат мекунад ва панд мегирад. Пас мӯъмин бояд дар қатори зикркунандагон бошад, на аз ғафлатмондагон. Мунофиқон бо он фарқ мекунанд, ки кам зикр мекунанд.

Аллоҳ мегӯяд:

إِنَّ ٱلۡمُنَٰفِقِينَ يُخَٰدِعُونَ ٱللَّهَ وَهُوَ خَٰدِعُهُمۡ وَإِذَا قَامُوٓاْ إِلَى ٱلصَّلَوٰةِ قَامُواْ كُسَالَىٰ يُرَآءُونَ ٱلنَّاسَ وَلَا يَذۡكُرُونَ ٱللَّهَ إِلَّا قَلِيلٗا١٤٢

  «Мунофиқон Аллоҳро фиреб додан мехоҳанд ва ҳол он ки Аллоҳ онҳоро фиреб медиҳад.  Чун ба намоз бархезанд, барои худнамоӣ намоз мегузоранд ва дар намоз ҷуз андаке Аллоҳро ёд намекунанд» (4:142).

Мӯъминон Аллоҳро фаровон ёд мекунанд:

وَٱلذَّٰكِرِينَ ٱللَّهَ كَثِيرٗا وَٱلذَّٰكِرَٰتِ أَعَدَّ ٱللَّهُ لَهُم مَّغۡفِرَةٗ وَأَجۡرًا عَظِيمٗا

«Мардон ва заноне, ки Аллоҳро фаровон ёд мекунанд, Аллоҳ омӯрзиш ва мукофоти бузург омода кардааст» (33:35),

يَٰٓأَيُّهَا ٱلَّذِينَ ءَامَنُواْ ٱذۡكُرُواْ ٱللَّهَ ذِكۡرٗا كَثِيرٗا٤١ وَسَبِّحُوهُ بُكۡرَةٗ وَأَصِيلًا٤٢

«Эй касоне, ки имон овардаед! Аллоҳро фаровон ёд кунед. Ва ҳар бомдоду шабонгоҳ Ӯро тасбеҳаш гӯед» (33:41,42)

فَإِذَا قُضِيَتِ ٱلصَّلَوٰةُ فَٱنتَشِرُواْ فِي ٱلۡأَرۡضِ وَٱبۡتَغُواْ مِن فَضۡلِ ٱللَّهِ وَٱذۡكُرُواْ ٱللَّهَ كَثِيرٗا لَّعَلَّكُمۡ تُفۡلِحُونَ١٠

«Ва чун намоз поён ёфт, дар замин пароканда шавед ва аз раҳмати Аллоҳ биҷӯед ва бисёр ёд кунед, шояд растагор шавед» (62:10),

فَٱذۡكُرُونِيٓ أَذۡكُرۡكُمۡ وَٱشۡكُرُواْ لِي وَلَا تَكۡفُرُونِ١٥٢

«Маро ёд кунед то шуморо ёд кунам. Маро шукр кунед  ва бар ман ношукрӣ макунед» (2:152),

إِنَّ ٱلۡمُسۡلِمِينَ وَٱلۡمُسۡلِمَٰتِ وَٱلۡمُؤۡمِنِينَ وَٱلۡمُؤۡمِنَٰتِ وَٱلۡقَٰنِتِينَ وَٱلۡقَٰنِتَٰتِ وَٱلصَّٰدِقِينَ وَٱلصَّٰدِقَٰتِ وَٱلصَّٰبِرِينَ وَٱلصَّٰبِرَٰتِ وَٱلۡخَٰشِعِينَ وَٱلۡخَٰشِعَٰتِ وَٱلۡمُتَصَدِّقِينَ وَٱلۡمُتَصَدِّقَٰتِ وَٱلصَّٰٓئِمِينَ وَٱلصَّٰٓئِمَٰتِ وَٱلۡحَٰفِظِينَ فُرُوجَهُمۡ وَٱلۡحَٰفِظَٰتِ وَٱلذَّٰكِرِينَ ٱللَّهَ كَثِيرٗا وَٱلذَّٰكِرَٰتِ أَعَدَّ ٱللَّهُ لَهُم مَّغۡفِرَةٗ وَأَجۡرًا عَظِيمٗا٣٥

  «Аллоҳ барои, мардони мусалмон ва занони мусалмон ва мардони мӯъмину занони мӯъмин ва мардони аҳли тоъату занони аҳли тоъат ва мардони ростгўву занони ростгӯй ва мардони босабру занони босабр ва мардони худотарсу занони худотарс ва мардони садақадиҳандаву занони садақадиҳанда ва мардони рӯзадору занони рӯзадор ва мардоне, ки шармгоҳи худ ҳифз мекунанд ва заноне, ки шармгоҳи худ ҳифз мекунанд ва мардоне, ки Аллоҳро  фаровон ёд мекунанд ва заноне,ки Аллоҳро фаровон ёд мекунанд бахшоиш ва музде бузург омода кардааст!» (33:35).

 

 Мӯъмин ва мӯъмина ба ҷои бепарвоӣ бояд бештар, бо қалб, забон, узвҳои бадан ва аъмоли худ, аз ҷумла бо ибодату тоъати хеш Аллоҳро ёд кунанд. Аллоҳ барои аъмоли некашон барояшон ҳадяҳое омода кардааст, зеро Ӯ Карим (саховатманд) аст. Ҳар кӣ ба сӯи корҳои нек шитоб кунад, Аллоҳ ёриаш мекунад, ҳидояташ мекунад ва нигаҳбонияш мекунад.Бинобар ин Аллоҳ дар ҳадиси қудсӣ мегӯяд: «Агар ба Ман як ваҷаб наздик шавад, Ман ба ў як оринҷ наздик мешавам. Агар ба Ман як оринҷ наздик шавад, Ман ба ў як газ наздик мешавам. Агар ба сўи Ман роҳ гардад, Ман ба сўи ў медавам!»

Саховати Аллоҳ ҳадду канор надорад, бинобар ин Ӯ шитоб мекунад, то ба инсон подоши нек диҳад. Ва танҳо Аллоҳ медонад, ки наздикии ӯ ба мӯъмин то як зироъ ва газ чӣ маъно дорад. Бинобар ин, кас бояд дар бораи Аллоҳ хаёлоти нек кунад, бо дархосту дуъо ба сӯи Ӯ рӯй оварад. Аллоҳ дӯст медорад, вақте ки мардум ба сӯи Ӯ тавба мекунанд ва Ӯ ҳамеша дар назди касонест, ки ба Ӯ дуъо мегӯянд.

Дар шарҳи «Барои бандаам Ман ҳамон тавре ҳастам, ки дар бораи Ман чӣ гуна фикре дорад.» Нававӣ менависад: «Уламо гуфтаанд, ки тасаввуроти нек кардан дар бораи Аллоҳ ба маънои умеди омӯрзиш ва раҳмат аст. Инчунин гуфтанд, ки беҳтарин ҳолати инсон миёни тарс ва умед аст ва ин эҳсосот бояд дар як сатҳ бошад. Баъзеҳо гуфтанд, ки тарс бояд бештар бошад. Вақте инсон наздикшавии маргро эҳсос мекунад, пас умед ғалаба мекунад, зеро тарс барои дур шудан аз гуноҳон ва зиёд кардани аъмоли нек маъни дорад ва дар ҳолати мурдан инсон наметавонад ин амалро анҷом диҳад ё аксари амалҳои  хайрро анҷом дода наметавонад. Бинобар ин, лозим аст, ки дар бораи Аллоҳ фикри нек кунад, мӯҳтоҷии худро ба Ӯ нишон диҳад ва ба Ӯ итоат кунад».

Ибни Ҳаҷар дар китоби «Фатҳ ул-Барӣ» ин суханонро шарҳ додааст: «Ман мувофиқи он чизе ки ӯ дар бораи

Ман фикр мекунад, подош медиҳам». Агар аз раҳмати Ман умед дошта бошад ва гумон кунад, ки ман ӯро мебахшам, пас чунин шавад. Танҳо мӯъмин ба Аллоҳ умед мебандад ва  медонад,ки Парвардигораш аҷрдиҳанда аст. Аммо агар аз раҳмати Ман ноумед шавад ва гумон кунад, ки ман ӯро азоб хоҳам дод, пас чунин бошад, зеро танҳо кофир ноумед мешавад»

Дар китоби «Файд ул-Қодир» омадааст:«Ибни Абуҷамра дар мавриди калимаи «Барои бандаам Ман ҳамон тавре ҳастам, ки бандаам дар бораи Ман чӣ гуна фикре дорад» гуфтааст, ки мӯъмин ҳангоми дуъо кардан ба иҷобат бовар кунад, боварӣ дар бахшиш, вақте ки, мағфират мепурсад ба мағфират бовар кунад, вакте ки ӯ ибодатҳоро мувофиқи ҳамаи меъёрҳо  анҷом медиҳад. Ҳамчунин фармуд: «Гуноҳ дар назди Аллоҳ назар ба ноумедӣ аз омурзиши Ӯ он қадар даҳшатнок нест, яъне гуноҳ аз ноумедӣ аз раҳмати Аллоҳ даҳшатноктар аст. Ҳар кӣ Парвардигорашро бишносад, гуноҳашро дар баробари бузургии Аллоҳ кам мекунад. Дар назди адолати Аллоҳ аз гуноҳи хурд асаре намемонад ва дар назди раҳмати Аллоҳ ҳеҷ асаре аз гуноҳи бузург нахоҳад монд».  Ибни Абу Дунё хабар дод, ки Иброҳим дар бораи калимаи, «Ман дар гумони бандаам, ки дар бораи Ман дорад» мегӯяд: «Шахсе ки дар лаҳзаи марг аст, ки бояд ба ӯ аз корҳои некаш ёдовар шавад, то ки ӯ дар бораи Аллоҳ гумони нек кунад. Баъзе аз имомони илм гуфтанд: «Касе, ки ба беморӣ гирифтор шуда бошад, бояд чиҳил ҳадис дар бораи умед ба Аллоҳ бихонанд, то дар бораи Аллоҳ гумони нек дошта бошад, зеро Аллоҳ ҳамон гунаест, ки инсон дар бораи Ӯ фикр мекунад»

(«Субул ас-Салом фи Китоб ал -Ҷаноза»).

Ибни Қайюм мегӯяд: «Шубҳае нест, ки андешаи нек бо амалҳои солеҳ меояд. Касе, ки амали нек анҷом медиҳад, дар бораи Аллоҳ гумони нек мекунад, то ки савоб бигирад. Аллоҳ ба ваъдаи худ хилоф намекунад ва омурзишро мепазирад. Шахси гунаҳкор, ки дар гуноҳҳои азим ва бе қонунӣ исрор мекунад, аз сабаби вазнинии ҷиноятҳояш наметавонад дар бораи Аллоҳ гумони нек кунад. Ғуломи гуреза, ки ба хоҷааш итоат намекунад, ҳеҷ гоҳ дар бораи хоҷааш гумони нек намекунад. Вазнинии гуноҳҳо бо тасаввуроти нек муносиб намешавад. Ҷинояткор аз сабаби вазнинии гуноҳҳояш фикри худро нисбати Аллоҳ иваз мекунад. Беҳтарин андеша дар бораи Аллоҳро касе риоя мекунад, ки ба Ӯ итоаткортар аст». Ҳасани Басрӣ мегӯяд: «Мӯъмин дар бораи Аллоҳ андешаи нек мекунад ва амалҳои нек анҷом медиҳад, вале гунаҳкор дар бораи Аллоҳ андешаи бад мекунад ва амалҳои бадро анҷом медиҳад. Вақте ки инсон омурзиш мепурсад, Аллоҳ шод мегардад, мисли касе ки чизи худро дар биёбон гумкардаи худро меёбад.  Тавбаэътироф кардан, пушаймон шудан, даст кашидан ва азми такрор накардани амалест. Аллоҳ ба инсон меҳрубон аст. Аллоҳ мегӯяд: «Агар ба Ман як ваҷаб наздик шавад, Ман ба ў як ориннҷ наздик мешавам. Агар ба Ман як оринҷ наздик шавад, Ман ба ў як газ наздик мешавам. Агар ба сўи Ман роҳ гардад, Ман ба сўи ў медавам»

Аллоҳ— Саховатмандтарин ва зудтарин дар посух».

Шояд ба шумо писанд ояд

Хабарҳои тоза
post-image Гуногун

Бурдани даъват барои барпои Хилофат вазифаи ҳамаи мусалмонон аст, ва онҳое ки барандагони даъватро шиканҷа мекунанд, — ҷинояткоронанд!

Бурдани даъват барои барпои Хилофат вазифаи ҳамаи мусалмонон аст, ва онҳое ки барандагони даъватро шиканҷа мекунанд, — ҷинояткоронанд! Моҳи майи соли ҷорӣ кормандони истихборот...
post-image Гуногун

БО ҲАМРОҲИИ ҲАДИСИ ШАРИФ — Ношукрӣ нисбати шавҳар

БО ҲАМРОҲИИ ҲАДИСИ ШАРИФ Ношукрӣ нисбати шавҳар Мо шуморо, бародарони азиз, дар барномаи навбатии худ «Бо ҳадиси шариф» хушомадед мегӯем. Ассалому алайкум ва раҳматуллоҳи...
post-image Ар-Рая Матбуоти ҷаҳонӣ

Муовини вазорати корҳои хориҷаи Туркия Исроилро ба ҷиноят муттаҳам кард, аммо кишвараш кӯмакрасониро идома медиҳад!

Муовини вазорати корҳои хориҷаи Туркия Исроилро ба ҷиноят муттаҳам кард, аммо кишвараш кӯмакрасониро идома медиҳад! Рӯзи 27 феврали соли 2024 Хабаргузории Анадолу гузориш дод,...
Бештар
ads