Чаро Бани Исроил лаънат карда шуд?
لُعِنَ الَّذِينَ كَفَرُواْ مِن بَنِي إِسْرَائِيلَ عَلَى لِسَانِ دَاوُودَ وَعِيسَى ابْنِ مَرْيَمَ ذَلِكَ بِمَا عَصَوا وَّكَانُواْ يَعْتَدُونَ ، كَانُواْ لاَ يَتَنَاهَوْنَ عَن مُّنكَرٍ فَعَلُوهُ لَبِئْسَ مَا كَانُواْ يَفْعَلُونَ ، تَرَى كَثِيراً مِّنْهُمْ يَتَوَلَّوْنَ الَّذِينَ كَفَرُواْ لَبِئْسَ مَا قَدَّمَتْ لَهُمْ أَنفُسُهُمْ أَن سَخِطَ اللّهُ عَلَيْهِمْ وَفِي الْعَذَابِ هُمْ خَالِدُونَ ، وَلَوْ كَانُوا يُؤْمِنُونَ بِالله والنَّبِيِّ وَمَا أُنزِلَ إِلَيْهِ مَا اتَّخَذُوهُمْ أَوْلِيَاء وَلَـكِنَّ كَثِيراً مِّنْهُمْ فَاسِقُونَ
«Аз Бани Исроил, онон, ки кофир шуданд, ба забони Довуд ва Исо ибни Марям лаънат шуданд ва ин лаънат ҷазои исён ва таҷовузашон буд. Аз кори зиште, ки мекарданд, якдигарро манъ намекарданд ва албатта бадкорӣ мекарданд. Бисёре аз онҳоро мебинӣ, ки бо кофирон дӯстӣ меварзанд. Ба даст он чӣ пешопеш барои худ фиристоданд. Хашми Худо бар онҳост ва дар азоби ҷовидонаанд. Агар ба Худо ва Паёмбар ва он чӣ бар ӯ нозил шуда имон оварда буданд, кофироонро ба дӯстӣ намегирифтанд, вале бештарашон фосиқонанд.” (5:78-81)
Онҳо лаънат карда шуданд, зеро:
1 — итоат накарданд ва сарҳадҳоро гузаштанд;
2 — якдигарро аз амалҳои нафратовари содиркардаашон бознамедоштанд;
3 — бо кофирон дӯстӣ мекарданд.
Аммо оё ин танҳо ба Бани Исроил дахл дорад? Ё ба ҳар миллате, ки чунин рафтор мекунад тааллуқ дорад?
Оё агар мо ба Худо нофармонӣ кунем, якдигарро аз амалҳои ношоиста бознадорем ва бо кофирон дӯстӣ варзем, ҳамон тақдир моро низ пеш меояд?
Оё ҳокимони мо, агар ҳамаи ин хислатҳои бадро дошта бошанд ва агар онҳо монеъи ҳукмронии Ислом дар рӯи замин шаванд лаънат карда намешаванд?
Худои таоло нисбати олимоне, ки ба ин ҳокимон содиқанд ва нисбати ин се сифат, бе он ки онҳоро манъ накардаанд, аз қабили паҳни рибо, зино ва қонунҳои куфр, хомӯшанд, чист?
Оё нагуфтани ҳақиқат бо шайтони гунг қиёс намешавад? Онҳое, ки ҳокимонро дар зулм ва фисқу фасод дастгирӣ мекунанд, кӣ хоҳанд буд?
Алҳамдулиллоҳ, дар байни мусалмонон олимоне ҳастанд, ки худро бо ҳокимон наздик намегиранд ва гарчанде, ки бисёрии онҳо дар зиндонҳо ранҷ мекашанд ва ё гуреза аз мамлакат ҳастанд, бо вуҷуди ин бар зидди бадиҳои ҳокимон хомӯш намеистанд. Оре, онҳо ҳанӯз вуҷуд доранд, вагарна, Уммати мо нобуд ва лаънат карда мешуданд. Ин сатрҳо ба олимоне, ки дар паҳлӯи ҳокимон истодаанд, панде бояд бошад, ки дар онҳо ҳар се хислати бад таҷассум ёфтааст. Ҳамон хислатҳое, ки боиси лаънати Бани Исроил шудаанд. Умедворам, ки ин донишмандон дарси ибрат мегиранд ва хатари корҳояшон, яъне дастгирии ҳокимон ва дар бадии онҳо хомӯш буданро мефаҳманд.
Мо аз Аллоҳ дуо карда мепурсем, ки ҳамаи моро ба дастурҳои одилона гӯшдиҳанда гардонад!
Махсусан барои радиои Дафтари марказии иттилоотии Ҳизби Таҳрир.
Доктор Фараҷ Мамдух
27 Муҳаррами 1443 ҳиҷрӣ
09/04/2021