CEDAW — нақшаи нави Ғарб барои паст кардани рӯҳия ва ахлоқи занони муслима аст

hizb-tojikiston.info hizb-tojikiston.info

CEDAW — нақшаи нави Ғарб барои паст кардани рӯҳия ва ахлоқи занони муслима аст

فَلْيَأْتُوا بِحَدِيثٍ مِّثْلِهِ إِن كَانُوا صَادِقِينَ ٣٤ أَمْ خُلِقُوا مِنْ غَيْرِ شَيْءٍ أَمْ هُمُ الْخَالِقُونَ ٣٥ أَمْ خَلَقُوا السَّمَاوَاتِ وَالْأَرْضَ ۚ بَل لَّا يُوقِنُونَ ٣٦ أَمْ عِندَهُمْ خَزَائِنُ رَبِّكَ أَمْ هُمُ الْمُصَيْطِرُونَ ٣٧ أَمْ لَهُمْ سُلَّمٌ يَسْتَمِعُونَ فِيهِ ۖ فَلْيَأْتِ مُسْتَمِعُهُم بِسُلْطَانٍ مُّبِينٍ

 Пас, сухане монанди Қуръон биёваранд, агар ростгӯй бошанд дар даъвоҳояшон, (ки Муҳаммад онро аз назди худ бофтааст). Оё онон аз ҳеҷ офарида шудаанд ё худ офаринандаи хешанд? Оё онон осмонҳо ва заминро офаридаанд? [На] Балки онон яқин надоранд [ки Аллоҳ таоло офаринандаи мутлақ аст] Ё хазинаҳои Парвардигорат назди онҳост? Ё бар чизе тасаллут ёфтаанд? (ҳукумат ёфтаанд). Ё нардбоне доранд, ки аз он боло мераванд ва гӯш меандозанд? Пас он касе, ки гӯш андохта бошад, ҳуҷҷате ошкор биёварад.”  (52:34-38)

Ғарб аз замонҳои қадим муборизаи зидди қудрати Ислом ва мусулмононро қатъ накардааст. Аз ин рӯ, соли 1906 миссионери амрикоӣ Сэмюэл Цвемер чунин изҳор дошт: «Ҳадафи кори миссионерӣ на танҳо насроникунии мусалмонон, балки озодкунии қалбҳои онҳо аз имон аст. Беҳтарин роҳи расидан ба ин, фирефтани зани мусалмон бо ҳар восита аст , зеро маҳз ҳамин чиз метавонад мавқеи моро дар тағйир додани ҷомеаи Исломӣ ва ҷудо кардани он аз арзишҳои динӣ иваз кунад.”

Вақте Ғарб дарёфт, ки қувваи Ислом ва мусалмонон дар фикру ақидаи Исломӣ, ва ҷаҳонбиние, ки аз он сарчашма мегиранд, аст, пас ба муборизаи идеологӣ даст зад. Аз ин лиҳоз, ӯ ба ҳамлаи фарҳангӣ барои таҳрифи фикру ақидаи исломӣ ва Шариатро ба номуносибӣ муттаҳам кардан шурӯъ кард.

Бо ин Ғарб барои аз байн бурдани ҳукмронии исломӣ тараддуд кард, бо таъкиди  риояи ҳатмии ибодоти фардӣ (намоз, рӯза, закот ва ғ.) ақлу қалби мусулмононро аз фикрҳои сиёсат ҳукмронӣ дур карданӣ шуд. Ба дараҷае расид, ки Ғарб онро озодии фард номида, ба ин васила онҳоро бо расму оинҳои мушрикон (ҳиндуҳо, буддоиҳо) ва аҳли китоб (насрониву яҳудиён) баробар кард. Ин кор барои он карда шуд, то ки мусулмонон, бахусус занон, тарзи зиндагии ғарбиро писандида, онро баланд бардоранд, ба рохи кофирон бираванд ва онҳоеро, ки ба ин мухолифанд, «ифротгаро», «террорист» ва «реакционер» номида шаванд.

Ғарб то имрӯз тавонист фитнаҳои худро дар ин бархӯрди ақидавӣ тавассути режимҳои золими ҷаҳони Ислом амалӣ созад. Ин режимҳо амалҳои зеринро иҷро карданд:

  • Барномаҳои таълимие, ки дар заминаи дунявӣ ва аврупоӣ ба хотири ба воя расонидани насли фарзандони мусалмон, ки аз дини худ огоҳ нестанд таҳия шудаанд.
  • Сарқонунҳои мустамликадорон кор карда баромадаро ба амал бароварданд. Ин Дустурҳо амалӣ гардондани нақшаҳо ва манфиатҳои Ғарбро кафолат медоданд.
  • Онҳо иқтисод, сиёсат ва ҳарбии гегемонияи Ғарбро тавассути имзои созишномаҳои байналмилалӣ дароварданд. Ғарб ва режимҳои ҳукмрон кӯшиданд, то мардуми мусалмонро ғулом кунанд, ба сарватҳои онҳо дастрасӣ пайдо кунанд, онҳоро аз ободӣ ва амният маҳрум созанд, ваҳдатро пароканда, муқаддасотро таҳқир ва заминҳоро ишғол намоянд.

Режимҳои мустабиди ғарбгаро низ барои таҳриф ва аз байн бурдани Ислом, аз ВАО истифода карда, аз ақидаи Исломӣ сар карданд, сипас, ба қонунҳои он гузаштанд. Бо ин кор мехостанд дар зеҳни занони мусалмон тухми фарҳанги ғарбӣ, нигоҳ ва арзишҳои онро бикоранд. Дар сарзамини мусулмонон созмонҳои гуногуне таъсис ёфтанд, ки ҳимояи ҳуқуқи занону кӯдаконро иброз мекарданд. Ин созмонҳо дар бораи ҳифзи оила, мубориза бар зидди хушунати хонаводагӣ, дар бораи дастгирии психологӣ ба занон, дар бораи мустақилии моддии занон, дар бораи роҳ надодан ба табъиз нисбати занон, дар бораи баробарии гендерӣ дар ҳама ҷой, аз ҷумла дар сиёсат шиорҳо бардоштанд. Аммо дар паси ин шиорҳо созмонҳои ғарбӣ идеяҳои куфрро пинҳон кардаанд, ки як ҳадаф доранд, ин ҳам бошад мубориза бо Ислом аст. Дар ҳамаи ин мубориза роли Воситахои Ахбори Омма охирин набуд. Ҳамин тавр, расонаҳо Исломро ҳамчун дине нишон доданд, ки занонро табъизу саркӯб мекунад. Онҳо бо муболиға “танҳо модели тарзи ҳаёти ғарбӣ намунаи пайравӣ аст,  зеро он озодӣ ва баробарии ҷинсҳоро рӯёб мекунад,” – гуфта нишон доданд.

Бо ин онҳо мехостанд нишон диҳанд, ки модели ғарбӣ ба занони мусалмон имкон медиҳад, ки ҳуқуқҳои “пахшшудаи”-и худро дифоъ кунанд, иродаи “дуздидашудаи”-и худро дубора ба даст оранд, мустақил гарданд, имкониятҳоро васеъ кунанд ва барои дарёфти ризқу рӯзӣ бо мардон рақобат кунанд. Бо ин кирдораш капитализм тавонист, ки занонро аз хона ба бозори меҳнат бароварад, то аз ҳисоби зебоии мафтункунандаи онҳо манфиатҳои иқтисодиро пеш барад. Инчунин, расонаҳо мардонро ҳамчун истисморгар, золим, ноинсоф карда нишон доданд, новобаста аз он ки онҳо падар, бародар ё шавҳар бошанд. ВАО ба ниҳоди никоҳи шаръӣ ҳамла карда, ба ҷои ин ниҳоди никоҳи шаҳрвандиро пешниҳод карданд.

Аммо никоҳи шаҳрвандӣ меъёрҳое чун маҳру иддаро истисно мекунад, синни издивоҷро ба таъхир меандозад, нақши модарро дар ҷомеа коҳиш медиҳад ва ба васеъшавии зино ташвиқ мекунад. Издивоҷи шаҳрвандӣ итоат ба шавҳар, ва насиҳати падарро бадном мекунад. Ҳамчунин, Ғарб бо ҳар гуна услубҳои  сохтакорӣ, фиреб, дурўғ, аз ҷумла, дар масъалаҳои бисёрзанӣ, мерос, шоҳидии зан кор мебарад. Ғарб мекӯшад, то қонунҳоеро, ки ҳифзи шаъну шараф ва ҳуқуқҳои занро кафолат медиҳанд, аз ҳаёти зан хориҷ кунад …

Ҳамаи ин ба хотири омода кардани кишварҳои мусалмонӣ ба қабули қонунҳои Ғарб ба ҷои қонунҳои Ислом ва ҳамчунин эълон кардани он, ки занони муслима ба созишномаҳо ва конвенсияҳое ниёз доранд, ки ҳифзи ҳуқуқҳои онҳоро кафолат медиҳанд. Яке аз онҳо созишномаи CEDAW мебошад.

CEDAW — Конвенсия оид ба барҳам додани ҳама шаклҳои табъиз нисбати занон:

CEDAW аз ҷониби Маҷмаи Умумии СММ соли 1979 қабул шудааст. Ин ҳуҷҷат як фишанги фишор ба кишварҳои мусалмонӣ гардид, то онро қабул кунанд, сиёсати худро дар асоси он бунёд кунанд ва танҳо баъди ин ба онҳо дар шакли қарзҳои фоизнок ёрии иқтисодӣ расонида шуд. Ғарб бо ёрии CEDAW талош дорад, то мусалмононро аз дин дур созад, вагарна Ислом бори дигар мусалмононро ба бузургӣ ва мақоми қаблии худ дар арсаи ҷаҳонӣ бармегардонад.

Моддаҳои CEDAW ва мухолифати онҳо ба Ислом:

Ин конвенция ба принсипҳои баробарҳуқуқии хар ду ҷинс, бекор кардани хамаи конунҳое, ки ба ақидаи мамлакатҳои Ғарб ҳуқуқи занонро поймол мекунанд, асос ёфтааст. Ғарб кишварҳои мусалмониро вазифадор кардааст, ки додгоҳҳо ва ниҳодҳои дигари ҳукуматӣ таъсис диҳанд, то ҳимояти муассири ҳуқуқи занонро на танҳо “табъиз дар заминаи ҷинс” балки аз ҳама шаклҳои табъиз таъмин кунанд, . Вай ӯҳдадор кард, ки аз тарафи ҳар як шахс, ташкилот ва корхона барҳам додани ҳамаи шаклҳои поймолкунии занонро таъмин намоянд. Давлатҳои имзокунанда вазифадоранд, ки дар ҳар чор сол ба Кумитаи Конвенсия дар бораи чораҳои андешидаашон барои иҷрои ӯҳдадориҳои шартномаи худ гузориш диҳанд.

Намоёнтарин мухолифатҳои Шариат моддаҳои зерини CEDAW мебошанд:

— Дар моддаи 2-и Конвенсия омадааст, ки давлатҳои узв вазифадоранд ҳама қонунҳо, муқаррарот, урфу одатҳо, расму оинҳоро, ки табъизи занонро доранд, ҳатто агар онҳо ба принсипҳои динӣ асос ёфта бошанд ҳам, бекор кунанд. Аммо чунин мавкеъ хилофи Шариат аст. Аз ин рӯ, тибқи ҳукми Ғарб, ҳама қонунҳои шаръии марбут ба зан ботил дониста мешаванд, яъне истинод ё такя ба онҳо нодуруст аст, аз ин рӯ Конвенсия Исломро ҳамчун ақида ва низом лағв кардааст. Аммо Аллоҳи Таъоло фармудааст:

فَلاَ وَرَبِّكَ لاَ يُؤْمِنُونَ حَتَّىَ يُحَكِّمُوكَ فِيمَا شَجَرَ بَيْنَهُمْ ثُمَّ لاَ يَجِدُواْ فِي أَنفُسِهِمْ حَرَجًا مِّمَّا قَضَيْتَ وَيُسَلِّمُواْ تَسْلِيمًا

“На! Савганд ба Парвардигорат, [эй Муҳаммад] ки онон имон намеоваранд, магар ин ки дар ихтилофоташон туро довар қарор диҳанд ва аз доварии ту дар дили хеш эҳсоси нороҳатӣ накунанд ва комилан таслим бошанд.”  (4:65)

— Моддаи 16, моддаи хатарноктарини ин Конвенсия мебошад. Дар он як бастаи зиддишаръӣ мавҷуд аст. Дар ҳоле ки давлатҳои иштирокчӣ барои рафъи табъиз нисбати занон дар ҳама масъалаҳои марбут ба муносибатҳои никоҳ ва оилавӣ тамоми чораҳои заруриро меандешанд, аз ҷумла баробарҳуқуқии байни мардон ва занонро низ таъмин мекунанд:

а) баробарҳуқуқӣ барои ақди никоҳ;

б) баробарҳуқуқиву ӯҳдадориҳо дар давраи ақди никоҳ ва ҳангоми бекор кардани он;

в) баробарҳуқуқӣ ва ӯхдадориҳои якхелаи мардон ва занон ҳамчун волидайн, сарфи назар аз вазъи оилавии онҳо дар масъалаҳои вобаста ба кӯдакон; дар ҳама ҳолатҳо манфиатҳои кӯдакон бартарӣ доранд;

г) баробарҳуқуқӣ барои озодона ва масъулиятнок қарор қабул кардани шумор ва фосилаи таваллуди кӯдакон ва дастрасӣ ба иттилоот, таҳсил ва воситаҳое, ки ба онҳо имкон медиҳад, ки ин ҳуқуқро амалӣ созанд;

д) баробарҳуқуқӣ ва ӯҳдадории якранг оид ба васӣ, парастор, вакил ва фарзандхонди кӯдакон ё иҷрои вазифаҳои шабеҳе, ки дар қонунгузории миллӣ пешбинӣ шудаанд; дар ҳама мавридҳо манфиатҳои бачагон бартарӣ доранд.

Аз зиддиятҳои мавҷуда мо баъзе аз хатарноктарини онҳоро қайд мекунем:

  • Бекор кардани валӣ. Ба эътиқоди Ғарб, чун мард валие надорад, зан ки бо мард баробар аст, ин маънои онро дорад, ки зан ҳам набояд валие дошта бошад! Аз ин рӯ, ҳама гуна валигӣ ва сарпарастӣ аз болои занон бояд бекор карда мешавад. Кас эҳсос мекунад, ки валигӣ ва парасторӣ ба зан гӯё барои ҳукмронӣ ба зан тарҳрезӣ шуда бошад, на барои он ки кору бори занон ва масъулияти ӯро ба дӯш гирифта шавад. Ин нофаҳмӣ аз идеяи ғарбӣ дар бораи баробарии мутлақи байни мардон ва занон ба вуҷуд омадааст. Дар мавриди муносибати зану мард духтареро, ки барои ба шавҳар баромадан бо каси дилхосташ, (новобаста аз динаш) аз валиаш иҷоза мепурсад, назари ғарбӣ намеписандад. Аммо Расули Худо (с.а.в.) фармудаанд:

أَيُّمَا امْرَأَةٍ نُكِحَتْ بِغَيْرِ إِذْنِ وَلِيِّهَا فَنِكَاحُهَا بَاطِلٌ فَنِكَاحُهَا بَاطِلٌ فَنِكَاحُهَا بَاطِلٌ

«Агар зане бе иҷозати валии худ издивоҷ кунад, никоҳаш ботил аст, ботил аст, ботил аст…» (ал-Ҳоким).

  • Насаби фарзандони фарзандхондшударо ба модари фарзандхонда нисбат додан. Аммо Аллоҳи Таъоло мефармояд:

ادْعُوهُمْ لِآبَائِهِمْ هُوَ أَقْسَطُ عِندَ اللَّهِ

«Онҳоро [фарзандхондагон] ба номи падарашон бихонед» (33:5).

  • Манъи бисёрзанӣ, зеро он хилофи, баробарҳуқуқист. Аммо Аллоҳи Таоло мефармояд:

فَانكِحُوا مَا طَابَ لَكُم مِّنَ النِّسَاءِ مَثْنَىٰ وَثُلَاثَ وَرُبَاعَ

“аз занон ҳар чӣ шуморо писанд афтад, ду-ду ва се-се ва чаҳор-чаҳор ба никоҳ, дароваред.” (4:3)

  • Бекор кардани идда пас аз талоқ ва марги шавҳар, то баробарии байни ҷинсҳо бошад, зеро мард пас аз талоқ аз зан ё марги ӯ иддаро риоя намекунад. Аммо Аллоҳи Таъоло фармудааст:

وَإِذَا طَلَّقْتُمُ النِّسَاءَ فَبَلَغْنَ أَجَلَهُنَّ

“Ва чун занонро талоқ додед ва ба поёни иддаи худ наздик шуданд,” (2:231)

  • Барҳам додани қивомати (бартарӣ, сарпараст) мардон нисбат ба оила. Аммо Аллоҳ таоло мефармояд:

الرِّجَالُ قَوَّامُونَ عَلَى النِّسَاءِ بِمَا فَضَّلَ اللَّهُ بَعْضَهُمْ عَلَىٰ بَعْضٍ وَبِمَا أَنفَقُوا مِنْ أَمْوَالِهِمْ ۚ فَالصَّالِحَاتُ قَانِتَاتٌ حَافِظَاتٌ لِّلْغَيْبِ بِمَا حَفِظَ اللَّهُ ۚ وَاللَّاتِي تَخَافُونَ نُشُوزَهُنَّ فَعِظُوهُنَّ وَاهْجُرُوهُنَّ فِي الْمَضَاجِعِ وَاضْرِبُوهُنَّ ۖ فَإِنْ أَطَعْنَكُمْ فَلَا تَبْغُوا عَلَيْهِنَّ سَبِيلًا ۗ إِنَّ اللَّهَ كَانَ عَلِيًّا كَبِيرًا

“Мардон аз он ҷиҳат, ки Худо баъзеро бар баъзе бартарӣ додааст ва аз он ҷиҳат, ки аз моли худ нафақа медиҳанд, бар занон сардорӣ доранд. Пас занони шоиста фармонбардоранд ва дар ғайбати шӯй афифанд (пок) ва фармони Худоро нигоҳ медоранд. Ва он занонро, ки аз нофармонияшон бим доред, панд диҳед ва аз хобгоҳашон дурӣ кунед ва бизанедашон. Агар фармонбардорӣ карданд, аз он пас дигар роҳи зулм пеш нагиред. Ва Худованд баландпояву бузург аст!  (4:34)

  • Баланд бардоштани синни издивоҷ.
  • Ҳоло аз синни 18-солагӣ издивоҷ кардан мумкин аст, аммо онҳо мехоҳанд синну солро баъди 21 муайян кунанд. Аммо Паёмбар (с.а.в.) фармуданд:

يَا مَعْشَرَ الشَّبَابِ مَنْ اسْتَطَاعَ مِنْكُمْ الْبَاءَةَ فَلْيَتَزَوَّجْ فَإِنَّهُ أَغَضُّ لِلْبَصَرِ وَأَحْصَنُ لِلْفَرْجِ وَمَنْ لَمْ يَسْتَطِعْ فَعَلَيْهِ بِالصَّوْمِ فَإِنَّهُ لَهُ وِجَاءٌ

«Эй ҷавонон! Аз шумо, касе ки тавони зан гирифтанро дорад, бигузор издивоҷ кунад, зеро ин барои поён кардани нигоҳ ва ҳифз кардани узвҳои ҷинсӣ кӯмак мекунад. Ва онон, ки издивоҷ карда наметавонанд, бигузор рӯза гиранд. Ҳамин тавр, метавонад шаҳвати худро зер кунанд.» (Бухорӣ, Муслим).

Ин Конвенсия ба духтарони ҷавон иҷозат медиҳад, ки ба зино машғул шаванд, бо кадом ҷинсе ки набошад, алоқаи ҷинсӣ кунанд. Ва ҳамзамон дар як қатор кишварҳои ғарбӣ мехоҳанд қонунеро дар бораи иҷозаи алоқаи ҷинсӣ дар синни 12-солагӣ тасвиб кунанд.

  • Ба занҳо ҳуқуқи ихтиёрдории ҷисми худро додан, яъне таваллуди кӯдаконро тавассути исқоти ҳамл назорат мекунанд. Аммо Аллоҳи Таъоло мефармояд:

وَلَا تَقْتُلُوا أَوْلَادَكُمْ خَشْيَةَ إِمْلَاقٍ ۖ نَّحْنُ نَرْزُقُهُمْ وَإِيَّاكُمْ ۚ إِنَّ قَتْلَهُمْ كَانَ خِطْئًا كَبِيرًا

«Ва фарзандонатонро аз бими тангдастӣ накушед. Мо ба эшон ва шумо рӯзӣ мебахшем. Яқинан куштани онҳо ҳамвора гуноҳи бузург аст.» (17:31)

  • Маҳдуд кардани ҳуқуқи шавҳар ба алоқаи ҷинсӣ. Агар зан ба наздикии шаҳвонӣ розӣ набошад, наздикӣ «таҷовуз ҳангоми никоҳ» маҳсуб мешавад ва ҷарима ё зиндонро пешбинӣ мекунад. Аммо Аллоҳи Таоло мефармояд:

نِسَاؤُكُمْ حَرْثٌ لَّكُمْ فَأْتُوا حَرْثَكُمْ أَنَّىٰ شِئْتُمْ

“Занони шумо [дар ҳукми] киштзоре барои шумо ҳастанд, пас, ҳар гуна ки мехоҳед ба киштзори худ дароед” (2:223)

Ҳамчунин аз Абуҳурайра (р) ривоят аст, ки: «Паёмбар (с.а.в.) фармуданд:

إذَا دَعَا الرَّجُلُ امْرَأَتَهُ إِلَى فِرَاشِهِ فَأَبَتْ فَبَاتَ غَضْبَانَ عَلَيْهَا لَعَنَتْهَا الْمَلَائِكَةُ حَتَّى تُصْبِحَ

«Агар марде занашро ба бистари ҳамхобагӣ даъват кунад ва он зан [бе сабаби узрнок аз дидгоҳи Шариат] аз омадан сарпечӣ кунад ва шавҳар хашмгин шуда,  хоб равад, фариштагон то саҳар ӯро лаънат мекунанд». Бухорий, Муслим.

Ҳамин тариқ, CEDAW эътирофи қонунҳоеро, ки бар капитализм асос ёфтааст, талаб мекунад. Агар ин қонунҳо некие медоштанд, зани ғарбӣ ҳаракатҳои феминистиро ба вуҷуд намеовард, то овозашро шунида шуда, ҳуқуқ ва шаъну шарафаш ҳифз карда шавад. Капитализм валиро кабул намекунад ва бо ҳамин занро аз парасторӣ ва ғамхроии падар ва аз сарпарастии шавҳараш маҳрум мекунад, аз ҳуқуқи таъминоти моддӣ маҳрум мекунад. Капитализм хислатҳоеро, ки ба зану шавҳар хосанд рад мекунад.  Муҳаббат ва меҳру шафқате, ки нисбат ба ҳамдигар доранд, халалдор мекунанд. Чунин бархӯрд ба соҳибони имони заиф бо баҳонаи озодӣ,  барои сӯиистифода аз шаъни занон дарбозаеро боз мекунад. Айни замон Ислом эътиқод дорад, ки шарафи зан бояд ҳифз шавад.

CEDAW роҳҳои ҳалли самарабахши мушкилоти мавҷуда, аз қабили гуруснагӣ, камбизоатӣ, табобати бемориҳо, кушторҳо, беадолатӣ, муноқишаҳои мусаллаҳонаро, ки ба ҳукмронии капитализм асос ёфтааст, баррасӣ накардааст. Аммо ин ҳама гуфтаҳои зикршударо зане, ки ҳам дар Ғарб ва ҳам дар Шарқ зиндагӣ мекунад, ба сар мебарад.  Ин Конвенсия аз рӯи Шариат беэътибор аст ва ҳадафаш дур кардани занони мусалмон аз қонунҳои Худованд мебошад, ки аз замони нахустин давлати Исломӣ занонро гиромӣ медорад. Дар замони Давлати Исломӣ Халифа омода буд, ки аскарони худро барои ҳимояи зане, ки мусалмон аст ё не, муҷаҳҳаз кунад.

Бале, воқеан, имрўз дар кишварҳои мусулмонӣ байни зану мард мушкилиҳо вуҷуд дорад ва сабаби ин хомӯшии олимон аст. Охир, аксари нигоҳҳое, ки муомалаҳои зану мардро тезутунд мекунанд, ё аз фарҳанги ғарбӣ ва ё аз урфу одатҳои ғайриисломӣ сарчашма мегиранд. Дар натиҷа, ин ба ҷомеа ва институти оила таъсири манфӣ мерасонад. Дар бораи судҳои дунявӣ, ки вазъро боз ҳам тезутундтар мегардонанд, ҳоло сухан нагуфтаем.

Агар мусулмонон Давлати пурқуввати худро медоштанд, ки дар он Дустур ва қонунҳо аз ваҳйи Илоҳӣ сарчашма мегиранд, кофирон ҷуръат намекарданд, ки занони муслимаро озор диҳанд. Имрӯз дар сарзамини мусалмонон ҳузури мустамликадори ғарбӣ яке аз мушкилоти тақдирсоз аст, аз ин рӯ, масъалаи ҳаёт ва мамот ба он дахл дорад. Аз ин рӯ, дар бораи қабули ягон моддаи Конвенсия, ки ба ақидаи онҳо ба Ислом зид нест, сухан гуфта ҳам намешавад.

Сабаб ин аст, ки пояи онҳо куфр аст ва он чизе, ки бар куфр асос ёфтааст аст, ҷузъе аз куфр буданро қатъ намекунад. Нуфузи Ғарб танҳо ҳангоми суқути режимҳои ғарбгаро дар ҷаҳони Ислом фурӯ хоҳад рафт. Бо ин гуфтаҳо, мусалмонон бояд дарк кунанд, ки моддаҳои CEDAW дар кишварҳои мусалмонӣ қобили қабул нестанд. Гузашта аз ин воҷиб аст, ки ҳама қонунҳои дунявӣ лағв шаванд ва ба ҷои онҳо қонунҳои Ислом биёянд.

Бояд ёдовар шуд, ки танҳо Давлати Исломӣ лашкари худро барои ҳифзи номуси зан мефиристад. Ҳангоме ки як яҳудӣ ҳиҷоби зани мусалмонро масхара кард,  Паёмбари Худо (с.а.в.) айнан чунин амал карда буданд. Ҳамчунин халифа ал-Мўътасим Билоҳ барои озод кардани як зани муслима лашкар сафарбар карда буд. Имрӯз сармоядорон қӯшунҳои худро танҳо барои қатли бегуноҳон ва ғорати сарватҳо мефиристанд.

Мо дар навбати худ аз Аллоҳи Бузург дуокунон мепурсем, ки дунёро аз режимхои зулм, ва аз ҷабру ситами сармоядорон наҷот дихад, ва барои барпо намудани Хилофати Дуюми Рошида ба мардони самимиву поквичдон нусраташро ато фармояд.

 

Махсус барои Дафтари иттилоотии Ҳизби Таҳрир.

Гадад Муҳаммад Ҳамдӣ – Судан.

Шояд ба шумо писанд ояд

Хабарҳои тоза
post-image Гуногун

Раҳмати Аллоҳ дар дигаргунӣ аст, ғазаби Аллоҳ дар беамалӣ аст

Ҳамроҳ бо ҳадиси шариф Раҳмати Аллоҳ дар дигаргунӣ аст, ғазаби Аллоҳ дар беамалӣ аст Бародарони мӯҳтарам, мо шуморо ба дидори навбатӣ дар барномаи “Ҳамроҳ...
Бештар
ads