Бузургӣ ва иззат — дар риояи шариати Аллоҳ аст
Мэри-Эллен Макгроарти, Мудири Барномаи Ҷаҳонии Ғизои Созмони Милали Муттаҳид дар Афғонистон, дар мусоҳиба бо хабаргузории «Associated Press» ҳушдор дод, ки «беш аз нисфи аҳолии Афғонистон дар зимистони имсола барои таъмини рӯзгори худ муборизаи машаққатнок мебаранд.»
Макгроарти аз ҷомеъаи ҷаҳонӣ даъват кард, ки «бо таъмини идомаи кӯмакҳои чандмиллиарддолларӣ ба кишвари таҳти раҳбарии Толибон аз фалокат канорагирӣ кунанд.»
Дар навбати худ Дафтари иттилооти Ҳизби Таҳрир дар Афғонистон дар нашри баёнияе гуфтааст: «СММ ва ниҳодҳои ғарбӣ бар мардуми Афғонистон тавассути кӯмаки ғизоӣ, ки ваъда шуда буд, як навъ фишори психологӣ ва сиёсӣ, ки оянда шартҳои сиёсиро ба бор меорад, оғоз намуд.»
Дар идомаи он гуфта мешавад: «Қудратҳои мустамликадор бо номи «кӯмакҳои башардӯстона» талош доранд, ба сари ҳокимони кунунии Афғонистон чунин сохтори сиёсӣ ва ҷосусӣ — иктишофиро таҳмил кунанд. Ин имкон намедиҳад, ки сохти низоми исломӣ ва густариши даъвати исломӣ дар берун аз кишвари Афғонистон паҳн шавад.»
Дар изхорот инчунин кайд карда мешавад: «Таърихи ёрии озукаворӣ далели он аст, ки вай хеч гох ба рушду нашъунамоӣ оварда нарасонидааст, балки мудом ба акибмонӣ ва вобастагӣ мубтало кардааст.».
Дар охир таъкид мешавад: «Ислом иҷоза намедиҳад, ки мо аз кишварҳои кофир ва ниҳодҳои мустамлика кӯмакҳои молӣ ва қарз бигирем. Аз ин рў, ягона роҳи раҳоӣ аз мушкилоти иқтисодии имрўза муттаҳид сохтани Осиёи Марказӣ ва Ҷанубӣ дар зери парчами Ислом ва ба маркази Давлати Исломӣ табдил додани Афғонистон аст. Ин ду минтака иқтидори бузурги иктисодй, сиёсй ва ҳарбӣ доранд ва дар сурати муттаҳид шудан ба як Давлати Бузург табдил ёфта метавонанд. Вақти он расидааст, ки марзҳоро аз байн бибарем ва аз сиёсати гадоӣ даст кашем, то якҷоя ба сӯи зиндагии шоиста дар таҳти ҳукмронии исломӣ ҳаракат кунем. Мусулмонони тамоми ҷаҳон мунтазири барқарории ҳукмронии Ислом дар симои Хилофати Дуюми Рошида ҳастанд, ки ҷалоли гумшудаи онҳоро бармегардонад. Ҳукмронии хушунатомез сарзаминҳои исломиро фаро мегирад. Ҳукуматҳои хоин дар ҷанги зидди Ислом ва мусулмонон тарафи душманро гирифтаанд. Онҳо ба мусулмонон зарар расонда, дар асоси сохти капиталистӣ хукмронӣ мекунанд, ки сабаби асосии азобу машаққат ва маҳрумиятҳо мебошад. Оё вақти он нарасидааст, ки мусалмонон ба Ҳизби Таҳрир бипайванданд ва барои истиқрори Хилофат аз рўи минҳоҷи нубувват кор кунанд?! Вақте, ки душманон дар Ғарбу Шарқ барои бозгардонидани Ислом тамоми кўшиши худро ба харҷ медиҳанд, мусулмонон бояд бештар ҳушёртар бошанд ва саъй кунанд, он гоҳ ваъдаи Худо ҳатман амалӣ хоҳад шуд. Худованд мефармояд:
وَعَدَ ٱللَّهُ ٱلَّذِينَ ءَامَنُواْ مِنكُمۡ وَعَمِلُواْ ٱلصَّٰلِحَٰتِ لَيَسۡتَخۡلِفَنَّهُمۡ فِي ٱلۡأَرۡضِ كَمَا ٱسۡتَخۡلَفَ ٱلَّذِينَ مِن قَبۡلِهِمۡ وَلَيُمَكِّنَنَّ لَهُمۡ دِينَهُمُ ٱلَّذِي ٱرۡتَضَىٰ لَهُمۡ وَلَيُبَدِّلَنَّهُم مِّنۢ بَعۡدِ خَوۡفِهِمۡ أَمۡنٗاۚ يَعۡبُدُونَنِي لَا يُشۡرِكُونَ بِي شَيۡٔٗاۚ وَمَن كَفَرَ بَعۡدَ ذَٰلِكَ فَأُوْلَٰٓئِكَ هُمُ ٱلۡفَٰسِقُونَ
«Аллоҳ ба касоне аз шумо, ки имон овардаанд ва корҳои шоиста кардаанд, ваъда дод, ки албатта, дар рӯи замин халифаашон созад, чун мардумеро, ки пеш аз онҳо буданд, халифаашон сохт. Ва динашонро, ки худ барояшон писандида аст, ки Ислом аст, устувор созад. Ва ваҳшаташонро ба эминӣ бадал кунад, ҳар вақте ки Маро мепарастанд ва ҳеҷ чизеро бо Ман шарик намекунанд. Ва онҳо, ки баъд аз ин ношукрӣ варзанд, пас онон фосиқонанд (яъне, хориҷ аз тоати Аллоҳанд).» (24:55)
إِنَّا لَنَنصُرُ رُسُلَنَا وَٱلَّذِينَ ءَامَنُواْ فِي ٱلۡحَيَوٰةِ ٱلدُّنۡيَا وَيَوۡمَ يَقُومُ ٱلۡأَشۡهَٰدُ
«Мо паёмбаронамон ва мӯъминонро дар зиндагии дунё ва дар рӯзи қиёмат, ки шоҳидон барои шоҳидӣ рост меистанд, ёрӣ мекунем.» (24:51)
Расули Акрам (с.а.в.) фармудаанд:
ثُمَّ تَكُونُ خِلَافَةً عَلَى مِنْهَاجِ النُّبُوَّةِ
«Сипас, бар асоси минҳоҷи паёмбарӣ Хилофат мешавад» (Аҳмад).
Дар Хилофат мусулмонон бузургӣ, ободӣ ва иззату ҷалол хоҳанд дошт. Онҳо бо ёрии Хилофат бар душманони худ ғалаба карда, мамлакатҳои худро озод мекунанд».
Шарҳи хабарҳои газетаи «Ар-рая».
19.01.2022