Воқеияти бӯҳрони Украина, миқёс ва ангезаҳои он

hizb-tojikiston.info hizb-tojikiston.info

Воқеияти бӯҳрони Украина, миқёс ва ангезаҳои он

 26 ДЕКАБРИ СОЛИ 2021

Савол:

Санаи 20 декабри соли 2021 шабакаи байналмиллалии телевизионии Ал-Ҷазира дар вебсайти худ хабари зеринро интишор кард: «Дар байни артиши Украина ва ҷудоихоҳон (сепаратистон)-и тарафдори Маскав задухӯрд ба амал омад, ки дар натиҷа ҳарду ҷониб талафот доданд. Котиби Шӯрои амнияти миллӣ ва дифои Украина Алексей Данилов эълон намуда буд ки «бори аввал дар таърихи кишвар нақшаи дифоъи Украина тасдиқ шуд.»  Ин ҳодиса як рӯз баъд аз он ба вуқӯъ пайваст.

Ба гуфтаи ӯ, «дар сурати ҳамлаи нерӯҳои русиягӣ, ин нақша алгоритми муфассали амалиёти тамоми раёсат ва воҳидҳои артишро пешбинӣ мекунад.»  Қаблан Украина Русияро ба он муттаҳам карда буд, ки ӯ беш аз 90 000 сарбозро дар наздикии марзи шарқии Украина ҷойгир намуда,  дар охири моҳи январ ё аввали феврали соли 2022 ба ҳуҷум омодагӣ мебинад.  Дар айни замон, Кремл ҳама нақшаҳои ҳуҷумро рад намуд ва ҳаракати нерӯҳои русияро “кори дохилии Русия номид” (ниг. Ал-Ҷазира, аз 20.12.2021).

Моҳияти бӯҳрони Украина дар чист?  Ҳаҷм ва ангезаҳои он чӣ гуна аст?  Аз ин тезутундшавӣ, чӣ аз тарафи Русия бошад ва чӣ аз тарафи Амрико, чиро интизор шудан мумкин аст?

 Ҷавоб:

Барои ҷавоби возеҳу равшан чизҳои зеринро баррасӣ менамоем:

1 — Заминҳои Украина дар асри 16 дар зери ҳукмронии Русияи подшоҳӣ қарор доштанд.  Русҳо украинҳоро дар мустамликакунии дигар минтақаҳо ва истисмори халқҳои дигар фаъолона ҷалб намуданд.  Аз ин рӯ, халқҳои ғуломшуда дар байни русҳо ва украинҳо, алалхусус агар пайдоиши славянии ҳарду халқ ба ҳисоб гирифта шавад, хеле кам фарқ мегузоштанд.  Бо суқути Иттиҳоди Шӯравӣ дар соли 1991 ва соҳиб шудан ба истиқлолияти худ, Украина дуввумин кишвар дар ҳудуди пасошӯравӣ шуд, ки ҷойгиршавии беҳамто дар шимоли Баҳри Сиёҳ ва аҳолии шумораш калони 52 миллионнафара дорад.

Украина дорои инфрасохтори пуриқтидори саноатӣ буд, ки аз саноати Русия ҳеҷ мондание надошт ва инчунин дорои яке аз бузургтарин арсеналҳои ҳастаӣ мебошад. Дертар, Украина дар асоси созишнома дар бораи роҳҳои халъи силоҳи ҳастаӣ дар Украина, ки моҳи январи соли 1994 аз ҷониби президентҳои Украина, ИМА ва Русия ба ивази ӯҳдадориҳои ИМА ва Русия оид ба ҳифзи тамомияти арзӣ ва истиқлолияти Украина ба имзо расида буд, аз силоҳи ҳастаии худ маҳрум шуд.   Дар тамоми ин муддат миёни Киев ва Маскав дар атрофи флоти баҳри Сиёҳ, ки тибқи шартномаи иҷора дар ҳудуди нимҷазираи Қрими украинӣ дар Севастопол  воқеъ аст ва ҳиссаи асосии онро  Русия мерос бурда буд, гуфтушунидҳои мураккаб ва тӯлонӣ сурат гирифтанд.

2 – Ҳама кӯшишҳои Русия барои ба оғӯши  худ баргардонидани Украина дар ҳамаи низоъҳояш бо Киев бенатиҷа анҷом меёфтанд, хоҳ он масъалаи тақсими флоти баҳри Сиёҳ дар аввалҳои солҳои 90 бошад ё масъалаи шабакаи васеи лӯлаҳои магистралии газ, ки онҳоро Иттиҳоди Шӯравӣ барои интиқоли газ аз ҳудуди Русия ба Аврупо дар дохили Украина гузаронида буд.  Набудани тавофуқ дар масъалаи ахир Русияро водор сохт, ки роҳҳои алтернативӣ, аз қабили «Маҷрои турк» ба воситаи қаъри баҳри Сиёҳ ба қисмати аврупоии Туркия ё «Маҷрои шимолӣ» ба воситаи қаъри  баҳри Балтика ба Олмонро ҷустуҷӯ намояд.

Ғайр аз ин, чунин масъалаҳои тиҷоратӣ, аз қабили талаботи бозори Русия ба шакар ва равғанҳое, ки дар заминҳои ҳосилхези Украина истеҳсол мешуданд, инчунин чунин масъалаҳои сиёсӣ, аз қабили узвияти Украина дар сохторҳои мухталифе, ки Русия барои кишварҳои Иттиҳоди Шӯравии собиқ таъсис додааст, ё саъю кӯшиши Украина барои бастани созишномаи ҳамгироӣ бо Иттиҳоди Аврупо ва дохил шудан ба Эътилофи Атлантикаи шимолӣ (НАТО) масъалаҳои баҳсбарангез мешуданд.  Ҳамаи ин масъалаҳои баҳсбарангези миёни Русия ва Украина монеъ шуданд, ки Русия тайи се даҳсолаи охир, ба  бартарии низомии Русия нигоҳ накарда, назорати худро аз болои Украина аз нав барқарор созад.

3 – Украина аз нуқтаи назари ҷойгиршавии худ, ҳамбастагии миллӣ, динӣ ва таърихӣ, воқеан, ҳамчун як пешайвон, аниқтараш, чун боғи пеши хона барои Русия хизмат мекунад.  Баръакси кишварҳои Осиёи Марказӣ, ки ҳамчун ҳавлии паси хона хизмат мекунанд, Украина чеҳраи Русия ва мавқеи байналхалқии он аст.  Украина қисми зиёди соҳилҳои Баҳри Сиёҳро назорат мекунад ва дар наздикии минтақаҳои исломии Қафқоз қарор дорад, ки Русия дар тӯли тамоми таърих онҳоро ба худ ҳамроҳ карда буд.  Ба шарофати заминҳои ҳосилхези Украина Русия амнияти озуқавории худро бо ашёҳои асосӣ таъмин мекард, ки ин ба русҳо имконият медод, ки худкифоя бошанд ва бо Ғарб муносибатҳои устувор ба роҳ монанд.

Аз қаламрави Украина системаи дуюми интиқоли газ дар Аврупо мегузарад, ки ба Аврупои Шарқӣ газ ва дигар интиқолдиҳандагони энергетикӣ мерасонад.  Аз ҳама муҳим, Украина барои Русияи гирифтори фобияи музмин (хроническая фобия), яъне тарс аз аврупоиҳо дар ҳоли ҳозир охирин минтақаи буферист, ки ду маротиба дар симои Наполеон ва Ҳитлер ба Русия сӯиқасд кардаанд, эҳсоси амниятро эҷод мекунад.  Агар заифии  Иттиҳоди Шӯравӣ Кремлро маҷбур карда бошад, ки он вақт кишварҳои Аврупои Шарқиро тарк намуда, онҳоро ба минтақаи буферӣ табдил диҳад, имрӯз бошад Кремл мехоҳад кишварҳои хориҷи наздик, Украина ва Беларусро ба он минтақаи буферӣ табдил диҳад, ки Русияро аз таҳдидҳои НАТО  ва густариши зерсохтори он ба Шарқ муҳофизат менамояд.  Русия бо тамоми қудраташ ба ҳамроҳ шудани Украина ба НАТО монеъ мешавад ва зидди ҳама гуна дастгирии натовии  Украина мебарояд.  Муовини вазири корҳои хориҷии Федератсияи Русия Сергей Рябков изҳор намуд, ки «дастгирии фаъоли низомии Киев аз тарафи Вашингтон  чолишҳои ҷиддӣ барои амнияти Русия аст» (ниг. «Аl-Ain News» аз 13.04.2021).

4 -Ғарб,  алалхусус — ИМА муаммои сиёсати Русияро фаҳмиданд.  Онҳо инчунин фаҳмиданд, ки Украина барои Русия ба «пошнаи  Ахиллес», яъне ҷои заиф,  табдил ёфтааст. Ин бахусус пас аз фаъолнокшавии ҳаракатҳои миллӣ -радикалии украинӣ ва афзоиш ёфтани муносибати душманона нисбати  Русия дар байни шаҳрвандони Украина маълум гашт.  Бинобар ин, тайи ду даҳсолаи ахир Украина ба маркази набардҳои геополитикии Амрико, Аврупо ва Русия табдил ёфтааст.  Соли 2014, пас аз инқилоби рангаи навбатӣ, ки бо сарнагун шудани раисҷумҳури тарафдори Русия Янукович анҷом ёфт, Маскав чораҳои радикалӣ андешид ва дар ҷануби Украина нимҷазираи Қримро, ки  онҷо дар Севастопол пойгоҳҳои азими низомии Русия, ки дорои аҳамияти стратегӣ мебошанд, аннексия (ба худаш ҳамроҳ) намуд.  Аммо рӯйдодҳо дар ин хат таваққуф накарданд. Маскав дар манотиқи шарқии Украина ҷудоихоҳони тарафдори Русияро ҷалб намуд ва онҳоро водор сохт, ки дар доираи лоиҳаи «Русияи хурд» (Малороссия) РХД (Республикаи Халқии Донбасс) ва РХЛ (Республикаи Халқии Луганск)-ро эълон намоянд, то русҳо тавонанд ба онҳо кӯмаки низомӣ расонанд.

Ҳамаи ин Украинаро аз бағали Русия ба оғӯши Ғарб партофт.  Киев умед пайдо кард, ки НАТО украиниҳоро аз таҷовузи Русия муҳофизат мекунад. Аз ин рӯ ба Эътилофи Атлантикаи Шимолӣ  дохил кардани Украинаро боисрор талаб намуд.  Ғарб, дар навбати худ, тасмим гирифт, ки Украинаро ба худ наздик кунад ва худро дар сурати ҳимоятгар муаррифӣ кардан гирифт.  Украина, бахусус дар замони тезутундшавии бӯҳронҳо бо Русия, сарфи назар аз он, ки он на субъекти Иттиҳоди Аврупо  мебошад ва на узви НАТО, ба вохӯриҳои аврупоӣ ва нишастҳои кишварҳо — узви НАТО даъват карда шуд.  Иёлоти Муттаҳидаи Амрико  ба муҷаҳҳаз кардани артиши украинӣ, бо миллиардҳо доллар кӯмакҳои низомӣ расондан, инчунин  ҳамроҳи нерӯҳои мусаллаҳи Украина гузаронидани машқҳои низомиро оғоз намуд.

5 – Пас аз ишғоли нимҷазираи Қрим Русия таҳти таҳримҳои шадиди Ғарб (аврупоӣ ва амрикоӣ) қарор гирифт.  Русия бошад кӯшиш кард, ки инро бо васеъ кардани равобити иқтисодӣ бо Чин ҷуброн намояд.  Қубури нави содиротӣ барои интиқоли газ ва нафт ба Чин кашида шуд.  Маскав ба Пекин пешниҳод намуд, ки ба сохтмони хатти роҳи оҳан то ба бандарҳои роҳи баҳрии Шимолй оғоз кунад, то ки молҳои Хитой бо ин роҳ бевосита рост ба Аврупо фиристода шаванд, яъне  Русия бо Чин дар чаҳорчӯбаи тарҳи бузурги чинии «Роҳи абрешим» ба ҳамкорӣ ворид шуд. Ғайр аз ин, Русия ба даст кашидан аз захираҳои вомбаргҳои молиявии амрикоӣ шурӯъ кард ва тавонист ба андозаи назаррас тиҷорати худро аз доллари амрикоӣ озод кунад.

Сарфи назар аз он, ки Русия он гуна тоҷири азимҷусса, яъне дорои ҳаҷмҳои бузурги тиҷоратӣ мисле, ки Аврупо ё Чин доранд, нест, аммо Амрико дар амалҳои Русия чолиш ба гегемонияи иқтисодии амрикоӣ ва таҳрики ҷасоратноки давлатҳои дигарро ба чунин амалҳо дид. Чунин дуршавӣ аз асъори амрикоӣ  дар аксари муъомилоти тиҷории Русия дар сурати назаррас пайгирӣ шуд, алалхусус бо Чин, бо роҳи ба ҷои доллари амрикоӣ бо асъори маҳаллӣ пардохт намудан, ки ин  таҳдиди рӯирост ба Амрико мебошад.  Ва ниҳоят, Амрико Русияро дар болоравии нархи газ муттаҳам намуд, ки боиси муаммои нави иқтисодӣ барои Аврупо шуд.

6 – Русия ба Украина аз дидгоҳи таърих, бартарият, иқтисод ва амнияти худ менигарад ва онро ҳамчун як минтақаи буферӣ миёни худ ва НАТО мебинад.  Дар робита ба ин, Маскав ҷойгиршавии нерӯҳои Атлантикаи шимолиро дар Украина “хати сурх” медонад, чи хеле ки оиди он роҳбари Русия изҳор намуд:

“Шумо дар бораи Украина пурсидед, ки ин хатҳои сурх куҷоянд? Онҳо, пеш аз ҳама, дар эҷод кардани он таҳдидҳое барои мо аст, ки аз ин қаламрав бармеоянд, агар ин зерсохтор (НАТО) боз ҳам дуртар густариш ёбад.»

Путин ҳамчунин гуфт: «Русия маҷбур хоҳад шуд, ки як чизи монандеро дар посух ба чунин таҳдид  эҷод кунад.»  Дар посух ба ин раисҷумҳури Амрико гуфт, ки «хатҳои сурх»-и касеро дар мавриди Украина намепазирад (ниг. «NoonPost» аз 04.12.2021).

Ба назар мерасад, ки Русия имрӯз бӯҳрони Украинаро шадидтар намуда, нияти бо Украина хайрухуш кардан ва онро тӯъмаи осон барои Амрико ва НАТО гузоштанро надорад, алалхусус пас аз он, ки Кремл маҷбур шуд таҳримҳои ғарбро таҷриба ва таҳаммул кунад.  Русия фикр мекунад, ки масъалаи асосии рӯзномаи имрӯзаи ИМА мухолифат ба Чин мебошад, ин бошад маънои онро дорад, ки Амрико бори гарони пайвастани Украина ба НАТО-ро аз сабаби харҷи аз ҳад зиёд барои муҳофизати Украина намебардорад. Зеро ин метавонад ба қувваи Америка дар муқобили Чин дар Шарқи Дур таъсир расонад.

Русия инчунин ба Аврупо, ки аз лиҳози низомӣ аз он пасттар меистад ва аз интиқолдиҳандаҳои энержии Русия хеле вобаста аст, аҳамияти калон намедиҳад.  Зоҳиран, дар Кремл гумон мекунанд, ки муҳити имрӯзаи байналхалқӣ барои муваффақ шудан дар масъалаи Украина барои Русия мусоид аст.  Маҳз аз ҳамин сабаб, Сергей Лавров, вазири умури хориҷии Русия ҷуръат кард, ки ба ҳамтои амрикоии худ Энтони Блинкен бигӯяд, ки Маскав ба “кафолатҳои дарозмуддати амниятӣ дар марзҳои ғарбии Русия” ниёз дорад, ки васеъшавии НАТО-ро ба самти шарқ бозмедоранд ва афзуд, ки ин “ҳамчун талаби ҳатмӣ дида баромада шавад”. (ниг. «Al-Wasat» аз 02.12.2021).

7 — Ин аст воқеи имрӯзаи талаботҳои ҷониби Русия, ки дар паси шиддат ёфтани бӯҳрони имрӯзаи Украина қарор дорад.  Русия мебинад, ки чӣ гуна Ғарб Украинаро бештар ва бештар мусаллаҳ мекунад ва фикр мекунад, ки Украинаро пас аз мустаҳкам кардани артиши украинӣ ба саркӯб ва комилан аз байн бурдани ҷудоихоҳони тарафдори Русия дар шарқи Украина ва баъд аз он- ба ҳамлаи низомӣ ба нимҷазираи Қрим тела медиҳад.  Ин ҳама, ба фикри Кремл, таҳдиди рӯирост ба Русия мебошад.

«Таъмини Украина бо чархболҳо, ҳавопаймоҳои бесарнишин ва ҳавопаймоҳо мақомоти Украинаро ба қадамҳои шадид ва хатарнок тела медиҳанд… Аммо, ҳамагуна иғвогариҳои мақомоти Украина барои бо роҳи зӯроварӣ ҳал кардани мушкилоти Донбасс пахш карда мешаванд», — изҳор дошт сардори Ситоди генералии Қувваҳои Мусаллаҳи Русия Валерий Герасимов санаи 9 декабри соли 2021 дар брифинг дар назди атташеҳои низомии давлатҳои хориҷӣ (ниг. «RT» аз 09.12.2021).

Аз ин рӯ, тезу тундшавии феълии бӯҳрон аз он шаҳодат медиҳад, ки Русия дар навбати аввал, саъйю кӯшиш дорад, тамоми шубҳаҳоро дар бораи он, ки нимҷазираи Қрим ба ҳайати Русия табдил ёфтааст аз байн барад ва онро ҳамчун як факти комилан анҷомёфта бо эътирофи байналхалқӣ аз ҷониби Амрико ва Аврупо мустаҳкам намояд. Дар навбати дуюм, Маскав истиқлолияти вилоятҳои шарқии Украинаро аз ҳокимияти Киев мехоҳад, бо назардошти он ки ин қаламравҳоро сарзаминҳои аҷдодии Русия медонад. Дар навбати сеюм, Русия аз ҳама бештар зидди пайвастани Украина ба НАТО мебарояд ва кафолати хаттӣ талаб дорад, ки ин кор ба амал намебарояд. Бахусус, машқҳои муштараки низомии НАТО ва нерӯҳои мусаллаҳи Украина дар Баҳри Сиёҳ боиси ташвиши ҷиддии Русия гардид. Он замон президенти Русия Владимир Путин изҳор дошт:

«Охирон умуман аз тамоми меъёрҳои қобили қабул берун мебарояд…  дар масофаи 20 километр аз сарҳади давлатии мо бомбаандозҳои стратегӣ парвоз доранд… Нигарониҳо ва огоҳиҳои мо оиди густариши НАТО ба шарқ комилан нодида гирифта шуданд… Шарикони ғарбии мо  бо таъмин кардани Киев бо яроқу аслиҳаи хозиразамони марговар, бо гузаронидани манёврҳои иғвогаронаи ҳарбӣ дар баҳри Сиёҳ ва инчунин дар дигар минтақаҳое, ки ба сарҳадҳои мо наздиканд,  вазъиятро тезутунд менамоянд».

(ниг. Al-Jazeera, аз 18/11/2021c).

8 – Амрико ба дархости Русия дар бораи мулоқоти дуҷониба дар шакл(формат)-и онлайнӣ миёни президентҳои Русия ва Амрико ҷавоб дод.  Музокироти ду президент дар шакли онлайнӣ 7 декабри соли 2021 баргузор шуд.  Мавзӯи аслии гуфтугӯҳо, пеш аз ҳама, бӯҳрони Украина ва баъдан масъалаҳои дигар буд.  Дар ҷараёни музокира Русия боисрор аз Амрико дархост намуд, ки «хатти сурх»-и оиди Украина кашидаи Кремлро эътироф кунад, аммо Амрико бошад, танҳо бо ҳушдор додан дар бораи таҳримҳои иловагӣ алайҳи Русия дар сурате, ки охирон ба ҳамла ба Украина ҷуръат намояд, маҳдуд шуд.  Ҷо Байден дар шарҳи гуфтугӯи онлайнии худ бо Владимир Путин гуфт, ки ИМА бо сабаби тезу тунд шудани вазъият миёни Маскав ва Киев имконияти ҷойгиркунии нерӯҳоро дар Украина баррасӣ наменамояд.  Ҳамзамон ӯ қайд намуд, ки дар сурати ҳамлаи низомӣ ба Украина, Русия бо паёмадҳои бесобиқаи иқтисодӣ дучор хоҳад шуд.

Ҳанӯз қабл аз баргузории нишаст мақомоти расмии амрикоӣ Русияро бо вазнинтарин таҳримҳои иқтисодӣ, ки то ҳанӯз алайҳи   кишварҳо татбиқ шудаанд, таҳдид карданд, хабар медиҳад Reuters.  Ба навиштаи нашрия, онҳо бо Олмон оиди бастани лӯлаи газгузарони «Маҷрои шимолии 2» дар сурати ҳамлаи низомии Русия ба Украина, тавофуқ бастаанд.  Ин афрод ҳамчунин қобили қабул будани эҳтимоли чунин таҳримҳоеро алайҳи Маскав, ки «Русияро аз низоми ҷаҳонии молӣ комилан ҷудо мекунад», эълон карданд, хусусан, сухан дар бораи ҷудо кардани он аз системаи SWIFT меравад.  Аммо бояд зикр намуд, ки қисми калони муомилоти Русия дигар бо доллари ИМА сурат намегирад.

9 – Ҳангоми баррасии амиқтар мо дарёфтем, ки Русия худро ба бӯҳроне кашида истодааст, ки метавонад ба муқобили худаш баргардад.  Барои он ки русҳоро бо ҳамсояҳои наздикашон, украинҳо ва дурашон-аврупоиҳо дучори мушкилот кунад, Амрико метавонад раисҷумҳури Украинаро ба амалҳои иғвогаронаи зидди Русия тела диҳад ва охиринро дар ҳолате гузорад, ки назди ӯ илоҷе ҷуз ҳуҷум ба Украина намемонад, ки он давлат-аъзои НАТО нест, яъне Америка барои дифоъ аз он ӯҳдадор нест.  Агар Русия ба хатогӣ роҳ дода ба Украина ҳуҷум намояд, ба Амрико тамоми асосҳоро медиҳад, то тамоми давлатҳои аврупоиро ба итоати худ дарорад ва бо баҳонаи ҳимоят аз таҷовузи Русия онҳоро ба чатри ​​амниятии Амрико баргардонад.  Оқибатҳои ин, бешубҳа, бо идеяи бисёрқутбӣ дар ҷаҳон, ки Русия онро фаъолона ташвиқ менамояд, мувофиқат намекунад.

Гузашта аз ин, уфуқи дигаре вуҷуд дорад, ки Русия онро намебинад, яъне — дар доираи фишор ба Русия дар мавриди ҳуҷуми низомӣ ба Украина, Амрико воситаи наве ба даст меорад, ки қодир аст иттифоқи пайдошудаи байни Русия ва Чинро аз байн барад.  Амрико ба Пекин фишор меорад ва таҳдид хоҳад кард, ки тиҷорат бо Чинро қатъ менамояд, то хитоиҳоро аз Русияи «девона», ки алайҳи Украина таҷовуз кардааст, дур кунад.  Агар Чин ба талабҳои Амрико итоат намуда, аз Русия дур шавад, он гоҳ Амрико соҳиби ҳиссаи калон мешавад, ин шикаст байни ду иттифоқчии эҳтимолӣ мебошад.

Агар Русия ба навъҳои гуногуни таҳримҳо итоат намояд ва пас аз ҳуҷуми худ аз Украина хориҷ шавад, даъвоҳои Амрико дар шарқи Украина ва ҳатто нимҷазираи Қрим онро таъқиб хоҳад кард.  Ин Русияро аз ҳама паёмадҳои мусбати ҳуҷуми низомиаш ба Украина маҳрум мекунад ва барои ӯ ба фалокати бузург табдил хоҳад ёфт.  Ногуфта намонад, ки Амрико кишварҳои Аврупои шарқиро алайҳи Русия нигаронида, ба онҳо кӯмаки самараноки низомӣ хоҳад расонд, то ба Русия дар Украина зарбаи назаррас занад.  Мо набояд таҷрибаи талхи хасташавии Русияро дар симои Иттиҳоди Шӯравӣ дар Афғонистон фаромӯш кунем.  Ин ҳама ба он ишора мекунад, ки Русия дар атрофи Украина бозии хатарнокеро бурда истодааст, ки метавонад барояш ба доми бузурге табдил ёбад ва бар зидди худаш баргардад, дигар хел гӯем, Русия мисли «девона»-е рафтор мекунад, ки оқибати амалҳои худро намефаҳмад.

10 – Он чи вобаста ба самти рӯйдодҳои ҷорӣ бошад, вазъият чунин ба назар мерасад:

  1. A) Давлатҳои аврупоӣ кӯшиш доранд, ки шиддатро паст кунанд ва ба ҳуҷуми Русия ба Украина монеъ шаванд. Онҳо мехоҳанд равобит бо Русияро беҳбуд бахшанд, то таҳдидҳои аз он сарзанандаро коҳиш диҳанд ва интиқоли бардавоми манобеъи энержии Русия ба Аврупоро бо нархҳои мувофиқ кафолатнок намоянд. Фаронса, Олмон ва Италия пешниҳод карда истодаанд, ки Русия ба музокирот бо Украина барои ҳалли бӯҳрон ҷалб карда шавад. Вазири хориҷаи Олмон Ҳайко Маас изҳор дошт, ки кишвараш мехоҳад равобит бо Русияро беҳбуд бахшад, аммо ба гуфтаи ӯ, барои ин пеш аз ҳама дар ҳалли низоъ дар Донбасс ба пешрафт ноил шудан лозим аст (ниг. «RT» аз 23/11/ 2021).

Дар ҳамин ҳол, Бритониё кӯшиш дорад, ки вазъиятро муташанниҷ созад ва ба Иттиҳодияи Аврупо, ки ба наздикӣ аз он хориҷ шуд, ҳилаи ифлоси сиёсӣ ба бор орад. Сардори ситоди дифои Бритониё генерал Ник Картер оид ба хатари калони ҷанги «тасодуфӣ» бо Русия изҳорот дод. Ба гуфтаи ӯ, эҳтимоли низоъ имрӯз нисбат ба замони «Ҷанги сард» баландтар аст (ниг. «Al Jazeera Net» аз 13.11.2021). «Мо бояд аз эҳтимоли авҷ гирифтани низоъ дар минтақа эҳтиёткор бошем. Ман умедворам, ки ҳеҷ гуна ҷанг бо Русия рӯй намедиҳад, аммо Эътилофи Атлантикаи шимолӣ бояд ба ҳама гуна гардиши рӯйдодҳо омода бошад»-гуфт Картер (ниг.»BBC» аз 05.12.2021).

Ба монанди ин изҳоротҳои бритониҳо ба ҷои пешгирӣ кардани ҷанги воқеӣ бештар барои ба иштибоҳ андохтан нигаронида  шудааст.

Б) Мавқеи Амрико омили ҳалкунанда аст, зеро вай бисёре аз фишангҳои қудрат дар ҳукумати Украинаро назорат мекунад. Аз ҳамин сабаб Русия муроҷиатномаи хаттии бо талаби кафолати амниятиро ба Амрико фиристод, на ба ягон кишвари дигар бо далели он ки давлатҳо-аъзоёҳои боқимондаи  паймон аз Амрико пайравӣ мекунанд. Ҳатто вокуниши дершудаи Амрико ба ин муроҷиати хаттии марбут ба кафолатҳои амниятӣ, бахусус-дар масъалаи шомил шудани Украина ба НАТО, Русияро бештар нигарон кардааст. Муовини вазири хориҷаи Русия Сергей Рябков изҳор дошт, ки Маскав оҷилан ба посухи Вашингтон дар робита ба пешниҳодҳо оид ба кафолатҳои  бехатарӣ ниёз дорад. Аз гуфтаи дипломат, дар айни замон вазъият мушкил аст.

«Ба фикри ман онҳо кӯшиш мекунанд, ки ҳамаи инро ба як раванди суст гузаронанд, ба мо бошад он ба зудӣ  лозим аст, зеро вазъъият хеле вазнин аст, он тезутунд аст ва  тамоюли боз ҳам мураккаб шуданро дорад» — таъкид намуд Рябков (ниг. «Al Jazeera» аз 20.11.2021).

— Агар Амрико тасмим бигирад, ки бидуни ризоият бо Чин дар Украина ба Русия кафолати амниятӣ диҳад, бидуни гирифтани ризогии ӯ оид ба Чин,  пас палаи тарозуи Русия дар ин бӯҳрон вазнин(яъне бар нафъи Русия) хоҳад шуд, зеро додани ин кафолатҳо мавқеи амрикоиро дар сурати боз ҳам заифтар нишон медиҳад. Дар он сурат ин рӯйдод чунон ба назар мерасад, ки Амрико гӯё ба талабҳои Русия итоат кард ва ба дархости Аврупо барои бартараф кардани шиддат гӯш дод. Ба гумон аст, ки ин тавр шавад, магар ки  Русия гузашт накунад ва равобити худро бо Чин ба манфиати Амрико қатъ накунад.

— Агар Амрико тасмим бигирад, ки Русияро ба муқовимат ҷалб кунад ва онро ба ҷанг дар Украина тела диҳад, он гоҳ Русия ба доми нақшаи Амрико меафтад ва дар ботлоқи мушкилоти ҳалнашаванда ғарқ мешавад.

— Агар вазъияти кунуниро бодиққат баррасӣ намоем, эҳтимоли даргирии ҷанги оштинопазир байни Русия ва Украина кам ба назар мерасад, магар ҳодисаҳои наве рух надиҳанд, ки Русия бо онҳо фиреб хӯрда намонад, ки  дар натиҷа он ба муноқишаи низомӣ кашида мешавад. Аммо вазъият  бархӯрдҳои давра ба давраро дар шарқи Украина истисно намекунад.

Ҳамзамон интизор набояд шуд, ки Амрико ба қатъи пурраи равобити Русияву Чин даст меёбад ва инчунин он ки Русия ба се ҳадафи баён кардааш мерасад. Ба эҳтимоли зиёд ҷонибҳо ба усули капиталистии ҳалли баҳсҳо – созиш рӯ хоҳанд овард, яъне хоссатан — Амрико мавқеъҳояшро нисбат ба се ҳадафи Русия бар ивази он, ки Русия равобиташро бо Чин заиф ва нерӯҳояшро аз мавқеи ҳозирааш дар сарҳад бо Украина хориҷ мекунад, нарм хоҳад кард.

 

18 Ҷумъадаул-уло 1443 ҳичрӣ

22.11. 2021

Шояд ба шумо писанд ояд

Хабарҳои тоза
post-image Гуногун

Бурдани даъват барои барпои Хилофат вазифаи ҳамаи мусалмонон аст, ва онҳое ки барандагони даъватро шиканҷа мекунанд, — ҷинояткоронанд!

Бурдани даъват барои барпои Хилофат вазифаи ҳамаи мусалмонон аст, ва онҳое ки барандагони даъватро шиканҷа мекунанд, — ҷинояткоронанд! Моҳи майи соли ҷорӣ кормандони истихборот...
post-image Гуногун

БО ҲАМРОҲИИ ҲАДИСИ ШАРИФ — Ношукрӣ нисбати шавҳар

БО ҲАМРОҲИИ ҲАДИСИ ШАРИФ Ношукрӣ нисбати шавҳар Мо шуморо, бародарони азиз, дар барномаи навбатии худ «Бо ҳадиси шариф» хушомадед мегӯем. Ассалому алайкум ва раҳматуллоҳи...
post-image Ар-Рая Матбуоти ҷаҳонӣ

Муовини вазорати корҳои хориҷаи Туркия Исроилро ба ҷиноят муттаҳам кард, аммо кишвараш кӯмакрасониро идома медиҳад!

Муовини вазорати корҳои хориҷаи Туркия Исроилро ба ҷиноят муттаҳам кард, аммо кишвараш кӯмакрасониро идома медиҳад! Рӯзи 27 феврали соли 2024 Хабаргузории Анадолу гузориш дод,...
Бештар
ads