Бо Қуръони карим
بسم الله الرحمن الرحيم
(وَإِذۡ قَالَ رَبُّكَ لِلۡمَلآئِكَةِ إِنِّي جَاعِلٞ فِي ٱلۡأَرۡضِ خَلِيفَةٗۖ قَالُوٓاْ أَتَجۡعَلُ فِيهَا مَن يُفۡسِدُ فِيهَا وَيَسۡفِكُ ٱلدِّمَآءَ وَنَحۡنُ نُسَبِّحُ بِحَمۡدِكَ وَنُقَدِّسُ لَكَۖ قَالَ إِنِّيٓ أَعۡلَمُ مَا لَا تَعۡلَمُونَ ٣٠) [البقرة: 30].
Ва чун Парвардигорат ба фариштагон гуфт: «Ман дар замин халифае меофаринам», гуфтанд: «Оё касеро меофарини, ки дар он ҷо фасод кунад ва хунҳо бирезад ва ҳол он ки мо ба ситоиши Ту тасбеҳ мегӯем ва Туро ба поки иқрор мекунем?». Гуфт: «Ман он донам, ки шумо намедонед».
Дар «Тафсири Шаъровӣ» ин оят чунин тафсир карда шудааст:
Пас аз он ки Аллоҳи Мутаъол ба мо хабар дод, ки Ӯ ҳама чизеро, ки дар коинот аст, офаридааст, Ӯ мехост ба мо бигӯяд, ки барои обод сохтани ин олам киро ҷойнишини худ гардонид. Гӯё қиссае, ки Аллоҳ Субҳонаҳу ва Таъоло Қуръонро бо он оғоз кардааст, қиссаи Одам — нахустин инсон буд. Ин қисса дар Қуръони карим бисёр зикр шудааст, то ба мо нишон бидиҳад, ки чаро Ӯ Субҳонаҳу ва Таъоло ба мо ин қиссаро баён кардааст. Инчунин барои нишон додани дурустии хабаре омадааст, ки дар сухани зерини Аллоҳ Таъоло ворид гаштааст:
نحْنُ نَقُصُّ عَلَيْكَ نَبَأَهُم بِٱلْحَقِّ ۚ
«Мо ба ту хабари онҳоро ба ростӣ қисса хоҳем кард» (Каҳф: 13).
Калимаи «қисса» аз ибораи قص الأثر «қасса ал-асара» гирифта шудааст, ки маънояш чунин аст: «пайгиранда асареро дар биёбон, ки болои рег мушоҳида мекард, то расидан ба муроди худ, яъне то ба охир расидани асар пайгирӣ намуд». Модоме ки мо медонем, ки қиссаи Аллоҳ ҳақ аст, пас тамоми қиссаҳои Қуръони карим ҳаводиси воқеӣ мебошанд. Ҳар қиссае, ки дар Қуръон омадааст, дарси ибрат ё чизи муҳиме дорад, ки Аллоҳ Субҳонаҳу ва Таъоло мехоҳад моро ба он ҷалб кунад. Пас гоҳе мурод аз қисса устувор сохтани Набӣ ﷺ ва мӯъминон аст, чун Ӯ Таъоло мефармояд:
وَكُلًّۭا نَّقُصُّ عَلَيْكَ مِنْ أَنۢبَآءِ ٱلرُّسُلِ مَا نُثَبِّتُ بِهِۦ فُؤَادَك
«Ҳар хабаре аз ахбори паёмбаронро бароят ҳикоят мекунем, то туро қавидил гардонем» (Сураи Ҳуд, 120).
Аз ин рӯ, ҳар як қисса ба дили паёмбар ва мӯъминон дар ҳолатҳое, ки ҳаводис онҳоро ба ларза меорад, қувват мебахшад. Қиссаҳои Қуръон барои гузаронидани вақт нестанд, балки ҳадафи ниҳоии қисса ин устуворсозӣ ва ба ҳаракати имонии ҳаёт нафъ бахшидан мебошад. Яке аз ибратҳои қиссаҳои мазкур дар Қуръони карим он аст, ки қисса ба мо ҳаводиси таърихиеро нақл мекунад, ки бо мурури замон такрор меёбанд. Пас Фиръавн, масалан, ҳар як ҳокиме мебошад, ки мехоҳад дар рӯи замин парастиш шавад. Асҳоби каҳф, масалан, ҳар гурӯҳи мӯъминоне аст, ки аз бедодгарии кофирон гурехта, барои ибодат кардани Аллоҳ гӯша меҷӯянд. Қиссаи Юсуф (عليه السلام) қиссаи ҳар як бародароне аст, ки шайтон робитаҳои байниҳамии онҳоро вайрон карда, бадбини якдигар сохтааст. Қиссаи Зулқарнайн қиссаи ҳар як ҳокими ислоҳкоре аст, ки Аллоҳ Субҳонаҳу сабабҳои дунявиро ба ӯ ато карда, дар замин ба ӯ тавоноӣ бахшидааст, аз ин рӯ, ӯ бо манҳаҷи илоҳӣ амал намуда, розигии Ӯро ба даст меорад. Қиссаи Солеҳ қиссаи ҳар қавмест, ки аз Аллоҳ мӯъҷиза хостанд ва Аллоҳ ба онҳо мӯъҷизае нишон дод, вале ба он кофир шуданд. Қиссаи Шуъайб (عليه السلام) қиссаи ҳар қавмест, ки аз тарозу мезананд… Ҳамин тавр, тамоми қиссаҳои Қуръон қиссаҳое ҳастанд, ки дар ҳар замон такрор меёбанд. Ҳатто дар замони имрӯза ту фиръавнҳои бисёр, асҳоби каҳфи бисёр, ки бо дини худ фирор мекунанд, ва қорунҳои бисёрро, ки мол ва тиллоро парастида, меҳисобанд, ки ба Аллоҳ дигар ниёзе надоранд, пайдо хоҳӣ кард. Бинобар ин, қаҳрамонони қиссаҳои қуръонӣ бе насаб омадаанд, ба истиснои як қисса, қиссаи Исо ибни Марям ва Марям бинти Имрон. Чаро? Зеро он мӯъҷизаест, ки такрор нахоҳад шуд. Барои ҳамин, Аллоҳ ба мо номи насаби Марямро хабар дода гуфт: «Марям бинт Имрон». Боз гуфт: «Исо ибн Марям». Ҳадаф ин аст, ки масъала норавшан гашта, зане даъво накунад, ки ба мисли Марям, бе иштироки мард ҳомиладор шудааст. Дар акси ҳол, мо хоҳем гуфт: Чунин нест! Мӯъҷизаи Марям ҳаргиз такрор нахоҳад шуд!… Аммо дар қиссаҳои боқимондаи Қуръони карим насаби қаҳрамонон номаълум омадаанд. Аллоҳ Таъоло ба мо нагуфтааст, ки Фиръавни Мӯсо кист. Инчунин нагуфтааст, ки асҳоби каҳф ё Зулқарнайн ё соҳиби ду боғ ва қаҳрамонони дигари қуръонӣ кӣ буданд. Чунки мақсад аз ин қиссаҳо қиссаҳои шахсиятҳои муайяне нест, ки дигар такрор наёбанд. Баъзе одамон худро бо он машғул месозанд, ки Фиръавни замони Мӯсо кист, Зулқарнайн кист… ва ғайра. Ба онҳо мегӯем: Ба натиҷае нахоҳед расид, зеро Аллоҳ Субҳонаҳу ва Таъоло қиссаро ба мо бидуни тавзеҳи шахсиятҳои он баён кардааст. Балки мақсад аз қисса ҳикмати он мебошад.
Қисса дар Қуръон бо як сурат такрор намеёбад. Гоҳо баъзеи он дар як оят ва баъзеи дигар дар оятҳои дигар меояд. Аммо ҳар яки он лаҳзаи навро, ки дар ҳар як оят ба мо маълумоти нав медиҳад, пешкаш менамояд, чунончи агар ту тамоми оятҳои ин қиссаро, ки дар Қуръони карим зикр шудааст, ҷамъ кунӣ, дар пеши назари ту як қиссаи мукаммал ва такомулдиҳандаи якдигар ба вуҷуд меояд, ки ҳар як ояти он чизи наве зам мекунад. Бузургтарин қисса дар Қуръони карим қиссаи Мӯсо (عليه السلام) аст. Қуръони карим ҳамеша аз он ёдовар мешавад, зеро воқеаҳои он қиссаи бадтарин инсонро дар таърих баррасӣ менамояд. Дар ҳар маврид Аллоҳ ба мо яке аз лаҳзаҳои ҳаёти онҳоро хотиррасон мекунад.
Қиссаи Одам низ дар якчанд оятҳо зикр шуда, дар маҷмӯи худ қиссаи мукаммалро бароямон пешкаш менамояд. Дар баробари ин ҳар оят ҳикмате дорад, ки дар вақти нозилшавии оят паёмбар ба он ниёз доштанд… Пас Аллоҳ Субҳонаҳу ва Таъоло ба мо оғози офариниш ва қиссаи душмании Иблис бо Одам ва авлоди ӯро нақл намуд. Ӯ Субҳонаҳу ва Таъоло дар бораи аввалин инсон, ки Одам буд, дар бораи моддае, ки Одамро аз он офарид, дар бораи манҳаҷе, ки барои ӯ гузошт ва дар бораи муноқишае, ки Ӯ Субҳонаҳу бо фариштаҳо дошт, хабар дод. Инчунин Ӯ ба мо дар бораи он хабар дод, ки Одамро дар замин ҷойнишин сохта, ба ӯ тамоми номҳоро барои пешбурди ҳаракати ҳаёташ омӯзондааст. Ӯ ба мо мантиқи донистани чизҳо ва донистани номҳои онҳоро омӯзонда, ба мо оид ба гуфтугӯе хабар дод, ки дар байни Иблис ва Парвардигораш замоне рух дод, ки аввалӣ аз саҷда кардан сарпечӣ намуд. Ӯ Таъоло ба мо ҳуҷҷати Иблисро, ки ӯ барои саҷда накардан оварда буд, инчунин макри Иблис ва ба дилҳои мӯъминон бо фитна, васваса ва ғайра ворид шудани ӯро баён дошт. Пас қиссаи Одам тафсилотҳои бисёре дорад, ки агар нафаре мехост таърихи Одамро бинависад, наметавонист ин ҳама лаҳзаҳоро биёварад. Аммо Аллоҳ Субҳонаҳу ва Таъоло тамоми тафсилотҳоро оварда, ҳар як лаҳзаро барои қувват бахшидан зикр намуд.
Акнун тафсири ояти шариф, ки мо мавриди баҳс қарор медиҳем, меояд. Сухани Ӯ Таъоло وَإِذۡ قَالَ رَبُّكَ لِلۡمَلآئِكَةِ «Ва чун Парвардигори ту ба фариштагон гуфт», яъне Аллоҳ Субҳонаҳу ва Таъоло ба саййидамон Муҳаммад ﷺ хабар медиҳад, ки Ӯ ҳангоми офариниши Одам ӯро ҳамчун ҷойнишин дар рӯи замин офаридааст. Дар инҷо калом маънои онро надорад, ки Аллоҳ Субҳонаҳу ва Таъоло дар масъалаи офариниш бо касе машварат кардааст. Далел ин аст, ки Ӯ إِنِّي جَاعِلٞ «Ман меофарам» гуфтааст. Пас ин корест, ки тасмим оид ба он аллакай гирифта шудааст ва ба фариштагон танҳо эълон мешаваду халос. Аллоҳ Субҳонаҳу ва Таъоло ба фариштагон дар ин бора барои он хабар медиҳад, ки фариштагонро бо Одам корҳои муҳим пайваст менамояд. Зеро онҷо фариштагоне, ки корҳоро тадбир мекунанд, посбонони гиромӣ ва дигар фариштагоне ҳастанд, ки Аллоҳ Субҳонаҳу ва Таъоло ба онҳо вазифаҳои сершумори марбут ба зиндагии ин махлуқи навро вогузор хоҳад кард. Ба сабаби он, ки фариштагон бо ин ҷойнишин сарукор хоҳанд дошт, Аллоҳ ин тасмимашро ба онҳо эълон намуд. Шояд баъзеҳо гӯянд, ки зиндагии инсон дар рӯи замин ба қонунҳои табиат тобеъ аст. Мо мегӯем: Ту чӣ донӣ, ки дар паси ҳар қонун фариштае ҳаст!
Аммо ин халифа ҷойнишини кӣ хоҳад шуд?… Азбаски Аллоҳ ҳангоми офариниш фариштагонро ба саҷда кардан ба Одам фармуд ва коинотро тобеи ӯ қарор дод, маълум гашт, ки ӯ ҷойнишини Аллоҳ дар замини Ӯ Таъоло мебошад. Зеро Аллоҳ бо ато намудани сабабҳо ба инсон кӯмак намуд ва ба ӯ коинотро сархам сохт ва ин корро бо хоҳиши худ кард, на бо хоҳиши инсон. Аллоҳ Субҳонаҳу ва Таъоло дар ҳадиси қудсӣ мегӯяд:
يا ابن آدم تفرغْ لعبادتي أملأْ صدرك غنى وأسدَّ فقرك.. وإلا تفعل ملأتُ يدك شغلًا ولم أسُدَّ فقرَك
«Эй фарзанди Одам, вақтатро ба ибодати ман бибахш, синаи туро бо дороӣ пур сохта, ҳоҷататро бароварда созам. Вагарна, туро серкор сохта, доимо ҳоҷатманд гардонам». Инак, калимаи خَلِيفَةٗۖ «ҷойнишин» якчанд маъно дорад. Фариштагон чӣ гуфтанд?:
قَالُوٓاْ أَتَجۡعَلُ فِيهَا مَن يُفۡسِدُ فِيهَا وَيَسۡفِكُ ٱلدِّمَآءَ وَنَحۡنُ نُسَبِّحُ بِحَمۡدِكَ وَنُقَدِّسُ لَكَۖ قَالَ إِنِّيٓ أَعۡلَمُ مَا لَا تَعۡلَمُونَ
«Гуфтанд: «Оё касеро меофаринӣ, ки дар он ҷо фасод кунад ва хунҳо бирезад ва ҳол он ки мо ба ситоиши Ту тасбеҳ мегӯем ва Туро ба покӣ иқрор мекунем?» Гуфт: «Ман он чиро донам, ки шумо намедонед» (Бақара, 30).
Фариштагон аз куҷо инро медонистанд? Бояд ки пеш аз он ҳолате мавҷуд мебуд, ки бар он муқоиса намуданд. Ё ки онҳо гумон карданд, ки Одам дар рӯи замин бедодгарӣ хоҳад кард. Аммо агар ҳоло хунрезӣ рӯй надода бошад, фариштагон калимаи «рехтан» ва калимаи «хун»-ро аз куҷо медонистанд? Бешак онҳо инро аз ҳаёти пештара медонистанд. Аллоҳ Субҳонаҳу ва Таъоло мефармояд:
وَٱلۡجَآنَّ خَلَقۡنَٰهُ مِن قَبۡلُ مِن نَّارِ ٱلسَّمُومِ
«Ва ҷинро пеш аз он аз оташи сӯзандаи бедуд офарида будем» (Ҳиҷр: 27).
Маънои сухани Ӯ Таъоло إِنِّيٓ أَعۡلَمُ مَا لَا تَعۡلَمُونَ «Ман он чиро донам, ки шумо намедонед» он аст, ки «илми ту, эй махлуқ, ба махлуқияти ту мувофиқ аст, вале илми Аллоҳ Субҳонаҳу ва Таъоло азалӣ ва бепоён мебошад». Аммо оё фариштагон, вақте ки Аллоҳ ба онҳо оид ба офариниши Одам хабар дод, инро ба таври сиррӣ дар нафсҳои худ гуфтанд ё ошкоро баён намуданд? Ҷавоб ин аст, ки хоҳ сиррӣ гуфта бошанд, хоҳ ошкоро, Аллоҳ аз он бохабар гашт, чун Аллоҳ аз амалҳои онҳо, хоҳ сиррӣ анҷом дода бошанд, хоҳ ошкоро, бохабар аст ва «рози сиррӣ ва ниҳонтар аз онро медонад» (Сураи ТоҲо, 7). Пас рози сиррӣ кадом асту рози ниҳонтар аз он кадом аст? Рози сиррӣ он чизест, ки шумо ба дигарон ҳамчун сирри худ нақл кардаед. Он чизе, ки ман ба дигарон боваркунон ба онҳо нақл кардам, сир аст. Он чӣ ман дар синаам пинҳон медорам ва касе аз он бохабар намешавад, аз сир ниҳонтар аст. Бинобар ин, танҳо чизеро сир мегӯянд, ки ман ба дигарон ошкор кардаам. Аммо чизеро, ки ман дар синаам пинҳон медорам, пас онро касе ҷуз Аллоҳ намедонад. Ана ин аст чизе, ки аз сир ниҳонтар мебошад.
Ҳангоме ки Ӯ Субҳонаҳу ва Таъоло إِنِّيٓ أَعۡلَمُ مَا لَا تَعۡلَمُونَ «Ман он чиро донам, ки шумо намедонед» гуфт, хост, ки ба ин масъала баҳои ҳақиқӣ диҳад. Қуръони карим сухани фариштагонро баён карда гуфт: وَنَحۡنُ نُسَبِّحُ بِحَمۡدِكَ وَنُقَدِّسُ لَكَۖ «ҳол он ки мо ба ситоиши Ту тасбеҳ мегӯем ва Туро ба покӣ иқрор мекунем». Он чиро, ки ба зоти пок лоиқ нест, аз Ӯ ҷудо сохтан тасбеҳ мебошад. Аммо тақдис поксозӣ буда, аз калимаи قدس гирифта шудааст, ки قدس сатилеро номанд, ки бо он худро пок месозанд. Барои ҳамин, мо «суббуҳун қуддусун» мегӯем. Суббуҳун, яъне ҷудогашта аз тамоми сифатҳое, ки ба бузургии Ӯ лоиқ нест ва қуддусун, яъне пок. Тасбеҳ ба тасбеҳгӯянда ва
سُبۡحَٰنَكَ لَا عِلۡمَ لَنَآ إِلَّا مَا عَلَّمۡتَنَآۖ
«Субҳонака! Мо ҷуз илми додаи Ту илми дигаре надорем»
ва ин тасбеҳ гуфтан ба Аллоҳ Субҳонаҳу ва Таъоло ва муназзаҳ сохтани Ӯ мебошад. Тасбеҳ ва танзеҳ танҳо нисбати камоли мутлақ, ки бо ягон камбудӣ омехта нест, анҷом дода мешавад. Камоли мутлақ танҳо Аллоҳ Субҳонаҳу ва Таъоло мебошад. Ба ҳамин сабаб, Аллоҳ забонҳои махлуқоти худро аз гуфтани калимаи «Субҳонака» нисбати дигарон нигаҳ дошт. Пас дар умрат намешунавӣ, ки инсон ба инсоне «Субҳонака» гӯяд. Ҳамин тавр, забони махлуқот аз ситоиши ғайри Аллоҳ Субҳонаҳу ва Таъоло дур нигаҳ дошта шуд.
Сухани фариштагон وَنَحۡنُ نُسَبِّحُ بِحَمۡدِكَ وَنُقَدِّسُ لَكَۖ «ҳол он ки мо ба ситоиши Ту тасбеҳ мегӯем ва Туро ба покӣ иқрор мекунем» мисли «Субҳоналлоҳи ва биҳамдиҳи» гуфтани моён аст. Маънои он Аллоҳ Субҳонаҳу ва Таъолоро дар зот, ки ба ягон зот монандӣ надорад, дар сифатҳо, ки ба ягон сифат монандӣ надоранд, дар афъол, ки ба ягон афъол монандӣ надоранд, муназзаҳ сохтан мебошад. Аммо маънои калимаи «биҳамдиҳи» чист? Маънои он «мо Туро муназзаҳ сохта, ба Ту ҳамд мегӯем» аст. Яъне Эй Парвардигоро, Туро муназзаҳ сохтани мо як неъмат аст. Аз ин рӯ, ман ба Ту ҳамд мегӯям, ки ба ман барои танзеҳи худат қудрату тавоноӣ додӣ. Аммо тақдис пок сохтани Аллоҳ Субҳонаҳу ва Таъоло мебошад. Азбаски Ту, эй Парвардигорам, қуддус ва пок ҳастӣ, нашояд, ки нопок ба сӯи Ту бардошта шавад ва нашояд, ки аз махлуқе, ки Ту бо дастонат офаридаӣ, кори нопок содир гардад. Ҳамин тавр, мо маънои وَنَحۡنُ نُسَبِّحُ بِحَمۡدِكَ وَنُقَدِّسُ لَكَۖ «мо ба ситоиши Ту тасбеҳ мегӯем ва Туро ба покӣ иқрор мекунем»-ро донистем. Сипас Аллоҳ бо ҳикмати худ хост, ки ба фариштагон посух гӯяд, аз ин рӯ гуфт: إِنِّيٓ أَعۡلَمُ مَا لَا تَعۡلَمُونَ «Ман он чиро донам, ки шумо намедонед». Аммо ҷавоби Ӯ ҷавоби холӣ набуд, балки Ӯ масъалаеро зикр кард, ки рост будани воқеъро таъкид месозад.