Бо қуръони карим
بسم الله الرحمن الرحيم
Аллоҳ Таоло фармуд:
﴿ وَعَلَّمَ ءَادَمَ ٱلْأَسْمَآءَ كُلَّهَا ثُمَّ عَرَضَهُمْ عَلَى ٱلْمَلَـٰٓئِكَةِ فَقَالَ أَنۢبِـُٔونِى بِأَسْمَآءِ هَـٰٓؤُلَآءِ إِن كُنتُمْ صَـٰدِقِينَ﴾
“Ва тамоми номҳоро ба Одам омӯзонд. Сипас онҳоро ба фариштагон арза кард ва гуфт: агар рост мегӯед, ба Ман он номҳоро хабар диҳед” (Сураи Бақара, 31)
Дар «Тафсири Шаъровӣ» ин оят чунин тафсир карда шудааст:
Ҷаноби Ҳақ Субҳонаҳу ва Таоло ба фариштагон бо ин ояти шариф посух дод, зеро Ӯ ба Одам тамоми номҳоро омӯзонд. Калимаи كُلَّهَا “тамоми” пурра дарбар гирифтанро ифода мекунад ва маънои пурра дарбар гирифтани номҳо ин аст, ки дар бораи ин номҳо ҳама чиз аён аст. Дар ин ҷо саволе ба миён меояд: Оё Аллоҳ Субҳонаҳу ва Таоло ба Одам ҳамаи он номҳоеро, ки аз соати офариниш то рӯзи қиёмат ба вуҷуд меоянд, омӯзондааст, модоме ки Ӯ Субҳонаҳу ва Таоло “тамоми номҳоро” мегӯяд? Ҳукми он номҳои ихтироъҳое, ки пас аз чанд аср баъд аз офариниши Одам рӯй медиҳанд, чист?
Мо мегӯем, ки ҳангоме ки Аллоҳ Субҳонаҳу ва Таоло ба Одам номҳоро омӯзонд ва ӯро аз фариштагон бартар сохт, бо ин Ӯ Таоло ба махлуқи пасттар унсуреро ато кард, ки ӯро аз махлуқи олитар бартар месозад. Зеро Одам аз гил офарида шудааст, дар ҳоле ки фариштагон аз нур офарида шудаанд. Қобилиятҳои инсонӣ ба ин махлуқи пасттар чизеро, ки ӯро аз махлуқи олитар бартар созад, бахшида наметавонанд. Танҳо Аллоҳ Субҳонаҳу ва Таоло зотест, ки ин бартариятро ба инсон дод. Бо ин Ӯ ба мо хотиррасон месозад, ки натиҷаҳое, ки мо ба даст меорем, на ба сабаби қобилиятҳоямон мебошад, балки ба сабаби қудрати Ӯ Субҳонаҳу аст. Барои ҳамин мебинем, ки ҳарчанд Сулаймон шоҳ ва пайғамбаре аст, ки Аллоҳ Таоло ба ӯ мулке ато кард, ки пас аз ӯ набояд касе дошта бошад ва бо ин ӯро аз махлуқоти дигар бартар сохт, Ҳудҳуд ба назди Сулаймон омада мегӯяд:
﴿أَحَطتُ بِمَا لَمْ تُحِطْ بِهِۦ وَجِئْتُكَ مِن سَبَإٍۭ بِنَبَإٍۢ يَقِينٍ﴾
“Ман он чиро, ки ту намедонӣ, фаҳмидам ва аз Сабо хабаре ба назди ту овардам” (Сураи Намл, 22).
Чӣ гуна паррандаи нотавон ва маҳдуд чизеро, ки Сулаймон аз он бехабар аст, дониста метавонад ва ҳол он ки Сулаймон шоҳ ва паёмбаре мебошад, ки бар инсонҳо ва ҷинҳо ҳукмронӣ мекунад? Зеро Аллоҳ Субҳонаҳу ва Таоло кибру ғурур кардани махлуқоташро дӯст намедорад, аз ин рӯ, ба махлуқи пасттар сифатеро медиҳад, ки ӯро аз махлуқи олитар бартар месозад, то ҳама бидонанд, ки тамоми қобилиятҳои онҳо на худ аз худ, балки аз ҷониби Аллоҳ ҳастанд. Ба монанди ҳамин, Мӯсо, ки расул ва набӣ аст, меояд ва аз Хизр, ки бандаи солеҳ мебошад, он чиро, ки намедонист, меомӯзад.
Аллоҳ Субҳонаҳу ашёро офарид ва чунон кард, ки фариштаҳо номҳои ин ашёро аз Одам омӯхтанд. Баъзеҳо мепурсанд: Холиқ бо кадом тарз ба Одам (алайҳиссалом) таълим дод? Таълими Холиқ аз таълими махлуқ фарқ мекунад, чунки Холиқ бо воситаи илҳом бахшидан таълим медиҳад. Пас Ӯ ба қалби Одам номҳои тамоми ашёро, ки дар ҳастӣ мавҷуд буд, андохт.
Инак, ҳангоме ки Одам бо фариштагон аввалин маротиба рӯбарӯ шуд, офариниши тамоми ашё ва илҳоми номҳои онҳо ба Одам аллакай ба охир расида буд, ба далели он, ки фариштагон ин номҳоро надонистанд, дар ҳоле ки Одам аллакай онҳоро медонист. Дар ин ҷо боз як масъалаи дигар низ ҳаст. Сухан маҳсули шунидан ва забон маҳсули муҳит мебошад. Азбаски Аллоҳ Субҳонаҳу ва Таоло ба Одам илми номҳоро ато кард, ин илм танҳо дар як сурат ҳосил шуда метавонист. Яъне Одам бояд ин илмро аз Аллоҳ Субҳонаҳу ва Таоло мешунид ва сипас ба забон меовард. Зеро агар шумо тифли арабро оварда, масалан дар Лондон гузоред, мебинед, ки ӯ бо забони англисӣ озод ҳарф мезанад, дар ҳоле ки ҳатто як калимаи арабиро намефаҳмад. Баръакс, агар тифли англисро биёреду дар як кишвари араб гузоред, хоҳед дид, ки вай бо забони арабӣ харф мезанад ва ҳол он ки аз забони англисӣ чизеро намедонад. Пас, забон на мерос аст, на ҷинс ва на муҳит. Он тақлидест, ки одам мешунавад ва мегӯяд. Агар касе чизе нашунавад, масалан кар бошад, ӯ як ҳарфро ҳам талаффуз карда наметавонад. Модоме ки Одам ин номҳоро ба забон оварда бошад, пас бояд, ки онҳоро аз Аллоҳ Субҳонаҳу ва Таоло шунида бошад.
Аҷиб ин аст, ки услубе, ки Аллоҳ Субҳонаҳу ва Таоло бо он Одамро таълим дод, айнан ҳамон услубест, ки башарият то имрӯз кор мефармояд. Шумо таълими кӯдакро аз таълими феълҳо оғоз намекунед, балки аввал ба ӯ исмҳо ва ашёро таълим дода мегӯед: “Ин коса аст. Ин кӯҳ аст. Ин баҳр аст. Ин офтоб аст ва ин моҳтоб”. Пас аз омӯхтани исмҳо ӯ феълҳоро омӯхта, дар таълимоти худ пеш меравад… Ҳамин тавр мо бо пайдошавии аввалин нутқ ва бузургии қудрати Аллоҳ Субҳонаҳу ва Таоло, ки ба Одам номҳоро омӯзонд, шинос мешавем. Дар ин ҷо мо барои посух додан ба ду савол таваққуф мекунем:
Якум: агар Аллоҳ Субҳонаҳу ва Таоло ба Одам тамоми номҳоро таълим дода бошад, пас оё дар миёни онҳо номҳои ашёе, ки дар оянда кашф мешаванд, буданд?
Мо мегӯем: ҳарчанд Одам фақат он номҳоеро омӯхт, ки ба ӯ истифодаи онҳо дар талаботи зиндагӣ дар рӯи замин лозим буд, ҳангоме ки навоварӣ рӯй медиҳад, фарзандони Одам номҳои ин навовариҳоро аз номҳое, ки пештар омӯхта буданд, мегиранд. Зеро номҳои наве, ки ба забон ворид мегарданд, аз нобудӣ пайдо намешаванд, балки аз забоне гирифта мешаванд, ки бо он нутқ ва навишти ин номҳо сурат мегирад. Монанди ҳамин, агар дилхоҳ чизи ин оламро ба асли худ баргардонед, мебинед, ки асли он Аллоҳ Таоло аст. Агар шумо инсониятро ба асли худ баргардонед, мефаҳмед, ки бояд инсони аввалин аз ҷониби Аллоҳ Субҳонаҳу ва Таоло офаридашуда бошад. Агар илмро ба асли худ баргардонед, ҳол он ки ҳар илм ба муаллим ниёз дорад, ба чӣ хулоса мерасед? Аввалин муаллимро кӣ таълим дода буд? Магар кушоду равшан нест, ки илм аз муаллиме, ки таълими ӯро Аллоҳ Субҳонаҳу ва Таоло додааст, оғоз шуд. Пас оне, ки ба ин муаллими аввал, яъне Одам, номҳоро таълим дода буд, ин Аллоҳ Субҳонаҳу ва Таолост. Аз ин ҷост, ки Одам ба фарзандони худ, фарзандони ӯ ба фарзандони худашон ва ҳоказо таълим додаанд.
Саволи дуюм: агар муаллими сухан Аллоҳ бошад, пас чаро дар рӯи замин забонҳо аз ҳамдигар фарқ мекунанд ва гуногунии забонҳо ва лаҳҷаҳоро чӣ гуна бояд маънидод кард? Мо мегӯем: гуногунии давраҳои таърихӣ ва паҳншавии инсон дар рӯи замин боис ба он шуд, ки ҳар як маҷмӯи инсонҳо бо ҳадафи доштани забони ягона ба ҳам наздик шуд ва ҳар як забоне, ки имрӯз вуҷуд дорад, аз забони қадима гирифта шудааст. Масалан, забонҳои фаронсавӣ, англисӣ ва итолиёвӣ аз забони лотинӣ гирифта шудаанд, забонҳои ибронӣ ва сурёнӣ бо забони арабӣ иртибот доранд. Лаҳҷаҳое, ки дар ҷаҳони араб истифода мешаванд, гуногун ҳастанд, дар ҳоле ки забони онҳо ягона аст.. Масалан, дидан мумкин аст, ки лаҳҷаи ҷазоирӣ ё марокашӣ аз лаҳҷаи мисрӣ ё судонӣ фарқ мекунад. Аммо агар мо бо онҳо бо забони арабӣ ҳарф мезадем, якдигарро мефаҳмидем, зеро забони ҳамаи онҳо аслан забони Қуръон аст, яъне забони арабист. Аммо дар давраҳои заифи таърихӣ, ки арабҳо аз сар гузарониданд, кишварҳои арабӣ аз ҳамдигар ҷудо шуда, ҳар як ҷомеа ба забон ҳамчун падидаи иҷтимоӣ нигарист ва ҳамдигарфаҳмӣ дар байни лаҳҷаҳои гуногун поён рафт.
Ҳамин тавр, Аллоҳ Субҳонаҳу ва Таоло ба Одам тамоми номҳоро омӯзонд ва сипас онҳоро ба фариштагон арза карда гуфт:
أَنۢبِـُٔونِى بِأَسْمَآءِ هَـٰٓؤُلَآءِ إِن كُنتُمْ صَـٰدِقِينَ
Яъне Аллоҳ Субҳонаҳу ва Таоло Одамро дар илм гиромӣ дошт ва ба ӯ илмеро, ки ба фариштагон надода буд, ато намуд ва чунон кард, ки фариштагон номҳоеро, ки намедонистанд, аз Одам омӯхтанд. Ин далели тавоноии Аллоҳ Субҳонаҳу ва Таолост, ки дар коиноти худ ҳар чӣ бихоҳад, анҷом медиҳад. Чунон ки гуфтем, махлуқи пасттарро аз махлуқи олитар бартар сохтан танҳо бо амали Аллоҳ ба амал меояд. Барои беҳтар тасаввур кардани шумо як мисол меорем. Фарз мекунем, ки одами нотавон бори сангинро бардоштан мехоҳад, вале наметавонад. Агар шахси дигаре ҳам ёфт шавад, ки барои бардоштани ин бор тавоно мебошад, ӯ қуввати худро ба ин одам бахшида наметавонад. Ӯ танҳо метавонад ба ин шахс ёрӣ дода, ба ҷои ӯ борро бардорад. Танҳо Аллоҳ Субҳонаҳу ва Таоло он зотест, ки ин нотавонро қавӣ гардонида, ба бардоштани ин бори сангин тавоно карда метавонад. Пас инсон наметавонад қувваи худро ба инсони дигар бахшад ва танҳо Аллоҳ зоти тавоноест, ки заифро ба тавоно ва тавоноро ба заиф табдил медиҳад.
Сухани Ӯ Таоло إِن كُنتُمْ صَـٰدِقِينَ “агар рост мегӯед” чӣ маъно дорад? Оё фариштагон дурӯғ мегӯянд, ҳол он ки онҳо аз нур офарида шудаанд ва ба Аллоҳ тасбеҳ гуфта, он чиро, ки ба он фармуда шудаанд, иҷро мекунанд. Мо мегӯем: сухани Ӯ Таоло إِن كُنتُمْ صَـٰدِقِينَ “агар рост мегӯед” маънои зеринро дорад: агар баҳои шумо, ки ё бо қиёси ҳодисаҳо ва ё бо гумон дар бораи ғайб ба даст овардед, рост бошад. Пас агар фариштагон ҳукми худро бар асоси қиёс бо ҳукми ҷинси дигаре, масалан ҷинҳо, ки дар рӯи замин зиндагӣ мекарданд, бароварда бошанд, ҷаноби Ҳақ Таоло мегӯяд, ки ин қиёси шумо хато аст. Ва агар баҳои шумо бар асоси гумон дар бораи ғайб ба даст омада бошад, пас бидонед, ки ҷуз Аллоҳ Таоло касе ғайбро надонад. Аз ин рӯ, ҳарду баҳодиҳӣ аз ҳақиқат дур мебошанд. Ин паст задани фариштагон нест, балки ислоҳ намудани онҳо ва ба мо таълим додани он аст, ки фариштагон аз ғайб огоҳ нестанд. Барои ҳамин, ҳангоме ки онҳо қиёс намуданд ё ба ғайб баҳо доданд, аз ҳақиқат дур шуданд. Муҳаббати шадиди фариштагон ба Аллоҳ Таоло ва нафрати онҳо нисбат ба фасод дар коиноти Ӯ онҳоро ба он водор кард, ки ин суханонро ошкоро ё пинҳонӣ бигӯянд…