Бо ҳамроҳи ҳадиси шариф

hizb-tojikiston.info hizb-tojikiston.info

Бо ҳамроҳи ҳадиси шариф

Ҳамаи шуморо бародарони азиз ба дидори навбатӣ дар барномаи «Бо ҳамроҳи ҳадиси шариф» истиқбол мекунем. Ассалому алайкум ва раҳматуллоҳи ва баракотуҳу!

Аз Абубакр ибни Абушайба аз Абумуовия, аз Амаш, аз Абусолеҳ ва ӯ аз Абуҳурайра (р) ривоят кардааст, ки Расули Худо (с) фармуданд:

مَنْ سَتَرَ مُسْلِمًا سَتَرَهُ اللَّهُ فِي الدُّنْيَا وَالْآخِرَةِ

«Касе айби як мусалмонро пинҳон кунад, Аллоҳ айби ӯро ҳам дар дунё ва ҳам дар охират пинҳон мекунад». (ривояти Бухорӣ)

Беҳтарин сухан сухани Аллоҳ аст.  Беҳтарин роҳ роҳи Паёмбари Худо (с) аст.

Ҳадиси мазкур моро ташвиқ мекунад, ки он чизеро, имрӯз бисёр одамон огоҳона ё бехабар ба он афтодаанд, тарк кунем. Он чизе, ки бародари мусалмон аз дигарон пинҳон кардааст ва ё намехоҳад, ки дигарон аз он огоҳ бошанд, бархе аз мо дар ошкор кардани он кароҳияте намебинем. Баъзе аз нодонии худ камбудиҳои мусалмонро фош мекунанд, намедонанд, ки шариат мусалмонро ӯҳдадор кардааст, ки хатои бародарашро пинҳон кунад.  Охиринҳо ҳукми шариатро нодида мегиранд ва мехоҳанд ба бародари худ бо ҳадафҳои ғаразноки худ, ки шайтон барои онҳо ороста карда, зиён расонанд.

Агар шахс аз рӯи нодонӣ ин корро анҷом дода бошад, пас ин гуноҳ аст, зеро мусалмон вазифадор аст, ки ҳукмҳои шариатро, ки дар ҳаёти ҳаррӯза дучор мешавад, бидонад.  Ба ҳар як мусалмон то рӯзи қиёмат фарз аст, ки қонунҳои шариатро дар бораи хӯрок, либос, муносибат, ибодат ва ахлоқ биомӯзад.  Аз ин бармеояд, ки мусулмон пеш аз анҷом додани коре бояд дар бораи ҷоиз будани он огоҳ шавад. Шариат аъмоли инсонро беназорат нагузоштааст, аз ин рӯ, барои ноогоҳӣ ва нодонӣ баҳонае нест.

Аммо касе, ки дидаву дониста қонунҳои Аллоҳро вайрон мекунад, пас ин гуноҳ буда, барои он дар дунё ҷазое муқаррар шудааст, ки Халифа таъин мекунад.  Гап дар сари он аст, ки имрўз касоне ҳастанд, ки ба бародарони худ муқобилат мекунанд, мехоҳанд нангу номуси онҳоро бадном кунанд; ин гуна ашхос ҷомеаро вайрон мекунанд ва бо ин ба азоби сахти Аллоҳ гирифтор мешаванд. Давлати Исломӣ вуҷуд дошта бошад, ингуна инсонҳоро муҷозот медиҳад ва бозмедорад ва ҷомеаи бошарафро барқарор месозад.

Худовандо, аз ҷаҳолат ва беҳаёӣ ба сӯи Ту паноҳ мебарам, Худоё, барои мо ҷомеаи бошарафро, ки дар он Халифа қонунҳои Туро дар зиндагӣ татбиқ мекунад, насиб бигардон!  Амин!

То боздид бародарони азиз, дар барномаҳои ояндаи «Бо ҳамроҳи ҳадиси шариф». Аллоҳ нигаҳбони шумо бошад. Ассалому алайкум ва раҳматуллоҳи ва барокатуҳ!

 

Моҳири Солеҳ

18.05.2022

Шояд ба шумо писанд ояд

Хабарҳои тоза
post-image Гуногун

Раҳмати Аллоҳ дар дигаргунӣ аст, ғазаби Аллоҳ дар беамалӣ аст

Ҳамроҳ бо ҳадиси шариф Раҳмати Аллоҳ дар дигаргунӣ аст, ғазаби Аллоҳ дар беамалӣ аст Бародарони мӯҳтарам, мо шуморо ба дидори навбатӣ дар барномаи “Ҳамроҳ...
Бештар
ads