Бидуни Хилофат бузургтарин артишҳо умматро аз ранҷ наҷот дода наметавонанд

hizb-tojikiston.info hizb-tojikiston.info

Бидуни Хилофат бузургтарин артишҳо умматро аз ранҷ наҷот дода наметавонанд

Хабар:

Боришоти мавсимӣ дар Покистон кишварро ба харобиовар табдил дод, ки дар 24 соати охир беш аз 1000 кушта ва 119 нафар дар як шабонарӯз  фавтидаанд.

Гузоришҳо омада истодаанд, ки одамон барои наҷот додани ҷони худ чорчӯбаи кат ва дигар асбобҳои муваққатиро истифода мебаранд.  Оид ба қобилияти муқовимат ба тағирёбии иқлим тадқиқот гузаронида шуд, аммо миллионҳо одамон то ҳол бе кӯмак мондаанд.  Кӯмаки хориҷӣ маҳдуд ва суст аст.  Ҳодисаҳое буданд, ки кӯдаконро ҷараёни ногаҳонӣ дар пеши назари волидонашон бурдаанд.

Салмони Сӯфӣ, сухангӯи вазорати умури дохилии кишвар гуфт, ки кишвар ба кӯмакҳои байналмилалӣ ниёзи шадид дорад. «Покистон бо мушкилоти иқтисодӣ мубориза мебарад, аммо ҳоло, вақте ки мо онҳоро бартараф карданӣ будем, мавсим ба кишвар зарба зад», гуфт ӯ.

Сарвазири Покистон Шаҳбоз Шариф эълон кард, ки барои сокинони вилояти Ҳайбар-Паҳтунҳва ки аз ҳама осебдида мебошад, 10 миллиард рупӣ (45 миллион доллари ИМА) ҷудо мекунад, хабар медиҳад рӯзномаи «Dawn».

Ба гуфтаи Шариф, ба ҳар як оилае, ки аз обхезӣ осеб дидаанд, 25 000 рупия (112 доллар) кӯмакпулӣ хоҳад дод, ки дар давоми як ҳафта пардохт карда мешавад.

Шарҳ:

Расонаҳо хабар медиҳанд, ки ҳукумат тасмим гирифтааст, ба ҳар хонаводае, ки манзил ва манбаи даромади худро аз даст додааст, ба маблағи 112 доллар кӯмак расонад.  Чунин ёрӣ ҳалли сатҳи буда, масъаларо ба таври куллӣ ҳал намекунад. Илова бар ин, дар вилоят чизе барои харидан нест, тамоми дӯконҳо хароб шудаанд.  Мушкилоти иқтисодӣ дар Покистон вобаста бо рад кардани низоми дуруст ва боэътимод, яъне ба модели иқтисодии исломӣ марбут аст.

Агар модели иқтисодии исломӣ ба таври комил татбиқ шавад, Покистон ба зону намеафтад ва барои кӯмаки хориҷӣ талбандагӣ нахоҳад кард. Сарвати кишварҳои мусалмонӣ мисли пештара як ганҷинаи ягона хоҳад буд ва ин ба мусалмонон дар ин гуна офатҳо, то барқарор шудани зиндагии маъмулиашон кӯмак хоҳад кард.  Охир, давлат эҳтиёҷоти асосии одамонро бо хӯрок, сару либос, манзил ва таълим бояд таъмин намояд.

Ба об партофтани доллар мушкили умматро ҳал намекунад. Артиши Покистон яке аз бузургтарин ва муҷаҳҳазтарин артиш дар ҷаҳон аст, аммо бидуни халифа, онро қонунҳои дунявӣ бастааст.

Бо изни Аллоҳ ин рӯзҳои сахт гузарост ва мусалмонон дар асоси қонунҳои Ислом ҳаққи худро мегиранд.

يَٰٓأَيُّهَا ٱلَّذِينَ ءَامَنُواْ ٱتَّقُواْ ٱللَّهَ وَكُونُواْ مَعَ ٱلصَّٰدِقِينَ

«Эй касоне, ки имон овардаед, аз Худо битарсед ва бо ростгӯён бошед!». [9:119]

 

Махсус барои радиои бахши иттилотӣ марказии Ҳизби Таҳрир

Умрана Муҳаммад — аъзои бахши марказии иттилоотии Ҳизби Таҳрир

4 Сафари соли 1444 ҳ.

31 августи соли 2022 м.

Шояд ба шумо писанд ояд

Хабарҳои тоза
post-image Гуногун

Бурдани даъват барои барпои Хилофат вазифаи ҳамаи мусалмонон аст, ва онҳое ки барандагони даъватро шиканҷа мекунанд, — ҷинояткоронанд!

Бурдани даъват барои барпои Хилофат вазифаи ҳамаи мусалмонон аст, ва онҳое ки барандагони даъватро шиканҷа мекунанд, — ҷинояткоронанд! Моҳи майи соли ҷорӣ кормандони истихборот...
post-image Гуногун

БО ҲАМРОҲИИ ҲАДИСИ ШАРИФ — Ношукрӣ нисбати шавҳар

БО ҲАМРОҲИИ ҲАДИСИ ШАРИФ Ношукрӣ нисбати шавҳар Мо шуморо, бародарони азиз, дар барномаи навбатии худ «Бо ҳадиси шариф» хушомадед мегӯем. Ассалому алайкум ва раҳматуллоҳи...
post-image Ар-Рая Матбуоти ҷаҳонӣ

Муовини вазорати корҳои хориҷаи Туркия Исроилро ба ҷиноят муттаҳам кард, аммо кишвараш кӯмакрасониро идома медиҳад!

Муовини вазорати корҳои хориҷаи Туркия Исроилро ба ҷиноят муттаҳам кард, аммо кишвараш кӯмакрасониро идома медиҳад! Рӯзи 27 феврали соли 2024 Хабаргузории Анадолу гузориш дод,...
Бештар
ads