Беморӣ ва табобат

hizb-tojikiston.info

Беморӣ ва табобат

Ҳамроҳ бо ҳадиси шариф

 Бародарони  азиз, Шуморо ба дидори навбатӣ дар барномаи «Ҳамроҳ бо Ҳадиси шариф» истиқбол мекунем. Ассалаому алейкум ва раҳматуллоҳи ва баракотуҳу!

Дар Китоби Ибни Ҳоҷар Ал-Асқалонӣ » Фатҳ ул-Бори дар шарҳи Саҳиҳ Ал-Бухори «дар боби» Бигзор ба касе, ки аз ӯ поёнтар аст, нигоҳ кунад ва ба касе, ки аз ӯ болотар аст, нигоҳ накунад » ҳадис меояд: “Исмоил аз Молик, аз Абу Зинад, аз ал-Араҷ, ва аз Абу Ҳурайра ривоят мекунад, ки Паёмбари Аллоҳ ﷺ гуфтанд:

إِذَا نَظَرَ أَحَدُكُمْ إِلَى مَنْ فُضِّلَ عَلَيْهِ فِي الْمَالِ وَالْخَلْقِ فَلْيَنْظُرْ إِلَى مَنْ هُوَ أَسْفَلَ مِنْهُ

«Агар яке аз шумо назар ба касе кунад, ки дар сарват ва офариниш аз ӯ бештар ато шудааст (ҷисм ё намуди зоҳирӣ ва ғ.), пас бигзор ба онҳое нигоҳ кунад, ки аз ӯ поёнтаранд.«

Паёмбари Аллоҳ ﷺ  касеро, ки хоҳишҳояш бар ақли ӯ бартарӣ доранд, муолиҷа кардаанд. Зеро табиати инсон чунин аст, ки ӯ ба ашёҳо ва инсонҳои дар гирду атроф будааш менигарад ва онҳоро муқоиса мекунад. Аз рӯи табиаташ он чизеро, ки дигарон доранд, дӯст медорад— ба мисли пул, мақом, обрӯ, кӯдакон ва ғайра. Аммо ин хоҳишҳо ба чӣ оварда мерасонад? Ин ба беморие оварда мерасонад, ки назорат карданаш душвор мешавад. Муаллими аввалини мо Паёмбар ﷺ ба чунин беморӣ муолиҷа нишон доданд, ва моро омӯзонидаанд, ки мо чӣ гуна шахсияти фарқшавандаи Исломиро тарбия кунем.

Вақте, ки чунин фикрҳо моро фаро мегиранд, мо бояд таваққуф карда ба онҳое, ки вазъи онҳо аз мо бадтар аст, назар кунем. Касоне ҳастанд, ки доимо дар изтироб, ғамгинӣ ва мушкилот зиндагӣ мекунанд, агар ба онҳо назар кунем, мефаҳмем, ки мо дар раҳмати бузург қарор дошта, мавқеъамон беҳтар аст ва он гоҳ мо тасаллӣ, оромӣ ва қаноатмандиро ҳис мекунем. Касе нест, ки дар ҳолати душвор зиндагӣ кунад, ҳамеша нафаре пайдо мешавад, ки аз ин ҳам вазъи бадтар дорад. Мо бояд аз он чизе, ки Аллоҳ бароямон муқаррар кардааст, қаноатманд бошем. Вақте мо ба касе назар кунем, ки дар корҳои динӣ аз мо болотар аст ва ба он хоҳиши баробаршавӣ кунем, дар ин боке нест. Ин намуди назарафканӣ моро аз ин беморӣ раҳоӣ мебахшад.

Эй Аллоҳи меҳрубон! Замони Хилофати Рошидаро, ки бо ҳукмронӣ бар Минҳоҷи Паёмбарӣ барпо мешавад битезон. Ин Хилофат тамоми мусулмононро муттаҳид сохта умматро аз ранҷ озод мекунад. Парвардигоро, заминро бо раҳмати Худ равшан кун! Омин!

 

Абу Марям

5 уми муҳаррами соли 1444 ҳ.

Шояд ба шумо писанд ояд

Хабарҳои тоза
post-image Гуногун

Бурдани даъват барои барпои Хилофат вазифаи ҳамаи мусалмонон аст, ва онҳое ки барандагони даъватро шиканҷа мекунанд, — ҷинояткоронанд!

Бурдани даъват барои барпои Хилофат вазифаи ҳамаи мусалмонон аст, ва онҳое ки барандагони даъватро шиканҷа мекунанд, — ҷинояткоронанд! Моҳи майи соли ҷорӣ кормандони истихборот...
post-image Гуногун

БО ҲАМРОҲИИ ҲАДИСИ ШАРИФ — Ношукрӣ нисбати шавҳар

БО ҲАМРОҲИИ ҲАДИСИ ШАРИФ Ношукрӣ нисбати шавҳар Мо шуморо, бародарони азиз, дар барномаи навбатии худ «Бо ҳадиси шариф» хушомадед мегӯем. Ассалому алайкум ва раҳматуллоҳи...
post-image Ар-Рая Матбуоти ҷаҳонӣ

Муовини вазорати корҳои хориҷаи Туркия Исроилро ба ҷиноят муттаҳам кард, аммо кишвараш кӯмакрасониро идома медиҳад!

Муовини вазорати корҳои хориҷаи Туркия Исроилро ба ҷиноят муттаҳам кард, аммо кишвараш кӯмакрасониро идома медиҳад! Рӯзи 27 феврали соли 2024 Хабаргузории Анадолу гузориш дод,...
Бештар
ads