Аз Ибни Умар (раз.анҳу) чунин ривоят карда мешавад :-«Мо даҳ нафар ба назди Паёмбар (с.а.в.) омадем. Яке аз ансорон аз ҷояш бархоста суол дод: Эй Расули Аллоҳ донотарину зирактарини мардум кадомест?»
Он кас гуфтанд:
«Ҳамон касе, ки маргро бисёр ба хотир меоварад ва ба он тайёрии бисёр мебинад. Эшон дар дунё шарафманд ҳастанду дар охират соҳиби тараҳҳум хоҳанд шуд»
(Аз китоби тарғиб ва тарҳиб, иснодаш ҳасан аст. Ибни Моҷа саҳеҳ гуфтааст)
Абу Ҳурайра ривоят мекунад: Расулаллоҳ (с.а.в.) чунин гуфтанд: —
“Эй Абу Ҳурайра ботақво бош, он гоҳ аз обидтарини мардумон хоҳӣ шуд. Қаноатманд бош, шакуртарини инсонҳо мешавӣ. Чизи ба худат раво дидаатро ба дигаре низ раво бин, онгоҳ мӯъмин мешавӣ. Агар мусулмон шудан бихоҳӣ ба ҳамсояат эҳсон кун. Камтар биханд, зеро хандаи бисёр қалбро мемиронад.”
Анас ибни Молик ривоят мекунад : Пайғамбар (с.а.в.) фармудаанд:-
“Дуо мағзи ибодат аст” .
Дар шарҳи “Тӯҳфатул Аҳвазӣ”- и Сунани Термизӣ омадааст: — Калимаи мағз — مخ бо маъноҳои мағзи сар ва мағзи устухон , сақои чашм , меояд. Яъне беҳтарин қисми ҳар як чизро мефаҳмонад. Дуо мағзи ибодатҳост. Зеро ҳангоме, ки дуогӯй аз ҳама касон умедашро меканад, рӯй ба Офаридгораш меорад ва ба Ӯ дуо мекунад. Асли ҳақиқати тавҳид ва ихлос ҳамин аст. Беҳтар аз ин ибодате нест. Ибни Арабӣ мегӯяд: чуноне, ки ба аъзоҳо мағзи устухон қувват медиҳад, ибодати обидон аз дуо қувват мегирад. Чунки дуо рӯҳи ибодатҳост.
— Парвардигоратон гуфт: Дуову илтиҷо кунед ба даргоҳи ман, то қабул кунам дуои шуморо, албатта онҳое, ки саркашӣ мекунанд аз ибодати ман, ҳатман дохил мешаванд ба азоби дӯзах хору зоршуда.
( Ғофир :60)
Аксари муфассирон ибораи “аз ибодати ман”-и қавли Аллоҳро, аз дуоям гӯён тафсир кардаанд.
Абдуллоҳ ибни Масъуд мегӯяд: “Баъзеи мардум ба намози ҷумъа дар дақиқаҳои вопасин меоянд. Худоро на дар қалб, балки танҳо дар забонаш ба ёд меоранд. Азимтарини гуноҳ дурӯғгӯӣ аст. Ҳар касе,бародарашро бубахшад, Аллоҳ ӯро мебахшад. Агар ҳар касе ба қарздор мӯҳлат диҳад, Аллоҳ ба вай аҷру савоб медиҳад. Ҳар кадоме ба балову офатҳо сабр кунад, Худо ӯро мукофот медиҳад. Манфуртарини касбҳо рибо аст. Бадтарин хӯрданиҳо моли ятим мебошад. Чизе, ки ба он нафсатон қонеъ мешавад бароятон кофист, чунки он то ба масофаи чаҳор зироъ меравад ва кораш ба охират мемонад. Подшоҳи амалҳо ҳамоне, ки ба итмом расонида шуда бошад. Марги бошарафтарин ин вафоти шаҳидон аст. Ҳар касе мутакаббир бошад , Аллоҳ ӯро зоеъ мекунад. Ҳар касе, ки ба Аллоҳ исён кунад, вай ба шайтон итоат кардааст.