Барои барпо кардани халифа бар мусалмонон вақти  ҷудошуда…

hizb-tojikiston.info hizb-tojikiston.info

Барои барпо кардани халифа бар мусалмонон вақти  ҷудошуда…

 Муддати барпо намудани халифа барои мусалмонон бо ду шаб маҳдуд аст.

Зиёда аз ду шабро бе байъати халифа сипарӣ кардан барои мусалмон ҷоиз нест.  Таъини халифаи нав дарҳол пас аз марг ё барканории халифаи пешин барои мусалмонон фарз аст ва мӯҳлати он бо ду шаб маҳдуд аст.

Агар беш аз ду шаб бе таъини халифа сипарӣ шуда бошад, вазъ ба таври зайл баррасӣ мешавад: агар мусалмонон барои барпои халифа машғул шаванд, аммо бо сабаби ҳолатҳои аз тоқаташон боло (узрнокӣ), ки онҳоро бартараф карда наметавонанд, ин корро амалӣ карда натавонанд, пас дар ин ҳолат гуноҳ аз онҳо бардошта мешавад. Зеро онҳо ба масъулияти худ машғуланд ва ба сабаби вазъияте, ки онҳоро ба ин кор водор мекунад, маҷбур мешаванд, иҷрои онро ба таъхир андозанд.

Расули Худо (с.а.в.) фармуданд: «Аз уммати ман масъулият бардошта шудааст, барои хато кардан, фаромӯш намудан ва анҷом додани коре, ки ба он маҷбур мешаванд».  Агар мусулмонон ба ин вазифа машғул набошанд, то зуҳури халифа гунаҳкор мешаванд.  Бо барпо намудани халифа ин фарзият аз онҳо бардошта мешавад.  Аммо гуноҳи содир кардаашон, бо тарки корҳои барои барпо намудани халифа, бар онҳо боқӣ мемонад. Худованд аз онҳо барои он ҳисобот талаб мекунад, ҳамон тавре, ки аз мусалмон барои ҳар гуноҳи тарки амали фарз намуданаш, ҳисоботро талаб мекунад.

Дар мавриди маҳдуд будани вақти адои фарзи барпо намудани халифа, барои барраси намудани масъалаи таъйини халифа дар ду шаб,  далели ин маҷлиси саҳобагон (р.а.)  дар зери айвони Бани Саид мебошад.  Саҳобагон баъди хабари вафоти Расулуллоҳ (с.а.в.) дарҳол дар зери айвони Бани Саид ҷамъ омада, интихоби Халифаро баҳс карданд. Дар рӯзи дуввум мусалмононро барои байъат даъват намуданд.

Дар натиҷа раванди таъини халифа дар давоми ду шабу се рӯз анҷом ёфт.

Инчунин ҳазрати Умар (р), ҳангоме ки аз ханҷар захмӣ шуда дар ҳоли марг буданд, аҳлу-ш-ӯро (шӯрои машваратӣ)-ро таин намуданд ва барои аъзоёни он, се рӯз мӯҳлат муқаррар карданд.  Сипас ба онҳо васият карданд, ки агар дар давоми се рӯз дар мавриди интихоби халифа созиш нашавад, пас аз ин муддат ҳар ки (аз аъзоёни шӯро) розӣ набошад, бояд кушта шавад.  Ӯ ба панҷоҳ мусалмон дастур дод, то ин вазифаро иҷро кунанд, яъне  касеро, ки мухолиф аст, бикушанд, бо вуҷуди он ки ин ашхос аз аҳлу-ш-шӯро ва аз саҳобагони маъруф буданд.

Ҳамаи ин дар пеши назари асҳоби Паёмбар (с.а.с.) ба вуқӯъ омад ва ягон хабаре набуд, ки ягон саҳоба аз чунин тасмими Умар (р) ихтилоф ва эътироз баён карда бошад.  Ин иттифоқи саҳобагон буд оиди он , ки беш аз ду шабу се рӯз бе халифа мондани мусалмонон ҷоиз нест.  Ҳамфикрии саҳобагон (иҷмоъ) ҳамин гуна далели шаръист ба мисли Қуръон ва Суннат.

Шояд ба шумо писанд ояд

Хабарҳои тоза
post-image Гуногун

Раҳмати Аллоҳ дар дигаргунӣ аст, ғазаби Аллоҳ дар беамалӣ аст

Ҳамроҳ бо ҳадиси шариф Раҳмати Аллоҳ дар дигаргунӣ аст, ғазаби Аллоҳ дар беамалӣ аст Бародарони мӯҳтарам, мо шуморо ба дидори навбатӣ дар барномаи “Ҳамроҳ...
Бештар
ads