Барномаи «Корти Миллии Тандурустӣ» дар Покистон қадамест барои ба пуррагӣ хусусигардонии бахши тандурустӣ

hizb-tojikiston.info hizb-tojikiston.info

Барномаи «Корти Миллии Тандурустӣ» дар Покистон қадамест барои ба пуррагӣ хусусигардонии бахши тандурустӣ

Сарвазири Покистон Имрон Хон барномаи «Корти миллии саломатӣ»-ро оғоз кард, ки суғуртаи тиббиро барои табобат ҳам дар беморхонаҳои давлатӣ ва ҳам хусусӣ таъмин мекунад.

Дар навбати худ дафтари иттилооти Ҳизб-ут-Таҳрир дар Покистон изҳор дошт, ки «корти суғуртаи тиббӣ як қадами дигар дар роҳи хусусигардонии бахши тандурустӣ аст, то беморхонаҳои хусусӣ ва ширкатҳои суғурта фоидаҳои калон ба даст оранд. Ин дар ҳоле рух дода истодааст, ки тамоми бори гарон бар дӯши одамоне афтодааст, бояд андоз супорад, чунон ки дар мамлакатхои капиталистии Ғарб одат шудааст».

Дар изҳорот инчунин гуфта мешавад: «Капитализм нигаҳдории тандурустиро ба номи «озодии моликият» ба сектори хусусӣ дод, бинобар ин беморхонаҳо, доруворӣ ва дигар хизматрасониҳои тиббӣ ба тиҷорате табдил ёфтаанд, ки максади асосии он зиёд кардани фоида аст, на бехтар намудани нигахдории тандурустӣ».

Дар идома омадааст: «Ислом хидматрасонии тиббиро яке аз ниёзҳои асосии ҷомеа муайян кардааст, ки барои он на бахши хусусӣ, балки давлат масъул аст. Ба ҷои харҷи маблағ барои ширкатҳои суғурта ва бемористонҳои хусусӣ пулро барои зиёд кардани шумораи беморхонаҳои давлатӣ ва самаранокии онҳо сарф кардан лозим аст, то шаҳрвандон ройгон табобат карда шаванд”.

Дар охир таъкид мешавад: «Танҳо низоми иқтисодии Ислом, ки Худованди Мутаъол васф кардааст, ба давлат имкон медиҳад, ки мардумро бо ёрии тиббии ройгон таъмин намояд. Расули Худо (с.а.в.) фармуданд:

الْإِمَامُ رَاعٍ وَمَسْئُولٌ عَنْ رَعِيَّتِهِ

«Ҳоким чӯпон аст ва ба рамаи худ масъул аст» (Бухорӣ).

Хилофат, чи хеле ки мо боварӣ дорем, дар дунёи Ислом ба вуҷуд меояд ва бар асоси Қуръону Суннат идора мекунад ва ба тамоми шаҳрвандонаш кӯмакҳои ройгони тиббии босифат фароҳам меорад”.

 

Шарҳи хабарҳои газетаи «Ар-рая».

19.01.2022

 

Шояд ба шумо писанд ояд

Хабарҳои тоза
post-image Гуногун

Бурдани даъват барои барпои Хилофат вазифаи ҳамаи мусалмонон аст, ва онҳое ки барандагони даъватро шиканҷа мекунанд, — ҷинояткоронанд!

Бурдани даъват барои барпои Хилофат вазифаи ҳамаи мусалмонон аст, ва онҳое ки барандагони даъватро шиканҷа мекунанд, — ҷинояткоронанд! Моҳи майи соли ҷорӣ кормандони истихборот...
post-image Гуногун

БО ҲАМРОҲИИ ҲАДИСИ ШАРИФ — Ношукрӣ нисбати шавҳар

БО ҲАМРОҲИИ ҲАДИСИ ШАРИФ Ношукрӣ нисбати шавҳар Мо шуморо, бародарони азиз, дар барномаи навбатии худ «Бо ҳадиси шариф» хушомадед мегӯем. Ассалому алайкум ва раҳматуллоҳи...
post-image Ар-Рая Матбуоти ҷаҳонӣ

Муовини вазорати корҳои хориҷаи Туркия Исроилро ба ҷиноят муттаҳам кард, аммо кишвараш кӯмакрасониро идома медиҳад!

Муовини вазорати корҳои хориҷаи Туркия Исроилро ба ҷиноят муттаҳам кард, аммо кишвараш кӯмакрасониро идома медиҳад! Рӯзи 27 феврали соли 2024 Хабаргузории Анадолу гузориш дод,...
Бештар
ads