Барҳам додани Хилофат — фоҷиаи бузургест барои Уммати Исломӣ
Аз он рӯзе, ки бехудои лаънатӣ мусалмонҳоро фиреб намуда, Хилофатро барҳам дод ва сарзаминҳои исломиро ба қаъри куфр партофт, як соли дигар сипарӣ шуд! Аз он рӯзи сиёҳ сар карда мусалмонҳо бузургии хешро аз даст доданд ва ҳар касе, ки мехост Хилофатро барқарор кунад, ба як ҷинояткори доимо таъқибшаванда табдил ёфт, ки сазовори (гирифтори) ҷазои сахттарин мешуд.
Аммо аз суқути Хилофат сӣ сол ҳам нагузашта, бо раҳмати Аллоҳи Мутаъол аз байни Уммат шахси бузург — Тақиюддини Набҳонӣ — зуҳур намуд. Ин олими бузург гурӯҳбандии тавонои сиёсиро асос гузошт, ки қодир аст, арбобони давлатии аслии Исломро ба олам нишон диҳад ва шахсиятҳои бошуҷоъро, ки омодаанд барои азнав барқарор кардани Хилофати Рошидаи Дуввум мувофиқи тариқати нубувват дар зери роҳбарии ҳассоси амирони солеҳ фаъолият кунанд, аз қафои худ барад. Маҳз онҳо бояд ба Уммат аз аҳамияти рисолати ӯ ва аҳамияти Хилофат, ки кафили амният ва сири бузургии мусалмонҳо дар дунё ва олами Абадӣ мебошад, ёдрас намоянд.
Кофирон хатари ин гурӯҳбандиро идрок намуданд, қувваи таъсири он ва суръати тези паҳн шудани идеяи он – Хилофатро, ки тариқати воқеии татбиқи Ислом дар ҳаёт ва расондани он ба тамоми ҷаҳониён аст, эҳсос карданд. Барои ҳамин, бо тамоми воситаҳои зери дасташон ва ҷосусҳои дар ихтиёрашон буда ба ин гурӯҳбандӣ ҳуҷумро cap карданд. Ин беимонҳо дар муборизаи идеологӣ мағлуб гашта, ба ғайр аз ба пасттарин корҳо даст задан, дигар чизе карда натавонистанд. Онҳо ба таъқиби тарафдорони ин гурӯҳбандӣ шурӯъ намуда, бар зидди он маълумоти бардурӯғи ҳаматарафа ва муҳосираи комилро ба кор андохтанд ва бо айбномаҳои сохтаю бардурӯғ нуфузи бенуқсони ин гурӯҳбандиро сиёҳ кардан хостанд. Хулоса, мисли фиръавнҳои ситамгар ва пешвоёни қабилаҳои бутпарасти араб дар гузашта, пешвоёни имрӯзаи куфр дар Ғарбу Шарқ бо тамоми малайҳои худ дар кишварҳои мусалмонӣ ҷанги густурдаи ҳаматарафаро алайҳи дини Аллоҳ ва онҳое, ки ба он даъват мекунанд, оғоз намуданд.
101-умин солгарди суқути Хилофат сипарӣ шуд. Уммати Исломӣ шабҳои ториктарини таърихи худро аз сар мегузаронад. Ӯ дар ҷустуҷӯи роҳи ҳалли муаммои худ аз як сӯ ба сӯи дигар саргардон гаштааст. Роҳи ҳал бошад, дар барқарор кардани боварӣ бар худ ва идрок намудани ақидае, ки қодир аст Умматро аз нав зинда гардонад, инъикос меёбад. Мусалмононро ҳиссиёт ва дарёфтҳои исломӣ ва саъю кӯшиш ба сӯи Ислом дар умум ба ҳаракат меорад, ки на як бору ду бор зоҳир шудааст. Аммо зарур аст, ки Уммат танҳо Исломро асоси ақидаи сиёсии худ бипазирад ва ҳама ақидаҳои дигарро, новобаста аз он, ки онҳо чӣ гунаанд, рад намояд.
Кофирон, ҳарчанд зӯр заданд, Исломро аз қалби мусалмонҳо канда партофта натавонистанд. Онҳо боварӣ ҳосил карданд, ки Ислом дар умқи дили Уммат устувор ҷой гирифтааст. Аммо кофирон ба он муяссар шуданд, ки мусалмононро аз фаъолияти бозгардонидани Ислом ба ҳаёти ҷомеа ва давлат дур намоянд. Маҳз барои ҳамин онҳо барпо кардани чунин давлатҳоеро иҷозат доданд, ки баъзе қонунҳои Исломро татбиқ мекунанд, то мусалмонҳоро ором созанд, ки дини онҳо дар давлат татбиқ мешавад! Ин гуна давлатҳо ба кофирон пайравӣ намуда, сиёсати хориҷӣ, иқтисодӣ, таълимӣ, ҳарбӣ ва маъмуриашонро, инчунин шакли сохтори давлатиашонро низ бар Ислом бунёд намекунанд. Баъзеҳо ин ҳолатро тасдиқ намуданд ва бо баҳонаҳои хаёлӣ бо он розӣ шуданд, ки Ислом дар давлат ҳамчун расмият боқӣ монад, бо вуҷуди он ки қонунҳо ва низомҳо, инчунин сиёсати давлатии ин кишвар бо Ислом мухолифат дорад. Дар натиҷа барқарор намудани татбиқи Ислом дар тамоми соҳаҳои ҳаёт аз ҷониби Хилофат барои онҳо аз муаммои тақдирсоз шудан бозмонд.
Фаъолияти ҷиддӣ барои таъсис додани Хилофат ва даъвати доимии мусалмонон барои дарки аҳамият ва муҳимияти ин кор ҳатмист. Ин корро танҳо бо пайвастани фикру ақидаҳои исломӣ бо рӯйдодҳои ҷорӣ, шарҳ додани ҳалҳои исломӣ ба тамоми муаммоҳои мавҷудбуда анҷом додан мумкин аст. Инчунин, нахуст бо роҳи пайгирӣ ва таҳлили ҳаводиси сиёсӣ пешниҳод кардани нигоҳи сиёсӣ дар бораи онҳо ва баъдан – пешниҳоди нигоҳи шаръӣ, то дар мусалмонҳо шуури сиёсӣ ва қобилияти фаҳмидани ҳодисаҳо танҳо аз нуқтаи назари ақидаи исломӣ, ки аз ҷаҳонбинии исломӣ бармеояд, ташаккул ёбад.
Ҳамаи ин, роҳбарии холисона ва бошууронаи сиёсиро талаб мекунад. Чунки мардум бе доҳӣ сарсону саргардон шуда, намедонанд ба кадом тараф ва аз қафои кӣ раванд, баъзан дар ихтиёри одамони бадбахт ва нодон мемонанд, чуноне ки имрӯз ҳамин ҳолат аст. Хоссатан, дар ҳамин ҳолат барандагони даъват барои барпои Хилофат тавассути ба Уммати Исломӣ исбот кардани он, ки қиёдати онҳо ба имкониятҳои кӯчаки худ дар рӯ ба рӯи чолишҳои бениҳоят душвор нигоҳ накарда, бошуур, холис ва сиёсӣ мебошад, бояд худро нишон диҳанд. Чуноне ки маълум аст, қувваҳои бадӣ шабурӯз ором нашуда, тамоми тавоноии худро сафарбар намуда, ба муқобили пайравони ин гурӯҳбандӣ, бо идея ва қиёдати онҳо мубориза мебаранд. Аммо, аъзоёни ин гурӯҳ мутмаинанд, ки Аллоҳи Мутаъол ба онҳо албатта ёрӣ хоҳад кард ва Ӯ бар ваъдаи Худ хилоф намекунад ва инчунин боварии комил ба он доранд, ки Аллоҳ ба ҳар кор тавоност ва ҷинояткоронро албатта ҷазо медиҳад!
Барқарор намудани боварӣ ва эътимоди Уммати Исломӣ ба он, ки Ислом ба ҳалли тамоми муаммо ва суолҳои мусалмонҳо қодир аст аз масъалаҳои тақдирсоз ба ҳисоб меравад. Эътимод ба он, ки Аллоҳи Мутаъол албатта ба Уммат дар сурати риояи дини худ ва барои татбиқи он кор бурданаш ёрӣ медиҳад ва дар айни замон ташаккул додани боварии Уммат ба қиёдати сиёсии бошууронаву холис, ки ба Хилофат даъват мекунад, аз корҳои хеле муҳим маҳсуб меёбанд, ки имрӯз бояд бо онҳо машғул шуд. Зеро боварӣ ва эътимод ангезаҳои асосие мебошанд, ки инсонро ба кор ва итоат кардан ташвиқ мекунанд. Вақте инсон ба худ, ба идеяи худ, ба қиёдат ва ба Парвардигораш эътимод надошта бошад, ӯ на кор карда метавонаду на фаъол буда метавонад. Баръакс, ӯ безобитаву ноором мешавад, ки он дар ниҳояти кор ўро ба ноумедӣ, беамалӣ ва муросо кардан бо он воқеият, ки душман иҷборан бор мекунад, мебарад. Мо мебинем, ки чихел мустамликадори бехудо бо тамоми воситаҳо барқасдона кӯшиш мекунад то ин эътимод ва бовариро аз байн барад. Яъне бо ин кор ӯ мехоҳад ба амалӣ гардидани нақшаҳои худ ноил шавад ва мусалмонҳоро аз ҳар гуна кӯшишҳое, ки ба раҳоӣ аз тобеият ва мустамликадорӣ равона шудааст, дур гардонад.
Эй мусалмонон!
Дини шумо — иқат аст. Он чунин тасмимҳо ва фикрҳое дорад, ки дар ҳеҷ як дин ё мабдаъи дигар дида намешавад. Ҳамаи ин фикру идеяҳо ва тасмимҳоро гурӯҳбандии сиёсии исломӣ, ки дар миёни шумо кор мебарад ба шумо шарҳ додааст. Ин гурӯҳбандӣ шумоёнро ба риояи бенуқсони Ислом бо барқарор кардани ҳамон давлате, ки худи паёмбар Муҳаммад ﷺ барои дини шумо таъсис додааст даъват мекунад. Сазовори шумо нест, ки дар каноре бекор шинеду ба ин ҳизб, ки дар ҳақиқат чун қиёдати сиёсии самимӣ ва бошууронаи шумо баромад мекунад, ёрӣ нарасонед. Таърихи шумо, ки Ғарб сиёҳ кардан мехоҳад, пур аз саҳифаҳои дурахшон аст. Шумо Хилофате доштед, ки беш аз 13 аср дар дунё ҳукмронӣ кардааст. Шумоён хайрхоҳтарин ва пуршарафтарин ҳокимони ҷаҳон будед. Шумоён дар сарзаминҳои худ дар сулҳу салоҳ умр ба сар мебурдед, бо ризқи худ, ки аз заминҳои худ мегирифтед, шикаматонро сер мекардед. Дар саломатӣ ва хурсандӣ зиндагӣ менамудед. Кишварҳои нав кушода, ба одамон роҳи ҳақиқӣ, ба мазлумон адолат ва ба эҳтиёҷмандон кӯмак мебурдед. Аммо назар андозед, ки баъд аз барҳам хӯрдани Хилофат бо шумо чӣ шуд! Шуморо ба пораҳои ночиз тақсим карданд. Сарзаминҳои шумо, номус, боигариҳо, муқаддасот ва дахлнопазириашонро гум кардааст. Ва касе, ки мехоҳад, ҳаракат карда ба шумо дастдарозӣ кунад. Шумо ба мисли қурбоние миёни сагҳои гурусна шудед, ки ба сайди худ дармеафтанд. Аз ин рӯ, тарси талқин (гипноз)-ро аз худ дур кунед, зеро шумо қавӣ ҳастед! Ба шумо талқин кардаанд, ки гӯё мисли шери дар қафас ҷойкардашуда дар зиндон қарор доред, то худро нотавон ҳис кунед ва болои фаъолияти пурмаҳсул фикр карданро кӯшиш ҳам накунед.
Душманатон аз он метарсад, ки шумо қафасро шикаста аз зиндон берун меоед ва аз ин рӯ мекӯшад то шуморо мадҳуш созад ва боварии шуморо коста намояд. Барои ин бар болои шумоён ҳокимон-ҷаллодонро шинонд, ки хоҳишу иродаи душманатонро бечунучаро иҷро мекунанд. Дар ҷавоб ба ин ба худ эътимод кунед, ба дини худ ва бар ваъдаи Парвардигори худ эътиқод намоед. Оё басанда нест, ки Аллоҳи шумо бо суханҳои зерин шумоёнро ситоиш намуда, бузург гардонидааст :
كنتم خير أمة أخرجت للناس تأمرون بالمعروف وتنهون عن المنكر وتؤمنون بالله
«Шумо беҳтарини умматҳое ҳастед, ки ба нафъи мардум падид омадаед, ба корҳои нек фармон медиҳед, аз корҳои бад бозмедоред ва ба Аллоҳ имон овардаед» (Оли Имрон, 110)
Оё басанда нест, ки Аллоҳ ба шумо ёрии худро мерасонад, агар шумо Исломро риоя намоед.
«Аллоҳ албатта ба онҳое, ки ба Ӯ ёрӣ медиҳанд, ёрӣ медиҳад. Дарҳақиқат, Аллоҳ — Қодиру Тавоно аст!» (22:40)
Газетаи «Ар-рая»
Асад Мансур
8 Раҷаб 1443 ҳиҷрӣ
09/02/2022