Ба мафҳуми ғарбии «исломгаро» (исламизм) иваз кардани номи ба мо нозилшудаи «муслим»

hizb-tojikiston.info hizb-tojikiston.info

Ба мафҳуми ғарбии «исломгаро» (исламизм) иваз кардани номи ба мо нозилшудаи «муслим»

Мафҳумҳои асосии тавсифӣ бетараф нестанд; онҳо ба зеҳни мардум ворид шуда, дар чаҳорчӯбаи дин, фикр, фалсафа ва мафкура, ки дар заминаи онҳо ин мафҳумҳо пешниҳод мешаванд, одамонро тағйир медиҳанд. Ин мафҳумҳои ба эътиқоди ин ё он дин ё мафкура асосёфта мебошанд, ки самараи барандагӣ(пешбар), конструктивӣ ва табдилдиҳанда доранд. Дар баробари ин мафҳумҳое низ ҳастанд, ки баранда нестанд, яъне ҷанбаҳои динӣ ва мабдавии онҳо муайянкунанда нестанд ва ҳар дин ё мабдаъ метавонад онҳоро чи хеле, ки ҳаст ҳамон хел истифода барад, ё ин ки бо хоҳиши худ сураташро дигаргун ва аз нав муайян намояд.

Мусалмонҳо набояд аз мафҳумҳои мабдавии бегонае, ки барандагони асосҳои ба ботил (1) ва дигар эътиқодҳо дахлдошта мебошанд, истифода баранд. Мусалмон бояд исрор кунад, ки мафҳумҳои беназири асосии худро истифода барад ва худро танҳо бо онҳо муайян намояд. Муҳимтар он аст, ки мафҳумҳои қуръонӣ дар ҳамон шакле, ки онҳо ҳастанд истифода шаванд, агар сухан дар мавриди мафҳумҳо-барандаҳо, ки Парвардигорамон нозил кардааст равад. Ягон пиндорҳои  дигар набояд  ин мафҳумҳоро иваз намоянд ва мухотабҳои (онҳое, ки даъват карда мешаванд) даъват бояд дар атрофи мазмуни танҳо ҳамин мафҳумҳои  бо Ваҳӣ муайяншуда ҷамъ карда шаванд.

Парвардигорамон моро «муслим» (мусалмон) номид.       

Дар ҳоле ки Парвардигори мо дар бисёр оятҳои Қуръон моро «муслим» тавсиф намуда, чунин номид ва дини бароямон Худаш баргузидаро – Ислом ном гузошт, новобаста аз он ки чӣ зарурат ва нафъе моро тела надиҳад ҳам, ниёз ба номҳои дигар беақлӣ ва нодуруст мешавад. Мо бояд бо номи «исломгаро» (исламист) шинос кардани худ дурӣ ҷӯем, ки дар давраҳои ахир хеле васеъ густариш ёфтааст ва боиси таназзули сиёсӣ мешавад. Бархе аз бародарону хоҳарони мо исломгароиро чунон наздик қабул мекунанд, ки ҳатто омодаанд даъво ва исбот кунанд, ки баъзе шахсиятҳо ва адибоне, ки худро исломгаро муаррифӣ мекунанд, дар асл чунин нестанд.

Аммо «исломгароӣ» (исламизм), ки пиндори бофта мебошад, вобаста ба шахс метавонад мазмуни гуногун дошта бошад. Ҳар кас метавонад, бо додани маъноҳои гуногун ба он, аз он истифода кунад  ва худро бо ёрии ин мафҳум муаррифӣ намояд. Ҳамчунин, ягон кас ҳақи ниҳоии онро надорад, ки бигӯяд: «Ин исломгароӣ (исламизм) нест ва шумо исломгаро (исламист) шуда наметавонед». Чунки мафҳумҳои «исломгароӣ» ва «исломгаро» мафҳумҳое ҳастанд, ки аз ақли инсон тавлид ёфта, вобаста ба мардум ва минтақаҳо метавонанд маъноҳои мухталиф дошта бошанд, дар ҳоле ки мафҳумҳои «Ислом» ва «муслим» (мусалмон) барои ҳама универсалӣ буда,  мазмуни онҳо бошад бо Ваҳии Илоҳӣ муайян карда мешавад. Аз ин сабаб, касе наметавонад даъво кунад, ки ӯ — мусалмон аст ва айни замон ба меъёрҳое, ки дар Қуръон таъйин шудааст мухолифат варзад. Яъне, ин иддаъоро метавон рад намуд, агар таърифи мусалмонро дар чаҳорчӯбаи Исломи ҳақиқӣ ва меъёрҳои Ваҳӣ муайянкарда ёдрас намоем.  Он гоҳ ин шахсро, агар ӯ дар ҳақиқат онро бихоҳад, метавон бо он мувофиқ кунонд, ки ӯ мусалмон шавад.

Бо кадом сабабе, ки набошад худро бо истилоҳоти сохташуда, ба монанди «исломгаро» муайян кардан нодуруст аст. Илова бар ин, дар Қуръон ҳукми зерин мавҷуд аст:

هُوَ سَمَّاكُمُ الْمُسْلِمِينَ مِنْ قَبْلُ وَفِي هَٰذَا لِيَكُونَ الرَّسُولُ شَهِيدًا عَلَيْكُمْ وَتَكُونُوا شُهَدَاءَ عَلَى النَّاسِ ۚ فَأَقِيمُوا الصَّلَاةَ وَآتُوا الزَّكَاةَ وَاعْتَصِمُوا بِاللَّهِ هُوَ مَوْلَاكُمْ ۖ فَنِعْمَ الْمَوْلَىٰ وَنِعْمَ النَّصِيرُ

«Ӯ (Аллоҳ) пеш аз ин ва дар ин (дар Қуръон) шуморо мусалмон номид, то Паёмбар бар шумо гувоҳ бошад ва шумо бар мардум гувоҳ бошед. Намоз бихонед, закот бидиҳед ва ба Аллоҳ махкам чанг занед. Ӯ нигаҳбони шумост. Чӣ зебост ин Сарпараст! Чӣ зебост ин Ёвар!» (22:78).

Тавассути ин оят Парвардигорамон хабар медиҳад, ки дар ин Китоби охирон, чун дар китобҳои қаблӣ, моро «муслим» (мусалмон) номидааст, то Паёмбар ﷺ барои мо шоҳид (ибрат, намуна) бошанд, мо бошем барои дигар одамон шоҳид шуда тавонем. Дигар хел гӯем, изҳор шудаст, ки мо танҳо бо айнияти «мусалмонӣ»-и худ, бо шаҳодати худ (ибрат, намуна), бо сухан ва кирдори худ (ахлоқ) паёми худро ба мардум расонида метавонем. Дар оятҳои дигар ба таври возеҳ баён шудааст, ки дин дар назди Аллоҳ Ислом аст(2) ва онон, ки дине ғайри Ислом меҷӯянд, — аз онҳо пазируфта нахоҳад шуд ва дар ҳаёти Охират ноумед мешаванд(3). Аллоҳ дине бо номи «исломгароӣ» надорад. Ғайр аз  ин, кушоду равшан таъкид карда шуд, ки Аллоҳ барои мо номи «мусалмон»-ро интихоб кардааст, на «исломгаро». Нахустин одамоне, ки Ваҳӣ ба онҳо хитоб намудааст ва пайравони хатти баъдии эҳё ва дигаргунсозӣ дар чаҳорчӯби тавҳид худро танҳо бо мафҳумҳои «Ислом» ва «мусалмонҳо» муаррифӣ кардаанд.

Эй мусалмонҳо! Модоме ки Парвардигорамон ба мо маҳз ҳамин номро додааст, биёед худамонро «мусалмон» бигӯем! Охир ин номро ба мо Худи Аллох додааст! Барои мо шарафи бузург аст, ки Худи Парвардигорамон барои мо номеро интихоб кардааст, ки бо он бояд ном бурда шавем! Ин ном барои ҳама пайравони дини Ислом умумӣ буда, то рӯзи Қиёмат боқӣ хоҳанд монд. Дар ин ҳол биёед ба ҷуз ин дигар ному шараф ҷустуҷӯ нанамоем. Парвардигори мо фармуд:

يَا أَيُّهَا الَّذِينَ آمَنُوا اتَّقُوا اللَّهَ حَقَّ تُقَاتِهِ وَلَا تَمُوتُنَّ إِلَّا وَأَنْتُمْ مُسْلِمُونَ

«Эй касоне, ки имон овардаед! Аз Худо битарсед ва фақат мусалмон бимиред!» (3:102).

Парвардигорамон мо дар оятҳои Худ хабар медиҳад, ки Ӯ Исломро барои мо дин интихоб намуд, дини моро ба охир расонид ва Ӯ аз Ислом ҳамчун тарзи зиндагии мо розӣ мешавад.

Парвардигорамон дар ояти 3-юми сураи «Моида» ба мо чунин мефармояд: «Имрӯз дини шуморо комил кардам. Ҳамин тавр, ба шумо раҳмат кардам ва Исломро бароятон дин интихоб намудам. Дини Исломро бароятон дини итоат(тобеият), барномаи зиндагӣ намудам. Исломро бароятон тарзи зиндагӣ муайян кардам ва Ман танҳо аз ин тарзи зиндагӣ дар байни шумоён розӣ ҳастам». Агар ба ояти 85-уми сураи «Оли Имрон» нигарем, Парвардигорамон ба мо чунин паём мефиристад: «Ҳар кас бо дин ва тарзи зиндагии аз дини итоатаз Ислом фарқкунанда назди Ман биёяд, асло аз он розӣ нахоҳам шуд. Мавқеъи шумо нисбат ба Ман итоати бечунучаро аст. Дигар хел гӯем, дохил шудан ба Ислом дар тамоми соҳаҳои зиндагӣ фақат ба Ман итоат кардан, бо тамоми умри худ ба Ман итоат кардан, яъне мусалмон шудан аст».

Парвардигори мо фармуд:

إِنَّ الدِّينَ عِنْدَ اللَّهِ الْإِسْلَامُ ۗ

«Дарҳақиқат, дин назди Аллоҳ — Ислом аст» (3:19).

Аллоҳ дар идома мефармояд:

وَمَا اخْتَلَفَ الَّذِينَ أُوتُوا الْكِتَابَ إِلَّا مِنْ بَعْدِ مَا جَاءَهُمُ الْعِلْمُ بَغْيًا بَيْنَهُمْ ۗ

«Аҳли китоб танҳо пас аз он ки дониш ба онҳо расид, ба сабаби ҳасад ва зулм нисбат ба якдигар ихтилоф карданд» (3:19).

Аллоҳ даъват кардааст, ки дар дин тақсим нашавед (азҷумла — дар муайян кардани пиндорҳои «Ислом» ва «мусалмон») бар хилофи донише, ки маънои ин номҳоро муайян мекунад. Агар инро дар алоқа бо чизи мавриди муҳокимаи мавзӯамон ифода намоем, метавонем илова кунем, ки ин, азҷумла, даъват ба фарқ нагузоштанро дарбар мегирад, яъне бо иваз кардани ин мафҳумҳои қуръонӣ бо дигар пиндорҳо, ки маъноҳояшон баҳснок аст, фарқ гузошта нашавад.

إِنَّ هَٰذِهِ أُمَّتُكُمْ أُمَّةً وَاحِدَةً وَأَنَا رَبُّكُمْ فَاعْبُدُونِ

«Дарҳақиқат, ин дини шумо дини ягона аст. Ман бошам — Парвардигори шумо ҳастам. Пас Маро бипарастед!» (21:92).

Ин ҷо Аллоҳ ба мо мефармояд: «Ислом, дини тавҳид, дини ягонаи шумост. Онҳое, ки ба ин дин имон овардаанд, Уммати ягонаро ташкил медиҳанд, Ман бошам — Парвардигори шумо ҳастам, пас Маро бипарастед». Дар Қуръон лафзи «уммат» барои ифодаи ҳам «дин» ва ҳам «ҷомеаи одамоне, ки  як динро пайравӣ мекунанд» истифода шудааст. Парвардигорамон ба мо хотиррасон мекунад, ки моён – Уммати ягонаи ба дини ягонаи Ислом пайравикунанда мебошем, ки Ӯ бароямон интихоб намудааст. Ӯ Таъоло ба мо мефармояд, ки аз парокандашавии динамон ва дар ниҳоят, аз парокандашавии Умматамон худро дур гирем:

وَتَقَطَّعُوا أَمْرَهُمْ بَيْنَهُمْ ۖ كُلٌّ إِلَيْنَا رَاجِعُونَ

«Онҳо миёни худ корашонро вайрон  карданд (дар масъалаҳои дин тақсим  шуданд ва ихтилоф варзиданд), вале ҳамаи онҳо ба назди Мо бозмегарданд» (21:93).

Дар ин оят Парвардигор инчунин моро ба ин тарз ҳушдор медиҳад: «Фақат ба Ман итоат кунед ва аз мавқеъҳое, ки ин дин ва пайравони онро пароканда сохта, ба тақсимшавӣ мебарад, эҳтиёт шавед. Аммо одамон дар масъалаи дин байни худ ҷудо шуданд ва ҳамаи онҳо ба сӯи Мо бозмегарданд».

Дар Қуръони карим  паёмбарон бо истифода аз мафҳумҳои зерин, ки қисман ба ҳам мувофиқанд, амр шудаанд, ки мӯъмин ва мусалмон бошанд:

وَأُمِرْتُ أَنْ أَكُونَ مِنَ الْمُؤْمِنِينَ

«Ба ман фармон шудааст, ки яке аз мӯъминон бошам» (10:104).

وَأُمِرْتُ أَنْ أَكُونَ مِنَ الْمُسْلِمِينَ

«Ба ман амр шудааст, ки яке аз мусалмонон бошам» (10:72).

Парвардигорамон ҳамчун ибрат дуъои зерини ҳазрати Иброҳим (а)-ро меорад:

رَبَّنَا وَاجْعَلْنَا مُسْلِمَيْنِ لَكَ وَمِنْ ذُرِّيَّتِنَا أُمَّةً مُسْلِمَةً لَكَ

«Эй Парвардигори мо! Ҳардуи моро аз таслимшудагон ба Ту (аз мусалмонҳо) бигардон, аз насли мо ҷамоати(мусалмонҳо) дар баробари Ту таслимшудагонро падид овар» (2:128).

Ба ҷои лафзҳои: «Мо исломгароем», — мо бояд дар зеботарин калимаҳо исрор намоем: «Дарҳақиқат, ман яке аз мусалмонҳоям» (46:15; 41:33) ва «Ман амр шудаам, ки мӯъмин бошам» (10:104), — ва новобаста аз ягон чиз такрори ин суханҳоро давом диҳед. Мо бояд танҳо бо мафҳумҳои беҳамтои қуръониамон худро муайян кунем. Он чиро, ки тамоми паёмбарон, насли нахустини Қуръон ва тамоми пешвоёни «кори эҳё» анҷом додаанд, анҷом диҳем; ва ҳеҷ кадоме аз онҳо худро «исломгаро» намеҳисобид. Мо бояд мардумро на ба «исломгаро»-ии сунъӣ(сохта), ки бо чаҳорчӯбаи танги мафкураи сиёсии кадом ҷунбише маҳдуд карда шудааст, балки ба дини тамоми ҳаётро дарбаргирандаи “Ислом” даъват намоем. Ба он даъват намоем, ки мусалмон ва мӯъмин бояд буд ва ба имони ваҳдату ягонагӣ.

Лафзи «мусалмон» муодили русии нусхаи форсии лафзи арабии «муслим» мебошад. Аз ин рӯ, истифодаи истилоҳи «мусалмон» ҳамчун муодили русии он ягон бадӣ ё маҳкумшавӣ надорад, ба шарте, ки он маъноеро дарбар гирад, ки ба меъёрҳои қуръонӣ мувофиқ меояд. Аммо, мутаассифона, мазмуни пиндори «мусалмон» дар амал одатан бо пиндори «муслим» дар Қуръон мувофиқат намекунад. Бо вуҷуди он ки халқҳои кишварҳо дар раванди исломикунонӣ худро “мусалмон” меноманд, ки он мансубияти маданиро ифода мекунад, лекин ба Қуръон асос намеёбад, яъне, онҳо дар ҳолати бехабарӣ аз он, ки мусалмон будан чӣ маъно дорад зиндагӣ мекарданд ва зиндагиро давом медиҳанд. Ҳамин тавр, «мусалмонӣ»-и аз Китоб набуда, ки ба навовариҳои анъанавӣ ё ин ки замонавӣ ва хурофотҳо асос ёфтааст, бо «мусалмонӣ»-и Қуръонӣ омезиш карда натавонист.

Бар хилофи он, ки аксари мардум пазируфтани Ислом ва мусалмон шуданашонро эълон менамоянд, онҳо бо зиндагии итоати пурра ба Аллоҳ зиндагӣ намекунанд. Дар воқеъ онҳо ҳақиқатан таслим нашуданд. Вақте мо Қуръонро партофта мемонем (маҳҷур) ва аз намунаи зебои Паёмбари Аллоҳ ﷺ дур мешавем, моён ба вазъияте мефароем, ки намедонем чӣ гуна ва чӣ кор кунем, то дар маънои ҳақиқӣ ва пурраи ин лафз муслим бошем. Дар ин маврид мо бояд ба ин оммаи покният, вале дар ин масъала бемаърифат, ки худро мусалмон меноманд, бо нармӣ фаҳмонем, ки шартҳои муслим (мусалмон) номидани худ мувофиқи Қуръон ва Суннат чигунаанд, ба ҷои он ки аз мафҳумҳои равшан рӯй гардонда, худро бо пиндорҳои сохтаву бофта муаррифӣ намоянд.

Магар моён намехоҳем ҷомеъаеро, ки дар он зиндагӣ дорем, аз худамон сар карда, ба самти меъёр ва принсипҳои Ваҳӣ дигаргун созем, бо ҳалкунанда  кардани Қуръон ва пайравӣ намудан ба роҳ(Суннат)-и Пайғамбар ﷺ дар муборизаашон, то  ҷомеаи Қуръони замони моро бунёд намуда, Уммати яктопарастро дар миқёсҳои Ваҳӣ  ва зери шоҳидии Паёмбари Аллоҳ ﷺ ташаккул  диҳем?!  Дар чунин ҳолат мо бояд худро ба воситаи мафҳумҳои ибтидоии Ваҳӣ муайян кунем, чуноне ки Расули Аллоҳ ﷺ ва насли аввали Қуръон карда буданд. Мо бояд гуфтор ва амалҳои худро бо ёрии мафҳумҳои қуръонии худ баён намуда, аз арзишҳо, тадбирҳо ва пиндорҳое, ки аз ҷаҳолати анъанавӣ ва муосир ба вуҷуд омадаанд, дурӣ ҷӯем. Зеро онҳо айният ва амалҳои моро аз асли худ дур ва принсиҳои моро хира мекунанд.

«Исломгароӣ» ин мафҳумест, ки империалистони ғарбӣ сохта баромадаанд

Ҳангоми баррасии мафҳуми «исломгароӣ» моён барои худ таълиме дармеёбем; ҳатто бародарони ин пиндорро боисрор истифодабаранда ба хулосае меоянд, ки «исломгароӣ —  мафҳуми ихтилофнок аст». Зиёда аз он, ин бародарон таъкид мекунанд, ки пиндори «исломгароӣ» як мафҳуми аз ҷониби империалистони зиддиисломии ғарбӣ ва агентҳои ғарбгарои дохилӣ таҳия ва истифода мешаванд, чуноне ки мафҳумҳои «исломи радикалӣ», «исломи фундаменталистӣ» ва «мазҳабӣ»-ро  истифода мебаранд. Ин кор бо мақсади   тавсиф ва айбдор кардани мусалмонҳое, ки баҳри  дифоъ аз арзишҳои Ислом ҳаракат мекунанд, баҳри бедории исломӣ кӯшиш ва бо ғарбгароӣ, капитализм, модернизм(навгароӣ) ва империализм муқовимат меварзанд, нигаронида шудааст. Гарчанде онҳо дар истифодаи  ин мафҳум исрор кунанд ҳам, онҳо инчунин тасдиқ мекунанд, ки ба он манфиатпарастӣ ва миллатгароӣ  дохил карда шудаанд. Аз ҷумла ба воситаи ин мафҳум бисёр пиндорҳои ихтилофнок муайян карда мешаванд. Инчунин он аз берун барои ифодаи гуногунии фаҳмишҳо истифода мешавад, ки  байни худ фарқиятҳои таълимотӣ доранд. Дар ин замина, онҳо инчунин бар ин назаранд, ки таърифҳои зиёде аз қабили “Исломгароии ҳизби «Ягонагӣ ва тараққиёт», «Исломгароии Анатолӣ», «Исломгароии усмонӣ», «Исломгароии туркӣ», «Исломгароии бар дин асосёфта», «Исломгароӣ баҳри фоида», «Исломгароии универсалӣ». «Мусалмон-демократ», «Мусалмони анъанавӣ», «Мусалмони радикалӣ» барои ифодаи дурустӣ (ҳаққ) дар баробари нодурустӣ (ботил) истифода мешаванд.

Мисли пиндори «динӣ» мафҳуми «исломӣ», ки аксаран барои баён кардани таърифи умумӣ аз берун дар дохили нохунак навишта мешавад, бо вуҷуди ин аз ҷониби баъзе аз мусалмонҳо бо эҷоди таърифҳои «шаръӣ», бо истинод ба шариат, пазируфта, муҳофизат ва ба муомилот ворид карда мешавад.

Нахуст, «исломгароӣ» — ин  истилоҳи навдаровардашуда аст, ки дар Қуръон ҷой надорад. Гуфта мешавад, ки ин фаҳмишот бо далели зарурати ҷудо кардани муваҳҳидон (тавҳидпарастон)-и замони мо аз оммаҳое, ки ба хурофотҳои зиёд эътиқод доранд, вале худро мусалмон медонанд, истифода мешавад. Аммо ин мафҳум на танҳо ба номи «муслим», ки мо дорем ва он ба воситаи Ваҳӣ ба мо дода шудааст зид мебошад, балки хавфи канда шудани пайванди наслҳои баъдӣ бо насли аввали Қуръонро низ дорад. Зиёда аз ин, далели он, ки моро мусалмон ном мебаранд, дар байни мо ва ҷомеаи боқимонда, ки худро мусалмон муаррифӣ мекунад, як чизи муҳими муштаракро ташаккул медиҳад. Империалистон моро бо номҳои «исломгароён», «фундаменталистҳо» ё «радикалҳо» номгузорӣ мекунанд, то ки моро аз ин имконият маҳрум созанд, моро дар канор гузошта, муоширати байни гурӯҳбандиҳо ва ҷамъиятҳои гуногунро сад гузоранд.

Ғайр аз ин, ба истиснои баъзе хулосаҳои коршиносон, ҳангоми зикр кардани «исломгароӣ» ё «Исломи сиёсӣ»  дар  тамоми дунё асосан аҳзоби «Биниши миллӣ”-и Наҷмиддин Эрбокан ва муборизаи сиёсии онҳо ба ёд меояд. Дигар хел гӯем, худмуайянкунӣ дар сифати  «исломгароён» натиҷаҳои интизорбударо надод, зеро онҳо дар фаҳмиши нодурусти дин  аз дигар «мусалмонҳо» фарқ карда натавонистанд. Чунки ҳамин хел мафҳум барои хатти сиёсии дунявии демократии «Ҳизби Шукуфоӣ», «Ҳизби Саодат», «Ҳизби Адолат ва Тараққиёт» ва дигарҳо  истифода мешавад. Вақте ки онҳо ба истифодаи ин мафҳум шурӯъ карданд, гуфтанд, ки «чун ҳама худро «мусалмон» муайян мекунанд, мо барои фарқ кардани дидгоҳи худ ба Ислом аз тасаввуротҳои хурофотии ҷомеъа аз мафҳуми «исломгароӣ» истифода бурданро афзалтар медонем». Ҳамакнун, гоҳ-гоҳ бо ҳамон саъю кӯшиш талош доранд таърифи гуногуни «исломгароӣ»-ро кор карда бароянд, то ки ин дафъа ба воситаи чунин номҳо, ба монанди «исломгароии универсалӣ» ё «ягонагии исломгароӣ» худро ҷудо намуда, аз дигарон фарқ кунанд.

Аммо, тавре ки дар боло зикр шуд ва тавре дар раванди раъйпурсии  конститутсионӣ рух медод, онҳо тез-тез ин фарқиятро фаромӯш мекунанд ва бо, чи хеле ки худашон онҳоро меноманд, «ҳизбҳои сиёсии исломии дунявии демократӣ» тариқи гуфтугӯҳои «Исломи маҳаллӣ», «Исломи миллӣ», «Исломи туркӣ» ва «синтези туркӣ-исломӣ» ва бар пояи парешоние, ки баёнотҳои  оддии сиёсии дунявӣ ба вуҷуд овардаанд муттаҳид мешаванд. Ба ҳамаи ин хавфу хатарҳо нигоҳ накарда, онҳо исрор меварзанд, ки худро исломгаро номанд ва барои ин мафҳуми сохта ин қадар нерӯи бисёр сарф мекунанд. Аммо оё барои касоне, ки онҳоро аз қафои мафҳуми бофта кашола мекунанд, дар истифода бурдани номи «мусалмон», ки ба мо дар Ваҳӣ омада, аз ҷониби Парвардигорамон нозил шудааст исрор намудан оқилонатар, арзишмандтар ва принсипноктар намешуд?  Барои худро  ба воситаи мафҳуми «исломгароён» аз дигарон ҷудо намудан ин қадар бисёр навиштану сухан кардан чӣ лозим?!

Мутаассифона, дар баробари мавҷуд будани мафҳуми «мусалмон», ки пур аз меъёрҳои қуръонӣ ва имконияти даъвати ҳар касе, ки худро мусалмон мешуморад, ба муроҷиати умумии тавҳид ва  Китоби умумӣ – Қуръон мебошад, кӯшишҳои бемаъниро ба сӯи мафҳуми бофтае, ки мардум онро рад мекунанд ва бо иродаи илоҳӣ тасдиқ намешавад, мебинем. Чуноне ки дар боло кайд намудем, империалистон моро бо чунин номҳо,  ба монанди «исломиён», «фундаменталистҳо» ё «радикалҳо» ном мегузоранд, то моро аз имконияти муколама бо мардум маҳрум созанд ва моро дар канор гузоранд.

Онҳое, ки худро на бо «мусалмон», балки бо мафҳуми «исломгаро» муаррифӣ мекунанд, ҳатто ба воситаи ин ягона муайянкунӣ ва истиснои мафҳуми қуръонӣ ба дур шудан аз баракати Аллоҳ мебаранд, якпорчагии Исломро, ки тамоми соҳаҳои ҳаётро фаро мегирад вайрон намуда, ин динро ба як гуфтугӯи сирф маҳдуди сиёсӣ, қариб, ки ба як мабдаъи сиёсӣ табдил дода, бо ҳамин корашон дар зеҳнҳои бахши яктопарастон нофаҳмиҳо эҷод мекунанд. Илова бар ин, дар миёни оммаҳое, ки ин “исломгароён” ба онҳо муроҷиат мекунанд аз сабаби он ки онҳо ин мафҳуми аз тарафи душман бо роҳи сунъӣ сохташуда ва аз аввал таъиншударо истифода мебаранд, ошуфтагӣ ва нофаҳмӣ ба вуҷуд меояд.  Ин мафҳум аз рӯи мазмуни худ пурихтилоф буда, он на доираи яктопарастон, балки доираҳои демократӣ ва консервативиро фаро мегирад ва айни замон онҳоро тасниф(ба синфҳо ҷудо кардан) менамояд. Аз ин сабаб,  мисоли ниҳоят сусти даъвате ба миён меояд, ки ба амал баровардани даъват ба яккахудоиро бар асоси Қуръон, ки бар пояи ҳаёти Абадӣ ва бандагӣ ба Аллоҳ асос ёфтааст, имкон намедиҳад.

Аз ин сабаб бештари афроде, ки «исломгароӣ»-ро азхуд ва истифода карданд, тағйиротҳои ҷиддиро таҷриба намуда, бо мурури замон ба сӯи сиёсати дохилинизомӣ майл карданд. Аксари маорифпарварон ва зиёиёни «исломгаро», ки дар васоити ахбори омма менависанд ва гап мезананд, номи  Аллоҳ додаро бо мақсади ягона бо маънои қуръонӣ пурра мекунанд: то фикр ва гуфторе, ки ба ҷамъияти яктопарастон ва ба низоми исломии аз низоми ширки тоғутӣ ва ҷомеаи ҷоҳили онро дастгирикунанда вобастанабуда эҷод шавад ва дар ҳамин асос созмон ёбад. Аммо онҳо худашонро ҷудо намуда,  аз шоҳидон номида шудан бо мазмуни оят оварда дур мемонанд. Онҳо ба сиёсикунонии аз ҳад зиёд ва шиорӣ фурӯ мераванд, ки омезиши Ваҳӣ бо ҷомеа ва мукаммалии пурраи ғуломиро нодида мегиранд. Ҳамин тавр, онҳо мавқеъеро, ки ба истеҳсоли фикрҳое машғуланд, ки  бо рамзҳои тағирот дар дохили низом пурра муайян ва маҳдуд карда мешаванд, барои демократикунонии низом ва паҳн кардани онҳо дар ҷомеа индексатсия карда мешаванд, табиӣ мешуморад. Ба ҷои он ки мафҳумҳои Қуръонро ба мавзӯъи рӯз ворид кунанд, онҳо — зери лавҳаи «исломгароӣ»- бештар дар бораи «диндории шаҳрӣ (тамаддунӣ)», «консерватизм», инчунин аз «Исломи либералӣ» ё ин ки «Исломи минтақавӣ, миллӣ, туркӣ» сухан мекунанд, ки дар  гуфтугӯҳои дунявӣ ифода ёфта, бо демократия дар созиш мебошад. Дар зери лавҳаи «исломгароӣ» сиёсати дохилинизомии «ҲТИ», «Ҳизби фазилатҳо» ва ғайраро баррасӣ мекунанд.

Роҳпаймоии стратегии дарозмуддати мо заифтар мешавад, вақте ки  мо ба рӯзномаҳои сиёсии рӯзмарра тамаркуз намуда, ба афзалиятҳои сиёсии кӯтоҳмуддат ва ҳисобукитобҳои тактикӣ эътибор менигаронем. Чунки дар маркази ин гуна афзалиятҳо ва ҳисобҳои сиёсӣ ҳадафҳои муваққатӣ дар чаҳорчӯбаи низоми дунявӣ пайгирӣ шуда, ҷанбаи Ислом, ки метавонад шахсиятҳо ва ҷомеаро шакл диҳад, нодида гирифта мешавад. Вақте ки қалбҳо (эҳсосот), ахлоқ ва қонунҳои бародарӣ дар муносибатҳои ҷамоӣ аз рӯи Ваҳӣ танзим наёфта, дарки яклухтии ибодат бошад нодида гирифта мешавад, дар он сурат шумораи пайравоне, ки дорои нерӯи баланди зеҳнӣ ва суханронии қавии сиёсӣ мебошанд зиёд мешаванд. Аммо,  дар баробари ин, онҳо аз тасаввуроти мукаммал  ва  дурусти айнияти исломӣ ва даъвати қуръонӣ дур мебошанд ва билохира ин одамон барои шоҳидӣ додан дар бораи Ваҳӣ нотавон шуда мемонанд. Аз ин сабаб, аз нуқтаи назари дигаргу

ниҳои ҷамъиятӣ бо сабаби  афзоиши шумораи «барандагони даъват», ки дар бурдани даъвати муттаҳидкунандаи ҷомеа ва дар шоҳидӣ додан мушкилот доранд, инчунин дар нарасидани мисолҳо бо ахлоқи дарбаргиранда ва комил, мо ба мавқеъҳои бесамар ва беқувват кашида мешавем.

Вақте ки аҳли китоб ва мушрикон худро бо «дини Иброҳим» муаррифӣ карданд, оё мусалмонҳо ҳаққи аз худ кардани ин мафҳумро ба онҳо гузоштанд?

Парвардигори мо ба Паёмбари охирин ﷺ амр намуд, ки касонеро, ки «Аҳли китоб» меномиданд даъват кунад то ба принсипҳои тавҳид баргарданд, ки онҳо қаблан «муслимҳо» (таслимшудагон) буданд ва ба дини тавҳид пайравӣ мекарданд. Аммо онҳо дин ва китобҳои худро бо сохтакорӣ дигаргун карда буданд, инчунин онҳоро барои азнав аз таслимшудагон шудан таҳти номи  «мусалмонҳо» даъват кунад:

قُلْ يَا أَهْلَ الْكِتَابِ تَعَالَوْا إِلَىٰ كَلِمَةٍ سَوَاءٍ بَيْنَنَا وَبَيْنَكُمْ أَلَّا نَعْبُدَ إِلَّا اللَّهَ وَلَا نُشْرِكَ بِهِ شَيْئًا وَلَا يَتَّخِذَ بَعْضُنَا بَعْضًا أَرْبَابًا مِنْ دُونِ اللَّهِ ۚ فَإِنْ تَوَلَّوْا فَقُولُوا اشْهَدُوا بِأَنَّا مُسْلِمُونَ

«Бигӯ: «Эй аҳли китоб! Биёед  ба  лафзи ягона (тавҳид) барои мо ва барои шумо биёем, ки ҷуз Аллоҳ дигареро напарастем ва ҳеҷ чизро шарики Ӯ насозем ва якдигарро дар баробари Аллоҳ парвардигор намешуморем. Агар онҳо рӯй гардонанд, бигӯ: «Шоҳидӣ диҳед, ки мо мусалмонем!» (3: 64).

Чуноне ки дидан мумкин аст, мо фармуда шудаем, то ба онҳое, ки аз роҳи рост мунҳариф шудаанд оид ба принсипҳои дини ҳақ, Ислом ва ақидаи тавҳид ёдрас намоем, гарчанде онҳо худро пайрави дини ҳақ меҳисобанд, инчунин кӯшиш ба харҷ диҳем то дар баргардондани онҳо ба моҳияти аслии худ нақши калон бозем. Аммо дар сурати муқовимати онҳо ба ин даъват мавзӯъ чунин монда мешавад: фарқи байни моён ва онҳоро бо роҳи изҳор кардан ва таҷассуми арзандаи айнияти «мусалмонӣ»  таъкид кардан.

Аз тарафи дигар, тақрибан тамоми қишрҳои ҷомеа, яҳудиён, насрониён ва мушрикон, ки мухотабони даъвати Паёмбари Аллоҳ ﷺ буданд, худро «пайравони дини Иброҳим» меномиданд, яъне худро бо пайғамбар Иброҳим(а) муайян мекарданд. Аллоҳ Ваҳйи  охирини  Худро ба мусалмонҳо нозил намуда, нагуфт, ки: «Азбаски истилоҳи «дини Иброҳим» маънои худро гум карда, ба маъноҳои дигар истифода мешавад ва аҳли Китоб ва мушрикон, ки кофир шудаанд, худро бо воситаи ин ном  муайян мекунанд, пас худро бо ин исм нисбат надиҳед».  Баръакс, Аллоҳ  паёмбар Иброҳим (а)-ро  дифоъ мекунад ва худро бо «дини Иброҳим(а)» муайян менамояд. Таърихи пайдоиши дини Иброҳимро ошкор мекунад ва мегӯяд, ки аҳли Китоб ва мушрикон пайравони дини Иброҳим нестанд, аммо моён бояд онҳоро ба ин дин даъват кунем.

مَا كَانَ إِبْرَاهِيمُ يَهُودِيًّا وَلَا نَصْرَانِيًّا وَلَٰكِنْ كَانَ حَنِيفًا مُسْلِمًا وَمَا كَانَ مِنَ الْمُشْرِكِينَ

«Иброҳим яҳудӣ ҳам, насронӣ ҳам набуд. Ӯ муслиме буд, ки танҳо Аллоҳро эътироф мекард ва аз мушрикон набуд» (3:67).

Мафҳумҳои аз ҷониби Аллоҳ фиристодашуда, аз қабили «Ислом» ва «муслим», умумибашарӣ буда,  табиати муайянкунанда ва фарогирандаи онҳо бо амали баранда, табдилдиҳанда ва муттаҳидкунандаашон то рӯзи Қиёмат идома хоҳад ёфт. Дар ин сурат мо бояд суботкорона аз мафҳумҳои аслии умумибашарии худ дифоъ кунем, ки Парвардигорамон барои муайян ва фарқ кунондани моён   дар тамоми равандҳое, ки аз пайдоиши таърихи инсоният оғоз шуда, то рӯзи Қиёмат идома хоҳад ёфт, нозил кардааст. Инчунин  моён бояд  мазмуни аслии онро ба восита ва мувофиқ бо меъёрҳои Ваҳй муайян намуда, ба ҷомеъа пешкаш намоем. Ғайр аз ин, набояд фаромӯш созем, ки    танҳо бо субот ва исрор дар истифода бурдан аз чунин мафҳумҳои барандаи нозилшудаи қуръонӣ мо метавонем ҷомеаи ҷоҳилиятро ба самти тавҳид дигаргун сохта, онро ба сӯи нур ва роҳи рост(ҳидоят) барорем.

Истифодаи ҳамон як номи умумии «муслим» (мусалмон) бо даъватшавандагон метавонад бартарии муҳим дар раванди таблиғ бошад.

Азҷумла, исрор намудан дар истифодаи чунин мафҳуми бофташуда чун «исломгаро», ки барои муайянсозӣ нокифоя мебошад,  ба ҷои  мафҳуми «муслим» (мусалмон), ки хеле намоён, зуд-зуд истифодашаванда, тавсифшаванда ва паёмро расонанда мебошад, , хатогии бузурге мешуд. Ғайр аз  ин, исрор намудан дар ин интихоб, инчунин, мафҳуми пайдоишаш қуръониро аз пуштибонӣ ва баракати Илоҳӣ маҳрум сохта, натиҷаҳоеро ба бор меорад, ки ба мафҳуми бофта нисбат дода мешавад. Он дар навбати худ таъсири таблиғ ва шоҳидӣ доданро ба шахси хитоб(даъват)-шаванда кам намуда, қабули ин даъватро аз тарафи ҳар ақли солим маҳрум месозад. Охир, онҳое, ки ин даъват ба онҳо нигаронида шудааст, гуфта метавонанд: «Барои мо яке аз «мусалмонҳо»-и Қуръон даъваткарда будан басанда аст, ба мо бар замми он, «исломгаро» будан зарур нест». Дар натиҷа, онҳое, ки худро исломгаро ном бурда, мардумро ба исломгароӣ даъват мекунад, имконияти истифодаи махраҷи умумӣ ва нуқтаҳои расишро, ки мафҳуми «муслим» (мусалмон) ташаккул додааст аз даст медиҳанд, ки шахси даъватшаванда ба он  бо муҳаббат муносибат мекунад. Инчунин имконияти расондани тавҳид, бо шарҳ додани мазмуни дар Қуръон омадаи ин пиндор аз даст меравад. Аммо агарчи дар аввал ҳамчун камбудӣ ба назар мерасад, ки омма худро мусалмон мехонанд, гарчанде ки аз Ислом ва Қуръон канда шуда, паст фаромада рафтаанд, дар асл ин як бартарият аст, ки аз он барои даъвати халқ ба сӯи  Исломи  ҳақиқиашон, ки дар китоби умумии моён – Қуръон – бо истифода аз ин махраҷи умумӣ муайян карда шудааст, истифода бурда мешавад.

Мехоҳам бо хотираҳои шахсии худ дар ин бора мубодила намоям. Дар ибтидои соли 1991, вақте ки «Иттиҳодияи ҳуқуқи башар ва ҳамраъйӣ бо мазлумон» («İnsan Hakları ve Mazlumlar İçin Dayanışma Derneği», «Mazlumder») таъсис ёфт, моён дар сифати аввалин шӯрои директорон аз қароргоҳи «Иттиҳодияи ҳуқуқи башар» («İnsan Hakları Derneği», İHD), ки 5 сол пеш аз мо аз ҷониби сотсиалистҳо таъсис дода шуда буд дидан намудем. Зимни ин сафар моён — ҳамчун шӯрои директорони ду иттиҳодия – бо равиши кори худ оид ба ҳуқуқи инсон мубодила намудем. Табиист, ки онҳо бо истинодҳои ғарбӣ муносибати худро дар мавриди ҳуқуқи башар пешниҳод мекарданд, мо бошем — мувофиқи айният ва истинодҳои исломии худ. Моён,     «Mazlumder», бо  ишора ба ҳуввияти исломӣ ва ҷанбаҳои Ваҳй нигоҳҳои худро шарҳ медодем, аммо дар муаррифии худ, ки бо лафзҳои “Мо — мусалмонем” оғоз ёфта буд, муносибати худро ба чунин пиндорҳо, ба монанди «фард», «ҳуқуқҳо», «адолат» ва «зулму ситам», инчунин ба мубориза барои ҳуқуқҳои инсон, бо меъёрҳои Ваҳй шарҳ додем. Дар ин робита яке аз кормандони идораи İHD савол дод: “«Фикрҳоятонро баён намуда, шумо мегӯед: «Мо — мусалмонҳо, ба ҳуқуқҳои инсон чунин бовар дорем», — аммо мо ҳам мусалмон нестем магар?»

Мо ба онҳо чунин чавоб додем: «Маъзарат мехоҳем, моён шуморо ҳамчун одамони сотсиалистӣ ва дунявӣ медонистем. Албатта, ҳар кас метавонад бо пазируфтани принсипу меъёрҳои умумибашарии Ислом мусалмон шавад ва мо  аз ин фақат шод хоҳем шуд». Сипас онҳо гуфтанд: «Албатта, мо — сотсиалист ва секуларист ҳастем, аммо оё ин моро аз мусалмон будан бозмедорад?». Посухи мо ба ин дар шакли таблиғ буд: моён фаҳмондем, ки чаро дар як вақт ҳам секуларист(дунявӣ), сотсиалист ва ҳам мусалмон будан ғайриимкон аст, инчунин меъёрҳои Қуръонро, ки барои мусалмон хондани худ муқаррар шудаанд ва муносибати Исломро аз нуқтаи назари ҳуқуқҳои инсон шарҳ додем. Невзат Ҳеливаҷӣ, раиси онвақтаи İHD, ба ин муколама дахолат намуд ва рафиқонашро ноҳақ шуморида, мавзӯъро баст.

Агар мо худро дар сифати «исломгаро» муайян ва муаррифӣ мекардем ва ҳатто меъёрҳои Ваҳиро ба воситаи муносибати «исломгароӣ» ба ҳуқуқҳои инсон тавзеҳ медодем, намояндагони шӯрои мудирони İHD моро «гурӯҳи сиёсии идеологӣ» қабул намекарданд ва монанди пештара вокуниш нишон намедоданд. Дар натиҷа онҳо минбаъд ҳам худро “мусалмон” ҳисобида мегаштанд ва фикр  мекарданд, ки мавқеъи ғайриисломии онҳо ба «мусалмонӣ» хилоф нест. Аммо ба онҳо имконият дода шуд, ки чизҳои навро азхуд намоянд, зеро мавқеъи мо, ки дар он худро дар сифати «мусалмонҳо», на «исломгароён», муайян намудем  ва муносибати худро ба «ҳуқуқи инсон»,  ки ҳамчун меъёри Ислом оиди ин масъала бар Ваҳӣ асос ёфтааст, пешниҳод намудем, барои онҳо неъмате шуд.

Мавдудӣ инчунин зиракона муборизаи худро дар сифати даъват барои «мусалмон шудан» бо муроҷиат ба касоне, ки  мусалмон номида мешаванд, тавсиф мекунад. Китоби ӯ бо номи «Биёед мусалмон мешавем» дарҳол пас аз  бори аввал дар Туркия нашр шуданаш манъ карда шуд. Ба ҳамин тарз, Сайид Қутб низ одамонеро, ки худро мусалмон мешуморанд, даъват кардааст, ки аз ҷомеаи ҷоҳилият, ки худро мусалмон муаррифӣ мекунад, ҷудо шаванд. Ӯро барои таълифи китоби «Марҳилаҳо дар роҳ», ки ба мусалмон шудан, ташаккули додани ҷомеа ва насли Қуръон, ки бар  меъёрҳои Ваҳӣ ва нахустин ҷамъияти Қуръон асос ёфтааст даъват кардааст, эъдом(қатл) карданд. Ин китоб низ дарҳол пас аз нашраш дар Туркия мамнӯъ шуд. Аз ин мисолҳо маълум мешавад, ки низомҳои тоғут аз даъвати мардум ба мусалмон шудан бо мазмуни қуръонӣ норозианд, на аз мафҳуми ба Ислом ва мардум бегонаи «исломгароӣ».

Воқеият чунин аст, ки низомҳои тоғутҳои ғарбӣ ва маҳаллӣ, инчунин ёрдамчиён-маорифпарварони ғарбгарояшон аз мафҳуми «исломгароӣ» истифода мебаранд то  мусалмонҳоеро, ки барои паҳни даъвати тавҳид талош мекунанд тӯҳмат ва айбдор намоянд. То ин ки онҳоро аз халқ, ки  таблиғ бевосита ба онҳо нигаронида шудааст ҷудо карда, даъвати онҳоро фалаҷ созанд. Аз як тараф ба дарки дурусти Ислом, якпорчагии мусалмонии Қуръон ва иҷтимоигардонии зиндагӣ дар маънои куллӣ, инчунин ба кӯшишҳо барои бунёди «ҷамъияти қуръонӣ» ва «низоми адлияи исломӣ»  бо мафҳуми «исломгароӣ» тамға зада шуд. Душманон метавонистанд бо мазмуни он  чи хеле ки хоҳанд бозӣ карда,  халқ, хоссатан — мухотабони даъватро аз меъёрҳои Қуръон ва анъанаҳои тавҳид дур карданд. Аз тарафи дигар, онҳо ҳаракат карданд халқро фиреб дода,  зулму саркӯбиҳоро сафед кунанд, то чунин ба назар расад, ки танқид, ҳамлаҳо, зулм ва таъқибҳо ба «исломгароӣ» на ба Ислом ва мусалмонӣ нигаронида шудааст, балки бар зидди нусхаи дини сохтаи мабдавикунонидашуда мебошад. Аз ин сабаб, онҳое, ки «исломгароӣ»-ро интиқод ва таъқиб мекунанд, баръакси онҳое, ки бар зидди Ислом ва мусалмонӣ мебароянд, ба вокуниши зиёди мардум рӯ ба рӯ намешаванд.

«Ислом», «мусалмонҳо», «мӯъминҳо» ва дигар мафҳумҳои қуръонӣ мафҳумҳои умумибашарӣ ва устувор буда, то рӯзи Қиёмат, то замоне ки Қуръон вуҷуд дорад, қувваи худро нигоҳ медоранд. Ин мафҳумҳо аз замона пеш гузашта, бо ташаккул додани махраҷи умумӣ барои  Уммат, тамоми Умматро  муттаҳид месозанд. Аз ин рӯ, мо бояд худро бо мафҳумҳои аслӣ, умумибашарӣ ва доимии қуръонӣ, ки аз ҷониби Аллоҳ нозил ва нигоҳ дошта шудаанд муайян ва ифода  кунем ва дар ин интихоб исрор намоем. Худро бо мафҳумҳои муваққатӣ, ки барои мақсадҳои муайян тарҳрезӣ шуда, ба фаромӯшӣ маҳкум шудаанд муайян ва муаррифӣ накунем. Ҳамчунин  кӯшиш намоем то кори бузурги умумиҷаҳонии мо Ислом бо мафҳумҳои бегона ва муваққатӣ зиндонӣ нашавад. Ҳамин тавр, моён, бо изни Аллоҳ,  халқамонро, ки худро  сидқан «мусалмон» меноманд, вале тарзи зиндагиашон бо он чи дар Қуръон баён шудааст мувофиқат намекунад, чунки одамон дар бораи он ки муслим(мусалмон)-и ҳақиқӣ мувофиқи матнҳои шаръӣ чи гуна бояд бошад маълумот надоранд, даъват карда метавонем.

 

Мехмет Памак

KokluDegisim

  1. «Ботил» — сифати фаъоли амонат (исми фоъил) буда, аз феъли «батала» сохта шудааст. Арабҳо дар бораи чизе, ки хилофи ҳақ ва дурустӣ бошад, мегӯянд: «Баталя аш-шайъу». Асосан, ин реша аз ғайб задани чизе, кӯтоҳмуддат ва бардавом набудани он далолат мекунад.
  2. Қуръон, 3:19.
  3. Қуръон, 3:85.
  4. Қуръон, 5:3.

 

Шояд ба шумо писанд ояд

Хабарҳои тоза
post-image Гуногун

Бурдани даъват барои барпои Хилофат вазифаи ҳамаи мусалмонон аст, ва онҳое ки барандагони даъватро шиканҷа мекунанд, — ҷинояткоронанд!

Бурдани даъват барои барпои Хилофат вазифаи ҳамаи мусалмонон аст, ва онҳое ки барандагони даъватро шиканҷа мекунанд, — ҷинояткоронанд! Моҳи майи соли ҷорӣ кормандони истихборот...
post-image Гуногун

БО ҲАМРОҲИИ ҲАДИСИ ШАРИФ — Ношукрӣ нисбати шавҳар

БО ҲАМРОҲИИ ҲАДИСИ ШАРИФ Ношукрӣ нисбати шавҳар Мо шуморо, бародарони азиз, дар барномаи навбатии худ «Бо ҳадиси шариф» хушомадед мегӯем. Ассалому алайкум ва раҳматуллоҳи...
post-image Ар-Рая Матбуоти ҷаҳонӣ

Муовини вазорати корҳои хориҷаи Туркия Исроилро ба ҷиноят муттаҳам кард, аммо кишвараш кӯмакрасониро идома медиҳад!

Муовини вазорати корҳои хориҷаи Туркия Исроилро ба ҷиноят муттаҳам кард, аммо кишвараш кӯмакрасониро идома медиҳад! Рӯзи 27 феврали соли 2024 Хабаргузории Анадолу гузориш дод,...
Бештар
ads