Ба дурустӣ, ки шайтон душмани шумост, пас ӯро душмани худ бигиред.

Ба дурустӣ, ки шайтон душмани шумост, пас ӯро душмани худ бигиред.

Аввалин чизе, ки ҳар мусалмон бояд дарк кунад, мавҷудияти шайтонест, ки ҳамроҳаш буда, бо қабилааш моро аз ҷое, ки мо ӯро намебинем, мебинад. Ӯ моро аз ибтидои ҳаёт то охири ҳаёт ҳамроҳӣ мекунад. Ягона таваҷҷӯҳи шайтон ин аст, ки бар мусалмон бартарӣ пайдо карда, ӯро ба куфр ва нофармонӣ тела диҳад ва бо фитнаву васваса, ангеза ва зебу зинатдиҳӣ бар қалб, ақл ва боқӣ узвҳои ӯ пирӯз гардад.

Мусалмон танҳо бо имон ва итоат ба Аллоҳ, таваккали доимӣ ба Ӯ, тавба, истиғфор ва нофармонӣ кардан ба шайтон дар ҳама гуна корҳои диниву дунявӣ метавонад бар ӯ ғолиб ояд. То он даме, ки мусалмон аз шайтон дурӣ наҷӯяд ва ӯро душмани худ  қарор надиҳад, ибодати ӯ холис ба хотири Аллоҳ нахоҳад буд. Аввалин чизе, ки мусалмон бояд ҳамеша дар ақлу қалбаш нигоҳ дорад, ин аст, ки шайтон душмани аслии ӯст, ки ягона рисолаташ гумроҳ кардани мусалмон, бо орзуҳо мафтун сохтан ва фиристодани инсон ба дӯзах аст. Сабаби ин душманӣ дар он аст, ки Аллоҳ шайтонро ба саҷдаи Одам (алайҳиссалом) амр кард, аммо ӯ бо такаббур инро рад намуд ва иддаъо кард, ки беҳтар аз Одам мебошад. Аз ин рӯ, Аллоҳ ӯро бо зиллату хорӣ аз биҳишт ронд ва ба ӯ ва зурриёташ Ҷаҳаннамро ваъда дод. Ин мубориза то марги мусалмон идома хоҳад ёфт. Бадбахт касест, ки ба ҷониби шайтон гузашт ва хушбахт он касест, ки Аллоҳ ӯро аз шайтон нигоҳ дошт. Ин мубориза на танҳо миёни мусалмонон ва шайтон аст, балки миёни ҳизби Аллоҳ ва ҳизби шайтон низ мебошад. Шайтон душмане аст, ки бояд аз он паноҳ ҷуст.

Мусалмон роҳҳоеро, ки шайтон тавассути онҳо ӯро васваса мекунад, бояд донад. Шайтон ботилро зинат дода, ба он даъват мекунад, мусалмонро ба содиркунии амалҳои ҳаром водор намуда, дар ӯ ғайрати ҷоҳилиятро бедор месозад. Ин муборизаи нафс аст, ки одамон дар бораи он фикр кардан намехоҳанд. Шайтон ба бисёр корҳо қодир аст, аммо бар мусалмон қудрати ҷисмонӣ надорад ва наметавонад ӯро ба итоати фармонҳои худ сархам кунонад. Аллоҳ Таъоло мефармояд:

«Чун кор анҷом шавад, шайтон гӯяд: «Ба дурустӣ ки ваъдаи Аллоҳ ҳақ буд ва ман ба шумо ваъда додам, вале ба ваъдаи худ вафо накардам. Ман бар шумо ҳеҷ тавоноӣ надоштам. Ман шуморо даъват кардам ва шумо ба ман итоат кардед. Пас маро маломат накунед, балки худро маломат кунед. Ман ба шумо кӯмак карда наметавонам ва шумо ба ман кӯмак карда наметавонед. Аз он, ки шумо пештар маро шарик қарор дода будед, безорам». Албатта, барои ситамкорон азобе дардовар омода шудааст» (14:22).

Қуртубӣ дар тафсири ин оят мегӯяд: «Ман бар шумо ҳеҷ тавоноӣ надоштам» — далелҳою тавзеҳот надоштам. Яъне: «Ман ба шумо далели он чизеро, ки дар дунё ваъда додам ва зинат додам, нишон надодаам. Ман танҳо даъват намудам ва шумо иҷобат кардед. Ман танҳо васваса кардам ва шумо аз паи ман омадед». Шайтон гӯяд: «Ман шуморо ба иҷрои он чизе, ки ба сӯяш даъват кардам, маҷбур накардаам». «Ман шуморо даъват кардам» як навъ истисно аст, яъне: Ман ба ҷуз пичирросзанон даъват кардан чизе накардам ва шумо бо ихтиёри худ ба ман посух додед. «Бинобар ин, маро маломат накунед, балки худро маломат кунед». «Ман бар шумо қудрате надоштам», яъне қудрат бар дилҳо ва имони шумо надоштам. Ман танҳо даъват кардам ва шумо иҷобат намудед».

Аҳмад ва Насоӣ дар «Саҳеҳ»-аш овардаанд, ки Расулуллоҳ ﷺ фармудаанд:

«Ҳароина, шайтон дар роҳҳои Бани Одам менишинад. Ӯ дар роҳи Ислом овардани инсон нишаста мегӯяд: «Оё Исломро қабул карда, дини падару аҷдоди худро тарк мекунӣ?!». Аммо инсон ба ӯ итоат накарда, Исломро қабул мекунад. Онгоҳ дар роҳи ҳиҷрат нишаста мегӯяд: «Оё зодгоҳи худро тарк мекунӣ?! Охир муҳоҷир мисли аспи баста аст!». Аммо инсон ба гапаш гӯш надода, ҳиҷрат мекунад. Сипас шайтон дар роҳи ҷиҳод нишаста мегӯяд: «Оё ҷиҳод карданӣ ҳастӣ ва ҳол он ки он машаққати ҷонию молӣ дорад?! Агар ҷанг кунӣ, кушта мешавӣ ва занат шавҳари дигаре мекунад ва молат тақсим мешавад». Аммо инсон ба ӯ гӯш накарда, ҷиҳод мекунад. Ҳар кӣ чунин кунад, Аллоҳ ваъда додааст, ки ӯро ба биҳишт дохил мекунад. Касе кушта шавад, Аллоҳ ваъда додааст, ки ӯро ба биҳишт дохил мекунад. Агар ғарқ шавад, Аллоҳ ваъда додааст, ки ӯро ба биҳишт дохил мекунад. Агар аз ҳайвони савории худ афтад (ва гарданаш шиканад), Аллоҳ ваъда додааст, ки ӯро ба биҳишт дохил мекунад».

Шайтон душмани ошкори инсон аст. Вай аз ибтидои офариниши замин бо душмании худ нисбат ба инсон ном баровардааст. Ӯ чунон бо васвасаи инсон машғул аст, ки дигар имкони ба Аллоҳ рӯй оварданро надорад. Расулуллоҳ  ﷺ  дар ҳадиси боло мефармоянд: «Ҳароина, шайтон дар роҳҳои Бани Одам менишинад», яъне дар роҳҳои ҳақ ва наҷот нишаста, мекӯшад ӯро аз ҳаракат дар ин роҳҳо боздорад. «Ӯ дар роҳи Ислом овардани инсон нишаста, барои аз пазируфтани Ислом боздоштани вай мегӯяд: «Оё Исломро қабул карда, дини падару аҷдоди худро тарк мекунӣ?!». Шайтон қабули Исломро маҳкум карда мегӯяд, ки он хилофи дини аҷдоди инсон аст. «Аммо инсон ба ӯ итоат накарда, Исломро қабул мекунад».

«Онгоҳ дар роҳи ҳиҷрат нишаста, бо мақсади аз ҳиҷрат боздоштани ӯ мегӯяд: «Оё зодгоҳи худро тарк мекунӣ?! Ба хотири боздоштани фарзанди Одам, шайтон зодгоҳи ӯро ситоиш намуда мегӯяд: Охир муҳоҷир мисли аспи баста аст!». Шайтон фарзанди Одамро фиребкунон мегӯяд, ки муҳоҷир дар ғурбат мисли аспи баста аст, яъне бо касе муошират ва муомила намекунад. Ӯ мегӯяд, ки ин мисли аспест дар банд, ки танҳо дар масофаи дарозии ресмон мечараду халос. Дар баробари ин, ӯ васваса мекунад, ки шахси дар зодгоҳ зиндагикунанда бо ҳеҷ чиз маҳдуд намешавад ва мисли аспи озод метавонад ба ҳар ҷо равад. Шайтон мӯъминро васваса карда, бо ёдраскунии душвориву машаққатҳо ӯро метарсонад. Шайтон фарқи байни маҳдудиятҳои дин ва зиндагии кофирро, ки барояш ягон маҳдудият вуҷуд надорад ва бо фармону боздошт пойбанд нест, нишон медиҳад. Ба ин васила ӯ кӯшиш мекунад, ки фарзанди Одамро аз роҳи имон берун барад. Аммо мӯъмин «ба гапаш гӯш надода, ҳиҷрат мекунад».

«Сипас шайтон дар роҳи ҷиҳод нишаста мегӯяд: «Оё ҷиҳод карданӣ ҳастӣ ва ҳол он ки он машаққати ҷонию молӣ дорад?!». Ба ин тартиб, шайтон аҳамияти ҷиҳодро ночиз нишон дода мегӯяд, ки ҷиҳод аз молу ҷон маҳрум месозад. Ӯ мегӯяд: «Агар ҷанг кунӣ, кушта мешавӣ», яъне ҷазои ширкат дар ҷиҳод марги ту хоҳад буд. Шайтон дар идома мегӯяд: «ва занат шавҳари дигаре мекунад ва молат (байни ворисон) тақсим мешавад». Аммо инсон ба ӯ гӯш накарда, ҷиҳод мекунад».

Расулуллоҳ ﷺ мефармоянд: «Ҳар кӣ чунин кунад, яъне ба шайтон итоат нанамуда, вориди Ислом шавад, ҳиҷрат кунад ва ба ҷиҳод равад, Аллоҳ ваъда додааст, ки ӯро ба биҳишт дохил мекунад». Дар идома омадааст: «Касе кушта шавад, Аллоҳ ваъда додааст, ки ӯро ба биҳишт дохил мекунад. Агар ғарқ шавад, Аллоҳ ваъда додааст, ки ӯро ба биҳишт дохил мекунад. Агар аз ҳайвони савории худ афтад (ва гарданаш шиканад), Аллоҳ ваъда додааст, ки ӯро ба биҳишт дохил мекунад». Расулуллоҳ ﷺ ҳамаи ҳолатҳоеро, ки дар онҳо мӯъмин дар роҳи Аллоҳ мемирад, дар як қатор гузошта, «Аллоҳ ваъда додааст, ки ӯро ба биҳишт дохил мекунад» гуфтаанд. Яъне қатъи назар аз он, ки оё ӯ кушта шуд ё ғарқ шуд, ё аз болои ҳайвони саворӣ афтод ва ё дар ҳолатҳои дигар мурд, Аллоҳ ӯро ба биҳишт медарорад.

Дар ин ҳадис аз шайтон ҳушдор дода шудааст, ки ӯ мӯъминро дар ҳамаи роҳҳои некӣ интизор аст. Пас мӯъмин бояд ҳушёр бошад ва аз Аллоҳ мадад бихоҳад.

Дар маҷмӯаҳои Аҳмад ва Муслим ривояти Ибни Масъуд оварда шудааст, ки Расулуллоҳ ﷺ фармудаанд:

«Аз миёни шумо ягон нафаре нест, ки ҳамроҳаш як ҷин мавҷуд набошад». Аз ӯ пурсиданд: «Ҳатто ҳамроҳи ту, ё Расулаллоҳ?!». Эшон гуфтанд: «Ҳатто ҳамроҳи ман низ. Лекин Аллоҳ ба ман бар зидди ӯ ёрӣ дод ва ӯ Исломро пазируфт ва маро, ба ҷуз хайр, ба чизе амр намекунад!». Ин шайтон ҳеҷ гоҳ инсонро, хоҳ ӯ хуб бошад, хоҳ бад, тарк намекунад. Ягона ташвиши шайтон инсонро аз некӣ гардонида, ба сӯи бадӣ тела додан аст. Ҳамин тавр, ҳар як инсонро дар зиндагӣ як шайтон ҳамроҳӣ мекунад, чунон ки дар ҳадис омадааст.

Аз Сафия бинти Ҳуяй ривоят аст, ки Расулуллоҳ ﷺ фармудаанд:

«Ҳароина, шайтон дар (бадани) инсон монанди хун ҳаракат мекунад» (Аҳмад, Бухорӣ, Муслим). Ин ҳадис то чӣ андоза ба инсон наздик будани шайтонро баён мекунад.

Аз Абӯ Ҳурайра (Аллоҳ аз ӯ розӣ бод) ривоят аст, ки Расулуллоҳ ﷺ фармудаанд:

«Агар фарзанди Одам ояти саҷдаро бихонад ва саҷда кунад, шайтон фиғону нолакунон дур шуда мегӯяд: «Фарзанди Одам ба саҷда фармуда шуд ва ӯ онро ба ҷо меоварад ва подоши ӯ Ҷаннат ва ман ба саҷда фармуда шудам, вале ман напазируфтам ва акнун Ҷаҳаннам маро интизор аст!» (Аҳмад, Муслим). Шайтон на аз рӯи пушаймонӣ аз нофармонӣ ва на аз рӯи тавба, балки аз рӯи ҳасад, хашму ғазаб ва дарди беандоза гиря мекунад.

Аз Абӯ Ҳурайра (Аллоҳ аз ӯ розӣ бод) ривоят мешавад, ки Расулуллоҳ ﷺ фармуданд:

«Ҳароина, мӯъмин қодир аст шайтони худро чунон хаста кунад, ки яке аз шумо дар сафар шутури худро хаста мекунад» (Аҳмад).

Дар китоби «Шарҳул-ҷамиъ ис-сағир» омадааст: «Вақте ки «қодир аст шайтони худро чунон хаста кунад» гуфта мешавад, ин маънои «аз қувват маҳрум кардан» ё «хоркунон лоғар сохтан»-ро медиҳад. Чун шайтон ба дилаш хитоб кунад, мӯъмин бо шинохти Парвардигораш худро ҳимоя мекунад. Ва ҳангоме ки шайтон ба ҳавасҳои мӯъмин рӯй оварад, мӯъмин бо зикри Аллоҳ худро ҳифз мекунад. Ҳамин тавр, ҳар бор мӯъмин шайтони худро хаста мекунад. Шутурро боре, ки вай дар роҳ мебардорад, хаста месозад. Шайтон бошад аз ғазабе хаста мешавад, ки ӯро ҳар боре, ки мӯъмин ба Аллоҳ итоат мекунад, фаро мегирад. Дар ҳадис «нобуд созад» гуфта нашудааст, балки «хаста кунад» омадааст,  зеро мӯъмин дар зиндагӣ аз шайтон раҳоӣ нахоҳад ёфт. Мубориза бо ин шайтон то марги инсон идома меёбад. Аммо мӯъмини ҳақиқӣ ҳеҷ гоҳ аз шайтон мағлуб намешавад, ҳарчанд то даме, ки хун дар рагҳои ӯ ҷорист, аз ӯ раҳоӣ ёфта наметавонад. То замоне, ки инсон зинда аст, дарҳои дилаш ба рӯи шайтон ҳамеша боз аст. Ин дарҳо бисёранд: ҳавас, хашм, бадҷаҳлӣ, тамаъҷӯӣ, сарват ва ғайра. То даме, ки дар боз аст, душман фурсати ворид шуданро аз даст намедиҳад ва ягона роҳи боздоштани ӯ ҷанг аст.

Ибни Қайим ин ҳадисро ба тариқи зайл шарҳ медиҳад: «Ҳар гоҳе, ки шайтон мӯъминеро васваса карда, дар ҷавоб зарбаҳое ба шакли зикр, тавба, истиғфор ва тоат мебинад, ин шайтонро ҳамеша азоб медиҳад. Шайтони шахси бадахлоқ ҳамеша дар оромиш ва шодӣ аст ва аз ин рӯ, тамоман қувваи худро сарф намекунад. Ҳар кӣ дар дунё бо ёди Аллоҳ, талаби истиғфор ва тоат шайтони худро азоб надиҳад, шайтон дар охират оташи Ҷаҳаннамро барояш меорад.

Шояд ба шумо писанд ояд

Хабарҳои тоза
post-image Гуногун

Бурдани даъват барои барпои Хилофат вазифаи ҳамаи мусалмонон аст, ва онҳое ки барандагони даъватро шиканҷа мекунанд, — ҷинояткоронанд!

Бурдани даъват барои барпои Хилофат вазифаи ҳамаи мусалмонон аст, ва онҳое ки барандагони даъватро шиканҷа мекунанд, — ҷинояткоронанд! Моҳи майи соли ҷорӣ кормандони истихборот...
post-image Гуногун

БО ҲАМРОҲИИ ҲАДИСИ ШАРИФ — Ношукрӣ нисбати шавҳар

БО ҲАМРОҲИИ ҲАДИСИ ШАРИФ Ношукрӣ нисбати шавҳар Мо шуморо, бародарони азиз, дар барномаи навбатии худ «Бо ҳадиси шариф» хушомадед мегӯем. Ассалому алайкум ва раҳматуллоҳи...
post-image Ар-Рая Матбуоти ҷаҳонӣ

Муовини вазорати корҳои хориҷаи Туркия Исроилро ба ҷиноят муттаҳам кард, аммо кишвараш кӯмакрасониро идома медиҳад!

Муовини вазорати корҳои хориҷаи Туркия Исроилро ба ҷиноят муттаҳам кард, аммо кишвараш кӯмакрасониро идома медиҳад! Рӯзи 27 феврали соли 2024 Хабаргузории Анадолу гузориш дод,...
Бештар
ads