Аз онҳо эҳтиёт шав, то туро рӯйгардон насозанд!

Аз онҳо эҳтиёт шав, то туро рӯйгардон насозанд!

Шубҳаеро баён карда мегӯянд: “Эй бародар, чӣ тавр ту оиди барпои Хилофат гап мезанӣ, дар ҳоле ки парокандагии уммат, фақр, заифӣ ва фасодро дар он дида истодаӣ. Аввало шиками одамонро сер кунед, ба онҳо эҳтиёҷ, амният, ризқ ва имкони амалро таъмин созед ва сипас Хилофатро барпо ва шариатро татбиқ кунед”. Бародари азиз, аз онҳо эҳтиёт шав, то туро рӯйгардон насозанд! Бисёриҳо бехабаранд, ки Хилофат ва татбиқи шариат на қуллаи бедории исломӣ, балки тариқати бедоршавии исломӣ аст ва уммат бидуни татбиқи ҳукми Аллоҳ дар давлати исломӣ бедор нахоҳад шуд. Эй бародарон, мо ҳамчун мусалмон бовар дорем, ки сабаби ҳамаи мушкилиҳоямон ҳукм нарондан бо нозилкардаҳои Аллоҳ аст, ки боиси муаммоҳо ва фасод гаштааст, яъне фақр, фасод, бекорӣ, паҳни муҳаррамот, гуноҳҳо, ноамнӣ. Ин натиҷаҳои каноргузории ҳокимияти шариат дар давлати исломӣ мебошад. Инро сухани Ӯ Таъоло таъкид мекунад: Ба сабаби аъмоли мардум фасод дар хушкиву баҳр ошкор шуд, то ба онон ҷазои баъзе аз корҳояшонро бичашонад, бошад, ки бозгарданд. (Рум:41)

Дар тафсири ин оят, маънои “фасод” гуноҳҳо, нобуди барака, тангии зиндагӣ, касоди молҳо ва болоравии нархҳо аст. Аллоҳ чиро талаб дорад? Бошад, ки бозгарданд. Бозгарданд ба чӣ? Ба ҳукм ва шариати Аллоҳ. Ӯ Субҳонаҳу боз мефармояд: Аллоҳ деҳаеро мисол меорад, ки амну ором буд, рӯзии мардумаш ба фаровонӣ аз ҳар ҷо мерасид, аммо ношукрии неъматҳои Аллоҳ карданд ва Ӯ ба ҷазои аъмолашон ба гуруснагиву ваҳшат мубталояшон сохт. (Наҳл:112)

Маънои муҳимтарини “ношукрии неъматҳои Аллоҳ”, эй бародарон, азбайнбарии шариати Ӯ, мавқуфгузорӣ ва ивазкунии он бо шариатҳои ҷоҳилӣ аст. Инсон шабу рӯз аз неъматҳои Аллоҳ баҳра мебарад, аммо сипас ҳукмро аз дигарон ҷустуҷӯ намуда, ба амри Ӯ итоат намекунад ва шояд намоёнтарини мисоли ин сухани Ӯ, Азза ва Ҷалла, бошад: Оё надидаӣ он касонро, ки неъмати Аллоҳро ба куфр иваз сохтанд ва мардуми худро ба диёри ҳалокат бурданд? (Иброҳим: 28). Неъмати Аллоҳ чӣ маъно дорад, бародарон? Ин рисолати тавҳидест, ки Набӣ (с.а.с.) овардаанд ва чун мо онро бекор сохта, бо ғайри он дар давлатҳои ҷоҳилӣ ҳукм рондем, ҳалокатро дар сиёсат, дар иқтисод ва дар ҳамаи соҳаҳо аз сар мегузаронем.

  Расулуллоҳ мушкилиҳои ҷомеаро чӣ тавр ҳал намуданд?

Набӣ (с.а.с.) ба Мадина дар ҳоле омаданд, ки он пур аз мушкилиҳо буд: мушкилиҳои тиббӣ, табақавӣ, ҷанги шаҳрвандие, ки аз он навакак баромада буданд, мавҷудияти пасмондаҳои ҷоҳилият, ки Расулуллоҳ (с.а.с.) барои аз онҳо пок намудани мафҳумҳои мусалмонони бисёр хеле заҳмат кашида буданд. Аммо эшон чӣ тавр ҳамаи ин балоҳоро муолиҷа намуданд? Оё гуфтанд, ки “Аввал ин мушкилиҳоро ҳал мекунем ва сипас, вақте ки ҷомеа ислоҳ мешавад, давлати исломиро бунёд менамоем”?! Ҳаргиз, бародарон, ҳаргиз! Балки эшон бо барпои давлате муолиҷа карданд, ки шариатро татбиқ намуд ва маҳз бо шариат Мадина бедор шуд, маҳз бо шариат одамон бедор шуданд. Паёмбар (с.а.с.) мефармоянд: “Дар қавме, ки дар миёнашон фаҳш ошкоро намоиш дода мешавад, бешакк вабо ва бемориҳои қаблан номавҷуд сар мезананд. Онҳое, ки дар паймонаву тарозу нуқсон мекунанд, албатта ба қаҳтӣ, нуқсони ғизо ва зулми султон гирифтор хоҳанд шуд. Бешубҳа касоне, ки закоти молҳояшонро намедиҳанд, аз қатраи борон маҳрум хоҳанд гашт ва агар чорпоён намебуданд, ҳаргиз бар онҳо борон намеборид. Бар онҳое, ки аҳди Аллоҳ ва Расулашро мешикананд, албатта Аллоҳ душманонашонро ғолиб гардонад, пас боигариҳояшонро тороҷ кунанд. Ва модоме ки раҳбаронашон бо Китоби Аллоҳ ҳукм намеронанд ва аз миёни нозилкардаҳои Аллоҳ баъзеяшро ихтиёр менамоянд, Аллоҳ мусибатро дар миёни онҳо ҷой медиҳад” (“Сунан”-и Ибни Моҷа). Ҳамаи ин мушкилиҳо аз нобудии ҳукмронӣ бо нозилкардаҳои Аллоҳ пайдо шудаанд. Зуҳури фаҳш натиҷаи чист? Натиҷаи бекорсозии ҷазоест, ки зинокорон ва фосиқонро бозмедорад. Расулуллоҳ (с.а.с.) мефармоянд: “Як ҷазое, ки дар рӯи замин татбиқ мегардад, барои одамон беҳтар аз боронест, ки чиҳил субҳ барояшон меборад”. (“Муснад”-и имом Аҳмад). Чаро закот дода намешавад? Зеро давлат исломӣ нест, ки закотро ҳатмӣ гардонад. Шикастани аҳди Аллоҳ ва Расулаш ин вогузоштани татбиқи тамоми шариат дар давлат аст. Сипас маротибаи панҷум Паёмбар кушоду равшан баён карда гуфтанд, ки модоме ки раҳбаронашон бо Китоби Аллоҳ ҳукм намеронанд ва аз миёни нозилкардаҳои Аллоҳ баъзеяшро ихтиёр менамоянд, Аллоҳ мусибатро дар миёни онҳо ҷой медиҳад. Яъне парокандагӣ, сарсонӣ ва ҳоказо. Ҳамаи ин мушкилиҳо натиҷаи нобудии ҳукмронӣ бо ҳукми Аллоҳ аст.  Ин одамон бошанд мегӯянд: “Ҳукмронӣ бо нозилкардаҳои Аллоҳро як сӯ гузошта, аввал мушкилиҳоямонро ҳал намоед ва баъдан Хилофатро барпо мекунем”. Пешниҳодест зиддиятнок, мисле ки касе ба мариз гӯяд: “Ба беморхона нарав. Пеш аз рафтан ба беморхона, ту бояд худатро муолиҷа кунӣ. Нашавад, худро ҷарроҳӣ намоӣ ва агар ҳолат беҳбуд наёфт, пас метавонӣ ба беморхона равӣ”. Он нафарон бехабар аз онанд, ки шариати Аллоҳ, давлати исломӣ ва ҳукми Аллоҳ беморхона ҳастанд, ки ба мушкилиҳоямон ҳал ва ба тамоми дардҳоямон шифо мебахшанд, эй бародарон. Ҳал танҳо барпокунии давлатест, ки ҳукми Аллоҳро татбиқ мекунад, Хилофатест, ки шариатро ҷорӣ менамояд ва шариат ягона манбаест, ки метавонад мушкилиҳои башариятро ҳал намуда, онро ба иззату саодат расонад. Ӯ Субҳонаҳу мегӯяд: .Агар мардуми деҳаҳо имон оварда парҳезгор мешуданд, баракоти осмону заминро ба рӯяшон мекушодем. Вале паёмбаронро такзиб карданд, аз ин рӯ, Мо ба ҷазои кирдорашон бозхосташон кардем (Аъроф: 96). Имон ва парҳезгорӣ бо татбиқи ҳукми Ӯ Субҳонаҳу ва Таъоло ба рӯёб мебарояд. Ӯ боз мегӯяд: Ва агар онҳо Таврот ва Инҷил ва он чиро, ки аз ҷониби Аллоҳ бар онҳо нозил шудааст, яъне Қуръонро, татбиқ мекарданд, ин чӣ натиҷа медод? Ва агар онҳо Таврот ва Инҷил ва он чиро, ки аз ҷониби Аллоҳ бар онҳо нозил шудааст, татбиқ мекарданд, аз болои сару зери пояшон рӯзӣ мехӯрданд. Баъзе аз онҳо мардуме миёнарав ҳастанд, вале бисёриашон бадкирдоранд (Моида:66).

Инак, бародарон, мушкилиҳоямон боқӣ хоҳанд монд, модоме ки мо ҳалро дар чизе ҷустуҷӯ мекунем, ки сабаби бевоситаи ин мушкилиҳост, яъне дар каноргузории нозилкардаҳои Аллоҳ.

Пас биёед якҷоя барои барпои давлати Хилофати Рошидаи дуюм фаолият барем, агар хоҳем, ки баракоти осмону заминро ба даст орем, чунончи Аллоҳ Субҳонаҳу ва Таъоло зикр кардааст. Ин давлат зулми ҳар як золимро боздошта, ҳар як ҳақро ба ҷояш бармегардонад, фақрро аз байн бурда, таҷовузкорон ва муфсидони рӯи заминро бозмеистоёнад ва заминро аз торикиву зулм бароварда, бо нуру адолат пур мекунад. Ҳароина Ӯ Таъоло ба ин тавоност ва ҳамд бод ба Парвардигори оламиён!

 

 

Шояд ба шумо писанд ояд

Хабарҳои тоза
post-image Гуногун

Бурдани даъват барои барпои Хилофат вазифаи ҳамаи мусалмонон аст, ва онҳое ки барандагони даъватро шиканҷа мекунанд, — ҷинояткоронанд!

Бурдани даъват барои барпои Хилофат вазифаи ҳамаи мусалмонон аст, ва онҳое ки барандагони даъватро шиканҷа мекунанд, — ҷинояткоронанд! Моҳи майи соли ҷорӣ кормандони истихборот...
post-image Гуногун

БО ҲАМРОҲИИ ҲАДИСИ ШАРИФ — Ношукрӣ нисбати шавҳар

БО ҲАМРОҲИИ ҲАДИСИ ШАРИФ Ношукрӣ нисбати шавҳар Мо шуморо, бародарони азиз, дар барномаи навбатии худ «Бо ҳадиси шариф» хушомадед мегӯем. Ассалому алайкум ва раҳматуллоҳи...
post-image Ар-Рая Матбуоти ҷаҳонӣ

Муовини вазорати корҳои хориҷаи Туркия Исроилро ба ҷиноят муттаҳам кард, аммо кишвараш кӯмакрасониро идома медиҳад!

Муовини вазорати корҳои хориҷаи Туркия Исроилро ба ҷиноят муттаҳам кард, аммо кишвараш кӯмакрасониро идома медиҳад! Рӯзи 27 феврали соли 2024 Хабаргузории Анадолу гузориш дод,...
Бештар
ads