Авантюраи исломгароӣ дар Туркия

hizb-tojikiston.info hizb-tojikiston.info

Авантюраи исломгароӣ дар Туркия

Таназзули фикрие, ки дар зеҳни мусалмонҳо аллакай дар давоми чанд асрҳо ба амал меомад, намегузорад, ки  муносибати солими исломиро ба ҳалли муаммоҳои ба миён омада  намоиш диҳем.

Чуноне, ки дар замони барҳам хӯрдани Хилофат буд, инчунин дар давраҳои минбаъда низ бисёр одамон ва ҳаракатҳои оммавие, ки эҳсосоташон бо Ислом алоқаманд буданд, фикрҳои куфрро дар қарорҳои худ ҳамчун асос қабул намуданд. Онҳо таҷрибаҳои ғайриисломии ғарбиро ба сарзаминҳои мо оварда, ин фикрҳоро дар ҳаёт татбиқ намуданд ва байрақбардорони ин ақидаҳои нопок гардиданд.

Ин раванд ҳанӯз пеш аз таъсис ёфтани Ҷумҳурии Туркия оғоз шуда буд ва он то имрӯз идома дорад. Дарвоқеъ, аз давраҳои инқилоби Фаронса, фарзандони Давлати Усмонӣ, ки ба тасаввуротҳои худ дар бораи зиндагӣ эътимоди худро гум карда буданд, ба пайдо кардани роҳҳои ҳалли муаммоҳо шитофтанд; онҳо гурӯҳҳои зиёде ташкил намуданд, ки бештари онҳо ангезаҳои исломӣ доштанд. Аммо фикрҳои оиди  ҳалли масъала доштаи онҳо бӯи моҳияти ғарбӣ мекарданд. Аммо, чуноне ки маълум аст, Ғарб барои пӯшонидани зиштӣ ва бадбӯии ақидаҳои ғарбӣ аз бастабандҳои исломӣ ва хушбӯиҳои гуногун истифода бурд. Ба ин нигоҳ накарда, бӯи дар назар тобандаи  ин хушбӯӣ сари ҷунбишҳои исломиро гаранг намуд ва бисёр таҷрибаҳои ғайриисломии ақидавӣ ва тариқатӣ  дар кишварҳои мо татбиқи худро ёфтанд.

Солҳои 1871-1876 ба даврае табдил ёфтанд, ки бар асари таҳаввулоти сиёсӣ ва муаммоҳои байналхалқии Давлати Усмонӣ фазои озодии фикр ба вуҷуд омад, ки ба таври бесобиқа густариш ёфта, босуръат пеш рафт. Интизор мерафт, ки талабҳои сиёсии «усмониҳои нав»[1], аз ҷумла конститутсионализм, бо ба тахт нишастани Абдулҳамиди II амалӣ мегардад. Аммо дар баробари аз тарафи Абдулҳамид    боздоштани фаъолияти «Сарқонуни Мидҳот»[2]  дар ҷараёни ҷанги байни Давлати Усмонӣ ва Империяи Русия, ки бо номи «Ҷанги русиву — туркии солҳои 1877-1878» маъруф аст, ҷабҳаи сиёсии модернистии исломгароӣ низ, ки дар баробари дигар мубоҳисаҳои фикриву сиёсӣ пайдо шуда буд, боздошта шуд. Ҳамин тавр, муносибатҳои Абдулҳамиди II ва усмониҳои нав тезу тунд шуда, дар чаҳорчӯбаи шароитҳои умумии ин давра ба дин дар доираи ҷамъиятӣ ва ба Хилофат дар доираи байналхалқӣ таваҷҷӯҳи бештар дода шуд.

Дар замони ҳукмронии Абдулҳамиди II исломгароӣ ҳамчун як ҳаракати идеявие мавқеъ гирифта буд, ки барои  барҳаёт мондани Давлати Усмонӣ дар дохил ва дар чаҳорчӯбаи воқеиятҳои мавҷуда нигаронида шуда буд, аммо ҷомеа бошад инро идрок накард. Дар баробари ин онҳое, ки бо услуби идораи Абдулҳамид мухолифат мекарданд, дар ин вазъият қудрат ва нуфузи бештаре пайдо намуданд.

Дар байни онҳо зиёиён ва равшанфикроне буданд, ки дар атрофи маҷаллаи «Sirât-ı müstakîm» («Роҳи рост») ҷамъ омаданд, то идеяи исломигароиро ташаккул диҳанд. Дар замони ҳукмронии Абдулҳамиди II намояндагони «илм, ақида ва фикр» аз қабили Филибелӣ Аҳмад Ҳилмӣ, Саид Ҳалим Пошо, Меҳмет Акиф Эрсой, Мустафо Сабрӣ, Умар Ферит Кам, Меҳмет Алӣ Айнӣ, Исмоил Фенни Эртуғрул, Саид Нурсӣ, Мусо ал-Козим, Собит Ҳалим Шибой, Меҳмет Сайид ва Меҳмет Шемсеттин аз сабаби сиёсати давлат, ки ба мафҳумҳо ва арзишҳои мазҳабӣ авлавият медод ва ҳамчунин аз сабаби шароитҳои маъмурие, ки ба ташаккулёбии онҳо ҳамчун ҳаракати идеявӣ иҷозат намедод, натавонистанд як гурӯҳи мустақили мухолифин таъсис диҳанд  ва дар натиҷа онҳо тарафдори  дигар гурӯҳҳои мухолифин монданро афзал донистанд. Дар фазои озодии матбуот ва фикр дар натиҷаи пайдоиши давраи Конститутсияи Дуюм[3]  ин фикрҳо дар рӯзномаву маҷаллаҳо, аз қабили «Sirât-ı müstakîm» («Роҳи рост»), «Beyânülhak» («Изҳори ҳақ»), «Livâ el-İslâm» («Ливои Ислом»), «Hikmet» («Ҳикмат»), «İttihâd-ı İslâm» («Ваҳдати Ислом»), «Tasavvuf» («Суфигӣ»), «İslâm Mecmuası» («Маҷаллаи Исломӣ»), «Volkan» («Вулкан») пурғавғо ва бардавом муҳокима мешуданд.

 

Дар мавриди замони имрӯза бошад ҳаракатҳои исломӣ иддао доранд, ки онҳо — пайравон ва давомдиҳандагони кори Абдулҳамидхон ҳастанд, гарчанде ки дар асл дар он замонҳо мухолифи Абдулҳамид баромад мекарданд.

Пешвоёни ҷунбиши исломгароӣ, ки яке аз ҳаракатҳои идеологии динӣ-сиёсии даврони пас аз Конститутсияи дуюм маҳсуб мешавад бо усмониҳои нав дар Давлати Усмонӣ, Ҷамолиддини Афғонӣ ва Муҳаммад Абдо дар Миср, Саид Аҳмадхон дар Ҳиндустон муаррифӣ карда шуданд.

Мафҳуми исломгароӣ дар мақолаи «Се ҷараён»-и Зиё Гокалп, ки дар маҷаллаи «Türk Yurdu» соли 1913 нашр шудааст, ёдрас шудааст. Дертар Бобонзода Аҳмад Наим ин мафҳумро дар сурати манфӣ дар мақолаи худ таҳти унвони «İslâm’da Da’vâ-yı Kavmiyyet» («Миллатчигӣ дар Ислом») , ки дар маҷаллаи «Sirât-ı müstakîm»[4]  соли 1914 нашр шудааст, истифода кардааст. Раванди даҳшатноки он давра  дар муайян кардани он, ки  дар ҳаракати исломгароӣ шахсан кӣ даст дошт, муаммоҳо эҷод мекунад. Ғайр аз ин, ин ҳаракат хислатҳои фарқкунандаи ҳаракати идеологиро, ки сарҳад ва принсипҳои он равшан муайян карда мешуд, соҳиб шуда натавонист. Баръакс, дар он замон исломгароӣ ҳамчун мафҳуми дорои маънои васеъ, аз ҷумла одамоне, ки метавонистанд дар масъалаҳои муайян фикрҳои гуногун дошта бошанд, фаҳмида мешуд.

Аз нимаи дувуми асри 19 олами исломии берун аз сарзаминҳои усмонӣ, ки истиқлолияти худро аз даст дода буд, зери ҳукмронии давлатҳои аврупоӣ афтод ва ба фазои равоние, ки аз интизориҳои мусалмонҳо аз Давлати Усмонӣ ташаккул ёфтааст фурӯ рафт. Мухолифати нави усмонӣ, ки ба муқобили Портаи Бузург[5]  паҳн шуда буд, махсусан пас аз ҳодисаҳои «Фармон дар бораи азнавтанзимкунӣ» («Tanzimat Fermanı», с1839 ) ва «Фармон дар бораи ислоҳот» («Islahat Fermanı», с1856 )  бо пешниҳод дар бораи зинда мондани Давлати Усмонӣ баромад ва барои паҳншавии умумии мафкураи исломгароӣ замина гузошт. Ҳамин тавр, тахмин мерафт, ки сарзаминҳои мусалмонӣ, ки таҳти сарварии Давлати Усмонӣ муттаҳид мешаванд, метавонанд аз ақибмонии тамаддуни муосир ва ҳукмронии давлатҳои хориҷӣ раҳоӣ ёбанд. Дар натиҷа пиндори «Ваҳдати Ислом» («İttihad-ı İslam») ташаккул ёфт.

Албатта, мо дар ин ҷо ормонҳо оиди наҷоти Уммати Муҳаммад ﷺ  дар назари ҷомеаро баррасӣ ва дар назар дорем. Дар асли кор, чунин идеяҳо, ба монанди ваҳдати Ислом ва исломгароӣ танҳо заҳре буданд, ки Ғарби мустамликадор бо дасти ҷосусони «ошиқ» (ба таври фанатикӣ дӯстдоштагон)-и худ ба уммати Муҳаммад ﷺ менӯшонд.

Ҳама ҷунбишҳои бар асоси ин фикрҳо ривоҷёфта, ки ба онҳо заминаи устувори идеявӣ ва тариқати татбиқ намерасид, дар чаҳорчӯбаи ин мафҳумҳо баробар ё муқобил ба ҳамдигар  амал мекарданд ва дар кори эҳёи Уммат ноком монданд. Гарчанде лафзҳои «исломгароӣ» ё «Ваҳдати Ислом»  ҷиддӣ ба фикрҳои исломӣ асосёфта ба назар менамоянд ва тахмин мекунанд, ки бузургии Ислом дубора дар зиндагӣ инъикоси худро меёбад, аммо дар воқеъ ин шиорҳо дар ҳаёт ҷои худро ёфта натавонист. Сабаб — ягон идея бидуни истинодҳои исломӣ сулҳ оварда наметавонанд. Дар паёмҳои аз номи Ислом мерасондаашон ҳатто  аз чаҳорчӯбае берун баромада натавонистанд, то  таҳдиди ҷиддӣ ба воқеияти мавҷудбудаи Ислом бошанд. Дар бораи он, ки ба муваффақият ноил шаванд ҷои гап ҳам нест. Дар асл бошад, исломгароӣ ва ё ҳар як лафзи дигари дар ин маъно гуфташуда, наметавонист ва ҳатто сояи он шуда натавонист, ки давлати Хилофат воқеан анҷом дода метавонад.

Вақте  мо ба ҷараёнҳои  дар давраи охири Давлати Усмонӣ таъсисёфта ва ба ҷунбишҳои дар атрофи ВАО ташкилёфта  назар меандозем, муаммоҳоеро дидан мумкин аст, ки дар бораашон ёдрас карда будем.

Масалан, ба ҷамъияти «Ваҳдати Муҳаммадӣ» («İttihâd-ı Muhammedî»)!  бингаред! Он бо шиори зерин баромад мекард: «Дин аз назорат баромада истодааст, мо Шариатро мехоҳем!». «Ҳизби либералҳо» («Ahrâr fırkası») низ, ки бо он дар муносибати наздик қарор дошт, аз ҷумлаи чунин ҳаракатҳо буд. Ин ҷунбиш, ки мухолифи ҳизби «Ваҳдат ва пешравӣ» («İttihat ve Terakki») мебаромад, чунин шиорҳои баландро ба забон меовард: «Мо на танҳо ба мусалмонҳои усмонӣ, балки ба тамоми мусалмонҳои ҷаҳон боз ҳастем. Моён — миллатчӣ нестем, моён — умматчӣ ҳастем, дар сари ҷомеа, Паёмбар Муҳаммад ﷺ мебошанд».

Ин ҷунбишу ҳаракатҳо, ки аз ҳаёти сиёсӣ хат зада шуданд, аз паси худ пайҳои чуқур ва дардовар гузоштанд. Аммо ҳаракатҳои наве, ки баъд аз онҳо ба вуҷуд омаданд, ин байрақро аз нав бардошта, эстафетаро аз он ҷое, ки пешиниён монда буданд, давом дода, айнан мисли пешгузаштагони худ амал мекарданд.

Ҳангоми баррасӣ дида мешавад, ки миёни онҳое, ки дар замони барҳам додани Хилофат роҳи ҳалро пайдо карда натавонистанд ва онҳое, ки дар давраи баъдии ҷумҳурӣ худро пешвоёни Ислом мавқеъгирӣ  мекарданд, аз нуқтаи назари  мавқеъи онҳо  ва аз ҷиҳати дараҷаи идеявӣ ягон фарқияте вуҷуд надорад. Зиёда аз ин, касони имрӯз худро пешво гирифта дар ҷаҳолат нисбат ба Ислом аз пешиниён гузаштаанд. Онҳо умуман  Исломро намефаҳмиданд, на он рӯзҳое, ки ташкил шуда буданд,   на имрӯз, аммо онҳо машҳуранд  ва ҳамчун пешвоён ва пешравони Ислом  мавқеъ доранд.

Ба Меҳмет Акиф Эрсой ва шеъри ӯ «Осим» нигаред, ки дар он Ҷамолиддини Афғонӣ ва шогирди ӯ Муҳаммад Абдоро ситоиш кардааст:

«Абдо, бузургтарин муаллими Миср,

Бо Ҷамолуддин ҳар чӣ сухан наронад  ҳам,

Ал-Афғонӣ ба шогирдаш такрор мекунад: «Гӯш кун!

Ман инқилоб мехоҳам, дигар чизе не ва зуд.

Агар мо пеш нагузарем ва Исломро аз байн набарем,

Аз тағйири оддии назарҳо чизе ба даст намеорем…».

Абдулҳамидхонро дар назар дошта, дар шеъри дигари худ бо номи «İstibdat» («Зӯроварӣ»),  Меҳмет Акиф чунин мегӯяд:

«Дар миёни фарзандони Уммат ноумедии сахт афкандӣ,

Ту – ночиз ҳастӣ, аз Иблис ормонҳоятро умед дорӣ!

 

Баъдан дар «Сафоҳат»  боз нисбати Абдулҳамид ба худаш чунин суханонро раво мебинад:

«Ҷаҳон ин қадар зишт аст ва ҳаминхел чарх мезанад,

Агар бум дар Юлдуз-сарой[6] намирад, ғам ба мо мерасад.

Оҳ,  чӣ хел хар аст ӯ, чӣ хел ҳайвон!

Магар вай ҳамон хунхӯри бевафо нест?!»

Мутаассифона, ин аст мавқеъи муаллифи гимни туркии «İstiklâl Marşı».  Аммо дар баробари ин ҳама ба он боваранд, ки дили Меҳмет Акиф Эрсой бо Ислом якҷоя мезанад, зеро ба ӯ чунин суханон низ тааллуқ доранд:

«Аз сабаби нармии ман,  гумон мекунанд, ки ман — қӯчқори қобил ҳастам,

Ҳарчанд худамро қурбон кунам ҳам, таслим намешавам!

Чун бинам ранҷу ғамро, дилам хун мешавад,

Агар ба нафъи камбағал аст, тайёрам дучанд азоб кашам!

Гуфта натавонам:«Бирав!»,-ба дил наздик қабул мекунам.

Пахш мекунам, пахш мешавам, аммо сухани ростро баланд хоҳам кард!

Ман- мухолифи золимонам, мазлумонро ба синаам зер мекунам,

Оё ин дар лаҳҷаи шумо «вокуниш»-ро дорад?».

Ин суханон ба шахсияте тааллуқ доштанд, ки саршор аз эҳсосоти мусалмонӣ буд. Аммо азбаски эҳсосоти ӯ бо назарҳои нодурусте, ки ба фикри ӯ аз Ислом сарчашма мегиранд омехта шуда буданд, дар амал  ӯ ва мусалмонҳоро ба роҳи дуруст оварда наметавонистанд. Вақте Меҳмет Акиф ҷиддияти ҳолати фаромада мондаашро дарк намуд, аллакай дер шуда буд: халифае, ки ба муқобилаш мубориза мебурд, сарнагун карда шуда буд, «Ваҳдат ва пешравӣ» бошад, идораи кишварро ба дӯши худ гирифт. Минбаъд вай аъзои аввалин маҷлиси қонунгузории ҷумҳурии навтаъсис – «Маҷлиси бузурги миллии Туркия» шуд, ки дар натиҷаи «Ҷанг барои истиқлолият»-и Мустафо Камол ба вуҷуд омадааст. Баъд аз ин Меҳмет Акиф дигар дар Туркия истода наметавонист. Ӯ дар Миср маскан гирифт ва пас аз он, ки барои табобати бемории марговараш ба Истанбул омад, аз олам чашм пӯшид.

Дар таърихи мо боз як раванди дигаре ҳаст, ки бо исломгароӣ алоқамандӣ дорад. Сухан дар бораи давраи Аднан Мендерес хоҳад рафт, ки ҳамчун ҷунбиш бар манфиати исломгароён  бар зидди тафаккуре, ки ба ҷумҳурӣ асос гузоштааст маъруф аст. Дар робита ба ин давра маълум аст, ки оташи Ислом дар олами мусалмонӣ, ки пас аз эълони ҷумҳурӣ ба як қатли оми мудҳише дучор шуд, аз нав аланга гирифт. Бо вуҷуди он ин давра — ба ҷуз намоишҳои рӯякӣ дар рӯҳияи исломӣ чизи дигаре нест. Дар ҳоле ки ҷомеа фирефтаи он мешуд, ки азон аз нав бо забони арабӣ хонда мешавад, касе пай намебурд, ки аз Ислом дур шудан бо қадамҳои пинҳонӣ ба амал бароварда мешуд. Шояд, Абдурраҳмон Дилипак инро  дар китоби худ, ки ба  ин давра бахшида шудааст дар сурати беҳтарин ифода кардааст:

«Аъзоёни «Ҳизби демократӣ» («Demokrat Parti», DP; 1946–1961) аъзоёни «Ҳизби халқии ҷумҳуриявӣ» (Cumhuriyet Halk Partisi, CHP)  -ро ба коммунист буданашон айбдор намуда, мегуфтанд, ки коммунистон дин, ватан ва номусро эътироф намекунанд. Аммо дар баробари ин, онҳо дар ҳамон «бадие», ки ба коммунистон нисбат медоданд, саҳмгузор буданд Таҷрибаи давраи «ҲД» дар ташаккул додани менталитети ростгароӣ, ки имрӯз ба даромад (фоида) аз фоҳишахонаҳо чун ба ғанимати муқаддас менигарад, нақши муҳим бозид. Дар давраи «ҲД» дини аз тарафи «Институти стандартҳои туркӣ» қайдшуда — Исломи амрикоӣ ва Исломи рост ташаккул ёфтанро сар кард. Саноати вақтхушӣ (фароғатӣ), фоҳишагӣ ва қиморбозӣ  дар давраи ҳукмронии «ҲД»  аввалин бор имконият пайдо мекунад, ки фаъолияти худро расман ба роҳ монад. Муҳаббати Отатурк ба вақтхушӣ, шабнишиниҳои пурдабдаба, ҳаваси ӯ ба майнушӣ воқеан фарҳанги наверо дар дохили режими ҷумҳуриявӣ ба вуҷуд овард. Дар давраи «ҲХҶ» ин маданият дар чаҳорчӯбаи танги худ,  ба хатти назари ҷомеа нафаромада, давом меёфт. Аммо давраи «ҲД» он замоне шуд, ки ин кор ба хотири демократия ба рӯи ҷомеа кушода шуд. Ба маъное, бархӯрди «ҲД» ва «ҲХҶ» аз низоъи байни «ҲХҶ»  ва «Ҳизби озоди ҷумҳуриявӣ» (Serbest Cumhuriyet Fırkası) ҳеҷ фарқияте надошт. Дар он Отатурк аз нуқтаи назари таҷрибаҳои камолчигӣ ҳеҷ тафовуте намедид. Агар Отатурк он рӯз «ҲХҶ»-ро интихоб карда бошад ҳам, ин бо он фикр алоқаманд буд, ки халқ бояд дар чунин як раванди сиёсии худкома ва интизомнок барои режиме, ки он вақт барпо кардан мехостанд, ширкат намояд   Дуруст аст, ки ҳукумати «ҲД» дар ҷои ҳамвор фурӯ нарафтааст. Сабабҳо ва шароитҳои он равшан аст. Бо мутолиаи ин асар, ки дар назди шумо қарор дорад, шумо мебинед, ки чӣ тавр Мендерес қадам ба қадам дар лой печутоб мехӯрд. Шояд бузургтарин хисороте, ки «Ҳизби демократӣ» ворид кардааст дар соҳаи дин буд. Албатта, ин ҳақиқат аст, ки ба фишор ба дин, ки дар давраи «ҲХҶ» ҷой дошт, хотима дода шуд. Аммо «ҲД» ба сифати альтернатива чизе наовард ва боз дар бораи таҳдиди реакционистӣ ба худаш  сухан карданро оғоз намуд. Ҷалол  Баяр[7], чун Исмат Инону[8], ба масъалаи реаксионистӣ бо дарду ҳасрати хос муносибат мекард. Ӯ дар бораи дастгирӣ накардани татбиқи Шариат сухан меронд. Тасмимҳо оиди баргардонидани азон ба забони арабӣ, зиёд намудани курсҳои қироати Қуръон ва мактабҳои имом-хатибон аз ҷониби ҷомеа пуштибонии зиёдеро ба бор овард. Мендерес, зимни суханронӣ дар назди мардум, ҳатто чунин суханонро гуфта буд: «Агар хоҳед, ҳатто Хилофатро низ оварда метавонед!». Аммо баъдтар ӯ чораҳои эҳтиётӣ андешид, ки барпо намудани Хилофатро ғайриимкон мегардонад. Мендерес дар шароити хуб одами поквичдон шуда метавонист. Аммо Мендерес ба ҷуз як дастпӯшаки махмалие буд, ки хунтаи  масонии «ҲД» ба Демирел пӯшонида буд!» [9].                                        Калимаҳои иловагӣ ин ҷо изофагианд!

Ба идеяи «Нигоҳи миллӣ» (Millî Görüş) мегузарем. Дар ин раванд нерӯи Уммат беҳуда харҷ карда шуд. Биёед ба нуктаҳое назар андозем, ки Эрбакан дар лафзҳои «Ҳамааш ба панҷ чиз мебарад» ифода кардааст

  1. Ба тақлид хотима гузошта мешавад ва назарҳо ба «Нигоҳи миллӣ» ҳаракат мекунанд.

  1. Афзоиши фоизӣ ва низоми фасодзада аз байн бурда мешавад ва «Тартиботи одилона» бармегардад.
  1. Хидмат кардан ба Ғарб ба поён мерасад ва аз нав «Туркияи бузург» бунёд карда мешавад.
  1. Иттиҳодияи Аврупо сарфи назар карда, «Иттиҳоди исломӣ» таъсис дода мешавад.
  1. Тартиботи бераҳмонаи ҷаҳонӣ, ки қудратро дар ҷои аввал мемонад, канор гузошта, ба ҷои он «тартиботи нави ҷаҳонӣ» барпо карда мешавад.

Мо метавонем харобшавии идеологиро мушоҳида намоем, ки аз ҷониби Наҷмиддин Эрбокон ва тими ӯ ба мардуми мусалмони Туркия расонида шуд, ки дар ҳамгироии мусалмонҳо ба низоми демократӣ нақши муҳим бозиданд  ва дар ҳукумати кунунӣ дар симои «Ҳизби Адолат ва Тараққиёт» (ҲАТ). Мо баъдан ба «ҲАТ» бармегардем, аммо агар дар бораи 5 нуктаи Эрбокан, ки дар боло номбар шуданд чанд сухан гуфтан лозим бошад, равшан аст, ки агар моён ба ҳаҷ ва дигар ибодатҳо, аз қабили намоз ва рӯза, ки ба ҷо оварданашон  ҳатмӣ аст дахолат накунем, дар бораи дар дохили ин ҳаракат мавҷуд будани идеяҳои исломии ба дигар соҳаҳо дахлдор сухан гуфтан хеле душвор аст. Боз ҳам, тавре дида мешавад, шиорҳое, ки қабл аз барҳам додани Давлати Усмонӣ садо медоданд, ҳамчунон садо медиҳанд, қарорҳо дар партави оёту ҳадис бошад барои баррасӣ намудан пешниҳод намешаванд. Мо дар онҳо танҳо чунин сӯҳбатҳои бофтаеро, аз қабили «Нигоҳи миллӣ», «Иттиҳоди исломӣ», «Тартиботи боадолат» ва ғайраро мебинем, ки дар ягон матни шаръӣ нестанд.

Ғайр аз ин, дар оиннома ва барномаҳои ҳамаи ҳизбҳое, ки вуҷуд доштанду ҳанӯз мавҷуд ҳастанд ва мусалмонҳоро барои ба онҳо овоз додан даъват мекунанд, ягон хел моддаҳо (нуктаҳо)-еро, ки аз Ислом баромада меоянд, ёфтан ғайриимкон аст .

Маъное, ки Эрбокан ба дунявият(секуляризм) додааст, омили муҳимест, ки мусалмонҳоро водор кардааст то муносибати худро нисбати низом тағйир диҳанд. Ин аст таърифе, ки худи ӯ ба дунявият додааст:

«Мусалмонӣ худаш дунявӣ мебошад. Манифести Султон Муҳаммади II Фотеҳро, ки пас аз Истамбулро фатҳ намуданаш нашр карда буд кушоед ва хонед. Дар он ба генуэзиён дар Галата муроҷиат намуда, мегӯяд: «Тамоми ҳуқуқҳои шумо —  зери кафолати ман аст. Шумо ҳама гуна озодиҳои динӣ доред. Патриархия тамоми хизматҳои худро давом медиҳад». Ба изҳороти Умар нигаред, ки ӯ пас аз  фатҳи Байтулмуқаддас гуфт: «Ҳар кас дар дини худ озод аст. Ҳар як мӯъмин ибодати худро мувофиқи дини худ мунтазам ва оромона анҷом медиҳад. Ман муҳофизи шумо ҳастам».

Пас аз он, ки Салоҳиддини Айюбӣ Байтулмуқаддасро гирифт, ӯ низ гуфт: «Ман — кафили имони шумоям». Таърихи мо пур аз чунин намунаҳо аст, ки тамоми ҷаҳон шоҳиди онҳост. Аз ҳамин сабаб дунявият дар дохили мусалмонӣ ҷойгир аст. Дар асл бошад, модоме ки мусалмонӣ вуҷуд дорад, ҳоҷат ба он нест, ки падидае бо номи дунявият ҳатто ҷустуҷӯ карда шавад.

Мусалмонӣ ҳамеша ба дини ҳама эҳтиром гузоштааст. Мефаҳмед, ки дар Ислом дар ягон вақту замон муҷозотҳо ба амалҳои одамон дар чаҳорчӯбаи қоидаҳои динӣ набуд. Дар Қуръон ду низом вуҷуд дорад. Якум — «низоми умумибашарӣ». Дар ин низоми умумибашарӣ чизҳое ҳастанд, ки иҷозат дода шудаанд ва чизҳое ҳастанд, ки манъ карда шудаанд. Аз ҷумлаи манъшудаҳо: куштор, додани шаҳодати бардурӯғ, содир кардани амалҳои гуногуни бадахлоқӣ, кӯшиши таҳқири шаъну шараф — барои ҳамаи онҳо дар ҳама динҳо  ҷазои якхела вуҷуд дорад. Аммо агар касе намоз нагузорад, барои ин кор ҷазое нест, зеро ин миёни ӯ ва Аллоҳ аст. Аммо дар ин ҳолат барои мусалмонҳо фақат насиҳат ҷой дорад  ва он бояд бо муомилаи нарм сурат бигирад. Ба ин гуна шахс ёдрас менамоянд, ки: «Агар намозатро адо кунӣ, дар рӯзи Қиёмат барои ин  савоб мегирӣ!».

Он чизе, ки мусалмонҳо иҷро карда метавонанд, «ҳалол» номида мешавад ва он чизе, ки иҷро карда наметавонанд – «ҳаром». Номи амалҳое, ки ҳар кас, новобаста аз динаш анҷом дода метавонад — «хайр» (маъруф) ва номи амалҳое, ки ҳеҷ кас, новобаста аз эътиқодаш анҷом дода наметавонад — «бадӣ» (мункар) аст. Ду низоми алоҳида тавсиф карда шуданд. Дар самти некиву бадӣ ҷазо ҳаст, зеро онҳо барои ҳама воҷиб буда, бо ҳуқуқҳои асосии инсон алоқаманд мебошанд. Агар шумо кӯшиши  куштани одам кунед, агар шумо зино кунед, агар шумо шаҳодати бардурӯғ диҳед, агар шумо дуздӣ кунед — новобаста аз дину мазҳаб ҷазо дода мешавед. Аммо вақте сухан дар бораи масъалаҳое чун тарки намоз, рӯза ва дигар навъҳои ибодатҳои фардии мусалмонҳо меравад, пас барои онҳо муҷозоти дунявӣ муқаррар нашудааст. Онҳо тавассути тавсияҳо, пешниҳодҳо, дастури нарм (қавлун лаййинун[10]) ҳал хоҳанд шуд. Аз ин рӯ, агар шумо аз таълимотҳои Нигоҳи миллӣ канорагирӣ накунед, онгоҳ хоҳед донист, ки Ислом бо дунявият комилан мувофиқ аст ва дар миёни онҳо ихтилофе вуҷуд надорад.

Маҳз бо ҳамин сабаб дар таърихи панҷоҳсолаамон (ҷумҳуриявӣ)  возеҳ  аст, ки мо на бар зидди моддаи конститутсия дар бораи дунявият, балки бар зидди ҳаракате, ки бо ин модда розӣ нест, мубориза мебарем».

То кадом дараҷа дардовар аст хондани ин калимаҳо, ҳамин тавр нест магар? Охир имомони чаҳор мазҳаб  аз матнҳои шаръӣ ҳукми онҳоеро, ки намозро тарк мекунанд баровардаанд: се нафари онҳо дар бораи ҳукми қатл гуфтанд, чаҳорум бошад — дар бораи ҳабси якумра. Агар Ислом мисли дигар динҳои таҳрифшуда ба зиндагӣ дахолат накунад, яъне агар дар он қонунгузории шаръӣ набошад ва агар мувофиқи он чи дар иқтибоси зикршуда ёдрас шуд худи одамон ҳақ дошта бошанд, ки ҷазоҳо фикр карда бароянд, аз ин мебарояд, ки онҳо Исломро ҳамин хел дини вайроншуда меҳисобанд ва онҳо  байни Ислом ва насроният фарқиятро намебинанд. Аммо ҳатто камолчиҳои ашаддӣ хуб медонанд, ки ин ин хел нест. Фолиҳ Рифқӣ, ки ӯро «даҳони Отатурк» номидаанд, дар бораи Ислом чунин мегӯяд: «Тамоми масъалаҳои динӣ дар Ислом ба ду қисми асосӣ тақсим мешаванд: қисми аввал ба ҳаёти оянда, яъне ибодат (рӯза, намоз, ҳаҷ, закот) дахл дорад! Қисми дувум ба корҳои дунёвӣ дахл дорад ва инҳо муқаррарот оиди никоҳ ва оила, инчунин муқаррарот оиди моликият, қарз, мурофиаи судӣ ва ҳуқуқи ҷиноӣ мебошанд, ки дар маҷмӯъ бо номи «муомалот» сарҷамъ карда шудаанд. Камолизм  ба истиснои ҳукмҳое, ки ба ибодат тааллуқ доранд, дигар тамоми ҳукмҳои оятҳоро бекор намуд»[11].

Чи хеле ки дида мешавад, Ислом дар асл дар чашмони душманони Ислом равшан аст. Аммо он дар чашмони ба ном «намояндагон»-и Ислом парешон мебошад.

Ғайр аз  ин, масоиле, ки Эрбокан дар боло зикрашон намуд, яъне — эътирофи ҳуқуқи онҳое, ки ба дигар динҳо тааллуқ доранд, бо дунявият ягон умумият(алоқамандӣ)  надоранд. Дунявият худро аз нуқтаи назари пайдоиши худ муайян кардааст. Тибқи ин консепсия, «ту набояд Ваҳиро ба корҳои дунё омехта намоӣ. Ақли инсонӣ қодир аст,ки  чи қадаре муаммоҳо вуҷуд дошта бошад, ҳамон қадар ҳалҳо кор карда барояд». Ин андеша душманона ва мухолифи қоидаҳои шаръии Ислом аст. Дар воқеъ, дар ҳоле ки ҳама динҳои дигар метавонанд дар ҷаҳони капиталистии ғарбӣ бидуни мушкилот бо низомҳо мавҷудияти худро нигоҳ доранд, Ислом барои нобуд сохтани ин низомҳо мебарояд, ба тасмимҳои онҳо мухолифат мекунад ва иддаои онро дорад, ки тарзи зиндагиро мувофиқи қарорҳои худ ташкил намояд. Ҳайҳот! Куҷоанд он муҷоҳидони кӯҳан?! Охир, фаҳмиши «муҷоҳидон»-и нави мо, мутаассифона, дар чунин ҳолати паст қарор дорад.

Номи дигари калидие, ки бар Уммат таъсири зараровар гузоштааст — Наҷип Фозил Кисакурек ва фаҳмиши ҷунбиши «Шарқи Бузург» мебошад, ки ҳамроҳи ӯ ба вуҷуд омадааст. Унсури асосие, ки тасаввуроти «Шарқи бузург»-ро ташаккул медиҳад — синтези туркӣ-исломӣ аст.

Тағйироте, ки  дар шуур ва ҷаҳони ботинии Неҷип Фозил аз тасаввуф оғоз шуд, ӯро водор намуд, ки дар бораи ҷаҳони исломӣ андеша намуда, бо фаҳмишоти  худ роҳи баромадро ёбад. Фаҳмиши «Шарқи бузург»-и Фозил бар ин назар аст, ки тамаддун аз сарзаминҳои шарқӣ, ки дар нимҷазираи Арабистон асос ёфтаанд ҳамчун нуқтаи ибтидоии Ислом ба вуҷуд омадааст ва қоидаҳои исломӣ комилтарин тариқати фаъолияти ҷомеа мебошанд. Дар фикрҳои Фозил, ки ба ҷунбиши навсозии давлати Туркия дар услуби ғарбӣ шадидан мухолифат мекард, ангезаҳои миллатгароӣ ба мадди аввал мебароянд. Гарчанде ба фикри баъзеҳо тасдиқ карда мешавад, ки миллате, ки Наҷиб Фозил ба унвони «турк» тавсиф мекунад, ба Уммати Исломӣ мансуб аст, вай тамоюли қавӣ дорад ба он ишора намояд, ки эҳё ва пешсафии Уммат аз Туркия рушд хоҳанд кард.

Ин тарзи тафаккур ба боқимондаи сарзаминҳои исломӣ таъсир нарасонид. Ҳатто дар Туркия он ба дараҷаи ба афкори ҷомеа таъсиррасонанда нарасид. Дар асл, намояндагони ин ақида, аз қабили Мендерес ва Эрбокан, дар доираи низоми мавҷуда кор мекарданд, аммо онҳо ба мисли низом таъсирбахш набуданд. Агар онҳо ҳама овозҳоро ба даст оварда, ба сари қудрат меомаданд, эҳтимолан аз «ҲАТ» як зарра ҳам пештар шуда наметавонистанд.

Давраи «ҲАТ» ва Эрдуғон – шояд пурқувваттарин ва ҳатто аз ҳама «манфиатовар» даврае бошад, ки  дар он Ислом фаъолона танҳо дар сифати  рамзӣ истифода мешуд. Паёмадҳои ин давраро  муаррих ва нависандаи исломӣ профессор Эҳсон Сурайёи Сирма дар як мусоҳибаи худ чунин баён кардааст: «Дар замони ҳукмронии «ҲАТ» мусалмонҳо худро хеле бароҳат ҳис мекардагӣ шуданд. Онҳо дунявӣ шуданд. Онҳо ба одамони бештар ба дунёгӣ дилбохта  мубаддал гаштанд, бо дигар сухан онҳо шуури исломии 15 сол пеш бударо гум карданд».

Маълумот дар бораи рисолати онҳо — ҳанӯз то 15 июли соли 2016, яъне қабл аз гирифтани қудрати кунунӣ — дар посухи (2010) муовини раиси «ҲАТ» ва вакил аз  Анкара Солеҳ Капусуз баён шудааст. Ба шарҳи: «Шумоён Шариат оварданӣ ҳастед. Яъне шумоён ба пайомадҳояш тайёр ҳастед!»,- Солеҳ Капусуз изҳор дошт: «Агар касе ба ҷои моён фикр карданӣ бошад, пас онҳо метавонанд ин гуна изҳоротҳоро баён кунанд. Аммо 8 сол аст, ки моён дар сари қудрат ҳастем. Онҳое, ки бо изҳоротҳои худ дар бораи мо ақлҳоро ба иштибоҳ андохта, дигаронро парешон карданианд, оё онҳо метавонанд дар ин масъала ягон чизи назаррас ворид созанд? Оё ин имконпазир аст? Кӣ дар сари қудрат аст? Бале, дар сари қудрат моён ҳастем. Оё мо дар ҳукуматҳои маҳаллӣ сари қудрат ҳастем? Оре, мо дар он ҷо низ ҳокимият дорем. Оё мо ягон кори ғайриқонунӣ, зиддиқонунӣ ё ғайридемократӣ кардем? Мо дар талошҳои Туркия барои пайвастан ба Иттиҳодияи Аврупо иқдомоти ҷиддитаринро андешидем, дар масъалаи ислоҳот ҷиддитарин кӯшишҳоро анҷом додем. То ба имрӯз мо ба тарзи зиндагӣ, фикрҳо ва озодии шахсии касе дахолат накардаем. Бо вуҷуди ин онҳое ҳастанд, ки дар ҳаққи мо «шариат овардан мехоҳанд» гуфта, мардумро ба иштибоҳ андохтан мехоҳанд. Аммо, бояд донист, ки «ҲАТ» минбаъд низ ба кишвари мо хидмат хоҳад кард. Ҳама бояд бидонанд, ки Ҷумҳурии Туркия  давлати ҳуқуқбунёди демократӣ, дунявӣ ва иҷтимоӣ аст, чи хеле ки дар конститутсия ишора шудааст».

Ғайр аз ин, аз китобчае бо номи «Демократияи консервативӣ», ки Ёлчин Оқдуғон омода кардааст, возеҳ дида мешавад, ки «ҲАТ» бо Ислом ягон вобастагие надорад.

Бар асоси гуфтаҳои боло фаҳмида мешавад, ки дар байни  «исломгароён» ҳеҷ гоҳ фикри дарбаргирандаи исломӣ мавҷуд набуд. Дар назари онҳо танҳо орзуи дар сари қудрат будан, идораи кишварро  ба дасти худ гирифта, фаҳмиши исломиашонро бо «тамаддуни ғарбӣ» синтез намудан буду халос.

Аз замони Абдулҳамид сар карда то ба имрӯз мебинем, ки танҳо тарафдорони Хилофат, ки дар шӯришҳои зидди ҷумҳурӣ иштирок мекарданд, дарҳақиқат чи кор карданашонро идрок мекарданд ва онҳо дарҳақиқат ба  Ислом асос меёфтанд. Афсӯс, ки «исломгароёни» имрӯза дар худашон чунин тавоноиро пайдо карда натавонистанд.

Оё дар исломгароии онҳое, ки ҳатто: «Шариат мехоҳем!», гуфта наметавонанд ягон фоидае ҳаст?! Чи маъно дорад исломгароии онҳое, ки муносибати нармро риоя менамоянд, то аз онҳо пасандозҳои моддӣ ва дастовардҳои ифлоси сиёсиашонро кашида нагиранд? Магар вақти он нарасидааст, ки бадбӯии деринаи зери атрро, ки бо он   камбудиҳоро ин қадар сахт пинҳон карданӣ мешаванд, бифаҳманд?!

Ислом дар ҳаёт дар тӯли 1400 сол танҳо дар зери сояи Хилофат ба таври комил татбиқ шудааст. Пас вақти он расидааст, ки суботи худро сайқал диҳед, то Ислом дубора дар ҳаёт татбиқ шавад. Ҳеҷ кадоме аз ҷунбишҳо ва гурӯҳҳои исломгарои феълан вуҷуддошта ҳақиқатан исломӣ нест. Ҳар касе, ки Хилофатро намехоҳад ва ба хотири барпо намудани он фаъолият намебарад, набояд худро исломгаро шуморад. Ин қишре, ​​ки аз нигоҳи сиёсӣ ноком шудааст, ҳеҷ гоҳ ба маънои аслӣ намояндаи Ислом набуд ва ба мавҷудияти онҳо дар шакли ҳозира имконият додан қобили фикр ҳам нест.

Эй мусалмонҳо! Ба моён зарур аст, ки ба матнҳои шаръӣ баргардем! Биёед саъю кӯшишҳои худро ба сӯи ваъдаи Аллоҳи Азза ва Ҷалла ва хушхабар (башорат)-и Паёмбараш ﷺ  равона созем.

وَعَدَ ٱللَّهُ ٱلَّذِينَ ءَامَنُواْ مِنكُمۡ وَعَمِلُواْ ٱلصَّٰلِحَٰتِ لَيَسۡتَخۡلِفَنَّهُمۡ فِي ٱلۡأَرۡضِ كَمَا ٱسۡتَخۡلَفَ ٱلَّذِينَ مِن قَبۡلِهِمۡ وَلَيُمَكِّنَنَّ لَهُمۡ دِينَهُمُ ٱلَّذِي ٱرۡتَضَىٰ لَهُمۡ وَلَيُبَدِّلَنَّهُم مِّنۢ بَعۡدِ خَوۡفِهِمۡ أَمۡنٗاۚ يَعۡبُدُونَنِي لَا يُشۡرِكُونَ بِي شَيۡ‍ٔٗاۚ وَمَن كَفَرَ بَعۡدَ ذَٰلِكَ فَأُوْلَٰٓئِكَ هُمُ ٱلۡفَٰسِقُونَ

«Аллоҳ  ба касоне аз шумо, ки имон овардаанд ва корҳои шоиста кардаанд, ваъда дод, ки онҳоро дар рӯи замин халифа қарор диҳад, ҳамон гуна, ки касонеро, ки пеш аз онҳо буданд, халифа қарор додааст. Албатта, ба онҳо имкон медиҳад, ки дини хешро, ки бар онҳо писандида аст, ба ҷо оваранд ва бимашонро ба амн табдил диҳанд. Маро мепарастанд ва ба Ман шарик намесозанд. Онон, ки пас аз ин имон намеоваранд, фосиқонанд»      (24:55).

تَكُونُ النُّبُوَّةُ فِيكُمْ مَا شَاءَ اللَّهُ أَنْ تَكُونَ ثُمَّ يَرْفَعُهَا إِذَا شَاءَ أَنْ يَرْفَعَهَا ثُمَّ تَكُونُ خِلاَفَةٌ عَلَى مِنْهَاجِ النُّبُوَّةِ فَتَكُونُ مَا شَاءَ اللَّهُ أَنْ تَكُونَ ثُمَّ يَرْفَعُهَا إِذَا شَاءَ أَنْ يَرْفَعَهَا ثُمَّ تَكُونُ مُلْكًا عَاضًّا فَيَكُونُ مَا شَاءَ اللَّهُ أ أَنْ يَكُونَ ثُمَّ يَرْفَعُهَا إِذَا شَاءَ أَنْ يَرْفَعَهَا ثُمَّ تَكُونُ مُلْكًا جَبْرِيَّةً، فَتَكُونُ مَا شَاءَ اللَّهُ أَنْ تَكُونَ ثُمَّ يَرْفَعُهَا إِذَا شَإَ أَنْ يَرْفَعَهَا ثُمَّ تَكُونُ خِلاَفَةً عَلَى مِنْهَاجِ النُّبُوَّةٍ ثُمَّ سَكَتَ

«Пайғамбарӣ чи қадаре Аллоҳ хоста бошад, ҳамон қадар давом мекунад. Пасон, вақте Аллоҳ хоҳад, қатъ мешавад. Пасон давраи Хилофат, ки ба минҳоҷи пайғамбарӣ асос ёфтааст фаро мерасад. Он ҳам то он даме, ки Аллоҳ хоҳад, давом мекунад. Пасон, вақте Аллоҳ хоҳад, қатъ мешавад. Пасон давраи подшоҳии бад фаро мерасад, ки он ҳам то он даме, ки Аллоҳ хоҳад, давом мекунад. Пасон, вақте Аллоҳ хоҳад, қатъ мешавад. Пасон давраи ҳукмронии ситамгарона фаро мерасад, ки он то он даме, ки Аллоҳ хоҳад, давом мекунад. Пасон, вақте Аллоҳ хоҳад, қатъ мешавад. Ва баъд аз он боз давраи Хилофат, ки бар минҳоҷи пайғамбарӣ асос ёфтааст, фаро мерасад»,- ва сипас Эшон сукут карданд» (Аҳмад ибни Ҳанбал, «Муснад»).

Қуртулуш Севинч

Koklu Degisim

 

[1] Усмониҳои Нав (туркӣ Yeni Osmanlılar, инчунин туркӣ Genç Osmanlı) —  созмони махфии зиёиёни миллатгарои усмонӣ буда, соли 1865 ба вуҷуд омадааст. Дар зери таъсири мутафаккирони ғарбӣ, бахусус — Монтескье ва Руссо, инчунин ғояҳои инқилоби Фаронса қарор доштанд.

[2] «Конститутсияи Мидҳот» аз ҷониби вазири адлияи давлати Усмонӣ Мидҳотпошо 23 декабри соли 1876 (7-уми зулҳиҷҷаи соли 1293 тибқи тақвими мусалмонӣ) дар шакли лоиҳа ба султон Абдулҳамиди II пешниҳод шуда буд. Ин аввалин конститутсия дар таърихи Давлати Усмонӣ ва қадами нахустин дар роҳи либерализатсиякунии Давлати Усмонӣ буд. Сарқонуни нав кишварро «монархияи конститутсионӣ» эълон намуда, ба ҳаёти ҳаррӯзаи шаҳрвандон ислоҳот ворид менамуд. Вай инчунин ба низоми ҳокимият аввалин дар таърихи мамлакат органи синфӣ-намояндагӣ — парламенти усмонӣ ҷорӣ намуда буд.

[3]  Давраи Сарқонуни Дуюм ( усмонӣ . ايکنجى مشروطيت دورى‎ ; туркӣ İkinci Meşrûtiyyet Devri ) — даврае дар таърихи Давлати Усмонӣ аст, ки бо Инқилоби Ҷавонтуркҳои соли 1908, ки дар зери фишори он Султон Абдулҳамид  II маҷбур шуд, ки дар шакли Ассамблеяи Генералии Давлати Усмонӣ парлумон таъсис диҳад ва аввалин конститутсияи усмониро ба амал ворид намояд, ки соли 1876 қабул шуда буд ва ҳамин тавр монархияи конститутсионро таъсис диҳад.

[4]  №293,  10.04.1330с.ҳ.

[5] Порта (инчунин Портаи Оттоманӣ, Портаи Олиҷаноб, Портаи баланд) — номи ҳукумати (дафтари вазири аъзам ва девон) Давлати Усмонӣ аст, ки дар таърихи дипломатия ва равобити байналхалқӣ пазируфта шудааст. Истилоҳ аз фаронсавии  porte, итолиёвии porta — «дар», «дарвоза», ки  калка аз усмонӣ аст. باب عالی‎ — Bâb-ı Ali — «дарвозаи баланд».

[6]  Юлдуз-сарой (туркӣ Yıldız Sarayı — «Қасри ситораҳо») – комплекси  қаср ва боғ дар Истанбул, ки дар замони Абдулҳамиди II (солҳои 1876-1909 ҳукм рондааст) ҳамчун истиқоматгоҳи асосии султонҳои усмонӣ хидмат мекард.

[7] Маҳмуд Ҷалол Баяр (туркӣ Mahmut Celâl Bayar;  ; 16 майи 1883, Умурбей — 22 августи 1986, Истанбул) — сиёсатмадор ва арбоби  давлатии турк, президенти сеюми Туркия (1950-1960).

[8] Исмат Инону (туркӣ İsmet İnönü; 24 сентябри 1884, Измир, Айдин — 25 декабри 1973, Анқара) — сарлашкар ва арбоби давлатии турк. Президенти дуюми Туркия (1938–1950), вориси Отатурк.

[9] «Давраи Мендерес», Абдурраҳмон Дилипак, 1990

[10] Қуръон, 20:44.

[11].  «Чанкая», Фолиҳ Рифқӣ Атай.

Шояд ба шумо писанд ояд

Хабарҳои тоза
post-image Гуногун

Бурдани даъват барои барпои Хилофат вазифаи ҳамаи мусалмонон аст, ва онҳое ки барандагони даъватро шиканҷа мекунанд, — ҷинояткоронанд!

Бурдани даъват барои барпои Хилофат вазифаи ҳамаи мусалмонон аст, ва онҳое ки барандагони даъватро шиканҷа мекунанд, — ҷинояткоронанд! Моҳи майи соли ҷорӣ кормандони истихборот...
post-image Гуногун

БО ҲАМРОҲИИ ҲАДИСИ ШАРИФ — Ношукрӣ нисбати шавҳар

БО ҲАМРОҲИИ ҲАДИСИ ШАРИФ Ношукрӣ нисбати шавҳар Мо шуморо, бародарони азиз, дар барномаи навбатии худ «Бо ҳадиси шариф» хушомадед мегӯем. Ассалому алайкум ва раҳматуллоҳи...
post-image Ар-Рая Матбуоти ҷаҳонӣ

Муовини вазорати корҳои хориҷаи Туркия Исроилро ба ҷиноят муттаҳам кард, аммо кишвараш кӯмакрасониро идома медиҳад!

Муовини вазорати корҳои хориҷаи Туркия Исроилро ба ҷиноят муттаҳам кард, аммо кишвараш кӯмакрасониро идома медиҳад! Рӯзи 27 феврали соли 2024 Хабаргузории Анадолу гузориш дод,...
Бештар
ads