Амрико ва омилҳои парокандашавӣ. Қисми – 6
Мо дар бахшҳои қаблӣ омилҳоеро баррасӣ кардем, ки ҷомеъаи Амрикоро хароб мекунанд, ба ягонагӣ ва иттиҳоди он таҳдид мекунанд. Мо инчунин изҳороти як қатор ходимони сиёсӣ, мутафаккирон, иқтисодчиён ва воқеанигорон (публитсистон)-ро зикр кардем, ки дар онҳо дар бораи пошхӯрии дар пешистодаи иттифоқи Амрико сухан меронанд, чунон ки бо Иттифоқи Советӣ руй дода буд.
Дар ин ҷо мо ба як ҷанбаи муҳим дахл мекунем: пас аз фурӯпошии ИМА чӣ мешавад? Баъди барҳам хӯрдани намояндаи асосии капитализм ҷахонро чӣ интизор аст? Инсоният кадом алтернативаро ба назар мегирад?
Мо ҳама дар ёд дорем, ки дар ибтидои асри ХХ бисёре аз пайравони капитализм ба тарафи сотсиализм гузаштанд – аз ҷумла, сухан дар бораи Аврупои Шарқӣ меравад – аммо баъд аз он пайравони сотсиализм пас аз фурӯпошии он дар охири асри ХХ боз аз он дур шуданд.
Алтернативаи капитализм чист? Охир, имруз инсоният аз зулми капитализм бемадор шудааст ва инро ҳатто халқҳои Аврупо ва ИМА ҳам ҳис кардаанд. Аз беадолатии капитализм одамонро ташвиш ва майлу хоҳиши тарки капитализм фаро гирифтааст, зеро мақсадҳое, ки капитализм солҳои зиёд ба он даъват мекард, ҳеч гоҳ амалӣ нагардид: озодӣ ва ҳуқуқҳои инсон. Одамон бисёр принсипҳо ва идеяҳои капиталистиро, хусусан идеяи бозори озодро, исён ва нобуд карданд. Онҳо ба барҳам додани муассисаҳои молиявии Уолл-Стрит, Лондон ва Париж даъват карданд.
Воқеияти гӯшношуниде, ки мо дар он қарор дорем, ин аст, ки системаҳои ихтироъкардаи одамон қодир нестанд, ки ба инсоният дар зиндагӣ хушбахтӣ, адолат ва осоиштагӣ ато кунанд. Сабаби ин дар он аст, ки онҳо маҳсули тафаккури маҳдуди инсонӣ мебошанд. Агар ба таърихи пайдоиши ин системаҳо назар андозем, мебинем, ки капитализм ҳамчун вокуниши рефлексӣ ба зулми Калисо ва императорхо ба вуҷуд омадааст. Мо мебинем, ки мутафаккирон чӣ гуна системаеро пайдо карда тавонистанд, ки ба фикри онҳо корҳои одамонро дар ҳаёт ба тартиб оварда метавонист. Асоси ин система идеяе буд, ки дар зери таъсири воқеияти зараровар қарор гирифта, ба маънои томаш ба ақл асос ёфта нашуда буд. Одамон ғуломи Калисо буда, озодиро орзу карданд ва озодиро ҳамчун рамз ва роҳнамои зиндагӣ интихоб намуданд. Озодӣ дар ҳаёти онҳо объекти ибодати рақами 1 гардид, заминаи қонунгузориро ташкил дод.
Дар хусуси социализм бошад, вай низ ҷавоби беадолатии капитализм гардид, роҳи аз капитализм халос шуданро нишон дод. Замонҳое буданд, ки дар Аврупо мутафаккирон пайдо шуданд, онҳо капитализмро омӯхта, ба чунин хулоса омаданд, ки вай ба одамон зулм мекунад. Зеро дамонро ба ғуломии молиявӣ мебарад ва элитаи нави молиявиро ба вуҷуд меорад, ки идоракунии соҳаҳои ҳаёт дар дасти онҳо мешавад. Ба ибораи дигар гӯем, капитализм оқибати беадолатии Калисо буд, ки ба ин муносибат социализм капитализмро назар ба Калисо зараровартар ҳисоб мекард, бинобар ин вай ба воситаи идеяҳо ва системаҳои нав комилан барҳам додани онро пешниҳод кард. Социалистҳо боварӣ доштанд, ки сохти онҳо буржуазияро аз ҳокимият ва гегемония маҳрум мекунад. Натиҷа ҳамин аст, ки социалистҳо ба роҳи хатои капиталистон қадам гузоштанд: тафаккури онҳо ба вокуниши мутақобила, ғаризавӣ асос ёфта буд, вале на ба ақл.
Алтернативаи шоистаи башарият метавонад танҳо низоме бошад, ки бар ақл, тафаккури дуруст, усулҳои илоҳӣ асос ёфта бошад ва чизҳое бошад, ки имкони ислоҳ ва хушбахтии инсонро фароҳам оварад. Чунин низом метавонад танҳо Ислом бошад, ки аз ҷониби Худои Муттаъол нозил шудааст. Фақат Ислом ақлро қонеъ мекунад ва ба табиати инсон мувофиқ аст. Зеро, инсон бар асоси тафаккури дуруст боварӣ ҳосил мекунад, ки Ислом ба роҳбарии дуруст мебарад. Ҳамчунин набояд фаромӯш кард, ки инсоният дар тӯли асрҳои зиёд дар зери ҳукмронии Ислом умр ба сар бурда, шоҳиди адолати он буд.
Имрӯз дар Аврупову Амрико бештари мардум аз Ислом танҳо бар пояи фаҳмиши ақидавӣ пайравӣ кардаанд, дар ҳоле ки ҳанӯз ҳукмронии одилонаи онро надидаанд. Ва замоне, ки Ислом дар симои Давлати Исломӣ дубора иқтидори худро пайдо мекунад, вақте ки қонунҳои он дар ҳаёти ҷомеа татбиқ мешаванд, чи гуна мешавад?
Бисёре аз адибони ғарбӣ Ислом, дурустӣ ва адолати онро ситоиш кардаанд. Онҳо шаҳодат доданд, ки Ислом дини ҳақиқӣ аст ва он метавонад инсониятро аз зулм наҷот диҳад. Инак чанд изҳороти чунин афрод:
— Нависандаи немис Зигрид Хунке дар китоби худ «Офтоби Аллоҳ дар Ғарб медурахшад» менависад: «Ислом бузургтарин дини рӯи замин аст, ки пур аз таҳаммул ва адолат аст. Мо ин суханонро бидуни таассуб мегӯем ва намегузорем, ки ҳукмҳои ноодилона ӯро доғдор созанд.»
— Шарқшиноси шотландӣ Вилям Робертсон Смит гуфтааст: «Муҳаммад бо Китоб омадааст, ки нишонае дар сабки забони арабӣ, барои давлат,дустур, намоз, дин ва дунёгӣ дар як вақт аст. Қуръони Карим китобест, ки барои ҳалли мушкилоти кулли башарият мувофиқ аст».
— Шаркшиноси австриягӣ Йозеф фон Ҳаммер-Пургштал дар китоби худ «Гаҳвораи ислом» навишта буд: «Ислом як низоми нотакрору идеалӣ аст, ки дар замони мо ҷаҳон ба он ниёз дорад… Имрӯз мо ба чунин одами бузург (Мухаммад) аз ҳарвақта дида бештар ниёз дорем, ки дар байни мо бошад, зеро маҳз ӯ аввалин касе буд, ки бо як сухани оддӣ: «Мусулмон бародари мусалмон аст» ба тафриқаи нажодӣ хотима гузошт. Ва тамоми муаммои нажодӣ ҳал карда шуд!Аммо имрӯз барои ҳал намудани муаммои сегрегатсияи (ҷудокунии) нажодӣ даҳҳо конфронсҳо баргузор гардиданд ва садҳо китобҳо навишта шуданд, вале ҳама бемуффақият мебошад».
- Шарқшиноси франсуз Антуан Силвестр де Саси бар ин назар буд, ки «дар ҷаҳон аз ҷиҳати фарогирӣ,ҳаётбахшӣ, актуалӣ дар ягон макон ва дар ягон давру замон дине мисли Ислом нест».
Ҳозир дунёи капиталистӣ дар арафаи пошхӯрии худ мебошад. Бо изни Аллоҳ замонҳои оянда замони дини ҳақиқат аст, ки башариятро аз шаррӣ капитализм ва аз шаррӣ давлатҳое, ки онро таҷассум намудаанд, наҷот медиҳад. Зеро Аллоҳ Таъоло фармудааст:
قَدۡ مَكَرَ ٱلَّذِينَ مِن قَبۡلِهِمۡ فَأَتَى ٱللَّهُ بُنۡيَٰنَهُم مِّنَ ٱلۡقَوَاعِدِ فَخَرَّ عَلَيۡهِمُ ٱلسَّقۡفُ مِن فَوۡقِهِمۡ وَأَتَىٰهُمُ ٱلۡعَذَابُ مِنۡ حَيۡثُ لَا يَشۡعُرُونَ
«Фитнаҳоро касоне, ки пеш аз онҳо буданд, сохтаанд, вале Аллоҳ пояи сохти онҳоро вайрон кард. Бом аз боло ба онҳо фурӯ рехт ва аз ҷое, ки интизор надоштанд, азобашон омад» (16:26).
Ҳамд Табиб — Байтулмуқаддас
28 Мухаррама 1442 г.х.
16.09.2020 с.