Амрико ва омилҳои парокандашавӣ — қисми 5

hizb-tojikiston.info hizb-tojikiston.info

Амрико ва омилҳои парокандашавӣ — қисми 5

 Дар қисми пешина мо ба омили панҷуми парокандашавӣ расидем.  Ин омил дар муаммои синфӣ аст, ки доираҳои амрикоӣ ва иқтисодро фаро гирифтааст, бахусус вақте ки 1% синф аз болои сарватҳои кишвар, бозорҳои молӣ ва муассисаҳои бузурги молиявӣ назорат мекунад.

Ин синф (элитаи молиявӣ) сиёсати Амрико, аз ин рӯ, ҳаёти сиёсӣ ва корҳои дохилии давлатро назорат мекунад.  Ин элитаи молиявӣ аз замони таъсиси Амрико ба сари синфи коргари Амрико муаммоҳои зиёдро овард.  То имрӯз амрикоиҳо аз назорати он бар бозорҳо; хоҳ бозорҳои меҳнат, молҳо, хидматрасониҳои асосӣ ва хоҳ дигар азоб мекашанд.  Ба ғайр аз ин назорат, ғорат кардани сарватҳои Амрико ва поймол кардани ҳуқуқҳои синфи коргар, элитаи молиявӣ бори гарони бӯҳронҳои иқтисодиро ба дӯши одамони оддӣ мегузорад.  Аз ҷумла, сухан дар бораи бӯҳрони иқтисодии соли 2008 меравад, зеро он вақт ҳукумати федералӣ ба гардани андозсупоранда (коргарон ва камбизоатон) бисёр оқибатҳои ин бӯҳронро бор карда буд.  Ин барои як мақсад анҷом дода шуд: аз пошхӯрӣ наҷот додани корпоратсияҳои азим.

Ҳамаи ин хашми миллати Амрикоро нисбат ба элитаи молиявӣ ва назорати иқтисодии он афзоиш дод.  Дар натиҷа, дар соли 2011 амрикоиҳо бо дархости барҳам додани муассисаҳои молии Уолл Стрит ва нуфузи элитаи молиявиро ба иқтисоди Амрико, ба кӯчаҳо баромаданд.  Сипас, дар соли 2020, алахусус пас аз куштори як афро-амрикоӣ дар Миннеаполис боз чунин шиорҳо пайдо шуданд.  Даъватҳо ба адолати иктисодӣ, барҳам додани сегрегатсияи нажодӣ ва ғайра шунида шуданд.

Касе, ки ҳодисаҳои рухдодаистодаро пай мебарад, мебинад, ки ин ақидаҳо рӯз ба рӯз ҷонибдорони навро пайдо мекунанд.  Нафрати камбағалон  нисбат ба сарватмандон шадидтар мешавад, аз ин рӯ, дар ҳар лаҳза рух додани таркиши норозигӣ, махсусан дар шароити бад шудани вазъияти иқтисодӣ аз сабаби пандемияи  коронавирус эҳтимол дорад.

 6) Қонунҳое, ки иёлотҳоро ба ҳамдигар мепайванданд ва ваколатҳои васеъи ба губернаторҳои иёлотҳо дода шуда.

Ин муаммо, махсусан дар сиёсати мутақобила бо пандемияи коронавирус ошкор шудааст, зеро додани ваколатҳои маъмурӣ ва сиёсӣ ба губернаторони иёлотҳо борҳо ба губернаторон имкон додааст, ки бар зидди қарорҳои Трамп бароянд.  Бетартибиҳо ва даъватҳои Трамп барои фиристодани артиш барои барқарор кардани тартибот дар иёлотҳо низ ба ин мусоидат карданд.  Аз ин рӯ, губернатори иёлоти Ню-Йорк Эндрю Куомо гуфт, ки агар Трамп тасмим гирад, ки маҳдудиятҳои аз сабаби коронавирус ба саломатии мардум таҳдидкунандаро бекор кунад, ба фармони ӯ итоат намекунад.  Ралф Нортэм, губернатори Вирҷиния низ дархости вазири дифоъ Марк Эсперро дар бораи ирсоли аз 3 000 то 5 000 узви Горди миллии иёлотро ба Вашингтон, рад кард.

Ҳодисаҳои монанди инҳо, дар сурати таҳаввулоти бузург дар дохили иттиҳодияи Амрико, ба ошӯбҳои бештар далолат мекунанд, махсусан азбаски дар баъзе иёлотҳо аллакай даъватҳои шадид барои ҷудошавӣ вуҷуд доранд.

 7) Гуногунии таркиби аҳолӣ, гуногунии динҳо.

Ин барои ИМА, махсусан дар шароити бад шудани вазъияти идтисодӣ ва сиёсӣ дар дохили мамлакат, муаммои тарканда буд ва мемонад.  Мумкин аст, ки шумори иёлотҳои ҷудошавиро тақозо кунанда афзоиш ёбад ва таркиби этникии иёлотҳо дар ин маврид нақш бозад. Ин ба монанди Калифорния, ки дар он ҷо аҳолии испанзабон зиндаги мекунад ва забони испанӣ дуввумин забони маъмул аст.  Калифорния на як бору ду бор талаб карда буд, ки бо сабабҳои иқтисодӣ ва маданӣ аз иттифоқ ҷудо шавад. Ҳамчунин, ба сабабҳое, ки боиси тақозо барои ҷудо шудан аз ИМА шуданд, сиёсати аблаҳонаи Трампро илова карда мешавад. Махсусан он сиёсатеро, ки дар он ӯ ба мансубияти этникии ин ё он иёлот таъкид кардааст.  Ин ҷо рақобати зиёдро дар маъракаи интихоботии соли 2020 илова намуда мешавад. Ёдовар мешавем, ки мардуми Калифорния зидди Трамп ҳастанд ва онҳо ба таври анъанавӣ аз ҳизби Демократӣ пуштибонӣ мекунанд.

Инҳо муаммоҳои равшантарине мебошанд, ки ба яклухтии ИМА таҳдид мекунанд.  Ин муаммоҳо аллакай ягонагии ҷомеаро вайрон кардаанд.  Даъватҳо барои ҷорӣ намудани адолати иқтисодӣ, баробарӣ дар назди қонун, аз ҷумла барои амрикоиҳои африқоӣ ва намояндагони дигар миллатҳо, оғоз шуданд.  Ҳамчунин даъватҳо барои хурӯҷи иёлотҳо, аз қабили Аляска, Калифорния, Техас, Каролинаи Ҷанубӣ, Вермонт вуҷуд доранд… Ҳамин тариқ, як назарсанҷие аз ҷониби  агентии “Reuters” дар соли 2014 гузаронида шуда, нишон дод, ки тақрибан чоряки аҳолии ИМА (23,9%) фикри аз  федерацияи Амрико чудо кардани иёлотҳои худро, пуштибони мекунанд.

Мушоҳидакунандаи рӯйдодҳои Амрико мебинад сустии алоқаи идеологии ҷомеаро, сустии муносибатҳои байни иёлотҳоро, таназзули иқтисодиро, бартарии ақидаҳои нажодпарастиро нисбат ба ақидаҳои идеологӣ, таъсири манфии самти сиёсии ду ҳизбро, аз чумла таъсири сиёсати Трампро, ки ҷомеаро боз ҳам парокандатар мекунад.  Ҳамаи ин як бемории сиесии, иҷтимоии, идеологии, табобатнашавандаи ҷомеа мебошад.  Қобилияти дидани ин муаммоҳо, имкон медиҳад барои идрок намудани дараҷа ва миқдори ихтилофҳо дар иттиҳоди Амрико, инчунин фаҳмидани онро, ки вазъият рӯз ба рӯз бадтар шуда истодааст ва пошхӯрии ҷомеаи Амрико ногузир аст.

Ба ин муносибат бисёр изҳорот ва нашрияҳои сиёсатмадорон, мутафаккирон, иқтисодчиён ба миён омадаанд, ки аз пошхӯрии ногузири иттиҳоди Амрико огоҳ мекунанд, ба мисли рӯйдод бо СССР. Дар миёни ин нашрияҳо матлаби сиёсатшиноси амрикоӣ Кевин Зисӣ (Kevin Zisi) таҳти унвони “Империяи Амрико мемирад” аст, ки  дар он меояд: “Мо бояд кӯшиш кунем, ки фурӯпошӣ агар  рӯй диҳад, ба тамоми ҷаҳон, инчунин ба миллати ИМА зарари камтар расонад,».  Соли 2003 мутафаккири фаронсавӣ Эммануэл Тодд китоби «Баъд аз Империя. Pax Americana – ибтидои интиҳо», ки дар он аз суқути қудрати императории ИМА ва аз даст додани сифати бозингари асосиро дар сиёсати ҷаҳонӣ, сухан меронад.  Моҳи июли соли 2016 нависанда ва режиссёр Майкл Мур мақолае навишт, ки дар он гуфта буд: «Ғалабаи Трамп ноумедии ҳамаи онҳое буд, ки аз ҳуқуқи башар, бар зидди табъиз ва нажодпарастӣ ҳимоят мекарданд.  Дар иёлоти Калифорния, ки сераҳолитарин иёлот аст ва маблағҳои калонтаринро ба хазинаи давлатии ИМА интиқол медиҳад, ҳаракати «Yes California» дар соли 2015 пайдо шуд ва то соли 2019 раъйпурсӣ баргузор кардан мехоҳад, ки ин оғози роҳи тӯлонӣ барои ҷудо шудан аз ИМА хоҳад буд.».

 Ҳамд Табиб – Байтулмуқаддас

 21 Муҳармаи 1441 ҳиҷрӣ

 09.09.2020

Шояд ба шумо писанд ояд

Хабарҳои тоза
post-image Матбуоти ҷаҳонӣ Осиё

Боздиди зуд-зуди намояндагони Амрикову Русия нишонаи тезутундшавии низоъ аст

Боздиди зуд-зуди намояндагони Амрикову Русия нишонаи тезутундшавии низоъ аст 23 август вазири дифои Русия Сергей Шойгу бо сафари корӣ ба Ӯзбекистон ташриф овард. 24...
post-image Гуногун

Бидуни Хилофат бузургтарин артишҳо умматро аз ранҷ наҷот дода наметавонанд

Бидуни Хилофат бузургтарин артишҳо умматро аз ранҷ наҷот дода наметавонанд Хабар: Боришоти мавсимӣ дар Покистон кишварро ба харобиовар табдил дод, ки дар 24 соати...
post-image Гуногун

Амрико мусулмононро несту нобуд мекунад, маконҳои муқаддасро поймол мекунад ва кишварашонро таҳқир мекунад, бо сабаби он ки мусалмонҳо ҳимоятгар надоранд!

Амрико мусулмононро несту нобуд мекунад, маконҳои муқаддасро поймол мекунад ва кишварашонро таҳқир мекунад, бо сабаби он ки мусалмонҳо ҳимоятгар надоранд! Баёноти матбуотӣ Ҷо Байден,...
post-image Ар-Рая Гуногун

Қатли ом дар Ал-Ҷадид. Сирри гуфтушуниди «кафилҳо» фош гардид

Қатли ом дар Ал-Ҷадид. Сирри гуфтушуниди «кафилҳо» фош гардид Нерӯҳои режими Асад дар роҳи «Фарқия-Дайр Санбул» дар наздикии кӯҳи Зовияи ҷануби Идлиб ба сӯи...
post-image Ар-Рая Гуногун

Оли Сауд барои ба эътидол овардани равобит бо саҳюнистҳо шитоб мекунад

Оли Сауд барои ба эътидол овардани равобит бо саҳюнистҳо шитоб мекунад Пас аз он ки ба ҳамаи ширкатҳои ҳавопаймоӣ (аз ҷумла “Исроил”) барои убур...
Бештар
ads